Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
САБАҚИ ЗИНДАГӢ
Солҳои ҷавонӣ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаамон ин иштирок дар тӯйҳои наздиконамон буд. Он вақтҳо дар деҳаҳо тӯйҳо он қадар бодабдаба намегузаштанд. Дар дастархонҳои тӯйёна, ки дар байни ҳавлӣ болои замини гилемдор мегустурданд, нонҳои чапотию нонҳои ғафси чакдонӣ мегузоштанду озуқу баъзе қанду шириниҳоро дар дастархон ҷо-ҷо мерехтанд. Хӯроки якум шӯрбо буд. Онро дар деҳаҳо ҳатман дар табақи чӯбин барои се нафар мебардоштанду нон реза карда мехӯрданд. Агар мабодо шахси сеюм намебуд ӯро интизор мешуданд. Дастҳоро дар назди дарвоза шустаю бо сачоқи тари даҳҳо нафар истифодабурда “қоқ” кардаю баъд боз бо даҳҳо нафар “салом” карда сари дастархон нишаста шӯрбои табақиро мехӯрданд. Гӯштҳоро баъзеҳо болои нонҳои резашуда майда карда, бо луқма мехӯрданду баъзеҳои дигар бошанд, баъди шӯрбохӯрӣ гӯштҳои болои чапотӣ гузоштаро се тақсим намуда тановул мекарданд. Шӯрбои табақ вақте қариб тамом мешавад, сардори хизматгорони тӯй дод мезанад: -Барои акаи Насим ови шурбо биёрен...
Шояд мо аз чунин рафтори онҳо шарм кунем, чунки дар байни маърака “барои фалонӣ шурбо биёрен” – гӯӣ каме шахсро дар хиҷолат мегузорад. Вале дар деҳа касе ба ин гуна корҳои майда-чуйда аҳамият ҳам намедиҳаду малол ҳам намешавад.
Дар баъзе тӯйҳо хӯроки дуюм ҳам медиҳанд.
Асосан хӯроки дуюми тӯй – оши палав аст.
Дар қишлоқҳо “нони халқ”-ро одатан нисфирӯзӣ медоданду бегоҳ базми тӯйёна ороста мешуд. Сароянда бо навозандаҳо бо истифода аз асбобҳои мусиқию таҷҳизотҳои техникии садоафзоянда аввал аз сурудҳои нисбатан ором базми мусиқиро оғоз намуда, баъд бемайлон “оташ”-и базмро баландтар менамоянд. Ҷавонон ва хешу таборони шаҳу арӯс ба майдон баромада, тамоми ҳунари рақснамоиашонро нишон дода базмро обод менамоянд. Яке рақси китф мекунаду яке рақси миён, дигаре аз боло оҳиста-оҳиста ба замин рақскунон менишинаду лаҳзае дастону гарданашро ҷунбонида боз аз ҷо мехезад. Ҷавонони сармасту сархуш сатҳи хеле “баланд”-и раққосиро нишон доданӣ шуда, гирд- гирди давра гоҳе “боз” медаванду баланд “дод” мегӯянд. Агар мабодо раққосаи тӯйгарде бо сарояндагон омада бошад, тамом, ӯ шамъ мешаваду ҷавонписарон парвонаи гирди шамъ...
Гоҳ-гоҳе суруду мусиқӣ қатъ мешаваду шахсони ба обрӯ бо садоафзо шаҳу арӯсро табрик карда, насиҳатҳои зиёде менамоянд. Ин гуфтору рафтори “донишмандона” ба ҷавонони сархуши ташнаи рақсу бозӣ он қадар намефораду, лекин чӣ илоҷ? Ҳамин тавр, он вақтҳо базми тӯй то соатҳои дуи шаб давом мекарду дар аксар маврид ҷангу ҷанҷолҳо низ миёни ҷавонон рух медод.
Дар охир сароянда бо суруди машҳури “Шаб ба хайр” тӯйро бо як азобе ҷамъбаст менамуд.
(Ёдрас менамоям, ки асосан солҳои навадуми асри гузашта ин гуна тӯйҳо баргузор мешуданд.
Чунки он замон маъракаи баргузории тӯйҳо аз ҷониби қонун танзим намегардиду аз ин рӯ дар гузаронидани тӯйҳо камбудиҳо зиёд буданд.) Ҷавонӣ – ҷавонӣ аст! Ҳама интизор будем, ки тӯйи хонадоршавии фалониҳо кай мешуда бошаду сароянда киро меоварда бошад? Дигар хӯрокхурию гӯштхурӣ он қадар бароямон муҳим набуд. Нону қандчой беҳтарин хӯрокамон буд.
Ҳамин тартиб, ҳамаи ҳамсинну солҳоямон ва умуман насли таваллуди солҳои 60-уму 70-уми асри гузаштаи деҳаамон тӯйҳояшонро гузаронидаанд.
Аз ҳамсинфонамон Ҷамшед аз ҳама дер хонадор шуд. Аввалан ин, ки ба якчанд ҷой хостгорӣ рафтанду аз чӣ бошад, ки духтардорон духтарашонро ба Ҷамшеди донишҷӯи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) надоданд. Охир ӯ ҷавони ояндадор буду камаш муаллими фанни география мешуд. Лекин баъдтар вақт нишон дод, ки тақдири он духтарҳо баландӣ карда будаасту ба ӯ ба шавҳар набаромадаанд.
Дар охир бо даводави хеле зиёди падарашу хешу таборон як марди ҳамдеҳаамон барои хонадоршавии духтараш бо Ҷамшед розигӣ додааст. Акнун хостгорию дигар расмиётҳои зарурӣ ба ҷо оварда шуду рӯзи тӯй муайян гардид. Шаҳбача акнун аспиранти Академияи илмҳои Тоҷикистон буду ҳама хешу таборон ба ояндаи дурахшони “олими сатҳи ҷаҳонӣ” умеди калон доштанд. Каме пештар рафта, қайд менамоям, ки Ҷамшед дигар на хонду на ҳимоя карду на олим шуду умуман аз рӯи ихтисос кор накард. Аввал диспетчери таксиҳо буду ҳоло худаш таксирон аст. Аз ин корҳои баъдинаи Ҷамшед ва тарзи зиндагониаш духтарони ба ӯ ба шавҳарнабаромада ҳоло аз тақдир шукр мегӯянд.
Тирамоҳи соли 1994. Ҳама ҷо овозаи тӯйи зангирии Ҷамшед... Моро зарур аст, ки аз пойтахт дусаду панҷоҳ километр роҳро тай намуда, ба деҳаамон равем. Хайр ҳеҷ гап не-ку...
Он вақтҳо мошин ҳам надоштем. Хайрият манро тағоям Шарифхон бо худ гирифту дар “Волга – ГАЗ-24”-и Ҳамроқул гуфтанӣ хешамон ҳафт нафар нишаста, ба тӯй рафтем. Мошини кӯҳна дар роҳ чандин бор вайрон шуду як илоҷ карда худамонро ба тӯйхона расонидем.
Дигарҳо низ, чун мо, бо як азобе омада расиданд.
Зиёдуллои додарам низ бегоҳ нашуда аз пойтахт ба деҳа омада расид. Ман аз ӯ пурсидам, ки: -Додар чӣ хел омадӣ? Ту якум бор аз Душанбе меоӣ...
Воқеан, Зиёдулло бори аввал аз шаҳри Душанбе ба деҳа омад. Медонистам, ки ӯ бо Ашуралӣ ном ҳамдеҳаамон маслиҳат карда буданду якҷоя бояд меомаданд. Ашуралӣ он вақтҳо бисту ҳаштсола буду Зиёдулло аз ӯ даҳ сол хурдтар. Ашуралӣ, ки омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Рӯдакиро хатм намуда буд, албатта роҳро нағз медонист. Зиёдуллои бетаҷриба ҳатто роҳро намедонист. Ман дилпур будам, ки додарам Зиёдулло бо Ашуралӣ ҳастанду беташвиш меоянд.
Зиёдуллои аламдор охири саволҳои маро интизор нашуда, нақлашро сар кард: -Ээ... ака, ма қатӣ Ашуралӣ ҷои истгоҳи мошинҳои Кӯлоб омадем (манзураш мавзеи 7-ум километр, яъне ҷониби ҳозира дарвозаи шарқии пойтахт). Уҷа одам хеле бисёр буд. Мошинҳо намеистоданд. Ду-се соат истода мошинҳора маън мекнем, намеистан. Монда шидем. Яке буд, ки як мошини КРАЗ-и калони автобазаи №10-и Душанбе омаду истод. Ҳама ба тарафш давиданд. Маълум шид, ки ронанда собиқ ҳамкори акаи Ашуралӣ бдай. Охи у пештар дар автобазаи №10 кор мекард-ку. Мошин як ҷои холӣ доштай. Акаи Ашуралӣ лағат карда савор шуданӣ шуд. Ма бошм ай буҷулаки пойи чапи ӯ сахт қапидаму мегум: -Ака, мара напарто, нарав.
Ма якум бор Фархор рафтесм, роҳа намедонум.
Ака, илтимос нарав.
Ӯ бошад зӯр мезад, ки пояш аз дасти Зиёдулло халос хурад. Ба зорию таввалои Зиёдулло аҳамият надода, Ашуралӣ пояшро бо тамоми қувваташ сахт такконда, ба кундаи синаи Зиёдулло як шаттаи обдор зада гуфтааст: -Ээ... сартеэ... ғам додӣ-да...
Аз зарби шатта Зиёдулло пуштонакӣ болои роҳ афтидаасту мошин ба ҳаракат даромадааст.
Ҳамин хел, Ашуралӣ ба КРАЗ савор шуда рафтаасту Зиёдулло мондааст...
Баъди лаҳзае, дарди қафаси синаю паси сари дар асфалт куфтхӯрдаи Зиёдулло камтар шуду ӯ рафта аз ноилоҷӣ дар таги дарахте бо сари хам нишаст. Зиёдулло дигар намедонист, ки чӣ кор кунад? Охир ӯ роҳро намедонад.
Ин дам, як автобуси калоне омада, он ҷо истод. Зиёдулло аз тиреза дид, ки Сайфуллои ҳамсояамон дар даруни автобус нишастааст Ӯ аз ин тӯҳфаи тақдир шод гардида, зуд аз паси дигарон дохили автобус даромада, паҳлӯи Сайфулло нишаст. Маълум шуд, ки автобус ба ноҳияи Фархор мерафтааст. Зиёдулло дигар ором буду бо Сайфулло сӯҳбаткунон роҳ мепаймуданд. Аз радиои автобус садои наттоқе баланд буд, ки бурро шеър мехонд. Гӯйё, ки аз рӯи фармоиш бошад, ки дар радио барномаи панду насиҳатӣ мерафтаасту аз он ногаҳон ин мисраъҳо садо доданд: Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳолию дар мондагӣ.
Пас аз ним соати роҳпаймоӣ Зиёдуллою Сайфулло аз тирезаи автобус диданд, ки ҳамон КРАЗ дар шафати роҳ вайрон шудаасту ронандаю Ашуралӣ сарпӯши муҳаррикро бардошта моломол доранд.
Акнун, ровии барномаи радиои автобус гӯиё ин воқеаҳоро дида истода бошад, ки чунин мегуфт: Аз мукофоти амал ғофил машав, Гандум аз гандум бирӯяд ҷав зи ҷав.
Зиёдулло аз тирезаи автобус ба Ашуралӣ дастакзанон салом расонид.
Ҳамин тариқ, Ашуралӣ соатҳои дувоздаҳи шаб бо чандин мошинҳои дигар савор шуда, дар охир пиёда ба деҳа расида омад.
Акнун, бо гузашти зиёда аз бист сол, ин воқеа ба мавзуъи шӯхӣ табдил ёфтааст. Чанде пеш, Ашуралӣ бо Зиёдулло боз маслиҳат мекарданд, ки ба шаҳри Владивостоки Россия коркунӣ мераванд. Тағоям Шарифхон инро шунида, ба Зиёдулло чунин насиҳат дод: -Ээ... ҷиян! Қати Ашуралӣ нарав, ки як шатта мезанад, дар баҳр меғалтиву луқмаи наҳангҳо мешавӣ...
Ашуралӣ бошад механдаду гоҳе-гоҳе чунин мегӯяд: -Зарбаи шаттаи мо фоидааш кард. Бубин, ҳозир Зиёдулло ҷои кори нағз, хонаву дару мошину рӯзғори хуб дорад. Ӯ бояд аз ма миннатдор бошад. Беҳуда намегӯянд: “Бо асои дигарон роҳ нарав”.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё