Зеҳн

МУШКИЛОТИ ҚАРЗДИҲИИ БОНКӢ БА СОҲАҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Дар шароити имрўза яке аз фишангҳои асосии баҳаракатдарорандаи самтҳои гуногуни иқтисодиёт ва самаранок истифода бурдани захираҳо низоми қарзӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди устувори иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки гуногуни он мусоидат мекунад.

Баъди гузариш аз иқтисодиёти нақшавӣ ба иқтисодиёти бозорӣ, ки он ҳукмрони замони шўравӣ буд, баъди ба низоми нави иқтисодӣ гузаштан ташкили низоми нави қарзӣ ҳамчун фишанги муҳим ба миён оварда шуд, ки ба сатҳи иқтисодиёт дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсири худро расонд. Норасоиҳои асосии илмӣ дар низоми муосири қарзӣ ва шароити нишондиҳандаҳои соҳаи хоҷагии халқ ва заминаҳои рушди он як муаммое мебошанд, ки дар доираи худ паҳлуҳои гуногуни илмию амалиро дар бар мегирад. Тадқиқотҳои мавҷуда дар доираи сатҳи талабот ва асосҳои методологияи коркард ва механизмҳои асосии гирифтан ва баргардонидани воситаҳои қарзӣ аз тарафи бахшҳои хоҷагии халқ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ яке аз мақсадҳои асосист.

Боиси зикр аст, ки дар ҳама шароит соҳаи хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятнок дар самти таъминоти аҳолии кишвар бо ғизои хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад. Бо сабаби муҳимият ва дарки масоили муҳимтарини соҳаи хоҷагии қишлоқ дар Сратегияи миллии рушд барои то давраи солҳои 2030 дар самти таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат 13 ҳадафи назаррас, ҳамчун мақсади асосии ҳалталаб, пешбинӣ гардидаанд, ки амалисозии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳое, ки имконияти дар сатҳи самаранок пеш бурдани онро доранд, мебошад. Қобили зикр аст, ки дар амалӣ сохтани аксар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар шароити имрўза мавқеи бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ зиёд мебошад.

Дар амалисозии мушкилот ва ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинигардида саҳми қарзҳои бонкӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба рушди соҳа хеле зарурӣ мебошад. Дар алоқамандӣ ва робита ба ин тадқиқоти назариявӣ, методологӣ ва амалии раванди қарздиҳии бонкҳои тиҷоратӣ ба соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои самаранок ва беҳтаргардонии соҳаи хоҷагидорӣ тавассути қарзҳои бонкӣ, бо назардошти мушкилоти дар соҳаи бонкию хоҷагидорӣ ҷойдошта ба суботи ҷомеаи Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёту сатҳи некуаҳволии мардум муҳимияти зиёд дорад.

Ба ин хотир, тамоми ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки раванди қарзиро дар самти фаъолияти доманадори хоҷагии қишлоқ васеъ намуда, бештар дар самти коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тавассути хариди техникаю технологияҳои муосир қарз диҳанд.

Дар шароити имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилот ва муаммоҳо дутарафа мебошанд. Яъне, аз як тараф, мушкилот дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, ба монанди надоштани захираи пулии кофӣ, кам будани воситаҳои худӣ, ба муҳлати кутоҳ зиёд ҷалб намудани маблағҳои муваққатан озоди шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ба муҳлати зиёд дода натавонистани қарз, бо фоизи баланд қабул намудани амонату пасандозҳо, баланд будани меъёри фоизи қарз ва ғ.

Дар шароити имрўза бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби надоштани захираи пулии кофӣ на зиёд қарзҳои дарозмуддат дода метавонанд, на ҳавасманданд ба соҳаи хоҷагии қишлоқ қарз диҳанд. Танҳо ҳавасмандии онҳо дар додани қарзҳои хурд ва қарзҳои истеъмолӣ эҳсос мегардад. Ғайр аз ин, қисми зиёди захираҳои пулии бонкро воситаҳои кутоҳмуддати ҷалбкардашудаи шахсони ҳуқуқию воқеӣ ташкил медиҳанд, ки бонкҳои тиҷоратӣ на дар ҳама соҳа онҳоро ҳамчун қарз сафарбар месозанд. Аз дигар тараф, бо фоизи баланд қабул намудани амонату пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ мушкилоти асосӣ дар баланд будани меъёри фоизи қарз мебошад. Зеро бонкҳои тиҷоратӣ ҳамчун миёнарав ва соҳибкор, аз як тараф, харидорӣ намуда, аз дигар тараф, бо изофаи хароҷот ва фоидаи худ онҳоро ба дигар шахсон мефурўшанд. Чӣ қадаре, ки меъёри фоизи маблағҳои ҷалбшуда кам бошад, бонки тиҷоратӣ то ҳамон андоза имконияти додани қарз ба соҳаҳои гуногунро васеъ мегардонад.

Ноил гаштан ба устувории молиявии хоҷагии қишлоқ ва таъмини дастрасӣ ба молия ва қарзҳо яке аз ҳадафҳои асосии бонкҳои тиҷоратӣ маҳсуб меёбад. Хавфҳои зиёди қарзӣ аксарияти бонкҳоро водор месозад, ки сиёсати бағоят эҳтиёткоронаи қарзиро пеш баранд. Хавфи қарзҳои пардохтнашуда боиси изофапулиҳои баланде мегардад, ки ба меъёрҳои кредит татбиқ мешаванд ва меъёрҳои фоизии ҷорӣ аз 17,5 фоиз зиёд мегарданд. Маҳдудияти эҳтиёҷот ба қарзҳо на танҳо аз сабаби баланд будани меъёри фоизҳо ба назар мерасад, балки бинобар вазнинию сахтии талаботи гаравгузорӣ низ дида мешавад. Бахши кишоварзӣ аз захираҳои маҳдуди мавҷудаи қарзҳо ҳаҷми на чандон зиёдеро мегирад, зеро бонкҳо соҳаи кишоварзиро бахши серхавф ҳисоб мекунанд ва танҳо якчанд корхонаи даромадноки кишоварзие вуҷуд дорад, ки маблағи қарзро пардохт карда метавонанд.

Мақсади чорабиниҳои бо вусъатёбии дастрасӣ ба қарзҳо алоқаманд, аз он иборат аст, ки устувории молиявии корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳоро мустаҳкамтар намояд. Барои расидан ба ин мақсадҳои гузошташуда, масъалаи ҷалби қарзҳо аз бонкҳои тиҷоратӣ ва қарзҳо аз соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳо ба манфиати шахсоне, ки фаъолияти худро дар соҳаи коркарди аввалия ва минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ месозанд, ҳал кардан лозим аст, то ба онҳо кумак расонда шавад, ки маблағҳои ҷорию гардони худро пурратар карда, фондҳои асосии худро нав кунанд ва коркарди аввалияи маҳсулотро ривоҷ диҳанд.

Дар шароити мураккаби имрўза дар тамоми соҳаҳо аз ҳама мушкилоти асосӣ ин баланд будани меъёри фоизи қарз мебошад.

Дар амалияи бонкдорию муносибатҳои қарзӣ вобаста ба шакли қарз, аз ҷониби кӣ ба кадом муҳлат дода шудани он ва омилҳои дигар намудҳои гуногуни фоизи қарз истифода бурда мешаванд. Дар иқтисодиёти имрўза намудҳои гуногуни фоизи қарз мавҷуданд: мизони появии бонк, мизони фоизи бозори пул, мизони фоизии қарзҳои байнибонкӣ, мизони фоизи векселҳои хазинадорӣ, мизони фоизи бозори сармоя. Мизони появии бонкӣ сатҳи минималии фоизест, ки аз ҷониби бонкҳо барои қарзҳои пешниҳодкардаашон муайян карда мешавад. Мизони появӣ хароҷот ва фоидаи минималии бонкро дар бар мегирад. Ҳангоми додани қарз бонкҳо ба мизони появӣ чанд фоизи дигар илова мекунанд. Сатҳи фоизи иловагӣ вобаста ба мавҷудияти хатари барнагаштани қарз, дараҷаи тахминии қарз, сатҳи боварӣ ба пардохтпазирии қарзгиранда ва омилҳои дигар муайян карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби кам будани захираҳои пулии худии ташкилотҳои қарзӣ ва зиёд будани ҳаҷми маблағҳои ҷалбшуда аз воситаҳои худии бонкҳо мизони появии ҳама ташкилотҳои қарзӣ баланд мебошанд. Баланд будани мизони появии бонкӣ таваҷҷуҳи субъектҳои қарзгирандаро кам намуда, дар натиҷа самаранокии истеҳсолотро, аз он ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқро кам мекунад.

Мушкилоти имрўза, ки ба самаранокии тамоми самтҳои иқтисодӣ таъсир мерасонад ва ҳавасмандии субъектҳои иқтисодиро кам мекунад, баланд будани меъёри фоизи қарз мебошад. Бо сабаби баланд будани меъёри фоизҳои дигари амалиётӣ ба меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ таъсиррасонанда имкон намедиҳад, ки бонкҳои тиҷоратӣ ба қадри кофӣ меъёри фоизи қарзро ба субъектҳои хоҷагидорӣ кам кунад. Баланд будани меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ яке аз проблемаҳои асосӣ дар хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар фаъолияти доманадори хоҷагиҳои деҳқонию хоҷагиҳои хонаводагӣ як қатор муаммоҳои табиию экологӣ мавҷуданд, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии онҳо як қатор монеаҳоро эҷод намуда, ба партохтпазирии истеҳсолкунандагон, ки асоси фаъолияти онҳо дар асоси қарзҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, халал мерасонад. Татбиқи фаъолнокии хоҷагии қишлоқ аз омилҳои гуногун вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ҷараёни дарки масъалаҳои манфӣ ва мусбат вазифаи аввалиндараҷаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар соҳаи кишоварзӣ ва раванди қарзии бонкҳои тиҷоратӣ як қатор муаммоҳо мавҷуданд:

- номувофиқ омадани муҳлати қарзу раванди истеҳсолот;\

  • баланд будани меъёри фоизи қарз;\
  • номувофиқ омадани шароити боду ҳаво;\
  • надоштани стратегияи муайяни истеҳсолот ва коркарду киштгардони замин;\
  • мавҷуд набудани қарзҳои дарозмуддати лизингӣ ва ғ.
    Бояд қайд намуд, ки дар иқтисодиёти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, соҳаи хоҷагии қишлоқ ва бонкдорӣ дар рушди он ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ мавқеи махсус доранд. Аз ин лиҳоз, барои такмил ва рушди ин соҳаҳои муҳими иқтисодӣ андешидани чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

- додани қарзҳои дарозмуддат ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ;\

  • паст кардани меъёри фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда;\
  • тартиб додани стратегияи муайяни самти фаъолияти хоҷагии қишлоқ (аз истеҳсолот то фурўши мол);\
  • пешниҳоди қарзҳои дарозмуддати лизингӣ ба соҳаи истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ;\
  • якҷоя бо истеҳсолкунанда дар истеҳсолот иштирок кардани қарздиҳанда; Васеъ кардани иқтисодиёт, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хариди таҷҳизоти пешбурди фаъолияти истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ғайра аз ҳисоби қарз имкон медиҳад, ки талаботи доимо афзояндаи ҷамъият қонеъ гардонида шавад ва он ба кишварҳои ҳамсоя содир карда шаванд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2