Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя

ЗАМОНЕ, КИ ШАҲРИСТОНҲО КУШТА МЕШАВАНД

Ба шаҳристонҳои қадимаву кушташудаи тоҷик мебахшам ва ба хотири онҳое, ки чунин шаҳристонҳои абгору валангори аждодиро, дар тўли таърихи тулонӣ, аз нав эҳё бахшидан ва зинда кардан мехостанд харитаи қадим. Шаҳристони Истаравшан миёни аморати мулки Шимол (Бухоро) ва хонигарии кишвари Офтобрўя (Хўқанд) ҷой гирифтааст.

«Барои ба мулки худ ҳамроҳ кардани Истаравшан миёни хонҳои Офтобрўя ва амирони Шимол ҳашт маротиб ҷангу ҷидол ба амал биомад, хуни зиёд рехта бишуд, - шарҳ медиҳад овоз. - Истаравшан ба як нуқтае бадал биёфта, ки бо иҳота кардани он мулки Шимол зўр будани худашро нисбати Ҷануб ва кишвари Ҷануб чирадаст будани худашро нисбати Шимол нишон додан мехоста…»

Қисмати умдаи муҳофизони Истаравшан дарвешон бошанд. Ва онҳо бо таёқҳои хосаи дасташон моҳирона ва чолокона ҷангида метавонанд.

Онҳо якҷо бо мардуми Истаравшан ҳамлагаронро, дар ниҳояти ниҳоят, паси теппаҳои Талу Муғ қафо партофтаанд аз сари нав.

Рақибони каммонда рў ба ҳазимат\* овардаанд.

- Ин дафъа чунон торумор шуданд ва боқимондаро чашм чунон тарсид, ки… дигар ёро накунанд… барои ҳуҷум овардан ба Истаравшан.

- Ҳооъ! Албат! - бо нишоти пирўзона тасдиқ мекунанд ҳамагон.

Баъд масофгаҳ ва ҷангу ҷидол ғайб зада, фақат харита монда, ки дар он Истаравшан истода миёни мулки Шимол ва кишвари Офтобрўя.

Идомаи овоз:

«Ниҳоят бори аввал оромӣ буд…»

\\\*

Ин осудагиву оромиро танҳо хониши мурғони осмон ва сари шохсорон «халалдор» мекунанд. Балки ба он як фароғати пурнишоту таскинбахше изофа месозанд.

Баъд дар шаҳристони Истаравшан гирди дастурхони шукрона нишастаанд ҳамагон.

- Лаҳазоти душвори рўзгор, ки гоҳе лашкари амири манғити Шимол ва гоҳ лашкари хони Офтобрўя ба Истаравшан ҳуҷум меоварда, шумо, дарвешон, ҳампаҳлўи мо будед, дар ҳимояи диёри мо истодагарӣ мекардед, ҳол он, ки як қисмати шумо ба мулки Шимол ҳам дахл доред, бархе ба кишвари Офтобрўя. Хусусан дарвешони мулки Офтобрўя барои ҳимояи мо талош зоҳир карданд, на вобаста ба золим будани хонашон, на вобаста ба хатари ҷонашон, ки таҳсини гурез зиёди зиёде бар унҳо! - яке аз ду пири диёри Истаравшан чунин изҳор дошта...

Баъди тантанаҳои афзун дар ниҳоят дарвешон аз гирди дастурхони шукрона хестаанд.

Ду пири Истаравшан даст ба дуо баркушодаанд:

- Дарвешон, яъне дифогарон ва наҷотбахшони мо, ки акнун азми рафтан доранд, сафарашон бехатар бод! Омин Аллоҳу акбар!

Ҳамагӣ даст ба рў кашидаанд.

Дарвешон хайрухуш мекунанд, ки рафтагор шуда.

Фақат ду нафар аз унҳо дар ҷойи собиқашон монда.

- Мо ба ин диёр ва мардуми он чунон дил бастаем, чунон одат кардаем, ки… Яъне дигар нахоҳем биравем аз ин манзил.

Ҳарчанд дарвешон як ҷо қарор нагиранд, вале боқимондаи умри хешро гузаронданӣ мо дар ин ҷо… Яъне дарвешон ҳам дер ё зуд аз саф мебароянд аз боиси пир шудан! - механданд ба ҳоли худашон ин ду нафар…

Дарвешони дигар ба ҳар самти дунё, хоса сўи кишвари Шимол ва ҷониби мулки Офтобрўя роҳ гирифтаанд.

Мардум, ки ба гусел баромадаанд, билохир аз канори шаҳристони сабзгуна бармегарданд ба дохилаш, ки ҳамроҳашон ду дарвеши ин ҷоро маскан интихобкарда низ бибошанд.

*

Дарвешони дигар торафт дур мераванд аз Истаравшан ва яроқи худро, ки таёқашон бошад ҳамчу асое низ истифода мебаранд, яъне ҳангоми тай задани пайроҳи кўҳӣ ва манзилҳои душвор ба унҳо такя доранд, аз ҷариву обкандаи азим бо василаи унҳо, хез зада, мегузаранд.

Ҳамин тавр роҳи худро идома мебахшанд дастаи дарвешон.

\\\*

Рафтани дастаҳои дарвешонро дар пайроҳи кўҳдоман ва дашту даман ва торафт дур гаштани унҳоро аз Истаравшан ба мушоҳида гирифтааст нафаре. Балки мушоҳида мекунад пинҳонӣ аз паси шохсори арча. Чашмони бозигару пурмакри вай аз гузаштану дур рафтани дарвешон нур гирифта, дар башараи чингизнамош хушҳолии муғамбирона ҳувайдо мегардад.

Боз кадом касҳои пушти вай ва паси шохаҳо аз дур рафтани дастаи дарвешон хушҳол гардида, чашмонашон ҷилои пурмакр пайдо карда.

Киҳо бошанд ва чаро дар камарбанд ханҷару шоф доранд ва дар дасти яке табарзин, ҳол он ки силоҳи худро гузоштаанд кайҳо ҳамагон.

- Қисми асосии ҳимоятгарони Истаравшан мераванд ъа,ишора мекунад чингизбашара ба дарвешони дуршуда.

- Ба умеде мераванд, ки мо хаставу дилгазон шудему барнамегардем дигар сўи Истаравшан,

- гўянда каме ба андеша рафтааст.

- Вале магар фурҷа нарасидааст, ки омода бисозем лашкари худро барои ҳуҷуми навбатӣ ба ун ҷо? Охир чунин рўзро интизорӣ доштем чӣ қадар сол.

Ин ҳамаро зикр карда зарринкулоҳ, ки зери пояш оҳу ва кабку харгушҳои сайдшуда ва ба хун оғуштае хобида.

- Мардуми Истаравшан гумон карда, хони Офтобрўя ва амири Шимол аз ҳашт ҷанги бебарор барои гирифтани мулки унҳо бемадор гашта ва аз ин боис солҳои наздик ба ҳуҷум омада наметавонанд дигар… Яъне рўҳан аз ҳолати дифогарӣ баромадаанд. Ва маҳз ҳамин ҳуҷуми моро бобарор карда метавонад… Ҳа, амири Шимол мумкин беҳол шуда, аммо ин ба хони Офтобрўя…

- ба худаш ишора месозад, - дахл надорад.

Мо ин дафъа ғофилгир карда тавонем Истаравшанро?...

- баъди андешае мефизояд:

- Фақат чанд муддат тайёрии пешакиву ҳаматарафа лозим аст… Вале ба мулкамон баргашта, омодагӣ бигирем, дарвешони ба ун самт рафтаву ба мулки мо ҳам дахлдор, огаҳӣ дарёфта бармегарданд…

Ва эълон медорад:

- Пас омодагии мо сурат мегирад пинҳонӣ ва дар ҳамин ҷо, дар миёни ин кўҳистон. Гўё шумо ва мо ба шикор овораю… вале, дар асл… Балки дар асл, омодагӣ мегирем ба ҷанги дигар бо Истаравшан. Дуруст гуфтам ъа?

Дар паси харсангу теғаҳо «шикоргарон»-и зиёд, яқинтараш нукарони хон ба назар мерасанд.

\\\*

Дарвешон дар пайроҳи кўҳдоман роҳи худро идома медиҳанд ҳамоно, зеро аз қарори навини хони Офтобрў ва таҳдиди навхеста ба сари Истаравшан огаҳӣ наёфтаанд, зеро ба гумонашон, ин дафъа, ба дунё оромиву осудагии дарозое расидааст…

\\\*

Хони кишвари Офтобрўя миёни кўҳпора омодагии пинҳонро ба ҷанги навбатӣ бо Истаравшан шурўъ кардааст.

Шамшери худро бо қайроқсанги ин ҷо тез мекунад.

Дами алмос барин тезшудаи шамшери хон сари гулбуттаҳои кўҳиро шартӣ бурида мегузарад.

- Мардуми Истаравшанро ҳамин тур сар аз тан ҷудо кардан месазад! - мефаҳмонад ба ҳамроҳонаш вай.

- Балки силоҳро бурротар бояд кард!

- Ҳоо! - тасдиқ мекунад соҳиби табарзин, ки дами табари азими худро қайроқ мезанад ҳамоно.

\\\*

Истаравшан бехабари ин таҳдиди навбатӣ монда.

Балки тирамоҳи заррини диёр чашмро нур ва дилро қувват ато мекунад.

Миёни баргҳое, ки ранги тиллоӣ мегиранд, меваҳо, алхоса самари биҳӣ поратилло барин метобанд.

Писараке миёни падару модараш дар кадом боғистони Истаравшан мева мечинаду ба манзари нотакрори фасли поиз менигарад бо ҳавасу шавқи бачагона.

Дар ҳавлибоғи дигар ҷавондухте зери шохаҳои ниҳол, рўи шолча нишаста, паҳлўяш чанд китоб ба назар мерасад.

Баъзе саҳфаи китоб кушода. Девоне, ки духтарак мутолиа кардааст, баъдан банди дил пахш намуда, ба андешаҳо меравад, гўё қироаткардаи худро ҳамл намудан мехоҳад; баробари ин нигоҳаш рафтааст ҷониби боғоти биҳиштосо, марғзори доманпаҳно, аз ун ҷойҳо илҳом дармеёбад. Ва ниҳоят пичиррос мезанад:

Ҷило аз боғҳои рўи дунё

Биҳишти бешумори Истаравшан.

Бубин аз кўҳ то девори Ҷайҳун

Аҷоиб марғзори Истаравшан...

Пичирроси духтарак амсоли шув-шуви барги дарахтон пурасрор ва пурсеҳр ба самъ мерасад.

Пасон духтарак бозёфти маъниро рўи авроқ сабт месозад:

…Аҷоиб марғзори Истаравшан...

Дар ин гузари Вогати Истаравшан, аслан, боғот ва боғхонаи шаҳриён ҷой дорад ва ҷавоне аз шохаи дарахт биҳӣ мечинад ва ҳар гоҳ аз болои шохсор чашм меандозад паси девори миёни ду боғҳавлӣ. Аз духтари ғазалхону шеърнависи ҳавлии ҳамсоя завқ мебардорад.

Ғубори хотирамро мезудояд,

Ҳавои беғубори Истаравшан…

Агар берун равам аз домани он, Маро гирад хумори Истаравшан, - пичирроси духтари ба илҳом печида бошад, ки ба гўши ҷавон мерасад.

Мардум, ки меваҳоро мечинанд, ба каҷова андохта, ба маркабу асп бор намуда, мебаранд ҷониби шаҳристони паҳно, ки дар поён, миёни теппаҳои Муғ ва Тал доман кашида ва ин ҳамаро, ун ҷо, дар амборхонаҳои хурду калон захира месозанд барои ғизои минбаъдаи зиндагӣ.

Дар суфачае, ки дар боғхона ҳамчу нишастгоҳ сохта шудааст, чор нафар нишастаанд, чашм меандозанд ба ин ҳама манозир. Яқинтараш дар суфача ду мўйсафеди истаравшанӣ бошанд ва ду дарвеши ин ҷоро маскани ҳамешагӣ интихоб кардае.

- Шукр, ки баъди чандин сол, мардуми ин ҷо, бори аввал, ҳосили бо ранҷу азоб парвардаи худро, бо дили орому осуда ҷамъ оварда метавонанд…- ифода мекунанд унҳо ва нигоҳи чашмони нургирифтаи худро аз нав мебаранд ба атрофу акнофе…

Ҳамсоябача аз сари шохае биҳии тиллоранг барканда, ҷониби духтарак, ки дар ҳавлибоғи худашон, миёни китобу авроқ ба хаёли ширин ғўтидааст, мепартояд. Биҳӣ рўи пўстак, миёни китобу авроқи духтарак меғалтад. Духтарак аз ин кебиш хўрда, ба атроф назар мебарад: аҷиб, ки ҳамсоябачаро намебинад. Зеро ҷавон танашро поён кашида тавониста, яъне паси девор шудааст. Вале азбаски дар боғи ҳамсоя шохаҳои болодасти ниҳоли биҳӣ мавзун-мавзун меҷумбад, духтарак дар тани он овезон будани касеро эҳсос месозад, алхоса, ки чоруқи каси танашро пушти девор овезонкарда намоён монда.

Табассум гирди лабони духтарак мешукуфад, хаёлолуд мисраҳои дигар ба лаб меоварад.

Ҳамсоябача, ки Аржанг ном дорад, бо василаи пойҳои ба шохи дарахти боғ печида, танашро боло кашида, сарашро аз сари девор намоён мекунад. Пичирроси духтаракро пай бурдаву шунида, такрор месозад, балки ба оҳанг барандохтан мехоҳад. Зеро дар он, на танҳо эҳсоси дили духтар, балки эҳсоси қалби худро нуҳуфта дарёфта:

Ҳамеарзад, ки созам ҳадя имрўз,

Дили худро ба ёри Истаравшан…

Ҳамин тур бадеҳахонӣ доранд ду ҳамсоя, ду шахси моили якдигар, яке дар сари шохи дарахти биҳӣ, дигар дар рўи пўстак, миёни кутубу авроқ.

Ошиқони Истаравшан миёни боғистонҳои зиёд аз мевачинӣ лаҳзае истода, ба тараннуми аз дур оянда гўш фаро медиҳанд:

Ҳамеарзад, ки созам ҳадя имрўз,

Дили худро ба ёри Истаравшан…

Ошиқони Истаравшан лаҳзае ба ҳамдигар менигаранд ва яке аз унҳо, балки ҷавоне рўи меваҳои пухтаву барчида дасташро болои дасти духтаре мегузорад. Балки оҳиста чунин мекунад, балки ишқи унҳо низ шояд пухтаву расида шуда ба амсоли меваҳои пухтаи ин диёр.

Балки Истаравшан ба шаҳри ошиқон, шаҳри сурудаву тарона бадал ёфта.

Тараннуми дилнавози зиндагибахш ба гўши мўйсафедон ва дарвешон низ мерасад, ки дар кўчабоғ, рўи суфа нишаста.

Дар қиёфаи пиронаи унҳо табассум дамида, ожанги рухсори онҳоро ҳамвор кардан мехоҳад.

- Шукр, ки баъди чандин сол, бачаҳои диёр, бори аввал суруда метавонанд, - изҳор мекунад яке аз унҳо, ки гўш ба тарона додааст.

- Қазову қадар шояд дигар ҷангу ҷидоли навбатиро наоварад ба сари ин диёр, накушад мою дигаронро…- ҷониби қабристон, ки дар бари теппа намоён бошад, менигарад: - Дар ун қабристон ҳам ҷой намонда, ҳатто барои мои пиршуда…

Аз боғоти сермева қабристонро девори пасти похса ҷудо мекунад, ки ун ҷо гўрпушта яке бари дигар, яке паси дигар ба назар мерасад.

- Ҳа-а…- мад мекашад мўйсафеди дувум, ки ҳамчунин ун ҷониб нигаҳ бурда. - Солҳо зистани мо лозим, то мурдаҳо кўҳна бишаванду устухони унҳоро дар хонаи лаҳад яктарафа кунанд, то барои гўрондани ҷисми мо ҷо пайдо шавад дар қабристонҳои пуршуда.

Ҳамнишинон тарзе табассум мекунанд, ки гўё доири марги худ неву доири чизи завқхези дигар ҳарф зада бошанд.

- Айни зистан аст, на вақти мурдан! - афзуда буда яке аз дарвешон.

Дар қиёфаи мўйсафедон ва ду дарвеш умеду орзуи вобастаи оянда амиқтар нақш бастааст…

\\\*

Дастаи дарвешон, ки аз Истаравшан дури дур рафта, роҳи худро идома мебахшанд ҳамоно. Хосатан ду даста, ки мераванд ҷониби мулки Шимол ва ба диёри Офтобрўя.

\\\*

Дар Истаравшан зиндагӣ ба ҷараёни дилнишини худаш равона бошад ҳанўз.

Ин ҷо шаҳри ошиқон ва макони сурудаву тарона шудааст.

Шоира ҳамоно иншо мекунад ва соҳиби ҳамсоябоғ –

Аржанг, ҳар гоҳ, аз мевачинӣ истода ҷониби вай назар меандозад, табассумаш фарохтар мегардад.

Ду ёри дигар, ки дар гўшаи дигари боғистони паҳно бошанд ва чанде муқаддам рўи меваҳои сабад даст болои даст монда, ҳамчунин ба якдигар менигаранд бо муҳаббати хоса.

\\\*

Аз Истаравшан дури дуре Мулки Шимол\* намоён шудааст ба чашми як дастаи дарвешони ба ин сў равона.

- Мо муддатҳои зиёд набудем ин ҷо, дар ин диёри худамон…

- баъди андешае мефизояд: - Вале бояд фаромўш накунем: амири мулки Шимол, - ба шаҳри намоёншудаи паҳлў ишора мекунад, - ба ягон маскани ҳамдилони мо гар ҳуҷум биоварад, баргашта равем, бояд, ун ҷониб ва бигирем бояд тарафи ҷабрдидаро. Зеро тариқати дарвешӣ дастгирӣ ва дифоъ бошад уфтодагонро!... Чунонки Истаравшани пуштисаршударо дифоъ карда будем то ин дам…

аз 34
навбатӣ