Зеҳн

МУНОСИБАТҲОИ ДИАЛЕКТИКӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омили инсонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст, ки рушди минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ба он алоқамандӣ дорад.

Агар ба арзишҳои ҷавҳарии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунем, мушоҳида менамоем, ки дар кишварамон сохтмони давлати демокративу ҳуқуқбунёд пайваста идома ёфта истодааст. Муҳтавои асосии он аз сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст, ки он тамоюли муосири рушд ва тавсеаи тамоми давлатҳои мутамаддини ҷаҳон ба шумор меравад.

Дар татбиқи сохтмони чунин ҷомеа иртибот ва таъсири мутақобилаи диалектикии шаҳрванд ва ҷомеа нақши муҳим мебозад, зеро ин ду тарафи мазкур танҳо дар робитаи мутақобилаи ба ҳамдигар таъсиррасон метавонанд ҳамдигарро бисозанд ва ягонагии ҷомеаро таъмин намоянд.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар асри XVI дар асари Арасту «Сиёсат» аввалин маротиба истифода гардида, ҳамчун истилоҳ минбаъд, дар адабиёти ҷомеашиносӣ, дар истифодаи доимӣ қарор гирифтааст, зеро вай ифодакунандаи тамоюли асосии сохтмони давлат ва ҷомеаҳои муосири мутамаддин ба шумор меравад.

Бояд қайд кард, ки «навъи классикии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX арзи вуҷуд кард...ва дар садаи XX дар кишварҳои мутараққии олам навъи муосири ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфт».

«Муҳокимаронӣ дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба маънии фаҳмиши муосир, танҳо аз лаҳзаи ба вуҷуд омадани шаҳрванд ҳамчун фарди мустақил ва шиносандаи худ дар ҳамин сифат, ки ҳуқуқ ва озодиҳои бегонанашаванда дошта, дар айни замон, дар назди ҷомеа барои ҳама гуна фаъолиятҳояш вогузор будани ҳам масъулиятҳои ахлоқӣ ва ҳам масъулиятҳои дигарро эҳсос мекунад, имконпазир мегардад».

Дар замони муосир ҷомеаи шаҳрвандиро бе алоқамандӣ ба тамоюли сохтмони давлатҳои ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд тасаввур кардан имконнопазир аст, зеро ҳадафи асосии ҳар як давлати даъво ба чунин шакли давлатдоридошта аз ҳимояи манофеи ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоии шаҳрвандон иборат аст ва дар ҳамин замина волоияти қонун ва баробарии ҳамагонро дар назди он таъмин карда метавонад. Муҳаққиқони соҳа доир ба ин нукта ба он назаранд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд ҳамдигарро дар назар дошта, шарти мавҷудияти ҳамдигарӣ низ мебошанд.

Сарфи назар аз он ки, аслан ва моҳиятан, ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад берун аз муносиботи сиёсӣ бошад, вале чунин тасаввур кардани он хусусияти таҷридӣ дошта, мавҷудияти он берун аз муносибатҳои сиёсӣ ва давлат воқеият дошта наметавонад. Бинобар ин ҷомеаи шаҳрвандиро асоси табиии демократияи сиёсӣ маънидод мекунанд.

Ҷомеаи шаҳрвандиро муҳаққиқон ҳамчун низоми худташаккулёбанда ва худинкишофёбанда маънидод менамоянд, вале, чунон ки таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон нишон медиҳад, чунин ҷомеа дар сурате метавонад муваффақона ва самаранок амал ва рушд кунад, ки барои он шароитҳои мусоиди муайян фароҳам оварда шуда бошанд. Чунин шароитро танҳо давлатҳои ҳақиқатан демократӣ ва ҳақиқатан ҳуқуқбунёд фароҳам оварда метавонанд, зеро мақсади меҳварии онҳо аз сохтмони давлатҳои мавриди баррасӣ иборат мебошад.

Яке аз шартҳои мабдаии ҳукми мавҷудият доштани ҷомеаи шаҳрвандӣ озод будани инсон дар фаъолият ба шумор меравад. Чунин озодии инсон дар сурате татбиқ шуданаш имконпазир мегардад, ки вай дорои моликияти худ ва ё, ҳадди ақал, дар чунин моликият иштироки бевосита дошта бошад ва тавонад бо хоҳиши худ аз он истифода барад.

Шарти дигари муҳими муваффақона мавҷудият ва фаъолият кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он иртибот дорад, ки вай таркиби иҷтимоии тавсеаёфтаи гуногунро дар бар гирифта бошад ва тавонад манофеи ҳарчи бештари намояндагони гурўҳҳо ва табақоти иҷтимоии мухталифро инъикос намояд.

Ҷомеа дар сурате ба ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфта метавонад, ки вай иқтисоди бозории ба таъмини иҷтимоии ҷомеа равонагардида дошта, дар он озодии фаъолияти иқтисодии инсон, соҳибкории озод, ихтиёрӣ будани интихоби навъҳои меҳнат ва касб, шаклҳои мухталифи моликият таъмин гардида бошад.

Дигар он ки, ҷомеаи шаҳрвандӣ амнияти иҷтимоии шаҳрвандон, ҳаёти муносиби онҳо ва инкишофи мавриди тақозои инсонро таъмин карда тавонад.

Хусусияти дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он иртибот дорад, ки вай озодӣ ва демократияи ҳақиқии эътирофкунандаи авлавияти ҳуқуқи инсонро ташаккул дода бошад.

Муҳимтарин аломати ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки вай бояд ба мабодии худидоракунӣ ва худтанзимкунии умури ҷомеа такя намояд, таъминкунандаи ибтикороти шаҳрвандон ва коллективҳои онҳо бошад.

Чунон ки амалияи ҷомеасозии муосир нишон медиҳад, сохтмони ҷомеаи мутлақо шаҳрвандӣ имконнопазир аст, зеро барои идораи ҳама гуна анвои ҷомеа иштироки давлат зарурат дорад. Яъне, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавҷудият ва фаъолияти самараноки он танҳо дар ягонагии диалектӣ бо давлат имконпазир буда метавонад, зеро давлат тамоми аҳолии қаламрави худро муттаҳид мекунад. Вай на танҳо дастгоҳи идораи ҷомеа, балки ба меъёрҳои ҳуқуқии ба ҳамагон ҳатмӣ такя менамояд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд мусоидаткунандаи ҳамдигар буда, заминаи зарурии рушди ҷомеаи муосирро таъмин менамоянд.

Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд, ки бавуҷудоварандаи шароитҳои мусоид барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад, нақши ҳар як шаҳрванд низ бисёр муҳим аст.

Чунон ки маълум аст, давлатҳои ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд ба шаҳрвандон тамоми имконотро ба вуҷуд меоваранд, ки онҳо шаҳрвандони ҳақиқӣ ташаккул ёбанд, зеро сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ, демокративу ҳуқуқбунёдро бе шаҳрвандони ҳақиқии ифодакунандаи тақозоҳои чунин ҷомеа тасаввур кардан мумкин нест.

Масалан, конститутсияи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ба шаҳрвандонаш ҳуқуқ ба ҳаёт ва дахолатнопазирӣ, ба манзил ва дахолатнопазирии он, ба интихоби озоди маҳалли зист, ба эътиқодоти динӣ, ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, ба ташкил кардани ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба бисёрандешӣ, ба озодии сухан, ба моликият ва мерос, ба интихоби касбу кор, ба истироҳат, ҳифзи саломатӣ, ба таъмини иҷтимоӣ, ба таҳсил ва ғайраро медиҳад ва татбиқи онҳоро кафолат медиҳад. Шаҳрвандон бошанд, баробари истифода аз тамоми ҳуқуқҳои конститутсионӣ масъулият доранд, ки меъёрҳои ҳуқуқии танзимшударо вайрон накунанд, худшинос бошанд, меъёри истифодаи озодиҳои худро дарк карда бошанд, дар чорабиниҳои сиёсии кишвар бошуурона ва фаъолона иштирок намоянд, дар таҳияи барномаҳои рушди ҷомеа ва кишварашон тибқи тақозои замони муосир саҳмгузор бошанд, аз таърих ва равандҳои муосири фарҳанг, иқтисодиёт ва сиёсати милливу ҷаҳонӣ бархўрдор бошанд.

Ҳадафи созмон додани ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои дигари шаҳрвандӣ бояд хусусияти созандагӣ дошта бошанд, то он ки мусоидаткунандаи рушди эҷобии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварашон бошанд.

Дар муносибатҳои зикргардида робитаи диалектикии тарафҳо мушоҳида карда мешавад, ки он тақозои ҳатмии ҳама гуна даъво барои сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба саноатишавӣ ва шаҳрнишин гардидани аҳолӣ низ иртибот дорад. Чунон ки аз таърих маълум аст, дар сатҳи рушди феодалӣ ҷомеа аз тарафи подшоҳони мутлақ идора карда мешавад, дар ҳаёти иқтисодӣ тарзи феодалии истеҳсолот салтанат менамояд, шаҳрҳо ба вуҷуд меоянд, вале онҳо, дар ин давра, дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ чандон нақши калон намебозанд, зеро аксарияти аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад ва маҳдуди фаъолияти кишоварзӣ мебошад. Вақте, тадриҷан, шаҳрҳои майда-майдаи давраи феодалӣ ба шаҳрҳои калони саноатӣ табдил меёбанд, аксарияти аҳолӣ ба шаҳрҳои мазкур интиқол мекунанд, ба коллективҳои коргарон мепайванданд, шаҳрнишин мешаванд, нисбат ба аҳолии деҳот аз ҳуқуқ ва озодиҳо бештар бархўрдор мешудагӣ мегарданд, созмонҳову иттиҳодияҳои худро, пеш аз ҳама, иттифоқҳои касабаи худро ба вуҷуд меоваранд, ки онҳо, минбаъд, яке аз падидаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мегарданд.

Раванди мазкур, тадриҷан, ба чунин ҳолат мерасонад, ки акнун дар истеҳсолоти кишоварзӣ нисбати бисёр ками одамон фаъолият мекардагӣ мешаванд ва онҳо низ бо тамоми воситаҳои техникии меҳнат мусаллаҳ гардида, на танҳо аҳолии кишвари худро бо маводи ғизо таъмин мекунанд, балки қисми муайяни онро ба кишварҳои хориҷӣ содир мекардагӣ мешаванд. Масалан, дар ибтидои асри XXI дар истеҳсолоти кишоварзии ИМА ҳамагӣ 5%, Олмон 10%, Ҷопон 15%-и аҳолӣ кор мекард, ки то ба ҳол низ ин нишондиҳандаҳо кам тағйир ёфтаанд.

Бо ин гуфтаҳо ва рақамҳои иқтибоскардаамон ба он ишора карданием, ки ҷомеа аз ҷомеаи феодалии асосан ба истеҳсолоти кишоварзӣ маҳдудбуда, тадриҷан ба ҷомеаи саноатӣ табдил меёбад ва заминаи муҳимтарини ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандии муосирро ба вуҷуд меоварад.

Дар Аврупои Ғарбӣ ба вуҷуд омадани чунин ҷомеаро ду раванди муҳими таърихӣ таъмин намуд, ки ба он саноатигардонии истеҳсолот ва ба шаҳрҳо интиқол кардани аксарияти аҳолии деҳот, ворид шудани онҳо ба тарзи зиндагии шаҳр ва истифода аз арзишҳои шаҳрнишинӣ ба шумор мераванд.

Чунон ки маълум аст, саноатӣ шудани кишварҳои аврупоӣ ба асри XVIII алоқамандӣ дорад, ки он дар натиҷаи ду инқилоби бузург дар таърихи Аврупо татбиқ гардидааст. Яке инқилоби иқтисодӣ, ки дар зери он Инқилоби Бузурги саноатигардонӣ (пеш аз ҳама, дар Англия) дар назар аст ва дигаре сиёсӣ, ки Инқилоби Бузурги Фаронсаи солҳои 1789-1794 ба шумор меравад.

Инқилобҳои мазкур симои Аврупоро тамоман тағйир доданд, ки аввалӣ ба инсон озодии иқтисодӣ ва табақабандии нави ҷомеаро таъмин карда бошад, дувумӣ ба одамон озодии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ато намуд. Зиёда аз ин, инқилоби мазкур барои ба вуҷуд омадани шакли тамоман нави идораи ҷомеа – демократия, ки баробарии тамоми одамонро дар назди қонун ифода менамояд, фароҳам овард.

Падидаҳои мазкур заминаҳои муҳимтарини ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Аврупо гардиданд ва тавонистанд рушди тавонои кишварҳои аврупоиро таъмин намоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон, айни замон, кишвари кишоварзиву саноатӣ муаррифӣ мешавад. Дар Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа гузошта шудааст, ки то ба солҳои 30-юми асри ҷорӣ иқтисодиёти кишвар бояд ба иқтисодиёти саноативу кишоварзӣ табдил дода шавад. Маънии ин ҳадафи бузург аз он иборат аст, ки дар Тоҷикистон бештар шаҳру шаҳракҳои саноатӣ ба вуҷуд оварда мешаванд, аксарияти аҳолии деҳот ба шаҳрҳои мазкур интиқол мекунанд ва шаҳрнишин мешаванд. Дар сурати бо муваффақият анҷом пазируфтани чунин ҳадаф заминаи қудратманди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки он дар ҳаёти сиёсии кишвар таҳаввулоти бузургро низ ба вуҷуд меоварад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2