Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ПОСДОРИ ҲИММАТ ВА ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

(Ба муносибати 55-солагии зодрӯзи шоири шодравон Ҷонибеки Қувноқ)

Порашт дараи фараҳбахшу хушбаҳор ва файзбору хуррами кӯҳсори Нурато аст. Ин диёри руҳнавозу афсонавӣ чӣ бас дилфиребу назаррабост ва ҳар касе, ки ба ин дара меояд, аз тафарруҷи кӯҳҳои серфарозу сабзпӯш, замини босаховат, чашмаҳои зулолу мусаффо бо обҳои ширин, аз иқлими рангрезу фараҳангез ва насими диловезу анбарбез, аз ҳавои дилкашу ҳаловатбахши он сармасту сархуш гашта, хештанро дар олами дигар тасаввур мекунад. Ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, ки аз ин гуна маскани гаронмоя ва фусунгар дил кандану дар ҷудоӣ зистан амрест муҳол. Вале бо тақозои замон, аз пайи доду ситади зиндагӣ, барои зинат бахшидан ба рӯзгори хеш гоҳан лозим меояд, ки кас худро ба мулки дигар, андаруни мардуми дигар биандозад.

Ҷонибеки ҷавон пас аз хатми мактаби миёна то охири умр ин зодбуми пурнафосати хешро хайрбод гуфта буд. Ӯ ҳам рангорангиву назофат ва лаззату фараҳи диёри худро бо гулистони шеъру адаб, бо диёри дӯстиву одамшиносӣ, бо нашъунамои боғи тозаи маърифатӣ иваз кард. Бо вуҷуди ин, пайваста месарояд:

Ман – форишӣ, дар мағзи кӯҳ Кӯю дари аҷдоди ман.

Аз чашмаву кӯҳи баланд

Чор унсури бунёди ман.

Ҷонибек дар доираи илму фарҳанги тоҷик ҷойи муносиб ёфта, дар расани каломи мавзун дурдонаҳои рангини шеъри дариро кашид.

37 Ҷойи гуфтан аст, ки то ба ҳол вазъи «Рангинкамон» ҳамоно ба шакли пештара аст, танҳо аз тариқи шабакаи аввали телевизион пахш шудани барномаҳояш қобили таваҷҷуҳ аст. Масъули он Шарофат Ҷӯразода бар замми кори журналистӣ чанд сол раёсати Ҷамъияти тоҷикони ҷумҳурӣ – «Ориёно»-ро низ ба уҳда дошт. Ӯ соҳиби нишони «Дӯстӣ» шудааст.

Ангоштаҳояш ҷаҳони дидаи ӯро, фаҳму идроки ҳушмандонаи ӯро тараннум кардаанд. Ӯ худро ба ҳамзамононаш бо шеъри дарӣ шиносонд:

Шукро, ки аз кӯю дарам, Пар мезанад лафзи дарӣ. Танҳо наям, ман – мардуме, Кӯю дари ман – кишваре.

Ва бо таъкид афзуда:

Бо ин забон ман тоҷикам, Бе ин забон ман безабон. Маҳруми мардум – марҳуме, Маҳрум чӣ? Бадтар аз он!

Шоири шодравон Ҷонибеки Қувноқ қисмати асосии умрашро дар шаҳри дӯстиву бародарии Тошканд гузарондааст. Ӯ солҳои дароз дар манзили маънавии худ – идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» адои вазифа карда, дар тарбияти шогирдони зиёд саҳми бориз гузоштааст. Аз пайи меҳнатдӯстӣ ва корбарии дуруст вазифаи ҷонишинии сармуҳаррирро бо муваффақият анҷом медод. Ӯ ҳар лаҳза худро шарики шодиву хурсандӣ ва ғаму андуҳи одамони гуногунмиллат ҳис мекард. Ба хусус, бахшида ба бародарони ӯзбек суханони самимӣ дорад. Аз ҷумла:

Духтари ӯзбек арӯси нозанини тоҷик аст,

Дар замири ин русум бас маъниҳои борик аст. Муддаои ман фақат шояд ба аъмо торик аст, Қалби моён аз азал наздик буду наздик аст. Ҳамдаму ҳамсояи ман – қадрдонам, тоҷикам...

