БОЗОРИ ҶАҲОНӢ
Талаботи одамон ба молу маҳсулот рӯз аз рӯз меафзояд. Истеҳсолкунандаҳои маҳаллӣ эҳтиёҷи одамонро ба молҳо пурра таъмин карда наметавонанд. Онҳо метавонанд талаботи одамонро қисман таъмин кунанд. Аммо ба мардум молҳои гуногун лозим аст. Аз ин хотир, баъзе молҳо аз дигар минтақаҳои кишвар оварда мешаванд. Ҳамин тариқ, натиҷаи меҳнати одамон дар дохили давлат аз як минтақа ба минтақаи дигари он тақсим карда мешавад. Инро бозори дохилӣ меноманд.
Дар бозори дохилӣ вобаста ба шароити маҳал минтақаҳои гуногуни ҳар як кишвар барои истеҳсоли молҳои муайян махсус гардонида мешавад. Масалан, дар як минтақа барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ (ғалладона, пахта, меваю сабзавот) шароит мусоид аст. Ин минтақаро барои истеҳсоли молҳои кишоварзӣ махсус мегардонанд. Дигар минтақа барои рушди саноат мувофиқ аст, дар ин ҷо молҳои саноатӣ истеҳсол мекунанд ва монанди инҳо.
Истеҳсоли ҳамаи молу маҳсулоте, ки барои зиндагии мардум лозим аст, дар дохили як давлат хеле душвор мебошад. Бинобар ин иқтисодиёти ҳар як давлат дар алоҳидагӣ инкишоф намеёбад. Дар таъмини аҳолӣ бо молҳои зарурӣ давлатҳои ҷаҳон ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Ҳоло савдои молу маҳсулот хеле васеъ шудааст. Истеҳсолкунандаҳо молҳои худро ба кишварҳои ҳамсоя мебароранд ва хариду фурӯш мекунанд. Муносибатҳои хариду фурӯши давлатҳои ҳамсоя боз ҳам васеъ шуда, минтақаҳои гуногуни кураи Заминро фаро гирифтааст. Дар натиҷа тақсимоти байналхалқии меҳнати одамон ба вуҷуд омадааст, ки онро бозори ҷаҳонӣ меноманд. Бозори ҷаҳонӣ ин ҷамъи бозорҳои ҳамаи давлатҳо мебошад, ки байни онҳо савдои молу маҳсулот ва хизматрасониҳо ба амал меояд.
Молҳое, ки сифати баланд доранд, дар бозори ҷаҳонӣ хуб ба савдо мераванд. Ба чунин молҳо дар бозор талабот зиёд аст. Аз ин рӯ, масъулини савдои давлатҳо ҳаракат мекунанд, ки молҳои сифаташ баланди худро ба бозори ҷаҳонӣ бароранд. Нархи молҳо дар бозори ҷаҳонӣ аз тарафи созмонҳои махсуси байналхалқӣ муайян карда мешавад. Агар дар бозор ба молу маҳсулот талабот
зиёд шавад, нархи он меафзояд. Вале агар талаботи мол кам шавад, нархи он поён меравад ва мол арзон мешавад. Ин қонуни бозор аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё