Зеҳн

Чор Ҳикоя, Гулчеҳра Муҳаммадиева

ЗЕ
зеҳни сунъӣ23 октябри 2024 · 12 дақиқа хондан

БОҒБОН ВА БУЛБУЛ

Дар як макон, дар як замон, дар як ҷойи хеле хушманзара боғе буд. Дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва гулҳои рангоранг дошт. Дар боғ булбуле нағмасароӣ мекард. Овози фораму дилнишину зебо дошт.

Боғбон булбулро хеле дӯст медошт. Булбул назди меҳмонони боғбон бо овози форами худ суруд мехонд. Боғбон мағзи пистаро ба нӯли булбул мемонду бо оби набот зиёфаташ мекард.

Дӯстии боғбон ва булбул дер давом накард. Парандаҳои даруни боғ аз меҳру муҳаббати боғбону булбул рашк мебурданд. Боре ҳасад хӯрда, бо ҳам ҷамъ омада маслиҳат карданд.

Яке гуфт: «Мо ҳам мисли булбул паранда, чаро ӯ азизу мо не». Дигаре гуфт: «То булбул дар ин боғ ҳаст, ба мо таваҷҷуҳ нест». Сеюмӣ гуфт: «Байни боғбону булбул низоъ бояд андохт».

Онҳо – зоғ, каргас, бум назди боғбон омаданд. Ба боғбон хушомад гуфта, нисбат ба булбул бадгӯйӣ карданд.

Яке гуфт: «Боғбонҷон, булбул мегӯяд, ки ман шоҳи парандаҳоям. Меҳмонон назди боғбон не, барои шунидани овози ман меоянд».

Дигаре гуфт: «Булбул ҳамеша шумо – боғбони азизро дар ғоибатон суханҳои носазо мегӯяд». Боғбон аз шунидани ин суханҳо дар ғазаб шуда булбулро аз боғ пеш кард.

– Байни инсон ва паранда дӯстӣ набудааст, намехоҳам дигар туро бубинам ва овозатро бишунавам – гуфт ӯ.

Булбул бехабар аз ҳасаду иғвои ҳамҷинсонаш аз рафтори боғбон ғамгин шуд. Бо чашми нам, дили пурғам, сари хам боғро тарк кард. Ба дуриҳо парид. Ба назди арчаҳои баланди сарсабзи кӯҳистон расид. Лона гузошт.

Мурғакони он диёр аз омадани булбул огаҳӣ ёфтанд. Наздаш омаданд. Аз ӯ хоҳиш карданд, суруде бихонад.

– Ҳамҷинсони азизам, маро маъзур доред. Ҷудоӣ аз дӯсти азизам маро ранҷур кардааст. Маҷоли суруд хондан надорам, – гуфт булбул ва ҳодисаро ба онҳо ҳикоя кард.

Мурғакони кӯҳистон аз кинаву адоват ва ҳасаду иғво дур буданд. Бо ҳам чунин маслиҳат карданд: «Ба булбули меҳмон ёрӣ расондан лозим».

Яке аз онҳо сӯйи он диёру он боғи зебо парвоз кард.

Аз зебоии ин боғ осоре надид. Шохи дарахтон шикаста. Гулҳо аз беобӣ пажмурда. Деворҳои боғ афтода. Боғбон бемор дар бистари марг. Соҳиби боғ – зоғу чуғзу буму каргас. Онҳо шодону хандон ба якдигар мегуфтанд: «Ҳай бобашон кардем. Боғбону булбулро ҷанг андохтем. Ана вақти мо ҳам расид. Боғ аз они мо».

Ин ҳамаро дида, мурғаки кӯҳистонӣ назди булбул баргашт.

– Ҳамҷинси азиз, булбул, хезу сӯйи боғу роғат парвоз кун. Сӯйи дӯстат – боғбон, ки дар фироқи ту ӯ низ бемор аст.

Булбул аз шунидани бемории дӯсташ ба таҳлука афтод.

Парид сӯйи дашт, сӯйи он боғ ва назди дӯсташ.

Назди тирезаи хонаи боғбон нишаст. Суруди дӯстдоштаи ӯро замзама кард.

Боғбон овози фораму суруди ошноро шунид. Об хост. Обаш доданд. Аз бистари беморӣ хест. Рӯйи ҳавлӣ баромад. Булбули хушовозу хушнавояшро бидид, ва гуфт:

– Дӯсти азизам, аз рафиқи хушомадгӯй ҳазар кун, ки маккор аст. Ман ба макри онҳо фирефта шудам. Қариб ҷони худ ва ҷони ту – дӯсти ба ҷон баробарамро аз даст дода будам. Биё, булбулҷон, меравем, боғамонро аз нав обод мекунем.

УМРИ ДУБОРА

Буд набуд, Барот ном писараке буд. Ӯ бузу гӯсфандонашонро барои чарондан берун аз деҳа мебаровард. Чанори пире дар канори деҳа қомат афрохта буд. Барот таги чанор нишаста, китоб мехонд.

Рӯзе ӯ шоҳиди суҳбати се дарахт шуд. Дар назди чанори пир дарахтони себи хубон ва сарви ҷавон реша давонида буданд.

Чанор мӯйсафеди пиреро мемонд, ки умри дароз дидаву аз зиндагӣ сер шудааст. Аммо мурдан намехоҳад. Решаҳояш ба замин хеле чуқур рафтаанд. Ягон боду бӯрон онро афтонида наметавонист.

Себи хубон меваҳои сурху ширин дошт. Меваҳояш ҳанӯз нопухта, бачаҳо сангборонаш мекарданд. Бечора себ ҳамеша зери сангборон буд. Навдаву шохаҳояш шикаста.

Сарви ҷавон қад ба осмон кашида буд. Бо вазидани насимаке навдаҳои сарсабзаш ба ҷунбиш медаромаданд.

Чанор оҳи сарде кашида гуфт:

– Ҳамсояҳои азиз, вақте ман ҷавон будам, аҳли деҳа зери сояи шоху баргҳоям менишастанд. Суҳбат меоростанд. Ман аз ин суҳбатҳо баҳра мебурдам. Дугонаҳо ба якдигар рози дил мегуфтанд. Ҷавонҳо гӯштигирию чиллакбозӣ мекарданд. Шод будам, ки бо сояи худ ба мардум нафъ мерасонам. Афсӯс, имрӯзҳо касе намехоҳад, зери сояи ман панаҳ барад. Гӯё ҳавои баровардаи ман ба саломатии инсонҳо зарар доштааст. Ҳатто ба ҳайвонҳо низ.

Аламовараш ин аст, ки решаҳоям боқувват ҳам бошанд, дарунковок шудаам. Метарсам, ки маро бурида аловӣ мекунанд.

Дарахти себ ҳам бо афсӯс лаб кушод:

– Кош дохили ягон боғ мешудам. Нигоҳубинам мекарданд. Себҳои сурху ширини маро мардум чашида лаззат мебурданд. Ҳозир азоб дорам. Доимо зери шиканҷаам. Сангу кулӯх ба поя ва навдаҳоям расида, аз худ захм боқӣ мегузоранд. Ягон сол себам пухта намерасад. Бачаҳо хомохом меваамро меафшонанд. Худашон ҳам нахӯранд, ба ҳайвонҳояшон медиҳанд. Афсӯс, сад афсӯс...

Сарви ҷавони қадбаланд низ ба сухан даромад:

– Яке сояи ғафс дорад, дуюмӣ меваҳои ширин. Аммо ман на инро дораму на онро. Бо вазидани насимаке баргҳоям меларзад. Нафъи ман ба инсонҳо ҳеҷ аст. Мардум мегӯянд, ки қадду қомати зебо дорам. Мегӯянд, ки «сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад». Ба умеди баъди хушк шуда, асо гаштан зиндагӣ маъно надорад.

Се дарахт ба якдигар роз мегуфтанду афсӯс мехӯрданд...

Вақти хона рафтани Барот ҳам расид. Ӯ аз шикояти дарахтон малул гашт. Бузу гӯсфандҳояшонро сӯйи хона бурд.

Модар аз вазъи Барот фаҳмид, ки чӣ воқеае рух додааст.

– Баротҷон, писарам, чӣ шуд ба ту? Мабодо бемор нашуда бошӣ?

– Не, модарҷон, бемор нашудаам, – гуфта, ба хонаи хоб даромад. Падар низ аз кор омада, сари дастархон писарашро надид.

– Чаро, Барот наменамояд? – гуфт бо изтироб.

– Барот дар хонаи хоб, табъаш хира. Ба фикрам, бо ягон рафиқаш ҷангӣ шуда аст, – ҷавоб дод модар.

– Барот, писарам, канӣ, назди мо биё, – гуфта падар овоз баровард.

Барот бо табъи гирифта баромада, ба падар салом доду мисли гунаҳкорон сар хам карда хомӯш истод.

– Писарам, канӣ, наздам шин, чӣ шуд? – гуфт падар.

Барот бо таассуф суҳбати дарахтонро баён кард.

– Падарҷон, дилам ба он дарахтон сӯхт. Ягон илоҷи ба онҳо ёрӣ додан набошад?Наход умри онҳо бо ҳамин канда шавад? – гуфта бо чашмони ашколуд ба падар нигарист.

Падар лаҳзае ба фикр рафт.

– Ёфтам, – гуфт ниҳоят падар.–Ниҳолҳои чанорро дур аз деҳа лаби пуштаю теппа мешинонем.

– Ниҳолҳои себро дар боғи худамон мешинонем. Боғамон калон аст-ку? – гуфт Барот.

– Сарв зеботарин дарахт аст. Он дар ҳар куҷо намесабзад. Барои сарв ҷойи шамолдор лозим. Қаламчаҳои сарвро дар ду тарафи даромадгоҳи деҳа мешинонем. Як касро вобаста мекунем, ки қаламчаҳоро хуб нигоҳубин кунад.

– Ман худам, ман худам, падарҷон, баъди дарсҳо ба онҳо об медиҳам, – гуфт Барот.

Хоҳараш Латифа низ изҳор кард:

– Акаҷон, ман низ ба ту ёрӣ мерасонам.

Рӯзи дигар Барот ба мактаб рафт. Дар танаффус ба ҳамсинфонаш суҳбати дарахтон ва пешниҳоди падарро гуфт. Ҳамсинфонаш Мирзо, Олим, Ҳадя ва Нурия хоҳиши ба ӯ ёрӣ додан карданд.

Мирзо гуфт:

– Мо, бачаҳо, баҳор ва тирамоҳ бехи дарахтонро мулоим мекунем.

Нурия низ изҳор кард:

– Мо, духтарон, ба дарахтон об медиҳем.

Барот аз мактаб шодон баргашт.

Ба аҳли оилаашон суҳбати дар мактаб шударо баён кард.

Модар ба шодии писараш ҳамроҳ шуда гуфт:

– Баротҷон, бо ин рафторатон ба дарахтон умри дубора мебахшед. Инсонҳо низ аз худ нишоне мегузоранд. Фарзанд ба дунё меоранд. Онҳоро хуб тарбия мекунанд, то номбардору давомдиҳандаи кору зиндагии падару модарон бошанд.

Ин лаҳза Латифа пурсид:

– Модарҷон, ман ҳам давомдиҳандаи кори шумо ҳастам?

Модар хандида гуфт:

– Бале, духтарам, шумо давомдиҳандаи кори мо ҳастед. Охир, зиндагӣ давом дорад. – Модар аз рухсораҳои Латифа бӯсид.

ТОЛИБ КАСБАШРО ДИГАР КАРД

Амаки Толиб шикорчии хуб буд. Соли дуюм аст, ки баъди боридани барф, ба шикор мебарояд. Охир, болои барф изи гавазн бараъло намоён аст. Аз ин хотир, шикор осон мегардад.

Ӯ либосҳои гарм, мӯзаи намадӣ, телпаки аз пӯсти муши обӣ дӯзонидаашро пӯшид. Милтиқ сари китф хайру хуш намуда:

– Канӣ, бачаҳо, аз шикор ба кӣ чӣ биёрам? – гуфта пурсид.

– Падарҷон, ман мехоҳам, ба ман ду заргӯши сап-сафед биёред – хоҳиш кард духтараш Таманно.

– Ман мехоҳам, пӯсти паланг дошта бошам. Ба фарши хона партофта, назди рафиқонам:

«Ман писари шикорчӣ» гуфта ифтихор кунам, – изҳор кард Мирзо.

– Мардакҷон, ман мехоҳам, дар кӯлворат гӯшти бисёр ва шохи зебои гавазн биёрӣ. Гӯштро намак карда, бирён мекунам. Зимистонро бо бачаҳо хуб паси сар мекунем. Шохро барои зебаш дар роҳрав овезон мекунем, – гуфт ҳамсараш Савлатбӣ.

