Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
САЗО ВА ҶАЗО
Нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта, давлати Шӯравӣ роҳи бозсозиро пеша намуд.
Тибқи ин ҷараён мебоист дар ҳама ҷабҳаҳои ҷомеа навгониҳою дигаргунасозиҳо амалӣ карда мешуд. Ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам дар сиёсати дохилӣ бозсозӣ бо маром идома меёфт.
Дар иқтисодиёти давлат ҳама корхонаю ташкилоту муассисаҳо танҳо амволи давлат буданду акнун аз рӯи принсипҳои бозсозӣ барои харидорӣ намудану хусусигардонии корхонаҳою мағозаҳо ва дигар иншоотҳои гуногун иҷозат дода мешуд. Бо пайдошавии ин гуна имконият бисёриҳо зуд корхонаҳоро харида, хусусӣ намуданду соҳибмулк шуданд. Ресторану ошхонаю мағозаҳо низ аз моликияти давлатӣ даррав ба моликияти шахсӣ табдил ёфтанд.
Албатта, ин гуна дигаргуниҳо бозори қаллобону фасодкоронро хеле гарм менамуду дар умум ба пастшавии сатҳи зиндагонии мардум оварда расонид. Ҳеҷ гоҳ мо зидди моликияти хусусӣ нестему лекин он раванди хусусигардонӣ ба ягон талаботи зарурии оддӣ ҷавобгӯ набуд. Дар умум, бо умеди бозсозӣ, давлати бузурги шуравӣ заифу камқувват гардиду дар ҷомеа як намуд касби нав бо номи “рэкет” пайдо шуд. Ин “касб” замонҳои пештар набуд. Маҳз дар ана ҳамин солҳо ҷавонмардони варзишгари ҷиноятпеша гуруҳҳои худро ташкил менамуданду “рэкет”-ӣ мекарданд.
Онҳо ҳар як соҳибмулки мағозаю ошхонаю корхонаҳои хусусӣ ва роҳбарони идораю хоҷагиҳои давлатиро маҷбур менамуданд, ки ҳар моҳ ба онҳо маблағи муайяне диҳанд. Гӯиё ин “рэкет”-ҳо ҳаққи худашонро гирифта, ин соҳибкорону роҳбаронро аз дигарон ҳимоя менамуда бошанд. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи он замон аз ҳамаи ин корҳо огоҳӣ доштанду лекин чорае намеандешиданд. Ба қавли одамон баъзеи онҳо бо “рэкет”-ҳо якҷоя буданд. Ҳатто одамони оддӣ медонистанд, ки комбинати равғанро кӣ нигоҳ мекунаду корхонаи нафтбиёриро кӣ? Идораю анборҳои соҳаи савдо бошад, аз ҳама ҷои сердаромаду “равғанӣ” ба ҳисоб мерафтанд.
Дар мавридҳое, ки нафаре ба “рэкет”-ҳо ҳақ насупорад, ҳатман ҷазои сахтеро ба ӯ ва ё фарзандону наздиконаш мерасониданд. Ё нохост бегоҳӣ дар торикӣ ким-кадом номаълуме фалон роҳбарро дар назди хонаи истиқоматиаш сахт лату кӯб менамуд. Ва ё фарзандашро тасодуфан ба кадом гуноҳе айбдор менамуданд. Дар умум тарзҳои ҷазодиҳӣ зиёд буданд. Аз ин рӯ, дигар ҳама ба ин тарзи корбарӣ тан дода буданду чизе намегуфтанд.
Рэкетҳо соҳиби мошинҳои нави замонавӣ буданду либоспӯшӣ ва умуман тарзи зинда- гониашон фарқкунанда буд.
Истифоданамоии варзишгарон яке аз омили асосии рушди “рэкет”-ӣ буд. Маҳз ҷавонони ҳузарби боқуввати чолок бо китфҳои паҳну миёни борик, мушакҳои барҷаста, гардани ғафсу ангуштҳои аз зарби муштзанӣ сиёҳу чурагашта ба гурӯҳҳои “рэкетӣ” ҷалб карда мешуданд.
Чунки соҳибмулкону роҳбарон аз намуди зоҳирии ин гуна ҷавонон метарсиданд. Дигар ҳоҷат ба лату кӯбу бурдани корҳои “фаҳмонда- диҳӣ” намемонд. Ана ҳамин хел ҷавонони варзишгар асосан дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таҳсил менамуданд ва ё дар толорҳои варзишӣ машқ мекарданд.
Аз шиносҳоямон Баҳодур ном ҷавоне дар ин Донишкада мехонд. Баҳодур қади миёнаи на он қадар баланду дасту бозуи пурқуввату ҷисму тани варзишгарона дошт. Рӯи гирду қошҳои пайвандашу чашмҳои бодомшаклаш ба модараш рафта буд. Ӯ гӯштингир буду дар баъзе мусобиқаҳо иштирок ҳам менамуд. Баҳодури паҳлавонҷусса аз касе чашми тарс надошт.
Баҳодур баъди хатми синфи 8-ум ба омӯзишгоҳи касбӣ – техникӣ хонданӣ рафт. Баъди хатми ин омӯзишгоҳ ӯ ба хизмати аскарӣ даъват шуда, баъди ду соли адои хизмат баргашта баъд ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуд.
Дар шаҳри Душанбе аз одамони деҳаамон аз солҳои пештар тағои Самад зиндагонӣ менамуд.
Ба тағои Самад аз ҳисоби давлат хонаи дуҳуҷрагӣ дода буданд. Ба хонаи тағои Самад аксари ҷавонони деҳа, аз ҷумла Баҳодур низ меҳмонӣ меомаданд.
Каме дуртар аз хонаи тағоям мағозаи хӯрокворӣ буд. Мудири мағоза акаи Неъматулло ном доштанд. Ӯ моро нағз намешинохту бо тағоям Самад рафтуомаду дӯстӣ доштанд. Он вақтҳо дар мағозаҳо дарёфтнамоии қаймоқ, ҳасиб, гӯшт ва маска хеле мушкил буд. Одамон саҳарӣ барвақт барои харидани ин маводҳо навбат меистоданду ба бисёриҳояшон ин чизҳо намерасид. Акаи Неъматулло ана ҳамин гуна маводҳои хӯрокаи камёфтро барои тағои Самад алоҳида пинҳон карда мемонд. Тағоям ин маводҳоро албатта бо пул мехариду фақат бе навбатистӣ.
Акаи Неъматулло як марди қадпасти гандумранги фарбеҳи шикамдори пеши сараш кал буд. Ӯмарди сӯҳбаторое буд.
Боре аз тирезаи хона медидам, ки акаи Неъматуллою тағоям Самад дар берун хеле гуфтугӯ намуданд. Аз дур маълум буд, ки онҳо дар кадом мавзуъи ҷиддие сӯҳбат менамоянд.
Баъди ду-се рӯз Баҳодур ба хонаи тағоям омаду онҳо якҷоя ба мағозаи акаи Неъматулло рафтанд. Ман пай мебурдам, ки онҳо кадом кореро анҷом доданианду лекин мақсадашонро намедонистам. Гӯиё сирре буд, махфӣ...
Охир тавре мегӯянд ҳама сирри пӯшида рӯзе кушода мегардад. Баъдтар ин сир низ фош шуд, ки чунин будааст.
Як рафиқи акаи Неъматулло котиби якуми райкоми як ноҳия, яъне роҳбари аввали ноҳия интихоб шудаасту лекин раиси идораи савдои ноҳия ӯро писанд накарда, ҳатто ба маҷлисҳояш низ намеомадааст. Аз ин рафтори раиси идораи савдо котиби якум ба ғазаб омада мехостааст ӯро тобеъи худ намояд. Он вақтҳо раисони идораҳои савдо шахсони сарватманду бонуфуз буданду на ба ҳар кас сар хам менамуданд. Ана ҳамон котиби якум ба акаи Неъматулло фармудааст, ки одамонеро биёбад, ки раиси идораи савдоро лату кӯб намоянд. Раиси идораи савдо дар пойтахт низ хона доштаасту рӯзҳои истироҳатӣ ба шаҳри Душанбе мерафтааст. Расми ӯ ва суроғаи хонаашро ба акаи Неъматулло дода будаанд.
Акаи Неъматулло барои анҷоми ин фармоиш Баҳодурро мехостааст истифода намояд. Охир, чаро не? Гӯштингири нотарс ва шахси бо тамоми ҷиноятпешаҳо дар алоқабуда. Номзади беҳтарин.
Мукофотпулӣ барои лату кӯб 1000 сӯмӣ шӯравӣ муайян шуда будааст. Ёдрас менамоям, ки танҳо лату кӯб... Ба андешаи фармоишгар барои тарбия ва ба роҳи дуруст даровардани раиси идораи савдо се-чор мушти обдору ду-се шатта бо пойафзоли андозаи 43 басанда будааст.
Пагоҳаш акаи Неъматулло Баҳодур ва як ҷӯраи дигарашро ба мошинаш савор карда, ба маҳаллаи 102-и пойтахт ба бинои зарурӣ, ошёнаи дуюм бароварда ноаён дари хонаи “одами даркорӣ”-ро нишон додааст.
Бегоҳии рӯзи шанбе Баҳодур бо ҷӯрааш либосҳои варзишӣ пӯшида, ба хонаи раиси идораи савдо омада, ӯро фиреб карда бароварда дар пушти дари хонааш хуб мезананд. Вою доди раис баланд мешаваду аз дари хонаи дигарӣ як зани русзабон берун шуда, додзанон талаб менамояд, ки лату кӯбро бас намоянд. Лекин Баҳодуру ҷӯрааш пулро “ҳалол” кунем гуфта боз ҳам раисро шаттакаш менамоянд. Зани рус саги овчаркаи калонашро ба сӯи Баҳодуру ҷӯрааш сар медиҳад. Саг аккосзанон ба сӯи онҳо медаваду онҳо тарсида, ба сӯи баромадгоҳ мегурезанду аз бино баромада мераванд.
Раиси идораи савдо аз ин воқеа хулосахои “зарурӣ” бароварда, рӯзи душанбе костюму галстук пӯшида ба назди котиби якуми ноҳия хандида медарояду мегӯяд, ки бо ҳам бо некӣ кор мекунему бародар мешавем. Дигар ӯ дар ҳамаи маҷлисҳо иштирок намуда, бо каллаҷунбониҳояш ҳамаи гуфтаҳои роҳбарро дастгирӣ менамуд. Гоҳе-гоҳе ба назди котиби якум алоҳида низ медаромад. Дар бораи воқеаҳои рухдода ӯ умуман забон намекушод.
Дар умум, нақшаи таҳррезишудаи “тарбиявӣ” натиҷаи даркориро таъмин намуд.
Баҳодур акнун интизори гирифтани 1000 сӯми мукофотпулӣ буд. Ӯ ду-се бор ба назди акаи Неъматулло меояду ҳеҷ не, ки маблағи “ҳалолаш”-ро ба ӯ диҳанд. Дигар маълум набуд, ки чаро пулро намедиҳанд? Ё ҳамон котиби якум пулро намедод ва ё ӯ мехост, ки маблағро худи акаи Неъматулло пардохт намояд.
Хуллас, кор кашол меёфту асабҳои Баҳодур дигар тоқат наменамуданд. Ин буд, ки ӯ рӯзе омада акаи Неъматуллоро дар утоқи кориаш ду- се мушти обдор зада мефаҳмонад, ки охир он ҷӯраам ҳоло фикр мекунад, ки ман пулро гирифтааму ҳақи ӯро намедиҳам.
Аз сабаби сари вақт надодани пул Баҳодур ҷарима ҳисоб карда, акнун 2000 сӯм талаб мекард. Ҳамин тавр акаи Неъматулло ду ҳазор сӯмро аз сейфи худ бароварда ба Баҳодур медиҳад. “Иштиҳо ҳангоми хӯрокхӯрӣ меояд”, гуфтагӣ барин, акнун Баҳодур бо гирифтани ин пул қаноат накарда, акаи Неъматуллоро маҷбур менамояд, ки ҳар моҳ акнун ҳазорсӯмӣ ба ӯ бояд ҳақ диҳад. Пагоҳаш акаи Неъматулло боз ба назди тағои Самад омада, гиряву зора карда ба воситаи ӯ ин ҳақдиҳии ҳармоҳаро бекор намуд.
-Эээ... Чӣ корҳое намешавад дар зиндагӣ? Ҳоло акнун на акаи Неъматулло дар қайди ҳаёт ҳастанду на Баҳодур...
Рафтанду мо ҳам меравем...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё