Зеҳн

РЕЛЕФИ ТОҶИКИСТОН

БА
Барномасоз11 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Сатҳи замин ҳамвор нест. Дар баъзе ҷойҳо ҳамворӣ ва ҷарӣ, дар ҷойи дигар теппа ва кӯҳҳо мавҷуданд. Мо медонем, ки ноҳамвориҳои сатҳи заминро релеф меноманд.

Релеф — маҷмӯи ҳама пастию баландии сатҳи Замин мебошад.

Ба релеф кӯҳҳо, теппаҳо, водиҳо, ҳамвориҳо, дараҳо ва дигар шаклҳои сатҳи замин дохил мешаванд.

Намудҳои асосии релеф

  • Кӯҳҳо — қисмҳои баланд ва нишебии сатҳи замин.
  • Теппаҳо — баландии нисбатан пасттар аз кӯҳ.
  • Ҳамвориҳо — минтақаҳои васеи ҳамвор ё камнишеб.
  • Водиҳо — пастиҳои байни кӯҳҳо ё теппаҳо.
  • Дараҳо — чуқуриҳои дарозу танги сатҳи замин.

Чӣ тавр релеф ба вуҷуд меояд?

Релеф дар натиҷаи таъсири қувваҳои дохилӣ ва берунии Замин ташаккул меёбад:

  • ҳаракати қишри Замин;
  • вулқонҳо ва заминларзаҳо;
  • таъсири об, шамол, пиряхҳо ва тағйирёбии ҳарорат.

Аҳамияти релеф

Релеф ба иқлим, ҷараёни дарёҳо, кишоварзӣ, сохтмон ва ҷойгиршавии аҳолӣ таъсири калон мерасонад.

Ҳамвориҳои Тоҷикистон. Ҳамагӣ 7 фоизи масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамвориҳо ташкил медиҳанд. Дар ин мавзеъҳо қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Бунёди шаҳрҳо, сохтани роҳ, корхонаҳои саноативу кишоварзӣ дар ҳамвориҳо ба роҳ монда шудаанд. Ҳамвориҳо барои фаъолияти хоҷагидории одамон мувофиқанд.

Ҳамвориҳои нисбатан калонтарини кишвари мо инҳоянд: Ашти Калон, Оббурдони Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҳавотоғи Истара вшан, Палоси Хуҷанд, Наво боди Рашт, Марғедари Панҷакент, Бедонаи Нуробод, Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ, Қалъаи дашти Файзобод, Дилварзин, Зафаробод, Ёвон, Бешкент, Данғара ва ғайра. Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати обёрӣ кардани заминҳои ҳамвор аҳамияти махсус медиҳад. Ҳамвориҳо ва теппаҳои пасти Тоҷикистон макони асосии парвариши зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ва боғҳо мебошанд. Пахта, гандум, зироатҳои полизӣ ва боғу токзорҳо ҳамворӣ ва теппаҳои Тоҷикистонро зеб медиҳанд.

Дар баъзе ҳамвориҳои қаламрави Тоҷикистон пайдоиши ҷарӣ ва дараҳои чуқур ба кори кишоварзон халал мерасонанд. Селборонҳои мавсимӣ сабабгори асосии пайдо шудани ҷариҳо дар кишвари мо мебошанд.

Кӯҳҳои Тоҷикистон. Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор аст. Кӯҳҳо 93%-и масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Нуқтаи аз ҳама баландтарини Тоҷикистон 7 ҳазору 495 метр аст. Ин қуллаи Исмоили Сомонӣ буда, дар кӯҳҳои Помир ҷойгир аст.

Дар кишвари мо қаторкӯҳҳо ва силсилакӯҳҳо хеле зиёданд. Ба қаторкӯҳҳои калонтарини Тоҷикистон – қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон, Қаротегин, Ҳазрати Шоҳ, Дарвоз ва силсилакӯҳҳои Помир дохил мешаванд. Кӯҳҳои Помир аз ҷиҳати баландӣ ва табиати беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат доранд. Аз сабаби ниҳоят баланд буданашон баъзан одамон кӯҳҳои Помирро ба «Боми ҷаҳон» ташбеҳ медиҳанд. Табиати кӯҳҳои мо хеле зебо аст. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон дарахтони худрӯйи арча, бодом, писта ва чормағз зиёданд. Кӯҳҳои Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок низ бой мебошанд.

Дар кӯҳҳо ҷойҳои ҳамвор каманд. Аз ин хотир, дар кӯҳ ба мисли ҳамвориҳо деҳқонӣ ва дигар фаъолиятҳои хоҷагидорӣ он қадар хуб ба роҳ монда намешавад. Одамон фақат доманаҳои кӯҳҳоро барои бунёди боғҳо ва чарогоҳи тобистона истифода мебаранд.

Дар Тоҷикистон ағбаҳо хеле зиёданд. Мисол, ағбаи Анзоб, Шаҳристон, Чормағзак, Фахробод, Шаршар, Хобуработ ва ғайра. Роҳи ағбаҳо дар зимистон душворгузар буда, баъзан баста мешаванд. Бо мақсади он ки ҳаракати автомобилҳо дар фасли зимистон қатъ нагардад, аз зери ағбаҳо нақб мекобанд. Чунин нақбҳо дар Тоҷикистон аллакай ба истифода дода шудаанд. Ба монанди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон». Дар чандин ағбаҳои дигар корҳои нақбканӣ дар нақша аст.

ОЁ ШУМО МЕДОНЕД?

Нақби аввалин дар Тоҷикистон соли 2006 сохта шудааст. Ин нақби «Истиқлол» мебошад, ки аз зери ағбаи Анзоб дар қаторкӯҳи Ҳисор кофта шудааст. Дарозии нақб қариб 5 километрро ташкил медиҳад. Нақби «Истиқлол» ҳаракати автомобилҳоро дар шоҳроҳи самти Душанбе – Хуҷанд тамоми фаслҳои сол таъмин мекунад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2