НАВРӮЗ
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт, яке аз подшоҳони форс бо номи Ҷамшед буд.
Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишоварзии деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде, аз ҷумла иди Наврӯз, дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳаққиқони ойинҳои Наврӯз бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва туркманҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ густариш ёфтааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ — Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термез, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, суннат ва анъанаҳои Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми узбек низ бо чунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғизои наврӯзӣ — саману ё суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.
Калимаи «Наврӯз» маънои «рӯзи нав» дорад. Ин иди баҳор, якумин рӯзи соли нав, рӯзи баробарии баҳор аст. Рӯзҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошанд. Дар ҳар як шаҳр ин идро одамон бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Тоҷикистон асосан Наврӯзро аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Ин рӯзҳо истироҳатӣ мебошанд.
Қадимтарин манбаи иди Наврӯз — ин китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Решаи аслии он ба қадимтарин таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чи хеле ки дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём омадааст, ба давраҳои таърихии шоҳигарии форсҳо ва давраи Пешдодиён рост меояд. Дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад.
Чӣ тавре ки маълум аст, дар 21 март шабу рӯз баробар шуда, ба 12 соат тақсим мешавад. Вақте ки Ҷамшед тахти тиллоии худро сохт (аз рӯи достон, якумин тахт дар таърихи одамизод вуҷуд дошт), онро дар вақти баромади офтоб ба кӯҳи баланд бардошта, тилло дар нурҳои офтоб ҷилва дода, равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номиданд ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст, Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва онро ба расму оин дохил кард. Шоҳон ва одамон ин идро ҷашн мегирифтанд.
Дар ин маросими халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гӯштинги паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузошта мешавад. Таомҳое, ки бо ҳарфҳои «С» ва «Ш» сар мешаванд, гузошта мешуданд. Ҳамчун қоида, дар ид ду намуди дастархон оро дода мешавад: ин «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» мебошад. Дар алифбои форсӣ «Син» ва «Шин» ҳарфҳои «С» ва «Ш» мебошанд. Дар дини зардуштӣ ва ислом рақами 7 ҳамчун рақами муқаддас шумурда мешавад. Ҳафтсинро арабҳо дохил карданд аз сабабе ки дар ислом нӯшидани шароб манъ аст, лекин ҳафтсинро аз байн бурда натавонистанд.
Ҳафтсин ва ҳафтшин дар Наврӯз
Ҳафтсин
Яке аз анъанаҳои Наврӯзӣ ин 7 син мебошад. Ҳафтсин ин ҳафт номгӯйи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи «с» (син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:
-
Сир — рамзи саломатӣ.
-
Себ — рамзи зебоӣ ва саломатӣ.
-
Сабзӣ — рамзи сабзиши табиатро дорад.
-
Санҷид — рамзи ошиқӣ.
-
Сирко — рамзи пуртоқатӣ ва хирадмандӣ.
-
Суманак — рамзи нерумандӣ ва боварӣ.
-
Сипанд.
Ба ғайр аз инҳо, дар дастархон аксар вақт китоби Қуръон ва Шоҳнома дида мешавад.
Умуман, инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошад. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин, ба ҷои ҳафтсини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дидан мумкин аст. Чи тавре ки гуфтем, ин аз урфу одати мардум иборат аст.
Ҳафтшин
Ба ғайр аз ҳафтсин, дар рӯи дастархони Наврӯз ҳафт шин мемонанд.
Ҳафтшин ин он номгӯйи чизҳои рӯи дастархонест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо «ш» (шин) оғоз меёбанд. Ба онҳо дохил мешаванд:
-
Шакар
-
Шона
-
Шамъ
-
Ширинӣ
-
Шарбат
-
Ширбиринҷ
-
Шир
Орзуву омоли мардум на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.
Рамз як навъ баёни иҷтимоӣ мебошад, ки дар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, иҷроӣ ва моддӣ унсурҳои асотирию мазҳабӣ, адабӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли баъдӣ интиқол ёфтаанд.
Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҳвили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар рӯйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир, мост ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан, мурғ ва моҳиро рӯи дастархон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санҷид ҳам ҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.
Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо Ал-Хисравӣ, шоҳони сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бозии сафедеро парвоз медоданд ва субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навҷӯшида ва ё хӯрдани порае панири тоза оғоз мекарданд. Ва дар ин рӯзи Наврӯз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд.
Чун Наврӯз пешонаи фасли баҳор аст, мардуми кӯҳистон асосан дар айёми Наврӯз шурӯъ ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ мекарданд. Рамзи баракату фаровонӣ дар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми тоҷик мунъакис гаштааст. Занҳои тоҷик ҳангоми пухтани ғизои наврӯзӣ — сангчаҳоро ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр ҷойҳо ба деги суманак ба ҷои сангчаҳо 7 дона чормағз меандохтаанд.
Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳоянд, ки аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Чунончи, дар ноҳияи Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахуд, лӯбиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм, ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтақаҳо далда (Кӯлоб), кашк (Яғноб), бон(Бадахшон), гӯча (дар Панҷакент) ва ғайра меноманд. Хӯроки мазкур, ки аз хубубиёт ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи фаровонии ҳосили кишоварзии соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад.
Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкуча мепухтанд ва бо ин амал онҳо орзу мекарданд, ки тамоми сол сериву пурӣ ва пурфайзу баракат бошад.
Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида, ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё