Зеҳн

Наврӯз

ЗЕ
Зеҳн11 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Наврӯз — яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърихӣ омадааст, аввалин касе, ки онро ҷашн гирифт, як подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо, 21-уми март ҳудуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз, фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар куллияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳар ид, аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон, бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳаққиқони ойинҳои Наврӯз бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофиёӣ густариш ёфтааст.

Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ — Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термез, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, сунан ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда, мардуми Ӯзбекистон низ бо чунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғизои наврӯзӣ — саману ё суманак, омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.

Таърихи Наврӯз

Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав»-ро дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробарии баҳор буда, рӯзҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошанд. Дар ҳар як шаҳр ин идро одамон бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд.

Ҳоло дар Тоҷикистон асосан Наврӯзро аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Ин рӯзҳо рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд.

Қадимтарин манбаи иди Наврӯз — ин китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Решаи аслии он ба қадимтарин таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд.

Таърихи гузаштаи Наврӯз, чи хеле ки дар «Наврӯзнома» (китоби Наврӯзии) Умари Хайём омадааст, ба давраҳои таърихии шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён мерасад. Дар «Шоҳнома» гузаштаи ин ид бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад.

Чӣ тавре ки маълум аст, 21 март дар баҳор шабу рӯз баробар шуда, ба 12 соат тақсим мешавад. Вақте ки Ҷамшед тахти тиллоии худро сохт (аз рӯи достон, якумин тахт дар таърихи одамизод вуҷуд дошт), онро дар вақти баромади офтоб ба кӯҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилва дода, равшанӣ мисли офтоб медод.

Ин рӯзро Наврӯз номиданд ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст, Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва онро ба расми оин дохил кард. Шоҳон ва одамон ин идро ҷашн мегирифтанд.

Дар ин мероси халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гӯштинги паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд.

Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузошта мешавад. Таомҳое, ки бо ҳарфҳои «С» ва «Ш» сар мешаванд, гузошта мешуданд.

Ҳамчун қоида, дар ид ду намуди дастархон оро дода мешавад: ин «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» мебошад. Дар алифбои форсӣ «Син» ва «Шин» ҳарфҳои «С» ва «Ш» мебошанд. Дар дини зардуштӣ ва ислом рақами 7 ҳамчун рақами муқаддас шуморида мешавад.

Ҳафтсинро арабҳо дохил карданд аз сабабе ки дар ислом нӯшидани шароб манъ аст, лекин ҳафтсинро аз байн бурда натавонистанд.

Наврӯз дар Ӯзбекистон

Ҳар ид, аз ҷумла иди Наврӯз дар Ӯзбекистон, бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Ҳоло дар Ӯзбекистон ибораи «ӯзбекони бостонӣ» садо медиҳад ва дар миёни аҳли илм низ ақидае ҷой дорад, ки гӯё мардуми ӯзбек қабл аз Одамато ва Момоҳаво пайдо шуда бошад. Ва дар демократияи имрӯзаи Ӯзбекистон чунин ақида роиҷ аст.

Наврӯз дар Ӯзбекистон бо номи «Наврӯз байрами» ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Зеро Самарқанд, Бухоро ва Фарғона аз манотиқи тоҷикнишини Ӯзбекистон маҳсуб мешаванд ва то ҳол сунан ва ойинҳои Наврӯзӣ дар миёни сокинони ин манотиқ то андозае ҳифз шудааст.

Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ — Самарқанд, Бухоро, Насаф, Кеш, Китоб, Термиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, анъаноти Наврӯз ҳифз шуда, мардуми ӯзбек низ бо чунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд.

Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғизои наврӯзӣ — саману ё суманак, омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд. Сумалак рамзи абадият аст.

Наврӯз дар Туркманистон

Наврӯз дар Туркманистон, дар муқоиса бо кишварҳои дигари туркзабони минтақаи Осиёи Марказӣ, ба таври густардатар таҷлил мегардад. Давлати Туркманистон рӯзҳои 20, 21 ва 22 мартро ба унвони таҷлил аз Наврӯз ё ба истилоҳ «Наврӯз байрам» эълом кардааст.

Дар канори оростани суфраи наврӯзӣ, баргузории мусобиқаи ҷовандозӣ ё бузкашӣ аз вижагиҳои ҷашни Наврӯзи Туркманистон маҳсуб мешавад.

Наврӯз дар Қирғизистон ва Қазоқистон

Дар Қирғизистон ва Қазоқистон, ду кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ низ Наврӯз дар сатҳи давлат таҷлил мешавад.

Дар Қазоқистон Наврӯз иди баҳор ва эҳёи табиат дониста шуда, расман чун «Наврӯз майрам» ба таърихи 22 март ҷашн гирифта мешавад. Қазоқҳо дар ин рӯз дар канори ширкат дар барномаҳои фарҳангӣ ва тафреҳӣ ба шинондани дарахтону гулҳо ва ободу зебо кардани манозил ва маҳаллоти маскунии худ машғул мешаванд. Зеро таҷлили Наврӯз дар манзили тами­зу ороста аз ойинҳои мардуми қазоқ унвон шудааст.

Аммо қирғизҳо дар канори маросими сайру гашти идона дар рӯзи Наврӯз ойини миллии худ — «Манасхонӣ»-ро иҷро мекунанд.

«Наврӯз дар Қирғизистон 21 март таҷлил мешавад. Ҷашни Наврӯз дар Қирғизистон тафовути зиёде аз дигар кишварҳо надорад. Қирғизҳо либосҳои идона ба бар карда ва ҳазорҳо тан дар майдони марказии шаҳри Бишкек гирди ҳам меоянд ва Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Дар ҳар шаҳру минтақаи Қирғизистон маросими «Манасхонӣ» бо ширкати ҷавонон ва бузургсолон баргузор мешавад. «Манас» аз достонҳои таърихӣ ва бостонӣ ва машҳури дунё маҳсуб мешавад.»

Дар ҳамин ҳол, бештари муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони ойинҳои Наврӯзӣ муътақиданд, ки бо таваҷҷуҳ ба густариши чашмгири таҷлили Наврӯз дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар даҳсолаҳои баъдӣ ин ҷашни миллӣ ва таърихӣ метавонад хусусияти башариро касб кунад. Зеро ҳамакнун Наврӯз дар бештари кишварҳои ҷаҳон, ба хусус кишварҳои мусалмонии дунё, бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Ҳафтсин ва ҳафтшин дар Наврӯз

Ҳафтсин

Яке аз анъанаҳои Наврӯз ин ҳафтсин мебошад. Ҳафтсин ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи «С» (син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:

  1. Сир — рамзи саломатӣ.

  2. Себ — рамзи зебоӣ ва саломатӣ.

  3. Сабзӣ — рамзи сабзиши табиатро дорад.

  4. Санҷид — рамзи ошиқӣ.

  5. Сирко — рамзи пуртоқатӣ ва хирадмандӣ.

  6. Суманак — рамзи нерумандӣ ва боварӣ.

  7. Сипанд.

Ба ғайр аз инҳо, дар дастархон аксар вақт китоби Қуръон ва Шоҳнома дида мешавад.

Умуман, инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошанд. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин, ба ҷузи ҳафтсини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дидан мумкин аст. Чӣ тавре ки гуфтем, ин аз урфу одати мардум иборат аст.

Ҳафтшин

Ба ғайр аз ҳафтсин, дар рӯи дастархони Наврӯзӣ ҳафтшин мегузоранд.

Ҳафтшин ин он номгӯи чизҳои рӯи дастархонест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо «Ш» (шин) оғоз меёбанд. Ба онҳо дохил мешаванд:

  1. Шакар.

  2. Шона.

  3. Шамъ.

  4. Ширинӣ.

  5. Шарбат.

  6. Ширбиринҷ.

  7. Шир.

Умуман, инҳо аз урфу одати ҳар як миллат вобаста аст. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин, ба ҷои ҳафтсин ва ҳафтшини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дидан мумкин аст. Чӣ тавре ки гуфтем, ин аз урфу одати мардум вобаста аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2