Марди ҳаросон ва марг
Рӯзе марди содае назди ҳазрати Сулаймон омад.
Сулаймон гуфт: Чӣ шуда?
Мард посух дод: — Азроил назари хашмолуд ба ман кард ва донистам, ки мехоҳад ҷонам биситонад.
Гуфт: — Чӣ мехоҳӣ?
Мард посух дод: — Ба бод фармон деҳ, то маро ба Ҳиндустон барад, шояд дар он ҷо аз марг халосӣ ёбам.
Сулаймон хостаи ӯро иҷобат кард.
Рӯзе баъд Сулаймон ба Азроил гуфт: — Чаро ба он бечора ба хашм нигаристӣ?
Азроил гуфт: — Нигоҳи ман аз хашм набуд, балки аз тааҷҷуб буд, зеро Худо ба ман фармуда буд, имрӯз дар Ҳиндустон ҷони ӯро гирам ва ман дар шигифт будам, ки он мард наметавонад ба Ҳиндустон равад. Имрӯз ӯро он ҷо дидам ва ҷонаш ситондам.
Ҳикоя аз «Маснавии Мавлавӣ»
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё