Зеҳн

ЧАШМАҲО ВА ОБҲОИ ШИФОБАХШИ ТОҶИКИСТОН

БА
Барномасоз11 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Обҳои қабати заминро, ки роҳ ёфта ба рӯйи Замин мебароянд, чашма меноманд. Оби чашмаҳо одӣ, маъданӣ, газдор, талх, шӯр, гарм, буғдор, бӯйдор ва ғайра мешаванд. Оби чашмаҳои одиро аҳолии кишвари мо барои нӯшидан, шустушӯй ва дигар корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон чашмаҳои гарму шифобахш хеле зиёданд, ба монанди Хоҷаобигарм, Чилучорчашма, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Обигарм, Явроз, Хирманак ва ғайра. Шумораи умумии чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон ба 110 адад мерасад. Дар назди чашмаҳои шифобахш хонаҳои истироҳатӣ ва табобатгоҳҳо сохта шудаанд. Ҳар сол дар ин дармонгоҳҳо чандин ҳазор сокинони кишварамон табобат мегиранд ва истироҳат мекунанд.

Хосияти чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, то ба кишварҳои дур паҳн гаштааст. Аз ин сабаб барои муолиҷа ва истироҳат шаҳрвандони хориҷӣ низ ба Тоҷикистон меоянд.

Обҳои шифобахши минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳар гуна дардҳо даво мебошанд. Масалан, Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим (ВМКБ) манзараи аҷиб дорад. Оби чашма аз баландӣ ба рӯйи теппа паҳн шуда, поён мешорад. Ҳарорати оби Гармчашма қариб 60 дараҷа гарм аст. Дар шифогоҳи Гармчашма дардҳои банди устухон, тарбод, шукуфа ва дигар бемориҳои пӯстро табобат мекунанд. Шифогоҳ дорои гармоба мебошад. Ҳар тобистон одамони зиёде барои муолиҷа ба Гармчашма меоянд.

Дар таркиби об ва буғи Хоҷаобигарм 18 намуди моддаҳои химиявии муолиҷавӣ мавҷуд буда, ба бемориҳои гуногун шифо мебахшанд. Оби гарм ва буғи ин чашмаи шифобахш барои табобати бемориҳои пӯст, дарди устухон, буғум, асаб ва узвҳои нафаскашӣ даво аст. Дармонгоҳи Хоҷаобигарм табиати зебо дошта, дар Тоҷикистон калонтарин ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии То ҷикистон биноҳои дармон гоҳ таъмир ва азнавсозӣ шуда, барои қа були эҳтиёҷмандон тамоми шаро ит муҳайё карда шудааст.

Чилучорчашма барои истироҳати мардуми қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад. Аҷибаш ҳамин аст, ки ин чашма дар яке аз гӯшаҳои гармтарини Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Аммо оби Чилучорчашма доим хунук мебошад. Обе, ки аз 44 чашма мебарояд, каме поёнтар якҷоя шуда, рӯдро ташкил медиҳад. Оби рӯд соф, хунук ва сермоҳӣ аст. Моҳӣ ва морҳои обӣ, ки ба одамон одат кардаанд, ба ин мавзеъ ҳусни тоза меафзоянд. Одамон дар ин ҷо истироҳат намуда, асаби худро ором ва хастагиро бартараф мекунанд. Одамон, асосан, дар фасли тобистон барои истироҳат ба ин ҷо меоянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2