ДАРЁ, КӮЛ ВА ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН
Дарёҳо. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон ва ғайра мебошанд. Дарёҳои мо, асосан, аз пирях, барф, борон ва обҳои зеризаминӣ сарчашма мегиранд. Аксари дарёҳо дар фасли баҳор ҳангоми обшавии барф, боронгарии зиёд ва тобистон дар натиҷаи об шудани пиряхҳо сероб мегарданд. Серобии дарёҳо, махсусан фасли тобистон барои хоҷагидорӣ аҳамияти калон дорад. Чунки дар ин фасл талаботи рустаниҳои кишоварзӣ ба об зиёд мешавад.
Дарёи Панҷ яке аз дарёҳои калонтарини кишвар буда, дарозиаш 921 километр аст. Ин дарё қад-қади сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷорӣ мебошад.
Вахш дарёи серобу пуртуғёни Тоҷикистон аст. Дарозиаш 524 километр мебошад. Дарёи Вахш барои хоҷагии халқи кишвар аҳамияти махсус дорад. Киштзори водиҳои Вахш, Гаравутӣ, Ёвону Обикиик ва даштҳои ташналаби Данғара аз ҳисоби дарёи Вахш шодоб мегарданд.
Бештари неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дар дарёи Вахш бунёд шудаанд. Байни онҳо Неругоҳи барқи обии Норак яке аз неругоҳҳои калонтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Айни замон дар дарёи Вахш сохтмони яке аз калонтарин неругоҳҳои барқӣ – Неругоҳи барқи обии Роғун идома дорад. Хушбахтона, 16-уми ноябри соли 2018 аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун ба кор шурӯъ кард.
Аз якҷояшавии дарёҳои Вахшу Панҷ дарёи Ому ҳосил мешавад. Дарозии дарёи Ому 2294 километр буда, ҳамагӣ 35 километри он аз ҳудуди Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.
Дарёи Кофарниҳон 387 километр дарозӣ дошта, барои обёрии заминҳои водии Ҳисор, ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён истифода мешавад.
Дарёи Зарафшон зиёда аз 876 километр дарозӣ дошта, аз байни қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон ҷорист. Аз оби ин дарё заминҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон обёрӣ мегарданд.
Дарёи Сир дуюмин дарёи калонтарини Осиёи Миёна буда, 195 километри он дар қаламрави Тоҷикистон аз вилояти Суғд ҷорӣ мешавад. Обанбори «Баҳри тоҷик» дар ҳамин дарё сохта шудааст.
Кӯл ва обанборҳои Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон кӯлҳо бисёранд. Кӯли Сарез, Яшилкӯл, Искандаркӯл, Қарокӯл, Зоркӯл, Шӯркӯл ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Яке аз кӯлҳои калонтарин ва ҷавонтарини кишвари мо кӯли Сарез аст. Ин кӯл дар Помир ҷойгир шудааст. Кӯли Сарез соли 1911 дар натиҷаи заминҷунбӣ лағжида пеши дарёро бастани пораи кӯҳ пайдо шудааст.
Искандаркӯл яке аз кӯлҳои хушманзараи Тоҷикистон мебошад. Он дар қаторкӯҳи Ҳисор, дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудааст. Оби нӯшиданбоб ва табиати беҳамтои ин кӯл диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд.
Обанборҳо кӯлҳои сунъие мебошанд, ки барои обёрии заминҳо, бо об таъмин кардани аҳолӣ ва моҳипарварӣ дар Тоҷикистон сохта шудаанд. Дар пойгоҳи баъзе обанборҳо неругоҳи барқи обӣ месозанд. Обанборҳои калонтарини кишвар Норак, Роғун, Сангтуда (дар дарёи Вахш), «Баҳри тоҷик» (дар дарёи Сир) ва Каттасой (дар ноҳияи Истаравшан) мебошанд. Обанбори Роғун яке аз калонтарин обанбор дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Пиряхҳо. Кӯҳҳои баланди Тоҷикистон манбаи пиряхҳо мебошанд. Масоҳати умумии пиряхҳо қариб 6 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Пиряхҳои калон бо номи Федченко, Зарафшон, Гармо, Хирсон ва ғайра машҳуранд. Пиряхи Федченко дар Тоҷикистон аз ҳама калон мебошад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби дарёҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб мераванд.
АҶИБ АСТ!
Аз рӯйи баъзе ривоятҳо номи Искандаркӯл аз номи лашкаркаши машҳури Юнони қадим Искандари Мақдунӣ пайдо шудааст. Мувофиқи маълумоти таърихшиносон Искандари Мақдунӣ ҳангоми лашкаркашӣ ба Осиёи Миёна бо сарбозони худ дар соҳилҳои ин кӯл истироҳат мекардааст. Аз ин хотир номи кӯлро Искандаркӯл номидаанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё