Зеҳн

МАКТАБ — МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.

Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Ҳанӯз аз замонҳои пеш низ, дар ҳолати вуҷуд надоштани мактабҳо, мадрасаҳо вуҷуд доштанд, ки аксарияти намояндагони адабиёти классики тоҷик дар онҳо сабақ омӯхтаанд.

Модоме ки мактабу мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату ҳунар меомӯхтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накукор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдор мебошанд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фарҳангу илму адаб то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва боғчаю муассисаҳои таълимӣ илм омӯхта, ҳамаро ба некию накукорӣ ва фарҳангдӯстӣ даъват мекунанд.

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст мактаб, ҷон аст мактаб.

Оре, мактаб маъхази пайдоиши илму маърифат аст. Ҳама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонааш қадам гузошта, аз он бузург гардидаанд. Бе гузашт аз ин даргоҳи муқаддас касе наметавонад илм омӯзад.

Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,
Кас чу ҳайвон мешавад, гарчи бувад соҳибнасаб.

Ҳар як инсон пеш аз он ки бояд зиндагӣ кунад, бевосита ба чизе эҳтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку пӯшок ва тандурустӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, пеш аз ҳама мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд.

Мактаб гулшани ҳамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатҳои вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умру ҳастиву тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифату ақлу заковати касон аст. Нест каси бохираде, ки маърифати ин даргоҳи бузургро нагирифта бошаду аз заҳмати бузургустоде баҳравар нагардида. Агар аз гузашти умр ва пандномаи бузургони хирад сафҳагардонӣ намоем, бевосита метавонем хулосабарорӣ намоем.

Моҳӣ фарзанд ва ҳамранги дарёст, гандум фарзанди саҳро ва мисли саҳрост, инсон фарзанди замин аст ва эҳтиёҷ ба мардуми заминиву пурбардор дорад, эҳтиёҷ ба илму адаб ва покию росткорӣ, ки онро маҳз дар даргоҳи маърифат меомӯзанд. Ин даргоҳи бузурги маърифати мактабу мадраса аст, ки одамиятро ба шоҳроҳи бузурги ҳаёт ҳидоят менамояд, зеро инсон худ аз пеши худ бузург намегардад.

Лола худ рӯяд, моҳӣ худ шино кунад, магас худ парад, кирми шабтоб худ нур барорад, аммо одам барои инсони комил шудан бояд омӯзад. Инсони асил манбаи ҳамаи донишҳоро аз мактаб меомӯзад. Онро муқаддасу бузург мешуморад. Саҳми бештари онро дар тарбияи насли бузурги одамият қадрдонӣ мекунад. Ҳар як инсони комилҳуқуқ бояд, ки аз даргоҳи мактаб гузарад, илм омӯзад, тарбияи дуруст гирад, вагарна бемаърифату бедонишу нодону зишт ба воя мерасад.

Партави ҳусн аст, оре, илму ахлоқу адаб.
Бе адаб, бе илм, бе қадр аст, ин набвад аҷаб.
Гар набошад даргаҳи мактаб ба тифлон маъхазе,
Илму ирфон ҳеҷ мегардад, ҳама кас беадаб.

Ҳамеша мебояд кӯшид, соҳибадаб буд, маърифатдӯст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад ҳисобид ва аз он бебаҳра намонд.

Хулоса, шодмонию соҳибхирадӣ, бузургиву накуандешӣ ва росткориву бузургдилӣ маҳз аз мактаб падид ояд. Онро муқаддасу пок ва азизу гиромӣ доштан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад аст.

Агар мактаб бихонӣ, бахтиёрӣ,
Нахонӣ, дар пушаймонӣ бимонӣ.
Бихон, эй ғунчаи боғи ҷавонӣ,
Агар хонӣ, ту доим шодмонӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2