Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
ВЕРГУЛИ НАҶОТБАХШ
Солҳои мактабхонӣ аз фанни забони тоҷикӣ аз рӯи барномаи таълимӣ аломатҳои китобатро омӯхта будем. Аломатҳои китобат дар матни навишташуда нақши муҳимеро доранд. Махсу- сан аломати вергул...
Дар забони тоҷикӣ вергул аломати ҷудокунандаест, ки дар таркиби ҷумлаҳо барои муайяннамоии ҳудуди аъзои ҷумла, калимаҳою ибораҳо, ҳудуди ҷумлаҳои дохили ҷумлаҳои мураккаб ва ғайра ба кор бурда мешавад...
Бо ивазнамоии ҷои гузоштани вергул маънои ҷумлаҳо умуман дигар мешавад.
Дар китобе хонда будам, ки шоҳи Рус Пётри I-ум ҳукми ҷазои ҷинояткореро чунин навишта буд: “Помиловать нельзя казнить”.
Ҷаллод ҳангоми куштани ҷинояткорон дигаронро ба қатл расониду ин шахсро не. Чунки дар матни дастрасшуда аломати вергул дарҷ наёфта буд. Агар вергулро баъди калимаи аввал гузоранд, пас бояд гуноҳи он ҷинояткор бахшида шаваду ӯро набояд ба қатл расонанд. Агар вергул баъди калимаи дуввум гузошта шавад, пас ин ҷинояткорро набахшида бояд ба қатл расонанд.
Вақте ҳукми дар фармон дарҷёфтаро барои вергулгузорӣ ба назди шоҳ мебаранду мефаҳ- монанд, ӯ, ки аллакай оромтар шуда буд, вергулро баъди калимаи якум мегузорад. Акнун фармон чунин хонда мешуд: “Помиловать, нельзя казнить”. Бо гузоштани вергул он ҷинояткорро бахшиданду қатл накарданд.
Баъдтар маълум шуд, ки ӯ ҷинояткор ҳам набудааст. Бинед, ки аломати вергул тақдири зиндамонии як нафарро ҳал намуда адолатро барқарор кард.
Ба ин монанд гуфтаҳо дар забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва дигарҳо низ вомехӯранд.
Дар дигар ҷое хонда будем, ки ким-кадом шогирди нависандаи машҳур Ҷек Лондон асарҳои бадеӣ менавишту ба устодаш равон мекард. Дар мактуби замимагардида ӯ аз устодаш хоҳиш менамуд, ки китобро бихонаду вергулҳояшро гузорад. Шогирд ин хоҳишашро чунин ифода менамудааст: -Устоди азиз, китобро ман навиштааму вергулҳояшро лутфан Шумо мегузоштед...
Ҷек Лондон дар мактуби ҷавобӣ чунин менависад: -Шогирди гиромӣ! Ин дафъа Шумо лутфан вергулҳоро равон намоед, китобро ман худам менависам.
Аҳамияти аломати вергул дар ҳаёти воқеии одамон ҳоло низ нақши бузург мебозад.
Аломати вергулро ҳамсабақам Фахриддин бениҳоят қадр менамояд.
-Чаро? – мепурсед Шумо.
Ана ба ин саволатон ҳоло ҷавоб медиҳам.
Солҳои нотинҷию нооромӣ дар мамлакат, яъне солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, яроқбадастон ҳукмрони давр буданд. Дар ҳар минтақаи мамлакат баъзе командирон дар гирди худ афсарону аскарони зиёдеро ҷамъ намуда буданду онҳо ба ягон қонуну ҳукумат итоат намекарданд.
Албатта на ҳамаи онҳо, балки баъзеҳояшон чунин рафтор менамуданд. Ҳарчанд ин гуна ҷиноятпешаҳо кам ҳам буданд, лекин зиёну зарарашон ба ҳамаи корхонаҳою муассисаҳо ва дигар одамон мерасид.
Одамони оддӣ аз вохӯрӣ бо чунин касон ҳазар доштанд. Ин камонбадастон чандин раисони хоҷагиҳо, соҳибкорону дигар шахсиятҳоро паррондаанд. Вазъи ниҳоят ташвишовари мамлакат он замон имконият намедод, ки амнияти шаҳрвандон пурра таъмин карда шавад.
Шоири Халқии Тоҷикистон шодравон Мирзо Файзалӣ дар як шеъраш ин ҳолатро чунин тасвир намудааст: Вақте, ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд, Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд...
Дар ана ҳамин вазъият Фахриддин роҳбарии идораи амволи минтақаи Кӯлобро ба ӯҳда дошт.
Ин идора ба хусусигардонии амволи давлатӣ, аз қабили корхонаҳо, автобазаҳо, мағозаю бозорҳо ва ғайраву ҳоказо машғул буд. Аз ин рӯ таваҷҷуҳи командирони номдор ба ин идора зиёд буд, чунки онҳо мехостанд соҳиби корхонаю бозорҳои хусусӣ шаванд. Дар ҳолате, ки ягон командири номдор биною иншоотеро харидор мешуд, ба қавли мардум ба он “нӯл мезад”, дигарон аз тарс ба он бино наздик ҳам намешуданд. Чунки барояшон ҷонашон аз ин корхона дида азизтар буд.
Фахриддини гапдони корчаллон дар миёни обу оташ бо ҳар роҳу васила корашро пеш мебурду боз ба ӯ ҳаққи хизматашро низ медоданд. Фахриддин мисли шахсе буд, ки дар рӯзи боронӣ бе чатр миёни қатраҳои борон тоб хӯрда мерафту тар намешуд.
Ин ҳам ҳунар аст, ҳунари волое, ки дар ягон донишгоҳ онро намеомӯзонанд.
Боре, як командири номдор муҳофизонашро равон карда Фахриддинро ба наздаш меорад.
Фахриддин аз тарс бо сад хаёл дар сар ба назди командир мерасаду эҳтиромона салом медиҳад.
Командир ба ӯ хандида салом карда мегӯяд: -Ҳа раис! Нағзӣ дига...? -Раҳмат командир. Шумо нағз ҳастен? Ака, мо дар хизмат – даст пеши бар намуд Фахриддин.
-Гуш кун, ана ҳамон бинои ҳаммоми №4-ро хариданиюм. Чи хелай? – гуфт командир.
-Хуб шидай, командир! Ҳал мекунем, ҷонм қатӣ – боз ҳам даст пеши бар ҷавоб дод Фахриддин.
-Набоша, мо Душанбе мерем, ту масъалаҳора бин! Ана ин ҷиян қати ту вобаста... Пулша давлатда месупорему ту ҳам барои хизматот мукофот мегирӣ – ба Фахриддин таъкид кард командир.
-Хуб шидай, акаҷон. Не, барои мо ҳеҷ чиз лозим не. Мо дар хизмат, акаҷон – хушомад мегуфт Фахриддин.
-Фақат номи мара нагир дар ягон ҷо! Ҳеҷ кас нафаҳма, ки ма ҳаммома мехарум. Ҳамаша ба номи ҷиян мекунӣ, пулша ма медиҳум.
Фаҳмидӣ? Бо душмано ҳар хел гап накнан... – фармуд командир.
-Эээ... бепарво бошен, акаҷон. Ягон ҷо номи Шуморо намегирем. Ҳамаш сад фоиз мешава... – командирро дилпур кунонид Фахриддин.
Ҳамин тавр, раванди хусусигардонии ҳаммоми №4 оғоз гардид. Фахриддин пагоҳаш аризаи ҷияни командирро гирифта, дигар ҳуҷҷатҳои ҳаммомро низ ба ҷузвдон андохта, ба мошини ҷияни командир нишаста ба пойтахт омад. Ӯ бо ҳуҷҷатҳо ба назди Раиси идораи ҷумҳуриявӣ даромада, ба ӯ фаҳмонид, ки ин ҳаммомро фалон командир мегирад. Бо шунидани номи командир Раис аз ҷояш як қад парида, тугмачаеро зер карда, ба муовинаш фармуд, ки ҳозир Фахриддин меояду корҳояшро иҷро намоед. Дар охири сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ Раис ба муовинаш расонид, ки ҳаммомро фалон командир мегирифтаасту корҳоро тезонед. Фахриддин имзои Раисро гирифта назди муовини Раис даромад. Муовин сардори Раёсатро даъват карда чунин супориш дод: -Укоҷон, гап байни худомонуу ҳаммомро асёқам фалон командир мегифтиян. Ҳаммаи ҳуҷҷатоя теез тайёр куниду ҳиҷ-киба ин сикрета нагӯед-де...
Сардори раёсат ҳамаи ҳуҷҷатҳоро аз муовини Раис гирифта, якҷо бо Фахриддин ба утоқи кориаш рафту сардори шуъбаро ба наздаш хонда гуфт: -И гапа ба куртаи танатон наген. Ҳамома фалон командир мегирифтай. Хапу дам короро бинен.
Ҳамин тавр, то вақти хӯроки нисфирӯзӣ тамоми кормандони Кумита аз қаровули даромадгоҳ сар карда то Раис медонистанд, ки ҳаммомро фалон командир мехаридааст.
Бисёриҳо Фахриддинро одами наздики командир гуфта ба ӯ “сахт-сахт” салом медоданд.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳои аз Кумита вобастабуда дар як рӯз омода шуданду Фахриддин бо ҷияни командир бегоҳӣ ба шаҳри Кӯлоб баргаштанд.
Омоданамоии дигар ҳуҷҷатҳо, баргузорнамоии фурӯши музоядавӣ, муайяннамоии нарх, бақайдгирии харидорон боз се-чор рӯзи дигарро гирифт. Ҷиян аз рафти корҳо ҳар бегоҳ ба Душанбе занг зада ба командир ахборот медод.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳо пурра омода шуданду ҷиян ҳамаашро бодиққат аз назар гузаронида онҳоро ба Фахриддин дода, рафта ба командир занг зада гуфтааст, ки нархи ҳаммом 54000000 (панҷоҳу чор миллион сум) будааст. Он вақтҳо пул дигар буду қурбаш низ хеле паст буд. Вале, ба ҳар ҳол ин нарх ба командир маъқул нашудаасту ӯ хеле асабонӣ гардидааст. Командир ба ду аскари дар Кӯлоб будааш фармудааст, ки рафта Фахриддинро бо ҳуҷҷатҳои ҳаммом ҳамин ҳозир ба шаҳри Душанбе биёранд. Он ду нафар Фахриддинро ёфта, ба ӯ дағалона муносибат намуда, ба мошин савор кардаанду пурсиданд: -Ҳуҷатои ҳамома гирифтаӣ, раисча? -Не, бигирум? – аниқ карданӣ шудааст Фахриддин.
-А бачча ба у нархи мондагит командира девона кадӣ, бо ҳуҷатора намегирӣ? – дод зад якеаш.
Фахриддин зуд ҷузвдони пури ҳуҷҷатро аз утоқи кориаш гирифту омад. Акнун Фахриддин фаҳмид, ки гап дар куҷо будааст. Ӯ то ҳол мунтазири мукофотпулии командир буду... Эээ..., бинед, ин гардишҳои зиндагиро... Ягон роҳашро бояд ёбам, вагарна ё мекушанд ва ё зада маъюбам мекунанд – меандешид Фахриддин дар роҳ.
Шаб ҳам фаро расид. Мошини хориҷӣ шуввосзанон дигар мошинҳоро гузашта роҳ мепаймуд. Дар дидбонгоҳҳо ягон кас ин мошинро манъ ҳам наменамуд. Он ду аскари яроқбадаст дар пеш менишастанду Фахриддин дар қафо.
Магнитофони мошин беист сурудҳои шӯхи тӯёна мехонд. Лекин аз чи бошад, ки Фахриддини санъатдӯст сурудҳоро ҳам намешунавид. Ӯ фикр мекард, ки охир ягон хоби бад ҳам надида буду ин офат аз куҷо ба сараш омада бошад.
-Эээ... бало ба паси мукофотпулӣ ҷазо надиҳан шид – мегуфт ӯ худ ба худ.
Паст-паст Фахриддин тамоми дуоҳои азёдкардаашро мехонду дар торикии даруни мошин ба худаш “шуф” мекард.
Нохост кадом фикре ба каллааш омаду ба ҳамсафари ронандааш муроҷиат карда гуфт: -Командир, ҳами свети болои сарма я бор гирён кардан иҷозатай? -Майлӣ – кӯтоҳ ҷавоб дод ронанда.
Фахриддин чароғро гирён карда, ҷузвдонро кушода, ҳуҷҷатҳои ҳаммомро як-як варақ зада дид.
Ӯ ҳамон варақаи нархгузориро гирифту дар рақами 54000000 баъди сифри панҷум вергул гузошт. Ана... Акнун нарх панҷоҳу чор миллион сум нею панҷ миллиону чорсад хазор сум аст.
Мешудааст-ку...
Фахриддин аз ин чораи андешидааш шод гашт.
Соатҳои нӯҳи шаб Фахриддину ҳамроҳонаш ба шаҳри Душанбе ба хонаи командир расиданд.
Баъди иҷозати воридшавӣ секаса ба ҳавлии командир даромаданду пас аз каме мунтазирӣ ба ошёнаи дуввум назди командир баромаданд.
Командир бо нӯги дасташ бо Фахриддин салом карду хеле ҷиддӣ гуфт: -Ҳа, раис! Мо да хизмат гуфтию панҷоҳу чор миллион сум ҳамома нарх мондаӣ? Фахриддин сарашро паст намуда дасташ пеши бар чунин ҷавоб дод: -Ээ... неэээ.., командир! Панҷ миллиону чорсад ҳазор сумай, ягон хел панҷоҳу чор миллион нест.
-Чӣ хел? Фахриддин зуд ҷузвдонашро кушода, нархномаро ба командир нишон дода фаҳмонид, ки ин ҷо вергул дорад.
Командир ҳуҷҷати мӯҳрдорро дида хандида гуфт: -Ээ... бесаводо. Бо сари мара вайрон када панҷову чор миллион сум гуфтан. Иҷа панҷ миллиону чорсад ҳазорай-ку?! Баъд ба Фахриддин фармуд: -Ҳо ана он дара яла куну пулҳои даркорира бги! Ҳам пули давлата ва ҳам пули хизмати хдта.
Фахриддин дарро кушоду ҳуш аз сараш парид. Дар як кунҷи хона қатор-қатор бастаҳои доллару пулҳои русию миллӣ баланд чида шуда буданд. Қисме аз пулҳо ҳамин хел болои қолини хона бетартибона рехта шуда буданд.
Фахриддин аз тарс панҷ миллиону чорсад ҳазор сумро ҳисоб карда гирифту халос.
Командир шояд ӯро санҷиданӣ буд, ки ӯро танҳо ба он хона равон намуд. Ин хел буд ё не, номаълум... Вале Фахриддини эҳтиёткор мақоли: “Нафси бад балои ҷон”-ро ба ёд оварда, бо як илоҷ худро ба даст гирифта пулҳои заруриро гирифта баромад.
Командир аз ӯ пурсид: -Раис! Ҳаққи худро гирифтӣ? -Неэ... командир! Ба ма ҳеҷ чиз лозим не – ҷавоб дод Фахриддин.
-Ээ... и хел намешава – гуфт командир ва аз киссааш як миқдор доллар бароварда ба Фахриддин дод.
Баъд, онҳо бо ҳам хӯрок хӯрда то ними шаб сӯҳбат карданд. Шаб Фахриддин меҳмони командир шуду пагоҳ бо сари баланд ба назди Раиси идораи ҷумҳуриявиашон рафта аз “қаҳрамониҳояш” ҳисобот дод.
Ӯ ҳамаашро ба Раисаш нақл карду танҳо ҳамон ҷои долларгириашро нагуфт. Охир одами боақл ин хел корҳоро ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас намегӯяд-ку...
Ба он долларҳо Фахриддин як мошини сабзи ВАЗ-2106, ки он вақтҳо автомобили хеле боқадр буд, харид.
Аз ҳамон вақтҳо то ҳоло Фахриддин ба аломати “вергул” эҳтироми бузург дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё