Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
4. ИДИ САХОВАТ ВА САДОҚАТ
(Таҳти рукни «Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!»)
«Ҳар чиз бар асли худ бозгарданда аст», – фармуда дар ҳадисе паёмбари ислом Муҳаммад (дуруд бар ӯ). Имрӯзҳо, аз пайи гардиши чархи таърих, мо шоҳиди он мешавем, ки беҳтарин расму оин, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, пояҳои фурӯрафтаи маънавиёт эҳё мегарданд. Мо ба асли худ, барои чашидани лаззатҳои фаромӯшшуда бармегардем.
Дар ҷомеаи мо барои омӯзиши шарифтарин илм – илми ахлоқ саъю талош меварзанд. Дар маҷмуи илми ахлоқ эътиқоди аҳли башар ба Худои яккаву ягона ва меҳрабону бахшоянда ва паёмбарон, эҳтироми расму оини неки динӣ мавқеи босазо дорад. Қабл аз ҳама, ин эътиқоду эҳтироми баргузида, ки дар дили аҳли муслим туғён дорад, айёми Рамазон ва ҳангоми таҷлили иди Қурбон зоҳир мегардад.
Иди Қурбон ҳамчун Рамазони шариф ҳамоно аз соли аввали ҳиҷрати паёмбар аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара то имрӯз таҷлил меёбад. Ҳар сол иди Қурбон аз рӯйи тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа баргузор мешавад. Маънии калимаи «қурбон» забҳи ҷондоре, яъне дар роҳи Худо қурбонӣ кардан аст. Чунин номгузорӣ ба Иброҳим- пайғамбар марбут мебошад, ки ӯ бо амри Худо ба қурбонӣ кардани писари худ – Исмоил ваъда додааст. Ин воқеа дар Қуръони карим, «Қасас-ул-анбиё» ва дигар китобу рисолаҳои динӣ батафсил баён мешавад.
Тавре ки нақл мекунанд, дар хоб ба ҳазрати Иброҳим ҳукм мешавад, ки амали қурбониро ба ҷо оварад. Ӯ се рӯз дусадтоӣ шутур забҳ намуд. Ниҳоят амр шуд, ки барои ҷалби ризояти Худованд писараш Исмоилро қурбонӣ кунад. Чун хоби паёмбарон ба дараҷаи ваҳй буд, бомдод бархост ва бино ба пешниҳоди Соро ба шутур савор шуда, назди Ҳоҷар (зани аввалаш, ки
Исмоил аз ӯст) омад, то ягона писари нуҳсолаи худ – Исмоилро бо фармони Ҳақтаоло қурбон кунад. Бо эътиқоди бузургу эҳтироми бепоён ба Худову паёмбар, модару писар розӣ шуданд ва Исмоил ороста гардида аз пайи падар рафт. Дар ин лаҳза, гузашта аз ошкор кардани эътиқоди бузурги худ, писар бесаброна мегӯяд: «Эй падар, зуд анҷом бидеҳ он чӣ Худои таоло фармудааст. Иншоаллоҳ, маро аз ҷумлаи собирон гардонад, то мутеи ӯ бошам ва нофармонӣ накунам. Эй падар, зуд бош, ки иблиси лаин васваса мекунад ва мехоҳад, ки маро аз роҳ бибарад...»
Падару писар чун ба Мино расиданд (он ҷо имрӯз ҳоҷиён амали қурбониро адо мекунанд) аз пайи иҷрои фармони Худованд шуданд. Сабурӣ, тоқату бардошт ва эҳтироми онҳо ба Ҳақтаоло мақбул омад ва эшон аз заҳмат озод гардиданд. Ҷабраил бонг зада хабар овард, ки Худованд фидои Исмоил гӯсфанд дод, сиёҳу сафеду баланд. Баъзан гӯянд, ки гӯсфандро ҳама тан сафед буд, магар сари вай сиёҳ. Сипас Иброҳим гӯсфандро қурбонӣ карда, аз пӯсти он суфра сохт ва халқро ба он таом дод. Аз пашми он гӯсфанд Соро гилеме бофт.
Дар аҳкоми шариат омадааст, ки барои ҳар як мусалмони имкониятдошта қурбонӣ кардан амри воҷиб аст. Мумкин аст ин амри воҷиб бо забҳи як ҷонваре аз сари аъзои оила (ё ҳафт каси аҳднамуда бо аъзои оилаашон) соқит шавад. Маъмулан, аз рӯйи тавоноӣ шутур, гов ё гӯсфандеро ҳалол мекунанд.
