Зеҳн

Ҳикояи Хар ва булбул

АХ
Ахбор14 октябри 2024 · 1 дақиқа хондан

Харе бо булбуле гуфт: "Эй ҳавасбоз,

Маро имрӯз меҳмон кун, ба овоз.

Магар бинам, ки устодит чун аст?

Ки ҳар чизе раҳими озмун аст.

Манам, овозаи булбул шунида,

Вале овози ӯ ҳаргиз надида".

Чу булбул ин шунид, овоз бардошт,

Бипошид оташе, к-андар ҷигар дошт.

Навояш аз замин бар осмон шуд,

Ба нағма оташафрӯзи ҷаҳон шуд.

Дарахту кӯҳу дашту баркаи об,

Чу кӯдак шуд, аз ин лолоӣ дар хоб.

Шубон сармаст бар хоб уфтода,

Инони галларо аз даст дода.

Ба ёди ёр мезад мушханде,

Ҳамеафканд, дар оташ сипанде.

Чу булбул аз сурудан лаб фурӯ баст,

Хар ӯро гуфт: "К-инҷо нуктае ҳаст.

Тавонам гуфт, к-овозат бадак нест,

Зи алҳони ту баъзе бенамак нест.

Валекин кош заҳмат мекашидӣ,

Хурӯсони деҳи моро бидидӣ.

Зи устодони хушхони саҳархез,

Ҳамеомӯхтӣ, лаҳни диловез".

Чу булбул гӯш кард, ин довариро,

Муҷассам дид, дар қозӣ хареро.

Ба ҳам барзад, ду болу дур шуд, дур,

Миёни шохсорон гашт мастур.

ХУДОЁ, АЗ ХАРОН МОРО НИГАҲ ДОР,

АЗ ИН ХАРДОВАРОН МОРО НИГАҲ ДОР

Аз Абулқосим Лоҳутӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2