Зеҳн

Консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

ЗЕ
Зеҳн9 сентябри 2026 · 15 дақиқа хондан

Истиқлолият, ки барои омўзиш ва таҳқиқи ҳаматарафаи паҳлуҳои гуногуни таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созандаро муҳайё сохт, ба давраи комилан нави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт. Маҳз дар ҳамин давраи нисбатан кўтоҳи соҳибистиқлолӣ олимони ҷумҳурӣ ба пажуҳиши саҳифаҳои торик ва берун аз доираи таҳқиқ мондаи таърихи халқи тоҷик рў оварда, дар ин ҷода натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Чоп шудани таҳқиқоти ҷиддӣ ва рисолаҳои бунёдӣ, ба дасти хонанда расидани осори хаттии гузашта, ба вижа манобеи гуногуни таърихӣ шаҳодати рушди марҳалаи комилан нав дар таърихнигории ватанӣ мебошад.

Омили ҳалкунанда ва созанда барои таҳқиқу омўзиши таърихи миллати тамаддунофар, дар марҳалаи кунунӣ, таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳанги гузаштаи аҷдодӣ ҳисоб меёбад. Президенти Ҷумҳурӣ на танҳо тавассути Паёму суханронӣ ва дастуру супоришҳо, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ арҷгузории худро нисбат ба хидмату дастовардҳои нухбагони таъриху фарҳанг ва илму адаби миллат, ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ нишон медиҳад, ҳамчунин бо таълифи мақолаву асарҳои илмӣ назари худро ба масоили гуногуни таърихӣ иброз намуда, дар таҳқиқи таърихи миллат нақши арзандаву сазовор мегузорад.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллатро бештар масоили таърихи куҳан ва тамаддуни бостонии аҷдоди тоҷикон ва нақши онҳо дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ба худ ҷалб сохтааст, ки он дар ҳамаи мақолаву асарҳо ва мусоҳибаҳои ў возеҳ ба чашм мерасад. Дар ин поя метавон асарҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурӣ «Тоҷикон дар оинаи таърих» (Душанбе, 1995, 1996, 1997, 1999), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён» (Иборат аз чор китоб. Китоби якум.-Лондон, 1999; Китоби дувум.-Душанбе, 2002; Китоби сеюм. -Душанбе, 2006; Китоби чорум. Душанбе, 2009), «Тоҷикистон дар оинаи фардо» (Душанбе, 1997), «Фарҳанг ҳастии миллат» (Душанбе, 2001), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (Иборат аз 12 ҷилд. Душанбе, солҳои 2002-2009), «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд» (Душанбе, 2004), «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун» (Душанбе, 2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ» (Душанбе, 20062007), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо» (Душанбе, 2006), «Дар бораи дин» (Душанбе, 2006), «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо» (Душанбе, 2009), «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам» (Душанбе, 2009), «Дин ва ҷомеа» (Душанбе, 2012), «Забони миллат-ҳастии миллат» (Душанбе, 2015), «Чеҳраҳои мондагор» (Душанбе, 2016), «Уфуқҳои истиқлол» (Душанбе, 2018) ва чандин асару мақолаҳои дигарро ёдовар шуд.

Таҳлили андешаҳои Пешвои миллат оид ба масоили гуногуни таърихӣ ва инъкоси онҳо дар асару мақолаҳо ва суханронию мусоҳибаҳо дар доираи як мақолаи хурд аз имкон берун аст. Аз ин рў мо тасмим гирифтем, ки танҳо дар атрофи таҳқиқоти бунёдии Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва нақши он дар таърихшиносии миллӣ андеша баён намоем.

Воқеан ба чоп расидани силсилаи таҳқиқоти таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» қадами ҷиддӣ ва мондагоре дар шинохти таърихии тоҷикон ва мақоми онҳо дар ташаккулу пешрафти тамаддуни минтақа ва ҷаҳон мебошад. Силсилаи мазкур дар ибтидо ҳамчун дастури муҳими таълимӣ барои хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот (солҳои 1995-1999) бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ ба чоп расида буд.

Нашри мукаммали «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар чор китоб солҳои 1999 2006 сурат гирифт, ки дар шинохт ва таҳқиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз рўи меъёрҳои нави таърихнигорӣ тобиши нав ва комилан ҷиддиеро ба миён овард. Сарвари давлат дар китоби якум ба таърих рў овардани худро «аз рўи адои қарзи фарзандӣ дар назди обу хоки диёр, Ватани кўҳанбунёд ва миллати азизу ҷафокашидаи тоҷик» ва илҳом гирифтан «аз баракати истиқлолият ва давлатдории миллӣ» бо «азми ба сарчашма ва оғози оғозҳо расидан» медонад. Дар ин замина аз масоили меҳварӣ ва суннатии тамаддуни қадими ниёгон, бавижа сабақҳои таърих, нақши Шоҳроҳи абрешим дар пайвасти гузаштаву имрўза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон ба мисли Дафинаи Амударё, Авасто ҳамчун нахустин қомусномаи ниёгон, Зардушт-паёмбари оини ростин, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон-Бохтару Суғд ва тафсири дигар арзишҳои таърихию фарҳангиро ёдовар мешавад. Рў овардани Сарвари давлат ба ин масоили таърихӣ бесабаб нест, зеро «Зуҳуроти бегонапарастӣ, менависад Пешвои миллат, дар либосу ҷомаи нав ба ҷилва омадааст, ки баъзан арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикро ба марзҳову кишварҳои ҳамҷавор ва халқиятҳои дигар нисбат медиҳанд».

Воқеан, пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва дар ин замина эълон шудани ҷумҳуриҳои мустақил, роҳбарияти нави ин кишварҳо ва зиёиёни дар атрофи онҳо муттаҳид гардида, барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ ба таълифи ғаразноки таърихи миллату давлати хеш оғоз намуданд. Онҳо кўшиш ба харҷ медоданд, ки ҳар чӣ бештар нақши халқи худро дар ташаккул, рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳонӣ ба дараҷаи намунавию ҳалкунанда ҷилва диҳанд. Табиист, ки ба чунин шакл навиштани таърих дар амал маънии инкори арзишҳои таърихии халқи тамаддунофари минтақа тоҷиконро дорад. Чунин муносибати ғайриилмӣ ба таърихи минтақа, Сарвари хирадманди давлатро бетараф гузошта наметавонист.

Дар китоби аввалмасъалаҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ҳар яке чун муъҷизоти муҳими таърихи башар эътироф шуда, аз нақши мукаммалу фарҳангофарии ниёгонамон шаҳодат медиҳанд. Ин арзишҳои суннатӣ, имрўз низ асолати гумманистӣ ва пайвандгарии наслҳоро гум накардаанд. Пешвои миллат Роҳи бузурги абрешимро чун пайвандгари гузаштаву имрўз ва фардо нишон дода, Авасторо нахустин қомусномаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Ҳамзамон таъкид менамояд, ки «Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишҳои ахлоқиро дар либоси дин ба ҷилва оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарманшаъи зиндагӣ ва оини ҳамешагии пайравони хеш қарор дод».

Тамаддуни ориёӣ дар ҳавзаи дарёҳои бузурги минтақа арзи вуҷуд намуда, дар ин паҳно ташаккул ёфта, қавму қабоили гуногунро ғизои маънавӣ додааст. Ин падидаи беамсол мисли рўдҳои кишвар пайвандгару рўҳбахшу созанда ва чун об ҳамеша софу шаффоф будааст. «Мо ба гузашта, менависад муаллиф, ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рўй меоварем».

Китоби дувуми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» рамзист, ки бо таҳлили авзои сиёсии ҷаҳон дар давраи гузариш аз садаи бист ба қарни бистуяк оғоз меёбад. Ва ин бесабаб нест. Муаллиф дар ин ҷо на танҳо чун муҳаққиқ, балки ҳамчун Сарвари давлат ва сиёсатмадори даққиқназару дурандеш авзои сиёсии ҷаҳонро дар давраи гузариш аз як сада ба садаи дигар дар мизони таҳлил баркашида, диди худро доир ба пешомади ҷаҳони муосир дар садсолаи нав манзур менамояд ва ҷомеаи ҷаҳониро даъват намудааст, ки рў ба таърих оваранд ва бубинанд, ки ҷангу ҷидол ва хунрезиҳо аз худ чи осоре боқӣ гузошта, инсоният чи талафоти бузурге додааст. Ду ҷанги ҷаҳонии садаи бистум беш аз 60 миллион мардуми рўи заминро ба коми марг кашид. Талафоти ҷонии мамлакатҳои Аврупо танҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ду баробар аз талафоти сеасраи гузашта зиёд буд. Оё ин сабақи таърихӣ нест? Вале, афсўс ҳоло ҳам «садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам қариб ҳар рўз ба гўш мерасад ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву снарядҳои реактивӣ қариб ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзи замин оғўштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида садҳо ҳазор одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд». Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир муаллифро ба хулосае овардааст, ки ҷомеаи инсонӣ баробари рушди босуръат ва дастовардҳои нодир дучори хатарҳои бузург низ гардидааст ва тақдири инсоният ба ҳалли дуруст ва боақлонаи онҳо вобастааст.

Воқеан, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин хулоса ва натиҷагирӣ ҳуқуқи комил дорад, зеро ў на танҳо дар сухан, балки амалан собит сохт, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдат омили асосӣ ва созандаи ҷомеаи инсонӣ аст. Таҷрибаи сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон, ки бо сарварии Пешвои миллат амалӣ гардид дар таърихи башарият падидаи нодиру ибратомўз аст. Ин тадбир, ки маншаъ аз таърихи тўлонӣ ва фарҳанги ғании аҷдодӣ гирифтааст, натиҷаи сабақҳои пурҳикмати чандинҳазорсолаи ниёкон мебошад. Пешвои миллат таърихро на чун амали ҳаводиси гузашта, балки чун сабақи раҳнамо эҳсос мекунад ва таъкид менамояд, ки «агар бихоҳӣ ояндаро бубинӣ, ба гузашта назар намо».

Муқарраран рў оварданро ба гузаштаи таърихии халқи худ муаллиф чун воситаи «дар тарозуи адлу инсоф баркашидан» ва «аз бурду бохти онҳо сабақҳои ибратомўз» бардоштан медонад. Бо назардошти чунин ҳикмат муаллиф дар бобҳои баъдинаи асари безаволи худ масоили мубрам ва ибратомўзи таърихи гузаштаи ниёгонро ба риштаи таҳлил мекашад. Диққати ўро масъалаҳои густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ, рушди фарҳанги давлатдории тоҷикон дар замони Ҳахоманишиён, талошу истиқлолхоҳии ниёгони тоҷикон-бохтариҳову суғдиҳо алайҳи аҷнабиёни юнону мақдунӣ, омезиши фарҳанги баландпояи ориёӣ бо фарҳанги юнонӣ ва нақши онҳо дар тамаддуни эллинӣ, ташаккул ва болоравии давлати юнониасоси Бохтар, ғуруби тамаддуни эллинӣ ба худ ҷалб менамояд.

Андеша ва хулосаҳои муаллиф дар заминаи асноди арзишманди таърихӣ ва таҳлили муқоисавии таҳқиқоти олимони шинохтаи ватаниву хориҷӣ пешакаши хонандагон мегардад. Натиҷаи то кунун ба даст овардаи илми таърихшиносиро нуктасанҷона ба риштаи таҳлил кашида, масоили ҳалталаб ва ё мавриди баҳс қарор доштаро, ки омўзишу ҳалли он вазифаи аввалдараҷаи пажуҳишгарони муосир мебошад, пеш мегузорад. Аз ҷумла, ба масъалаи фарҳанги давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳ намуда, таъкид менамояд, ки «оини давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз думболи ҳар шикасту инқирози чашмрас боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст». Аммо, муаллиф ба он розӣ нест, ки баъзе аз олимону муаррихон «умри давлатдории тоҷиконро аз давраи Сомониён оғоз намуда, чандин силсилаи муқаддами давлатдории ниёгони моро аз мадди назар дур меафкананд». Ҳамчунон масъалаи этногенези халқи тоҷикро яке аз масъалаҳои муҳим, вале печидаву мураккаби таърихӣ ҳисобида, омўзиши онро ҳаматарафа ва бо хулосаи амиқ аз мутахассисони соҳа талаб менамояд. Ақидаҳо ва навиштаҳои пажуҳандагон оид ба маънои этноними «тоҷик» ва пайдоишу паҳншавии он, хулосаву натиҷагириҳо атрофи он низ аз мадди назари Сарвари давлат дур намондааст. Ҳарчанд дар ин самт тадқиқотҳои чашмрас ва хулосаҳои зиёди илмӣ ҷой дошта бошанд ҳам, аммо дастовардҳо ва натиҷаҳои охирини илмҳои ҷомеашиносӣ, бавижа таърих, лингвистика, бостоншиносӣ, таърихи тамаддунҳои бостонӣ ва амсоли инҳо таҳқиқи амиқи масъаларо аз диди нав тақозо менамоянд.

Чунин тарзи масъалагузорӣ ва натиҷагирии амиқ аз масоили норўшану баҳсталаб ё нодида гирифтану хўрдагирии баъзе аз муҳаққиқон ба таърихи халқи тоҷик дар дигар бобҳои китоби дувум низ ҷой дорад. Масалан, бо як иродатмандӣ ва ифтихори баланд муборизаи ниёгонбохтариёну суғдиён, қаҳрамонии Спитамен ва ёронаш муқобили истилогарони юнониву мақдунӣ, таъсирпазирии фарҳанги пешрафтаи маҳаллӣ ба фарҳанги юнонӣ ва эллинӣ, нақши гузаштагон дар рушду такомули давлати Селевкиёнро тасвир намуда, Сарвари давлат ақидаи ғалати баъзе аз муаррихон оид ба истилои юнониҳо ва ташкили давлатҳои эллиниро барои халқҳои Шарқ ҳамчун як пешрафт ва дастоварди бузурги фарҳангӣ қаламдод менамоянд, бепоя ва аз назари илмӣ беасос маънидод намудааст. Академик Б.Ғафуров низ оид ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, таъкид менамояд, ки аксарияти олимони хориҷӣ нисбат ба таъсири фарҳанги юнонӣ ба фарҳанги мардуми Шарқ ҳарф зада, аз дастовардҳои беназири фарҳангии мардуми маҳаллӣ чашм мепўшанд. Ҳол он ки «дар маданияти ба истилоҳ эллинӣ на ин ки эҷодиёти мадании «соф» юнонӣ, балки омезиши махсуси маданияти юнонӣ ва шарқӣ инъикоси худро пайдо намудааст ва дар бобати инкишофи ин маданият нақши бузургеро халқҳои Осиёи Миёна бозӣ кардаанд».

Вобаста ба ин Сарвари давлат пешниҳод менамояд, ки давлати Юнону Бохтар, ки «дар силсилаи давлатдории аҷдодии тоҷикон як давраи навбатии истиқлолият ва рушду нумўи тамаддуни муштараки эллинию ориёӣ буд», давлати юнониасоси Бохтар номида шавад. Аммо баровардани хулосаи ниҳоиро оид ба масъалаи мазкур ба зиммаи олимону муаррихон мегузорад ва ҳамзамон таъкид менамояд, ки омили асосии нуфуз ёфтани юнониҳоро дар Бохтар на дар волоияти тамаддуну давлатдории эллинӣ, «балки дар густариши тиҷорат, пешрафти робитаҳои иқтисодӣ ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани Роҳи Бузурги Абрешим бояд ҷуст».

Боби чаҳоруми китоби дуввум ба таҳлили таърихи ҳокимиятдории силсилаи турониён ва эҳёи давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар ин бахш бештар ба таъсисёбӣ ва ташаккули давлатдории хонадонҳои ҳукмрони ориёии туронӣ, пеш аз ҳама Портҳо, Кушониён ва Ҳайтолиён таваҷҷуҳ намуда, онро давраи азнав эҳёшавии давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ меномад.

Дар фаслҳои алоҳидаи боби чоруми китоби дуввум диққати Сарвари давлатро масъалаҳои эҳёи тамаддуни ориёӣ ва коҳиш ёфтани нуфузи эллиниҳо дар давраи ҳокимиятдории хонадони Ашкониёни Порт ва мақоми сулолаи Кушониён дар рушд ва такомули минбаъдаи давлатдории аҷдодии тоҷикон ба худ ҷалб сохтааст. Бояд таъкид намуд, ки дар рафти таҳлили масоили мазкур низ ягон мушкилоти илмии дар таърихшиносии муосир ҷой дошта, аз мадди назари муаллиф берун намондаааст. «Давлати Ашкониёни Порт, хулоса намудааст муаллиф, дар ҳамсоякишвари давлати юнониасоси Бохтар ва канорҳои Суғду Фарғона қомат афрохта, дар тўли панҷ аср яке аз тавонотарин давлатҳои аҳди қадим буд, ба эҳёи тамаддуни ориёӣ ва рушду нумўи фарҳанги ниёгони тоҷикон мусоидат кардааст». Яке аз беназиртарин дастоварди Ашкониён поягузории забон ва адабиёти паҳлавӣ мебошад, ки чун мероси муштарики қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон эътироф шудааст. Нақши ин хонадонро на камтар аз Ҳахоманишиён дониста, муаллиф таъкид мекунад, ки «Ашкониёни Порт тамаддуни ориёиро аз асари ногувори истилои мақдуниён ва шояд аз хатари нобудшавию ба гўшаи фаромўшӣ афтодан наҷот доданд».

Таърихи салтанати Кушониён ва нақши онҳо дар ташаккулу рушди тамаддуни ориёӣ яке аз масоили диққатҷалбкунанда дар илми таърихшиносӣ маҳсуб меёбад. Гарчанде оид ба ин давраи таърихӣ тадқиқотҳои зиёди ҷолиби таърихию бостоншиносӣ мавҷуд бошад ҳам, вале то имрўз нисбат на ба ҳама паҳлуҳои он нуқтаи назари амиқ ва хулосаи қатъии илмӣ мавҷуд аст. Пешвои миллат дар такя ба таҳқиқотҳои илмии солҳои охир, рисолаву мақолаҳои олимону муаррихони шинохтаи дохиливу хориҷӣ ва баробари он бо истифода аз асноди зиёди таърихӣ, хусусан маъхазҳои чинӣ мўшикофона дар шакли саҳеҳ ба бисёр аз мушкилот ва масоили чигил рўшанӣ андохтааст. Дастрас гардидани ду катибаи гаронбаҳои аҳди Кушониён Катибаи Сурхкўтал ва Катибаи Работак ва инчунин пажуҳиши олимони варзида оид ба ин маъхазҳоро ба асос гирифта, муаллиф натиҷагирӣ менамояд, ки «Кушониён халқияти ориёинажод, ориёизабон ва ориёимазҳаб» буданд ва давраи давлатдории онҳо «яке аз дурахшонтарин силсилаи давлатдории ниёгони ориёии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули таърихии халқияти тоҷик ва ҳамчун миллати ҷудогона ба камол расидани он саҳми бағоят бузург дорад».

Дар хотимаи китоби дуюм Пешвои миллат қазияи давлати кабири Кушониён ва мақоми он дар ташаккули давлату давлатдории тоҷиконро мушкилтарин мавзуъ номида, ин давлатдориро «ҳалқаи заррине дар силсилаи давлатдории ориёиҳои тўронӣ» меномад, ки «тўли се аср пуштибони Роҳи бузурги абрешим ва қофиласолори тамаддуни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик ба шумор мерафт».

Замони пайдоиш, ташаккул ва рушди силсилаи Сосониён ва Ҳайтолиёнро Пешвои миллат давраи нави эҳёи тамаддуни ориёӣ қаламдод карда, зикр менамояд, ки таърихи куҳан «бо чархишҳои ногаҳониаш ба ҷои давлати Ашкониёни Порт дудмони Сосониён ва бар ивази Кушониён тоифаи нави силаҳшўру кўчии ориёӣ Ҳайтолиёнро ба ҷабҳаи сиёсат ва оини давлатдорӣ оварда, ба эҳёву растохези дубораи тамаддуни ориёӣ ва густариши фарҳанги зардуштӣ мусоидат» кард.

Дар ин таҳқиқот ба таври муфассал ба сари қудрат омадани хонадони Сосонӣ, ташкили низоми идоракунӣ ва молиёт, эҳёи суннатҳои аҷдодии ориёӣ, рушди илму фарҳанг, оин ва мазҳаб, бавижа оини зардуштӣ, ба як империяи абарқудрати ҷаҳонӣ мубаддал гардидани Давлати Сосониён ва баробари он муборизаи тўлонии онҳо бо ҳамқавмони ориёии ҳайтолии худ ва дигар кўчиёни воридшуда, бахусус болоравии нуфузи туркон мавриди ҳамаҷонибаи таҳқиқи Сарвари давлат қарор гирифтааст.

Зикр бояд кард, ки хулосаҳои муаллиф оид ба таърихи пайдоиш ва ташаккули давлати Ҳайтолиён, макони пайдоиш ва баромади этникӣ, забон, расму оин, ба сари қудрат омадани онҳо, инчунин низоми давлатдорӣ ва нақши онҳо дар ташаккулу рушди давлатдорӣ ва фарҳанги ориёӣ, дар заминаи сарчашмаҳои муътамад ва рисолаҳои арзишманди илмӣ комилан аз нигоҳи тоза мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар баробари он, муаллиф зарурати пажуҳиши ҳаматарафа ва натиҷагирии амиқро оид ба таърихи Ҳайтолиён ва давлатдории онҳоро чунин таъкид намудааст: «Сарфи назар аз тадқиқоти зиёде оид ба пайдоиш, паҳншавӣ ва мақоми таърихии қабилаҳои ориёии тўронӣ, аз ҷумла, хиониҳо масъалаи падидоӣ ва ташаккули қавмию этникии ҳайтолиҳо дар илм чандон равшан нашудааст. Барои ба масъалаи сарнавишти таърихии ҳайтолиҳо рўшанӣ афкандан, хоҳу нохоҳ ба тақдири ташаккулёбии саромади онҳо қавмҳои кўчманчии тўронӣ, бахусус, хиониҳо ва дигар қавмҳои ҳамнасаби онҳо бозгаштан рост меояд». Ин тарзи нигоҳ чун дастур барои олимону муаррихон дар омўзиши ҳайтолиёншиносӣ хизмат хоҳад кард.

Ба андешаи мо, рўи чоп омадани ин асари бунёдии Сарвари давлат, ки аз зарурати таърихогаҳӣ ва таърихнигории замони истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтааст, дар таърихшиносии миллӣ, ҳамзамон дар омўзишу баррасии таъриху тамаддуни ориёӣ чун дастоварди бузург арзёбӣ мешавад. Аз тарафи дигар, ин таҳқиқот баробари пажуҳиши ҷиддии илмӣ будан чун дастуру роҳнамои барномавии фаъолият барои олимону муаррихон ва муассисаҳои илмӣ ва таълимии таърихии ҷумҳурӣ хизмат хоҳад кард. Пешвои миллат моро ҳидоят мекунад, ки дар омўзишу тадқиқи таърихи миллату давлати хеш ҷиддӣ бошем, барои насли имрўзу фардо асарҳои пурарзиш ба табъ расонда, бо ин амал дар тарбияи насли наврас, ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои таърихию фарҳангии аҷдодии хеш содиқона хизмат намоем. 19 марти соли 2018 Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар вохўрӣ бо зиёиёни кишвар бори дигар таъкид намуд, ки «Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2