Зеҳн

ШАРОИТҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ОМИЛҲОИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҲАЛ НАМУДАНИ МАСЪАЛАҲОИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР ШАРОИТИ АЗНАВСОЗИИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 14 дақиқа хондан

Худидораи маҳаллӣ дар заминаи амали иҷтимоии аҳолӣ ба вуҷуд омада, ҳамчун воситаи иштирок дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва бар дўши худ гирифтани маъсулият хизмат менамояд. Аз ин хотир, он ба сифати як шакли ҳокимияти оммавӣ баромад мекунад. Худидораи маҳаллӣ - ниҳоди муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии ҳудуди худ таъмин мекунад.

Ба ақидаи муаллиф, бавуҷудоии амали (фаъолияти) иҷтимоӣ бояд ҳамчун таркиби табиии ҳаракатҳои иҷтимоӣ баррасӣ карда шавад ва дар худ маҷмўи ҳадафҳову самтҳои муайянро дар бар мегирад, чунки ҳама гуна ҳаракати иҷтимоӣ дар заминаи амали иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Ба сифати дигар, сарчашмаи амали иҷтимоӣ, ки дар ҷомеаи муосир рушд карда истодааст, метавон амали «рефлексивӣ»-ро ҷудо намуд, ки ҳамчун унсури низоми иҷтимоӣ баромад мекунад. Ин хусусият аз тарафи бисёр назариётчиёни муосири сотсиологӣ қайд карда шуда, хусусан он дар «назарияи сохторӣ» аҳамияти махсусро касб намудааст.

Ҷомеашинос Э. Гидденс оид ба масъалаҳои таносуби «сохтор» ва «агент» кўшиш намудааст, ки маънидодкунии худро дар воқеияти иҷтимоӣ баррасӣ намояд. Ин гуна фаҳмиш аз нуқтаи назари рушди худидораи маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад. Шаҳрвандон оид ба вазъи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва масъалаҳои характери маҳаллидошта бештар маълумот пайдо намуда, таввасути амалҳои иҷтимоии худ (бо роҳи иштирок дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, қабул намудани қарорҳои идоракунӣ, пешниҳод намудани ташаббусҳои маҳаллӣ, ворид намудани тағйироти институтсионалӣ ва ғайра) худидоракунии маҳаллиро ба мехенизми воқеан ҳокимияти халқӣ табдил медиҳанд.

Аз ин нуқтаи назар Э. Гидденс ба хулосае меояд, ки институтҳои иҷтимоӣ (дар ин маврид худидораи маҳаллӣ ба назар дошта шудааст) дар як вақт ба сифати майдони амал ва натиҷаи ҳаракати фардҳо баромад мекунад. Амали иҷтимоии аҳолӣ дар амалӣ гардонидани худидораи маҳаллӣ дар ифодаи иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар ҳал намудани масъалаҳои маҳаллӣ, қабули қарорҳо таввасути фаъолияти ҷамъиятӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои фардӣ ба вуҷуд омада, амали муҳити дохилии сохтори худидоракунии маҳаллиро ташкил медиҳад.

Дар консепсияи низоми худреферентии Н. Луман муҳит (на танҳо дохилӣ, балки берунӣ ҳам) ҳамеша нисбат ба низом талаботҳои нав ба навро тақозо мекунад. Бинобар ин, низом ба воситаи амалҳои худӣ аз нав ба вуҷуд омада, сохторҳоро низ нав мекунад. Нақши ҳалкунандаро дар ташаккул ва пешбурди талаботҳои муҳит иртибот (коммуникатсия) - ба монанди «мафҳумҳо, ахборот ва маълумотҳои гуногун» иҷро мекунанд.

Мувофиқи назарияи «тағйироти иҷтимоӣ»-и П. Штомпк, амали иҷтимоӣ ба воситаи омилҳои субъективии ҳаёти иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, ба қувваи такондиҳандаи тағйироти иҷтимоӣ мубаддал мегардад [6]. Амали иҷтимоӣ дар ташкилоти иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи маҳал бештар равшан мегардад. Иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта метавон дар як вақт ҳамчун омил ва неруи тағйироти иҷтимоӣ дар фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ баррасӣ намуд. Вобаста ба ҳамин мазмун ба сифати шарти асосии таъмин намудани имкониятҳои бавуҷудоии фаъолияти маҳаллӣ ин ҷой доштани муқаррароти шаклҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои ҳал намудани масъалаҳои фаъолияти ташкилӣ, бо иштироки бевоситаи аҳолӣ, ҳамчунин ҷой доштани механизмҳои иҷтимоӣ- идоракунии ҷалб намудани аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта баромад мекунанд.

Яке аз хусусиятҳои хоси ҷомеаҳои муосири демократӣ ин дар ҳудуди онҳо самаранок амалӣ шудани худидораи маҳаллӣ мебошад. Низоми худидораи маҳаллӣ дар кишвари мо дар марҳилаи нави ислоҳот ва тағйирёбӣ қарор дошта, бо як қатор омилҳои хусусияти объективӣ ва субъективидошта бархурд дорад. Дар шуури ҷамъиятӣ фаҳмиш оид ба моҳияти худидораи маҳаллӣ баъди аз байн рафтани низоми тоталитарии Иттиҳоди Шўравӣ аз нав ташаккул ёфта истода, аксарияти аҳолии маҳал дар бораи аҳамият ва мавҷудияти худидораи маҳаллӣ тасаввуроти кофӣ надоранд.

Ғайр аз ин, яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намудани имкониятҳои нав барои худамалишавии шаҳрвандии шаҳрванд ташкил медиҳад. Маҳз чунин худамалишавӣ метавонад дар сатҳи маҳал ҷой дошта бошад. Барои устувор намудани ин ҳадаф, мақомот ва шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ бояд дар фаъолияташон ба инкишофи сармояи инсонии ҷомеаи маҳаллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Яке аз шартҳои самаранок амалӣ шудани худидораи маҳаллиро иштироки васеи аҳолӣ ва ҷалб намудани онҳо барои ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ташкил медиҳад. Тағйироти доимии иҷтимоӣ дар Тоҷикистони муосир тақозо менамояд, ки механизмҳои идоракунӣ бозсозӣ карда шаванд ва ба ин восита, амалишавии ташаббусҳои маҳаллии шаҳрвандон дар сатҳи худидораи маҳаллӣ таъмин карда шаванд. Рушд додани низоми худидораи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз як тараф, тағйир додани низоми идоракуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд. Дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» шаклҳои иштироки аҳолӣ дар амалбарории худидораи маҳаллӣ ифода ёфтааст, аммо онҳо то ҳанўз ба таври кофӣ васеъ паҳн нашудаанд. Новобаста аз муқаррароти меъёрӣ, қобилияти амали шаҳрвандон барои таъсир расонидан ба сифат ва шароитҳои ҳаёти худ ва иштирок дар идоракунии корҳои маҳаллӣ дар сатҳи маҳал хеле паст мебошад. Дар амалия бошад, чорабиниҳои андешидашудаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои фаъол гардонидани иштироки воқеии шаҳрвандон дар идоракунӣ қонеъкунанда намебошад.

Ин ҳолат аз якчанд омилҳо сарчашма мегирад. Вобаста ба ин масъала гузаронидани ислоҳот дар сохтори идоракунӣ ва ҷустуҷў намудани шаклҳои нави муносибатҳои байниҳамдигарӣ миёни ҳокимият ва аҳолӣ лозим меояд. Ҳамчунин коркард намудани механизмҳои нави ташкилӣ, ки рушд ва амалӣ гардонидани ташаббусҳои аҳолиро таъмин менамояд, хеле муҳим мебошанд. Иштироки аҳолӣ дар идоракунӣ яке аз вазифаҳои асосӣ мебошад, ки барои ташкил намудани он бояд фаъолияти мақомоти худидораи маҳаллӣ равона карда шавад. Баланд бардоштани амали иҷтимоии аҳолӣ дар худидораи маҳаллӣ метавонад ба рушд додани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ғайримутамарказ гардонидани ҳокимияти давлатӣ, беҳтар гардонидани алоқаҳои баргашти ҳокимият ва аҳолӣ мусоидат намояд.

Дар шароити муосир яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар фаъолияти якҷояи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ дида мешавад, - ин амали нокифояи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ба шумор меравад. Дар шароити имрўз механизмҳои самаранок ҷиҳати ба ҳам мувофиқшавии манфиатҳо ва гузоштани ҳадафҳои ягона дар ҷомеаи маҳаллӣ ҷой надорад. Чунин масоил дар навбати худ ба коркард намудани нақшаҳои муносиби фаъолияти якҷояи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ монеа эъҷод менамоянд.

Асоси ташкилоти иҷтимоии худидораи маҳаллиро ҷомеаи маҳаллӣ, ки ҳамчун ҳудуди худинкишофёбанда дар заминаи ягонагии фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, ки манфиатҳои умумии аъзоёни худро ифода намуда, онҳоро барои ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, аз қабили ободонии ҳудуд ва фароҳам сохтани шароити муносиб барои худ ва наслҳои худ ҷалб мекунад. Бо мустаҳкам гардидани мавқеи ниҳоди худидораи маҳаллӣ дар қонунгузории кишвар аз соли 2009 ба аҳолӣ имконияти васеътар ҷиҳати иштирок дар ташаккул ва фаъолияти мақоми худидораи маҳаллӣ дода шуд. Хусусан, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ шаклҳои бевоситаи иштироки шаҳрвандонро дар худидораи маҳаллӣ муқаррар намуданд, аммо дар шароити муосир расман шаклҳои гуногуни иштироки аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта натавонист, фаъолияти шаҳрвандонро ҷиҳати амалӣ намудани худидораи маҳаллӣ баланд бардорад.

Амали иҷтимоии шаҳрвандон ҳамчун воқеияти худинкишофёбанда баррасӣ карда мешавад, ки имконият медиҳад унсурҳои институсионалии худидоракунии маҳаллӣ тақвият дода шаванд, сифати қарорҳои қабулнамуда таъмин карда шаванд ва масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта самаранок ҳал карда шаванд. Аммо, маҳдудиятҳои захираҳои буҷетӣ ва омехтагии ваколатҳои дар қонунгузорӣ муқарраргардидаи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, амалишавии самараноки худидоракунии маҳаллиро коста намудааст.

Аз ин хотир, ба сифати омили муҳимми самаранок амалишавии фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар шароити муосир ин фаъол гардонидани иштироки васеи аҳолӣ дар қабул ва амалӣ гардонидани қарорҳо оид ба ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, баланд бардоштани масъулиятнокии шахсони мансабдори худидораи маҳаллӣ, хусусан маъсулияти раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баромад мекунанд.

Барои коркарди сотсиологии масъалаҳои худидораи маҳаллӣ ҷанбаҳои иҷтимоӣ-таърихии он хеле муҳим мебошанд. Бинобар ин, интихоб ва рушди шаклҳои худидораи маҳаллӣ ифодагари махсуси рушди таърихии ин ё он давлат мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар дар ташаккул ва фаъолияти мақоми худидораи маҳаллӣ на танҳо аз дидгоҳи эҳё намудани унсурҳои муфиди худидораи маҳаллии анъанавӣ, балки барои муайян намудани самаранокии методҳои муосири рушди демократияи кишвар низ нигаронида шудааст. Ҳар як шакли худидораи маҳаллӣ институти ба худ хоси иҷтимоӣ мебошад, ки дар заминаи мустақилона ҳал намудани масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи маҳаллӣ асос ёфтааст. Ҳамчунин онҳо ба сифати механизми танзимкунандаи фаъолияти аҳолӣ, ба воситаи ташаккул додани анъана, муқаррар намудани меъёрҳо ва қоидаҳои рафтор, ки хусусияти ҳатмиро дар ҳудуди маҳал касб менамоянд, баромад мекунанд.

Дар раванди тадқиқот муаллиф ба хулосае омад, ки новобаста аз қолабӣ будани институтгардонӣ, худидораи маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳанўз дар сатҳи ташаккулёбӣ қарор дошта, мукаммалшавии он раванди дуру дарозро дар бар мегирад. Аз ин хотир, зарур аст самаранокӣ ва нуфузи худидораи маҳаллӣ ба воситаи ғояҳои нав ва қарорҳои ташкилотӣ пайваста баланд бардошта шавад. Яке аз ғояҳои асосӣ - ин наздиккунонидани аҳолӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ мебошад. Мустаҳкам намудани худидораи маҳаллӣ бояд ба сифати воситаи демократикунонии ҳокимияти оммавӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, назорати ҷомеаи маҳаллӣ аз болои он устувор гардонида шавад. Рушд додани худидораи маҳаллӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани худташкилдиҳии ҷамъиятӣ ва ташаккул додани фарҳанги шаҳрвандӣ баромад менамояд, зеро ки дар шуури ҷамъиятии тоҷикон то ҳол ақидае ҷой дорад, ки худидораи маҳаллӣ назар ба механизмҳои ҳокимияти оммавӣ бештар хоси институти идоракунии давлатӣ мебошад.

Низоми муосири худидораи маҳаллӣ бояд дар худ интихобӣ будани раисони ҷамоатҳо ва мақомоти асосии он, мустақилияти фаъолияти сохторҳои ташкилии он, кифоя будани воситаҳои иқтисодӣ ва молиявии онҳо, мутаносибии ваколатҳо, ҷой доштани шаклҳои мухталифи худамалишавӣ ва мустақилона аз тарафи аҳолӣ ҳал карда шудани ҳама гуна масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва ягонагии низоми ҳудудиро дар худ инъикос намуда бошад.

Қонунгузории амалкунанда ҳуқуқҳоро барои иштироки аҳолӣ дар фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот кафолат дода, шаклҳои ташкилию ҳуқуқии иштироки онҳоро низ муқаррар намудааст. Аммо дар шароити муосир шаклҳои мухталифии иштироки шаҳрвандон дар худидораи маҳаллӣ натавонист амали иҷтимоии шаҳрвандонро дар худидораи маҳаллӣ баланд бардорад. Ба ақидаи муаллиф, ин омил якчанд сабаб дорад: нобоварии умум ба мақомоти худидораи маҳаллӣ, бетавофутӣ нисбат ба корҳои ҷамъиятӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, мавҷуд набудани алоқаҳои самараноки баргашт миёни аҳолӣ ва ҳокимият, ҳамчунин ҷой надоштани шаклҳои муносиби фаъолгардонии иштироки аҳолӣ дар худидораи маҳаллӣ баромад менамояд.

Худидораи маҳаллӣ бояд ба сифати ниҳоди воқеан тақвиятдиҳандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад намояд. Омўзонидан ва омода намудани аҳолӣ барои шаклҳои гуногуни худташкилкунӣ ва худамалишавӣ ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта вазифаи асосие мебошад, ки дар шароити ислоҳоти сохторӣ дар назди мақомоти худидораи маҳаллӣ меистад. Дарвоқеъ ҳокимияти маҳаллӣ бояд барои ташаккул ва рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ манфиатдор бошад, аммо мутаассифона, баъзе шахсони мансабдор то ҳол дар симои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ рақиби худро мебинанд ва барои рушду тақвият додани унсурҳои онманфиатдор намебошанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳокимияти маҳаллӣ майл ба пўшида будани маълумотҳо оид ба фаъолияти худ, бидуни иштироки аҳолӣ қабул намудани қарорҳои муҳим ва ё қалбакӣ будани иштироки онҳо майл дорад. Натиҷаи чунин идоракунӣ боиси маҳрум шудани худидоракунии маҳаллӣ аз захираҳои зеҳнии амалҳои шаҳрвандӣ гардида, ғайри қобили қабули захираҳои сармоявии ҷомеаи маҳаллӣ мегардад. Иштироки аҳолӣ дар амалӣ гардонидани худидоракунии маҳаллӣ, ба фикри муаллиф, вазифаи аввалиндараҷа буда, бояд тамоми неруи мақомоти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот барои он нигаронида шуда бошад.

Иштироки ғайрифаъоли аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта самаранокии фаъолияти мақомоти худидораро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коста намудааст. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳолии маҳал оид ба аҳамияти худидоракунии маҳаллӣ маълумоти кофӣ надоранд. Баъзе сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳануз ба таври пурра мафҳум, моҳият ва мақсаду вазифаҳои худидоракунии маҳаллиро хуб дарк накардаанд.

Сабаби асосиро метавон дар омода набудани шаҳрвандон барои худидоракунӣ, худмуайянкунӣ ва худташкилкунӣ, инчунин паст будани арзишҳои худидоракунӣ дар шуури мардум баррасӣ намуд.

Дар шароити муосир одамон бояд маълумот дошта бошанд, ки дар кадом шакл ва дар кадом сатҳ имконияти иштирок намудан дар худидораи маҳаллиро доро мебошанд. Пурсишҳо нишон доданд, ки 30% пурсидашудагон оид ба шаклҳои гуногуни иштироки бевоситаи шаҳрвандон маълумот доранд, 24% умуман дар бораи ин ё он шаклҳои ба амалбарории худидораи маҳаллӣ маълумот надоранд.

Аксарияти аҳолии кишвар дар симои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мақомоти ҳокимияти давлатиро мебинанд ва байни онҳо тавофут намегузоранд. Аз ин хотир, онҳо барои рушди ҳудуди маҳал аз пеши худ ягон ташаббусро нишон намедиҳанд ва нисбати давлат мавқеи туфайлхуриро ишғол намудаанд. Нобоварии аҳолии маҳал нисбат ба институти худидоракунии маҳаллӣ аз он ҷиҳат мебошад, ки шаҳрвандон онро на ҳамчун институти иҷтимоие, ки маҳсули худи аҳолии маҳал, балки ҳамчун институте, ки онро давлат дар сатҳи маҳал танҳо барои амалӣ гардонидани функсияҳои худ таъсис додааст, қабул мекунанд.

Мувофиқи натиҷаҳои пурсиши сотсиологӣ муайян карда шуд, ки ба сифати омилҳои асосии паст шудани амали иҷтимоии аҳолӣ инҳо баромад менамоянд: ҳисси нобоварӣ ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ - 30%, нокифоя будани иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ - 22%, бетарафӣ-20%, нокифоя будани дониш - 17,7%, бовар надоштан ба имкониятҳои таъсиррасонӣ ҳангоми қабул намудани қарорҳо - 10%.

Аз ин хотир, бояд, қайд намуд, ки барои баланд бардоштани иштироки фаъоли аҳолии маҳал дар худидоракунӣ бояд механизмҳои нави иҷтимоӣ- идоракунӣ коркард карда шаванд. Чунки дар шароити муосир ба сифати омили муҳимтарини баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ин дар навбати аввал фаъол гардонидани иштироки аҳолӣ дар қабул ва амалӣ гардонидани қарорҳо оид ба ҳал намудани масъалаҳои ҳаётан муҳими ҳудуди маҳал ва ҳамчунин дар навбати дигар баланд бардоштани ҳисси маъсулияти шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, хусусан раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баромад мекунанд.

Даршароити муосир шарикии иҷтимоии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ хеле зарур мебошад. Иштироки аҳолии маҳал дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳо ва стратегияҳои рушди маҳал хеле муҳим мебошад. Ҳокимияти маҳаллӣ мунтазам барномаҳои

Муаллиф тадқиқотро соли 2014 дар ҳудуди 10 ҷамоати шаҳрак ва деҳот дар мавзўи «Худидоракунии маҳаллӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта» гузаронд, N - 200 мақсаднокро ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолии маҳал таҳия ва амалӣ мегардонанд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ муайян намуданд, ки танҳо қисми ками пурсидашудагон оид ба ҷой доштани барномаҳои мақсаднок маълумот доранд. Аз ин хотир аҳолии маҳалро зарур мебошад, ки оид ба барномаҳои мақсаднок на танҳо тавассути рўзнома, маҷалла ва телевизион, балки бавоситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бештар иттилоот дастрас намоянд. Дар навбати худ мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бояд ба таври доимӣ аҳолии маҳалро оид ба мақсад, вазифа ва шаклҳои амалигардонии барномаҳои мақсадноки давлативу маҳаллӣ маълумот дастрас намояд, то ки гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти маҳал маълумот дошта бошанд. Аҳолии маҳал бояд ба таври ҳамешагӣ дар таҳияи барномаҳои мақсаднок фаъолона ширкат варзанд. Тақвият додани худидоракунии маҳаллӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ метавонад ба усули идоракунии барномавӣ-мақсаднокӣ мусоидат намояд.

Дар доираи таҳияи барномаҳои худидоракунии маҳаллӣ ҷомеаи маҳаллӣ дар шакли таъсис додани шўроҳои ҷамъиятӣ ва комиссияҳои назоратии ҷамъиятӣ дар он бояд ҷалб карда шаванд. Барои масъалаҳои актуалии рушди маҳал бояд шабакаи экспертҳо таъсис дода шавад. Ҳангоми таҳия намудани барномаҳо ба таври ҳатмӣ бояд як зерсохтор оид ба кор бо ташаббусҳои ҷамъиятии шаҳрвандон ва робита бо ҷомеа таъсис дода шавад. Чунки коркард намудани ҳама гуна барномаҳои мақсаднок дар сатҳи маҳал бояд доираи васеи оммаро ҳангоми муҳокимаронӣ, таҳия, баҳогузорӣ ва ислоҳнамоӣ фаро гирад ва бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотии муосир, хусусан шабакаҳои интернетӣ фикру мулоҳизаҳо, тавсияву пешниҳодотро дар лоиҳаи барнома ҷойгир намоянд.

Барои ҷалби васеи аҳолии маҳал дар самти худидоракунии маҳаллӣ нуқтаҳои зеринро пешниҳод менамоем:

- Барои таҳияи стретегияи рушди маҳал бештар усули барномавӣ - мақсаднокиро барои фаъол гардонидани иштироки аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта истифода кард. Барномаи мазкур дар навбати аввал амалҳои аҳолиро ба воситаи иштироки онҳо дар худидоракунии маҳаллӣ тавассути механизмҳои зерин: пурсишҳо ва ҷаласаҳои оммавӣ, ташаббусҳо ҳангоми қабул намудани қарорҳои якҷоя ва муроҷиаткунӣ ҳавасманд гардонад;

- Ҷалб намудани аҳолӣ дар омода намудани қарорҳо ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосири ахборотӣ-коммуникатсионӣ, ба воситаи тарғиб намудани иштироки шаҳрвандон дар нишастҳои оммавӣ ва ташаккул додани механизмҳои ташкилӣ-иҷтимоии амалишавии ташаббусҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шавад;

- Фаъол гардонидани иштироки аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта метавонад бо кўмаки барномаҳои мақсадноки рушди ташаббусҳои маҳал низ таъмин карда шавад. Ин амал бо назардошти дар сохтори механизмҳои ташкилии омодасозии барномаҳои мақсаднок ҷудо намудани зерсохторҳо ва воҳидҳои кории иловагӣ, ки барои кор бо ташаббусҳои маҳал маъсул мебошанд, ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин барои фаъол гардонидани иштироки аҳолӣ дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама аъзоёни шўрои ҷамъиятӣ, ки дар назди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот таъсис ёфтаанд нақши асосиро иҷро мекунанд. Барномаҳои мақсадноки таҳиянамудаи мақомоти худидораи маҳаллӣ бояд аз ташхиси ҷамъиятӣ гузаранд ва ин амал имконият медиҳад, ки нерўи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаҳои илмӣ бо ҳам муттаҳид шаванд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2