Амали қурбонӣ кардан пас аз намози ид шуруъ шуда, то се рӯзи дигар давом мекунад. Барои қурбонӣ ҷонвареро омода месозанд, ки саломат бошад, ҳеч айбу нуқсоне дар он зоҳир нагардад, синнаш аз як сол бештар бошад. Бояд ҷонварро худи соҳиби хона ҳалол кунад ва агар ӯ қассобиро надонад, бояд касеро, ки эътимодбахш аст, даъват намояд ва ҳаққи ӯро аз қурбонӣ надиҳад. Пеш аз забҳ ба ҷонвар об медиҳанд. Сипас ба паҳлуи чап, рӯ ба сӯйи қибла хобонида, бо қироати дуои «Бисмиллоҳу валлоҳу акбар. Аллоҳумма инна ҳоза минка ва илайка фатақаббал минабдикал қоими байна ядайка» кордро дар гулу мекашанд.
Ҷонвари кушташуда ба се қисми баробар тақсим мешавад. Қисми аввал барои худи соҳибхона, қисми дуюм ба хотири ҳадя ва қисми сеюм ба хотири хайру эҳсон вогузор мешавад. Мустаҳаб аст, ки агар беҳтарин қисмро барои хайру эҳсон, қисми муътадилро барои ҳадя ва боқимондаро барои худ ҷудо кунанд. Хайру садақа аз шиорҳои таълимоти ислом аст.
Дар рӯзи ид, пас аз намози бомдод аҳли муслим дар масҷидҳо ҷамъ меоянд. Онҳо либосҳои тозаву озодаи худро ба бар мекунанд. Худро бо мушку анбар ботароват месозанд. Ҳангоми вохӯрӣ ҳамдигарро табрик мегӯянд. Сипас аз пайи имом намози идро мегузоранд.
Маносики ҳаҷ маҳз дар рӯзҳои ид анҷом мешавад ва амалан аз рӯзи ҳаштум то рӯзи давоздаҳуми моҳи зилҳиҷҷа идома меёбад. Ҳоҷиён аз чор атрофи олам дар Маккаи муқаддас, ки он ҷо Каъбатуллоҳ воқеъ аст, ҷамъ меоянд ва яке аз фарзҳои мусалмониро адо мекунанд. Бо ин роҳ эътимоди хешро ба Худою паёмбарон, ҳамбастагии худро ба одамони дунё иброз медоранд. Ба неъмати Худованд – осудагӣ, якдилию иттиҳод шукр мегузоранд.
Бо оғози мавсими ҳаҷ, иҷрои маносики он расман аз ҳаштуми зилҳиҷҷа, ки «явм-ут-тарвия» ном дорад, оғоз мешавад. Маносики ҳаҷ шомили сенздаҳ марҳила аст, чунончи: эҳром дар Макка (бо нияти ҳаҷҷи таматтуъ муҳрим шудани ҳоҷӣ), вуқуф дар Арафот, вуқуф дар Машъар-ул-ҳаром (Муздалифа), рамйи55 Ҷамраи Ақаба дар Мино, қурбонӣ, ҳалқ ё тақсир (тарошидани мӯйи сар), тавофи ҳаҷ, хондани ду ракаат намози тавофи ҳаҷ, саъй байни Сафо ва Марва, тавофи Нисо (ҳафт бор чархидан дар атрофи Каъба), намози тавофи Нисо, байтута дар Мино ва рамйи Ҷамароти сегона. Танҳо пас аз анҷоми ин аъмол, ҳоҷиён рӯзи давоздаҳуми зилҳиҷҷа пас аз зуҳр метавонанд аз Мино хориҷ бишаванд.
Аҳли муслим дар рӯзи ид барои расидан ба орзуву ҳадафҳои худ дуо мекунанд, гузаштаҳои худро ба ёд меоваранд. Дар ин айём тану ҷони худро аз нопокию ноогаҳӣ тамизу озод месозанд, бар нафс ғолиб омада, дасти саховат ва олиҳимматӣ боз мекунанд, то ҳадди имкон ҳарчи бештар тавофи Каъба ва зиёрати маконҳои муқаддасро ба ҷо меоваранд, ҳамдилию ҳамнафасӣ ва андешаҳои некро ба якдигар иброз медоранд.
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 27-уми апрели соли 1996

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё