НАҚЛИЁТ
Нақлиёт барои аз як ҷой ба ҷойи дигар бурдани одамон ва кашонидани борҳои гуногун хизмат мекунад. Дар замонҳои қадим ба сифати нақлиёт бештар аз аспу ароба, корвони шутур ва дар кишварҳои назди баҳру уқёнусҳо аз киштиҳои бодбондор истифода мебурданд. Бо гузашти вақт аспу ароба ва дигар воситаҳои нақлиёти онвақта талаботи одамонро қонеъ карда натавонистанд. Бинобар ин намудҳои дигари нақлиёт ба вуҷуд омад. Дар замони мо навъҳои нақлиёт хеле гуногун буда, ҳамаи онҳоро ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунанд: нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва қубурӣ (лӯлагӣ).
Нақлиёти автомобилӣ хеле маъмул буда, ба он мошинҳои сабукрав, боркаш ва автобусҳои хурду калон дохил мешаванд. Ҳар рӯз одамон тавассути нақлиёти автомобилӣ ба кор мераванд ва борҳои худро мекашонанд. Тавассути нақлиёти автомобилӣ, асосан, борҳои хусусияти маҳаллидошта кашонида мешаванд. Дар давлатҳое, ки релефи кӯҳӣ доранд, саҳми нақлиёти автомобилӣ зиёд аст. Тоҷикистони мо аз қабили чунин кишварҳо мебошад.
Нақлиёти роҳи оҳан. Ба нақлиёти роҳи оҳан қатораҳои мусофиркаш ва боркаш дохил мешаванд. Қатораҳо бо роҳи махсуси аз оҳан сохташуда ҳаракат мекунанд. Ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан мусофирон ва борҳои гуногунро ба масофаҳои хеле дур кашонидан мумкин аст.
Нақлиёти ҳавоӣ. Барои он нақлиёти ҳавоӣ мегӯянд, ки онҳо дар ҳаво (осмон) ҳаракат мекунанд. Ба нақлиёти ҳавоӣ тайёраҳои мусофирбар, боркаш, ҳарбию варзишӣ, чархболҳо ва мушакҳо дохил мешаванд. Нақлиёти ҳавоӣ аз дигар намудҳои нақлиёт бо он бартарӣ дорад, ки бо суръати тез ҳаракат мекунад. Мусофирон бо нақлиёти ҳавоӣ ҳазорҳо километр масофаро дар муддати якчанд соат тай менамоянд. Бо ин нақлиёт борҳои зуд вайроншавандаро кашонидан мувофиқ аст.
Нақлиёти обӣ. Ба нақлиёти обӣ киштиҳое дохил мешаванд, ки дар дарё, кӯлҳо ва баҳру уқёнусҳо ҳаракат мекунанд. Ба нақлиёти обӣ киштиҳои боркаш, мусофиркаш ва киштиҳои ҳарбии зериобӣ дохил мешаванд. Нақлиёти обиро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: нақлиёти баҳрӣ ва дарёӣ (расми 101). Киштиҳои баҳрӣ ниҳоят калон мешаванд. Онҳо ҳазорҳо тонна борро аз як минтақа ба минтақаи дигари кураи Замин бурда метавонанд. Киштиҳои дарёгард нисбатан хурдтаранд. Бо ин киштиҳо, асосан мусофирон ва борҳои дохилии давлатҳо кашонида мешаванд.
Нақлиёти лӯлагӣ. Ба воситаи нақлиёти лӯлагӣ, асосан нафт ва газ кашонида мешавад. Ин намуди нақлиёт аз ҳама арзон ба ҳисоб меравад.
Нақлиёти лӯлагӣ яке аз намудҳои муҳими нақлиёт аст, ки барои интиқоли моеъҳо ва газҳо тавассути қубурҳо истифода мешавад. Ин намуди нақлиёт дар саноати нафту газ, энергетика ва коммуналии ҷаҳон нақши калидӣ мебозад.
Ба воситаи қубурҳо асосан нафти хом, гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ ва об интиқол дода мешаванд. Ҳаракати моддаҳо дар дохили қубурҳо тавассути фишор сурат мегирад, ки имкон медиҳад масофаҳои тӯлонӣ — то ҳазорҳо километр — тай карда шаванд.
Нақлиёти лӯлагӣ ба чанд намуд ҷудо мешавад: қубурҳои нафт, қубурҳои газ, қубурҳои об ва қубурҳои маҳсулоти нафтӣ. Ҳар яке аз ин намудҳо вазифаи мушаххасро иҷро мекунад.
Афзалиятҳои асосии ин намуди нақлиёт арзонӣ, бефосилагӣ ва таъсири кам ба муҳити зист мебошанд. Аммо камбудиҳое низ мавҷуданд: хароҷоти баланди сохтмон, чандирии кам ва хатари олудагии муҳити зист ҳангоми садама.
Дар маҷмӯъ, нақлиёти лӯлагӣ яке аз усулҳои самараноки интиқоли моддаҳо ба шумор меравад ва дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мақоми муҳим дорад.
Одамон намудҳои нақлиётро барои осон кардани кору фаъолияти худ ихтироъ кардаанд. Барои идора кардани навъҳои гуногуни нақлиёт ба одамон донишу маҳорати хуб лозим аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё