Зеҳн

НОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ЗЕ
Зеҳн11 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар ҳама дунё ба ҳар давру замон,
Эҳтироми нон бувад аз ҳад калон.
Он зи ҷумла нозу неъмат беҳтар аст,
Қадри нон болотар аз симу зар аст.

Нон қиматтарин ганҷ, бебаҳотарин амвол ва муқаддастарин ганҷинаи пурарзишу бебаҳост. Бе нон ҳаёт нест. Бе нон фарзанди инсонияти бузург арзи ҳастӣ карда наметавонад. Нон аст, ки умр пойдор аст, нон аст, ки зиндагӣ идома дорад. Нон аст, ки офаридаи бузурги инсоният арзи ҳастӣ мекунад. Арзиши ин муқаддасоти бузург дар ягон давру замон дигаргун намегардад. Дар зиндагӣ ҳамаи ҳастиҳо бузурганд, ҳамаи неъматҳо пояндаанд, аммо неъмати бебаҳои рӯи замин «нон» аст, ки ниҳоят пояндаву барҷост. Кӯчактарин ва бузургтарин офаридаи Офаридгори бузург маҳз тавассути истеъмоли ин ганҷинаи бебаҳо ҳаракат мекунанд, ҳастиву ҷон мегиранд.

Нон бувад чун ҷони одам,
Қуввату дармони одам.
Зеби дастурхони одам,
Нони гандум, нони гандум.

Ин мӯъҷиза касро тавоноиву мадор мебахшад. Қудрату матонат, зӯру тавони ҳар як банда ба нон вобастагӣ дорад. Истеъмоли ин ғизои бузург хурдонро бузург, нотавононро қудрат, бузургонро ҳираду фаросати зиёд мебахшад.

Пӯшида нест, ки осон ба даст овардани ин мӯъҷизаи бузург танҳо имрӯз бароямон муяссар аст. Замоне буд, ки ба даст овардани нон ҳамчун ғизо ниҳоят душвор буд. Аз офаридаҳои Турсунзодаи бузург:

Гӯш мекардам садои марди ҳирманкӯбро,
Мешунидам зарбаҳои говронаҷӯбро.
Побараҳна, дилгурусна, сар-сари кӯҳу адир,
Хурҷин дар даст мегаштам, чу як марди фақир.

Ана, ба ҳамин гуна заҳмати фаровону машаққати зиёд пораи нон ба даст меомад. Бечора мардону занон ва кӯдакони побараҳнаву бепуштибон дар кӯҳу пуштаҳо бо меҳнати дастӣ хӯшаи гандуме парварида, онро орд намуда, нон дастрас гардонида, истеъмол менамуданд. Натиҷаи ин гуна машаққати зиёд онҳоро нотавону дардманд мегардонд.

Имрӯз бо шарофати даврони бузург ва пешравиҳои зиёди илмиву техникӣ ба даст овардани нон ниҳоят осон гардидааст. Имрӯз фарзанди инсоният беҳтарин нонро истеъмол менамояд. Имрӯз мардум дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт фаъолият намуда, бегоҳ ҳангоми баргашт ба хона ҳама гуна маводи нониро аз бозору растаҳо ба осонӣ ба даст оварда метавонанд.

Нонвои шаҳр меояд кунун дар пушти дар,
Нони гарми хешро бардошта вақти саҳар.
Кӯчаҳоро пур кунад аз бӯи нони ширмол,
Пур кунад хони арӯсон дар шаби тўи висол.

Албатта, ҳамаи ин пешравию имкониятҳо аз сулҳу субот, пешравию устувориҳои давлату даврон гувоҳӣ медиҳанд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём фарҳанги бою ғанӣ дошта, нонро ҳамчун муқаддасоти бузург эътироф мекунанд. Модари тоҷик аз хурдӣ тифлашро эҳтироми донаи гандуму пораи нон меомӯзонад. Тифли дилбанд аз хурдӣ нонпораро муқаддас шумурда, бологузар медонад.

Қиммати нон аз ҳама волост дар рӯи ҷаҳон,
Пиру барно раҳравон гардида з-истеъмоли он.
Қудрати волои он бахшида тифлонро ҳаёт,
Дар дили ҳар фард бошад эҳтиромаш дар ниҳон.

Нон мӯъҷизаи ҳаётофарину қувватдиҳанда ва воломақом аст. Аз истеъмоли як пораи нон дар дил қуввату мадор ва ҳастиву матонат ҳосил мегардад. Пас, бевосита метавон нонро мӯъҷизаи ҳаётбахш номид. Бе истифода аз ин мӯъҷизаи бузург ҳаёт барои инсон ғайриимкон аст. Ҷои онро ягон ҳастӣ, ягон қимати нодир иваз карда наметавонад.

Дуруст аст, ки китоб низ ниҳоят муқаддас ва гавҳари дурахшони дурри маънист. Аммо дар ҳолати гуруснагӣ фарзанди инсоният онро зери по монда, аз баландие нонро гирифта истеъмол намудааст. Пас, мебояд нонро болотарин масъалу асоситарин эҳтиёҷи маҳлуқоти зинда шумурд. Онро азиз шумурда, болои дидагон ҷой кард:

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.

Хулоса, нонро ҳамеша эҳтиром карда, қимати онро донистан қарзи ҳар як инсони асил аст. Нон чун мӯъҷизаи нодир ҳаётро офарида, инсониятро тавоноиву мадор мебахшад.

Нон бар мо давлати дунё бувад,
Нон бар мо аз ҳама боло бувад.

Нон давлат, сарват, дороиву қувват ва асоси ҳастии мост. Нест ба ҷуз он мӯъҷизаи ноёбу нотакроре, ки инсоният ҳар нафас ба он эҳтиёҷ дошта бошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2