Ҷонибек чун пуле буд мустаҳкаму боэътимод, ки мардуми равшанзамири ду кишвари ба ҳам ҳамсояву қарин – Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро мепайваст. Тавассути ӯ рӯдҳои маънавӣ бо ҳам даромехта, баҳри илму фарҳанг ва худшиносии халқҳо серобтар мегашт. Ӯ ба дӯстии одамон эътиқод дошт ва пайваста ин маъниро ситоиш мекард:

Каломи дӯстиро сабт бар тоқи замон созам,

Чароғи нурфишоне дар дили ҳар хонадон созам, Барои корвони чархи олам сорбон созам,

Чу муҳре баҳри ҳар як кору омоли ҷаҳон созам,

Чу ҳарфи душманӣ боқист, хотир ҷамъ намегардад...

Аз Ҷонибеки Қувноқ мероси назарраси адабӣ боқӣ мондааст. Маҷмуаҳои ашъори ӯ, тарҷумаҳо ва осори публитсистиаш дар китобхонаю бойгониҳои мардум ҳифз мешаванд. Қабл аз ҳама, ӯ шоири маҳбуби мост. Асосан шеърҳояш дар маҷмуаҳои «Қарз» (1973), «Арзи дил» (1977), «Ифтихор» (1982), «Розҳо» (1987), «Зангӯла» (1990) ва «Юрак тӯлқинлари» (ба забони ӯзбекӣ, 1977) гирд оварда шуда, ба табъ расидаанд. Бисёр шеъру достонҳои шуарои муосиру классикии тоҷикро ба забони ӯзбекӣ ва ашъори шоирони ӯзбекро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Умуман, таҳқиқи осори шоир кори доманадорест ва баррасии махсусро талаб мекунад.

Шоир ҳамеша хислатҳои ҳамидаи инсониро тарғиб намуда, одамонро ба роҳи росту рафтори нек ҳидоят мекард. Ӯ аз дидани афроди нек ба завқ меояд ва маҳз некиро ғуссабари фарзанди башар меҳисобад:

Бисёр некӣ дидаам,

Умре зи одамҳои нек. Қурбонашон гардад кам аст, Гар беки ҷонҳо – Ҷонибек.

Бигзор некӣ дар ҷаҳон, Муҳри ҳама фармон шавад. Он гоҳ фарзанди башар, Орӣ зи ҳар армон шавад.

Сурудаҳои шоири ширинсухан басо равону суфтаанд. Ӯ моҳирона вожаҳоро чунон бо ҳам меомезад, ки фикраш содаву аён, бо муҳтавои маъниҳои дақиқу сербор ифода меёбад. Шоир марди фозилу рӯзгордидаест, ки ҳар каломаш панд аст барои насли ҷавон, ба аҳли зиндагии равон. Ӯ ҳусни зебою ҳарфи шево, дӯстдори миҳану худогоҳи миллат, ҷавонмарду олиҳиммат ва ҷилодеҳи рӯзгорро васфу ситоиш мекунад. Шоир сахт парҳез дорад аз ҷамиъи бадиву бадкориҳо, аз ҳасуду кинаварон, аз лаину безориҳои зиндагӣ. Орзу дорад:

Аз ин замон то он замон, Аз ин макон то он макон, Ёбем то ки роҳи рост, Гӯем то ки роҳи мост.

Муҳаббати модар ва меҳри ватан дар ашъори шоир тавъам часпидаанд. Ӯ даъват дорад ба ҳифзу сариштаи хоки ниёкон, нигаҳдории лафзи поки модарон. Вайронаҳои ватан ва камхобию азиятҳои модар доиман ӯро ба риққат меоваранд. Мехоҳад замини падаронро пайваста ободу зебо бинад ва модарон хандону шукуфон ба дилҳо сурур бахшанд. Шоири худогоҳ мефармояд:

Хоки аҷдодони худро посбонӣ мардумист, То нагӯяд нокасе, худ соҳиби ин хок кист?

Зиндаву пояндатар аз одамӣ ҷуз кӯҳ нест, Кӯҳро чун одамӣ дидӣ, магар бе роҳ зист? Хокро мебӯсаму чун тоҷ бар сар мекунам, Хокро дар зери тоҷи хеш ман зар мекунам.

Ё ба модар чунин муроҷиате дорад:

Пеши поят сар ниҳодан сарфарозӣ будааст, Пораи нон бо ту хӯрдан бениёзӣ будааст. Бо ту ҳар як дам чу як умри дарозе будааст, Буд гӯё дар кафам оби бақое, модарам,

Он ту будӣ, бе туям обу адое, модарам!

Мутаассифона, аз он ки умри шоир кӯтоҳ будааст, ӯ асрори қалби худро комилан изҳор накарда, дар синни 49-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт. Бо вуҷуди ин, алоқамандони каломи ширинаш эътироф доранд, ки Ҷонибеки Қувноқ инсоне буд посдори ҳиммат, сарбаланду сабур, ёри меҳрабону ҷонфидои миллат ва ба гуфтаи худи шоир:

Ман посдори ҳиммат, бо ин нишон шиносед! Ҳиммат матои қимат, бо ин нишон шиносед! Дар рӯзи сахт ҳаргиз ман пеши сахтрӯён, Қадро намекунам қат, бо ин нишон шиносед! Ман – душмани хушомад, аммо ба ёри хушрӯ, Гӯям фақат хушомад, бо ин нишон шиносед! Ман – ҳадшинос, аммо нокас чу садди раҳ шуд, Талқони по шавад ҳад, бо ин нишон шиносед! Ман – бехсӯзи зиллат, барбоддеҳи иллат,

Як ҷонфидои миллат, бо ин нишон шиносед!

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 13-уми ноябри соли 1996

СУДАИ РӮЗГОР

Мо дар рӯзгори равон шоҳиди он ҳастем, ки одамон идда-идда барои дарёфтани илму ҳунар, мақому мансаб, хазоину ҷавоҳир... талош меварзанд. Таърихи рӯзгор собит месозад, ки бештари мансабдорону соҳибони хазоин ахиран бемақому фақир гаштаанд, аммо аҳли ҳунар зиндагие бе залилӣ, бе таҳлука ва дилписанд доштаанд. Ҳаким Фирдавсӣ мефармояд:

Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,

Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.

Туро бо ҳунар гавҳар асту хирад,

Равонат ҳаме аз ту ромиш барад.

Дар ҳақиқат, ҳунар барои инсон ҳамчун дурру гавҳар аст, ки вуҷуди ӯ, зиндагии ӯро муҷалло месозад. Осоиши одам, шодию нишоти рӯзгор – ҳама аз пайи ҳунар аст. Ҳунарманд метавонад ризқу рӯзии худро ба осонӣ пайдо кунад. Барояш ҳама дарҳои нозу неъмат ва шукуҳу нуфуз боз аст.

Дар урфият мегӯянд: «Барои мард чил ҳунар кам аст». Ин таъбири халқ табиатан аз шуғли ҳамаҷонибаи одамон падид омадааст ва ин ҷо дар хусуси одамони одии ҳунарманд сухан рондан ба кас кайфияти хуш мебахшад. Чӣ қадр фараҳбахш аст, агар мардонеро, ки панҷ ангушташон пури ҳунар бошад, ситоиш кунем, аз таҷруба ва шуғли онҳо, ки ибратангез аст, ҳарф занем.

Кӯҳистони зебоманзар ва пурсаховати Нурато ҳазорон аҳли ҳунарро дар оғӯши худ парваридааст. Андаруни ин кӯҳсор, дар деҳаҳои қадимиву гавҳарзо мардони ҳунарманд, олимону пажӯҳишгарон ва аҳли шеъру адаб ба камол расидаанд. Дар ин ҷо номи яке аз мардони ҳалиму олиҳиммат, сухандону накутинат, ба истилоҳи эҷиён, до-Хидир дар байни хосу ом шинохта аст. Ӯ мардест шарифу поксиришт ва шуҳраташ бо деҳқонию ҳунармандӣ ва кордонӣ дар тамоми Нурато танин андохта. Доираи фаъолияташ доманадор мебошад, вале ӯро бештар бо исмҳои «Хидир- деҳқон», «Хидир-усто», «Хидир-паҳлавон» ба забон мегиранд.

Писари Худойназарбобои кишоварз Хидирака низ пеш аз ҳама деҳқони асил аст. Ӯ ба замин сидқан меҳр баста, чун як деҳқону боғбони чирадаст ифтихори ҳамдиёрони худ мебошад. Асрори кори деҳқониро на ҳама балад ҳастанд. Барои пешбарии ин шуғли пурзаҳмат таҷрубаи бой, муносибати оқилона ба замин ва таҳаммули беандоза лозим аст. Худи Хидирака дар ин хусус чунин андеша меронад: «Аввалан ба деҳқонӣ меҳр бастан лозим. Агар кас ба пешаи интихобкардааш меҳр дода, аз сидқи дил кор кунад, албатта, ба мақсади худ мерасад. Яке аз талабҳои аввали кор бо замин, доиман нарм нигаҳ доштани он аст. «Мулло бошӣ такрор кун, деҳқон бошӣ шудгор кун» гуфтаанд мардуми мо. Аз нақлҳои падарам дар хотир дорам, ки боре он кас бо як рафиқи худ дар Миёнкол тамокузамини марди дороеро каланд мекунанд. Баъд аз нарм кардан соҳиби замин омада, барои имтиҳон кулӯхеро ба рӯйи хок мепартояд. Кулӯх ба зери хок намеравад. Ӯ амр медиҳад, ки дубора каланд зананд. Пас аз такроран нарм кардан кулӯхи озмоишӣ ба зери хок фурӯ меравад ва соҳиби замин қаноатмандона мегӯяд: «Акнун шуд». Бубин, ки то ҳамин андоза нарм кардани замин зарур аст».

Аз таҷрубаи деҳқонии Хидирака хурду калон меомӯзад. Ӯ меафзояд: «Меҳнат накунӣ, роҳат намебинӣ. Дар заминҳои хароб бештар кор кардан лозим. Хоки ин гуна заминҳоро иваз намудан, бо пору ғизо додан ба мақсад мувофиқ аст. Дар тирамоҳ аз нав шудгор карда яхоб мондан ба серҳосил шудани замин меорад, хок серғизо шуда, кирму ҳашароти зараррасон аз байн меравад».

Фикру андешаҳои Хидирака дар мавриди деҳқонӣ соф аз таҷрубаҳои худаш аст. Ӯ парвариши ниҳолу гиёҳонро ба тарбияи одам монанд мекунад:

«Агар одам оби бисёр хӯрад, ланҷ мешавад, равғани бисёр дилашро беҳузур мекунад. Ба мисли ин, оби зиёдатӣ зироату растаниро зард мекунад ва поруи аз ҳад зиёд ҳам заминро месӯзонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки бардорад зам кун, набардорад кам кун. Алалхусус, дар истифодаи пору бояд эҳтиёт шуд. поруи гову гӯсфанд афзал аст. Поруи аспу хар бошад, зарпечаки заминро пур мекунад. Зарпечак ҳам як балои азим аст. Агар сари вақт тоза накунӣ, пур шудан мегирад...»

Хидирака дар парвариши токи ангур таҷрубаи беқиёс дорад. Ба таъбири ӯ, «ангур мегӯяд, ки ба ман одами бераҳм даркор. Одами «бераҳм» навдаҳои зиёдатии токро мебурад, онро тунук мекунад. Дар натиҷа, ангур бақувват шуда, ба беморӣ дучор намегардад, меваи калон-калон ва болаззат медиҳад. Ба ангур соя ҳам даркор несту ҳамсоя ҳам. Ҳавои тоза ва шамолравӣ мехоҳад».

Дар ибтидо ба Хидирака падараш ва Хӯҷадеҳқон устодӣ кардаанд. Ин ду марди кордон, ки тамоми умр бо замин сарукор доштаанд, Хидири ҷавонро чусту чолок ва ҳушманд дарёфта, тамоми нозукиҳои деҳқонӣ ва боғдориро омӯзондаанд.

Хидирака ба ғайр аз боғи назди дарича, чанд қитъазамину киштзори дигарро низ поя гузошта обод кардааст. Имрӯз ҳар касе аз деҳаи ҳамешасабзи Эҷ дидан мекунад, нахуст таваҷҷуҳашро боғи зебою дилкаше бо манзараи аҷоиб ва дарахтони мухталифу муназзам ҷалб месозад. Ин боғро Хидирака бо ангезаи сарвари Ширкати маъданшиносии Қизилқум Сергей Аксионов, ки он ширкат дар поёноби деҳаи Эҷ шуъбаи заршӯйии худро дошт, бунёд кардааст.

Боре раиси собиқ Иттиҳодияи умумииттифоқии маъданшиносӣ Бандаренко ба меҳмонӣ меояд. Қабл аз ҳама ӯ фирефтаи боғи дилкушои Хидирака мегардад. Меҳмони олиқадр дар базми дӯстона дасти марди корро гирифта, бо изҳори хушнудӣ мегӯяд: «Дастони шумо тилост, бародари азиз, шумо замини санглохро ба гӯшаи биҳиштӣ табдил додаед!» Хидирака он замон, ба қавли худаш, «як қабат гӯшт гирифта», ҷавоб додааст: «Дастони ман тило аз он аст, ки забони шумо тилост!» Дар ҳақиқат, аз қадршиносии раҳбарони ширкати маъданшиносӣ Хидирака розӣ аст. Ӯ бо қаноат изҳор медорад, ки чунин одамони ҳалиму меҳрабон ва инсонпарварро дар ҳаёт кам дидааст.

Акнун боғи бунёдкардаи Хидирдеҳқон дар ихтиёри соҳибкори ҷавони эҷӣ Тағоймуроди Тоҷӣ аст. Ӯ ният дорад дар биноҳои бекорхобидаи ин маҳдуда корхонаи хурди сангшиканӣ ва маркази фарҳангию маишатӣ таъсис диҳад. Дар ин ҷо дарахтҳои нишондаи Хидирака ҳар сол ҳосили фаровон медиҳанд. Сокинони деҳа аз себу шафтолу, ангуру анор ва дигар меваҳояш баҳра мебаранд.

Хидири Худойназар аз меҳнат сар намебардорад. Ба калонсолии худ нигоҳ накарда, панҷ сол боз дар қисмати болоии деҳа боғи наверо обод мекунад. Ӯ дар он гузар низ замини сахту сангиро аз элак гузаронда ба боғи ҳосилхез табдил додааст. Аллакай ниҳолҳои чормағз, бодом, зардолу ва сапедорҳои он қомат афрохтаанд. Бо меҳр сухан гуфтани ин марди сахӣ дили касро ба ваҷд меоварад: «Он чиз маро хурсанд мекунад, ки аз маҳсули корам одамони бисёр баҳраманд мешаванд. Ба қадри ҳол эҳтиёҷоти одамонро бароварда, худамро сабук ҳис мекунам ва шукр мегузорам аз Парвардигори меҳрабону бахшоянда».

Воқеан, маҳсули дастранҷҳои Хидирака назаррас аст. Ҳамеша ниёзмандон барои гирифтани сабзӣ, картошка, помидор, карам, ангуру анор, тухмиҳо ва дигар неъматҳои деҳқонӣ дари ӯро мекӯбанд.

Хидирака дар овони ҷавонӣ бо касбҳои дигар, чунончи, дуредгарӣ, деворзанӣ, косибӣ машғул шудааст. То он даме, ки ба Ширкати маъданшиносии Қизилқум чун боғбон ба кор медарояд, ӯ дар колхузи «Нурато» коргари риштаи сохтмон буд. Шуғлварзӣ бо ҳамин кори сангин қариб ки ӯро аз тоб баровардааст. Пас аз бемории кӯтоҳмуддат аз корҳои сохтмонӣ даст мекашад.

Ба ҷуз ҳунармандӣ, Хидири ҷавон куштигир ва асптози моҳире буд. Ҳатто бо номҳои ифтихории «Хидир-паҳлавон», «Хидир-купкаритоз» шуҳрат касб кардааст. Дар хусуси пешаҳои дуредгарӣ, либосбофӣ, биносозӣ ва варзишкории ӯ мешавад доманадор суҳбат кард.

Хидирака аз соли 1990 бознишаста мешавад. Бо ин ҳол, аз кор худро сабукдӯш намекунад. Бо ибтикори ӯ ягона масҷиди куҳна дубора таъмир мешавад. Дарвоқеъ, Хидирака марди парҳезкор ва тақводорест. Намоз мехонад, расму русуми диниро ба ҷо меоварад.

Қаҳрамони мо тамоми умр дар байни мардум гашта, забону маънавиёти хешро бо дурдонаҳои ахлоқии мардумӣ зинат додааст. Ӯ сари ҳар сухани худ мақолеро, ибораи рехтаеро чун далел баён мекунад, фикрашро бо лаҳни равону дилангез иброз медорад. Ӯ на аз онҳоест, ки дар сухан сакта кунад, балки устодест дар санъати сухан. Ҳамин ки ба суҳбат мепардозад, навозанда ё дамандозеро ба хотир меоварад, ки ҳар як ҳарфи ӯ андар пардаи нафис шевою таъсиргар ба истимоъ мерасад.

Мо аз лаззати гуфтори Хидирака бархурдорем, аммо худи ӯ гӯё ин лаззатро ҳис намекунад. Бузургии эшон низ дар ҳамин аст, ки дигарон суханвариашро эътироф мекунанд. Ӯ аз ҳар гуна падидаи манманӣ парҳез мекунад.

Аз Хидирака мепурсам:

– Ба шумо ишорае бас аст, ки фикратонро озоду равон баён кунед, дар шарҳу тафсири пурсише аслан дарнамемонед.

– Ин таҷрубаи ҳаёт аст, додарам, – бо лабханд посух медиҳад ӯ, – мо аллакай кундаи табархӯрдаю гурги борондидаем. Замоне мо ҳам хом мегуфтему хом андеша мекардем. Ин рӯзгори ғор аст, ки моро пухта карда.

Бе муболиға, Хидири Худойназар мардест обутобёфта дар пасту баландиҳои рӯзгор, ба гуфтаи Фирдавсии бузург:

Касе, к-ӯ бувад судаи рӯзгор,

Набояд ба ҳар кораш омӯзгор.

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 20-уми ноябри соли 1996

пешина
аз 44
навбатӣ