Толиби шикорчӣ ба гаҳвора нигарист. Писараш – Нусрат масти хоб буд.

Кампири Бибирайҳон дар кунҷаки сандалӣ сархаму хомӯш буд.

– Модарҷон, хобед?

– Не, бачам, хоб нестам.

– Ба шумо чӣ биёрам?

– Худат сиҳату саломат биёӣ, барои ман бахти бузург аст, бачам. Дар зимистони қаҳратун аз хона берун шудан хавфнок аст. Бо ҳайвонҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавӣ. Табиат ҳам соҳиб дорад, ҳайвонҳо ҳам оҳи дил доранд, бачам. Агар фикри маро хоҳӣ, касбатро дигар кун. Ҳар гоҳе ту ба шикор меравӣ, ман сад бор мемураму мезиям, бачам.

Амаки Толиб сӯйи духтараш – Латофат нигарист.

– Падарҷон, ба ман ҳам ҳеҷ чиз наёред. Берун шамол ва хунук аст. Наравед ба шикор. Хоҳиш мекунам – гуфт Латофат.

– Модарҷон, ташвиш нашавед. Дилатон ганда нашавад. Сиҳату саломат рафта, бо дасти пур бармегардам, – гуфт Толиб ба модараш.

Ӯ аз хона берун баромад. Барфи лаклакӣ меборид. Шамоли сарди зимистон дар як дам бо барфҳои калон гӯё рӯяшро лесида гузашт. Ӯ телпакашро то болои чашмон кашид. Як ларзиду тез-тез қадам зад. Аз деҳа берун баромад. Ӯ пайраҳаҳоро хуб медонист. Байни беша зуд нопадид гашт. Изи гавазнро дида шод шуд. Қадамзаниашро тез кард. Ногоҳ чашмаш ба гурӯҳи гургон афтод. Онҳо низ луқмаи худро меҷустанд.

Толиби шикорчӣ паси буттаи барфпӯш пинҳон шуд. Дар камингоҳаш каме беҳаракат истода, ларзид. Ҳам аз хунукӣ, ҳам аз тарс. Дар як лаҳза аз хунукӣ домони ҷомааш ях баст. Уллоси гургон ва шамоли сахт дар дилаш ваҳм андохт. Баъди чанде гургон пароканда шуданд. Ӯ низ қоматашро рост кард ва аз шикорчӣ буданаш каме пушаймон ҳам шуд. Охир, ӯ қариб луқмаи гургони гушнаи дарранда шавад.

Шикорчӣ тез-тез қадам монда, боз изи пойи гавазнро дид. Аз дур худи гавазн намудор шуд. Болои теппа меистод.

Гавазн қоматашро рост кард. Сараш боло, гӯё болои сараш навдаҳои дарахтро рост монда бошад. Хеле зебо менамуд. Чашм аз дидани чунин зебоӣ роҳат мекард. Бахусус, аз чашму шохҳояш.

Нигоҳи гавазн ҳаросон буд. Гавазн зирак буд. Шикорчиро диду ҷаҳид ба теппаи дигари барфпӯш. Дар як дам гавазн панҷ бор ҷаҳид, аз теппае ба теппаи дигар.

Толибро ҳамин ҷаҳиданҳои гавазн моту мабҳут мекард. Чӣ ҷаҳидани зебо. Дар як лаҳза аз назар ғоиб шуд.

Шикорчӣ боз аз пайи гавазн афтод. Шикораш бенатиҷа буд.

Камин гирифт. Нони аз хона овардаашро каме хӯрду пинак рафт...

Пагоҳӣ нурҳои хуршеди оламоро ӯро бедор кард. Ӯ чашмонашро кушода гавазнро дид.

Пушти гавазн оҳу ва чор оҳубара меистоданд. Гавазн бо раҳм ба шикорчӣ менигарист.

Ӯ гуфтан мехост: «Туро зану фарзандонат интизоранд. Хонаводаи ман ҳам бе ман хор хоҳанд шуд».

Шикорчӣ даст сӯйи милтиқ бурд. Суханони модар дар гӯшаш садо доданд. «Табиат ҳам соҳиб дорад. Ҳайвонҳо низ оҳи дил доранд, бачам. Онро хор кардану нобуд кардан убол аст».

Пеши назараш фарзандонаш Латофат, Мирзо, Таманно ва Нусрат лаҳзае намудор гаштанд. Толиби шикорчӣ милтиқро зери хок кард. Ӯ ба хона дасти холӣ баргашт. Аммо хурсанд буд. Ин шикори охиринаш буд. Толиб касбашро дигар кард...

ДУХТАРАКИ ШАҲРӢ

Сабоҳат ҳафтсола буд. Оилаашон ба шаҳр кӯчид. Аҳли хонавода зуд-зуд ба деҳа меомаданд. Аз аҳволи бобою бибиаш хабар мегирифтанд. Аз байн се сол гузашт.

Рӯзе аз деҳа хабар омад. «Бобояш сахт бемор аст».

Аҳли оила падару модар ва ду бародараш, ба хабаргирӣ рафтанд. Падар бобою бибиро ба шаҳр барои зиндагонии доимӣ даъват кард. Онҳо розӣ нашуданд.

Ҳамин тавр Сабоҳат бо аҳли оилашон боз ба деҳа баргаштанд. Дар рӯзҳои аввал Сабоҳатро ҳамсинфон хуш қабул накарданд. Духтарони синф ба либоспӯшӣ, мӯйбофӣ, сухангӯйӣ ва роҳгардиаш ҳасад мебурданд.

Сабоҳат ба синф даромада, албатта, «саломи пагоҳирӯзӣ» мегуфт. Аз одоби хуши муомилааш писарбачаҳо ӯро ҳурмат мекарданд. Ду нафар аз духтарон – Шарофат ва Малоҳат ба ӯ ҳасад бурда, «шаҳрӣ-дия» гуфта, пичинг зада, масхара мекарданд.

Чунин муносибат Сабоҳатро нороҳат мекард.

Рӯзе ба модар шикоят кард:

– Модарҷон, маро духтарони синфамон бад мебинанд. Дигар ба мактаб намеравам, – гуфта оби дида рехт.

Модар ӯро ором кард.

Рӯзе дар мактаб мусобиқаи волейбол доир шуд.

Дар қисми аввали бозӣ дастаи духтарони синфашон мағлуб шуданд.

Сабоҳат пешниҳод кард: «Агар шумо розӣ бошед, дар даври дуюми бозӣ ман ҳам иштирок мекунам».

Ӯ маҳорати хуб нишон дода, ва ин сабаби ғолиб шудани дастаи синфашон шуд. Дар натиҷа мактабашон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард.

Баъди ин бозӣ муносибати духтарон нисбат ба Сабоҳат хуб шуд. Аммо Шарофат ҳамоно ба ӯ пичинг мезад:

– Ин Сабоҳат «Ман шаҳрӣ» – гӯён худашро ба ҳама хуб нишон доданӣ аст. Ман ба самимияти ӯ бовар надорам, – гуфта, аз наврӯзгоҳ қаҳролуд сӯйи хонаашон равон шуд.

Дигар духтарон низ шодону хандон «Мо ғолиб шудем», – гуфта, наврӯзгоҳро тарк карданд.

Канали серобе деҳаи Сабоҳатро аз Наврӯзгоҳ ҷудо мекард. Дар мавсими баҳорон канал хеле сероб буд. Вақти гузаштани пул Шарофат ба об афтид.

Ҳамсинфон ҳама доду вой мекарданд.

Сабоҳат, ки дар шаҳр дарси шиновариро омӯхта буд, зуд худро ба об андохт. Шарофатро наҷот дод.

Дар як лаҳза ҳама сокинони деҳа, ки аз Наврӯзгоҳ бармегаштанд, дар ду тарафи канал ҷамъ омаданд:

– Офарин, духтарам!

– Қанд зан, Сабоҳатҷон!

– Хеле далеру ҷасур будаӣ, духтари шаҳрӣ! – гӯён аз ҳар тараф нидои таҳсин баланд шуд.

Падару модари Шарофат низ омада, ба Сабоҳат миннатдорӣ изҳор карданд.

– Сабоҳат, ман гунаҳкорам, бубахш маро, нисбат ба ту хеле дағал будам, – гуфт Шарофат узр хоста, сар хам кард.

Онҳо ҳар ду даст ба даст ба хона баргаштанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба