Зеҳн

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранд ва нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.

Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт баъд ба пӯст ва ниҳоят ба коғаз гузашт. Китоби «Авесто» низ аввал дар пӯсти гов навишта шудааст. Дар асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои мӯътабари ҷаҳонианд.

Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ, китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле мӯъҷаз ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Халқи тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. То омадани ислом ва истилои арабҳо низ аҷдодони мо анъанаи хуби китобнависӣ доштанд. Аз он давра ёдгориҳои хатие, мисли «Авесто», «Дарахти ассурик» боқӣ мондаанд.

Махсусан, замони салтанатии Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз аст.

Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб — рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Оре, «Ганҷ магир — китоб гир», — мегӯянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно, гарат мастӣ хумор орад.
Шаби суҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо,
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Иморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро дар дил андозаш, ки бар Маҷнун гузар орад.
Баҳори умр хоҳ, эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол,
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор орад.
Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нӯшинро, ки зудаш бо қарор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад дар лаби ҷӯеву сарве дар канор орад.

ЭЙ, ДӮСТ...

Сухан гуфтан туро мезебад, эй дӯст,
Туро содиқ ба он мебинам, эй дӯст.
Сухан гуфтан бо амалҳояш накӯст,
Амалҳоят яқин мебинам, эй дӯст.

Ту тоҷикӣ ва ҳам тоҷикпарастӣ,
Ва бо ҳар тоҷикӣ дасту ба дастӣ.
Барои тоҷикону Тоҷикистон
Ту бо хориҷиён дар ҳарб ҳастӣ.

Манам тоҷик, вале дур аз тоҷиконам,
Равам ҳам гар Ватан, чун меҳмонам.
Ва ҳар гоҳ бишнавам чун лафзи тоҷик,
Ҳаловат мебарад ин ҷисму ҷонам.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2