ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
Баъд аз он ки ўву рафиқонашро ба мошини боркаш савор мекунанд, пас аз тай кардани 1,5-2 километр роҳ, мошин меистаду ду силоҳбадаст аз кабина ба назди онҳо, ба болои мошин мегузаранд. Қобилҷон мефаҳмад, ки онҳо ба доми фиреб афтодаанд. Баъд аз он ки боз чанд километри дигар роҳ паси сар мешавад, яке аз ҳамроҳони Қобилҷон, ки Аҳмад ном доштааст, аз силоҳбадастон мепурсад, ки мошини вайроншуда дар куҷост? Яке аз онҳо хандида ҷавоб дод, ки хеле наздик шуданд, ҳамин ҳоло мерасанд. Қобилҷон аз лаҳни гуфтори силоҳдор афғон будани ўро пай мебарад.
Ҳамин тавр, агарчӣ роҳ ноҳамвор буд, мошини мо босуръат ҳаракат мекард,— мегуфт Қобилҷон.— Ҳаво аллакай торик мешуд. Аҳмад боз дар куҷо будани мошини вайронаро пурсид, вале ин дафъа ба саволи вай ҷавоб надоданд. Акнун ҳама бачаҳо дарк карданд, ки дар ҳеҷ куҷое ҳеҷ гуна мошини вайроншудае нест.
Инҳо ҳам одамони шубҳаноканд, боз, яроқ доранд. Аз ин кор бўи бад меояд. Ҳама ба ҳар тараф назар дўхта, роҳи халосӣ мекофтанд, вале силоҳбадастон як лаҳза ҳам аз онҳо чашм намеканданд. Шаб шуд. Мошин аз роҳҳои, кўталу нишеб беист ҳаракат карда, таллу теппаҳоро пушти сар мемонд. Баъди чанде онҳо аз дарае гузашта, ба тарафи рост тоб хўрданд. Мошин зўр зада ба баландӣ мебаромад. Боз гардише пушти сар шуду онҳо ба даруни ҷангал даромаданд. Суръати мошин боз ҳам пасттар шуд. Қобилҷон, ки ҳамин лаҳзаро интизор буд, бо як хез задан худашро ба поён партофт. Садои тир баланд шуд ва мошин ҳам дар ҷояш истод. Вай сўйи ҷангал давид, аммо куҷо рафтанашро надониста, фақат ба сўйи пеш медавид, ки ногаҳон дар буттазори пурхоре дармонд. Ҳарчанд зўр зад, худро раҳо карда натавонист. Аз кабинаи мошин ду нафар, аз болои он яке аз силоҳдорон поин шуда, аз паси Қобилҷон давиданд. Қобилҷон илоҷе карда, нав пойҳояшро аз буттаи хордор халос карда буд, ки онҳо ба вай наздик шуданд. Яке аз силоҳбадастон чароғаки дастияшро даргиронда, атрофро рўшан кард.
Қобилҷон аз равшанӣ истифода бурда, боз ба давидан даромад. Таъқибкунандагон ўро дида, аз қафояш тохтанд. Вай худро ба тарафи чап, ба оғўши торикӣ зад. Садои автомат баланд шуд ва тирҳо аз болои сараш виззосзанон гузаштан гирифтанд. Ногаҳон ҳис кард, ки пои чапаш беқувват мешавад. Худашро пушти як дарахти калон гирифт. Дигар қуввати ҳаракат кардан надошт, пояш месўхт. Афғонҳо торафт наздиктар мешуданд. Ягон ҷойи паноҳ бурдан набуд.
Оне, ки дар дасташ чароғак дошт, аз миён ва ду нафар ҳамроҳонаш аз ду паҳлуи ў пеш меомаданду бо лаҳни қабеҳ таҳдиду ҳақорат мекарданд, то Қобилҷон баромада, таслим шавад. Қобилҷон дар рўшании чароғ чанд қадам онсўтар буттаеро дид ва тамоми қувваашро ҷамъ карда, бо як ҷаҳидан худашро бе зери он гирифт.
Чароғбадаст ба пеши он дарахте расид, ки навакак Қобилҷон дар пушти он буд. Нури чароғашро сўи паногоҳи Қобилҷон равона кард аммо, хайрият, ки ўро надиду аз бараш гузашта рафт. Ду нафари дигар ҳам аз қафои ў гузаштанд ва баъд аз паймудани боз 15-20 қадами дигар ноумед шуда, ба қафо баргаштанд. Он касе, ки аз кабинаи мошин фаромада буду аз афташ калони силоҳбадастон буд, рафиқонашро барои дар ғафлат монданашон дашном медод. Инак, чароғбадаст аз назди Қобилҷон гузашт, 10-15 қадам рафту ногаҳон ба замин нишаста, чизеро мушоҳидакорона дар рўшании чароғ муоина кардан гирифт ва ҳамроҳонашро ба наздаш хонда:
—Ин падарсаг дур нарафтааст. Ана, бинед, ин хуни тоза аз бадани палиди ў рафтааст. Ҳама ҷоро тафаҳҳус кунед,— гуфт ва худаш сўи бутта омадан гирифт.
Қобилҷон, қариб нафас набароварда, дароз кашида буд.
—Изи хун ҳамин ҷо тамом шудааст!— гуфта чароғдор дар болои сари Қобилҷон қарор гирифт.
Нури чароғаш ба умқи торикиҳои бутта гузашту вай сайдашро бараъло дид ва бо қаҳр:
—Ҳо падарсаги бадбахт, ана ту дар куҷоӣ!— гуфта, ба пушти Қобилҷон як лагади обдор фуровард.
Ду каси дигар низ давида омада Қобилҷонро аз таги бутта кашида бароварданд. Акнун онҳо якҷоя шуда ўро лагадкорӣ мекарданд. Аз зўрии дард Қобилҷон бо тамоми овоз дод мезад. Силоҳбадастон ҷойи тирхўрдаи пояшро аз назар гузаронда, “Ҳеҷ бало нашудаст, намемирад” гуфта, ўро кашолакунон оварда дасту пояшро бастанд ва чун турбаи коҳ бардошта ба болои мошин партофтанд.
Дасту пойи дигаронро ҳам бастанду мошин роҳашро идома дод. Дигар Қобилҷон чизеро намедид, ҳамин қадараш маълум буд, ки ҳоло ҳам ба кўҳи баланде баромада истодааанд. Пас аз ним соати дигар мошин истод ва аз болояш ҳарду посбон ба поён фаромаданд. Аз афташ ҷойи серодам буд, ки ғалоғула ба гўш мерасид.
Ҳар яке аз онҳоро аз ду китфашон гирифта, кашолакунон бурда, ба хонаи торике дароварданд ва дари хонаро қулф зада рафтанд. Қобилҷонро сўзиши пои тирхўрдааш азоб медод. Ҳаво хунук буд, то рўз бачаҳо қариб шох шуда монданд.
Саҳарии барвақт дари “зиндон” кушода шуду ду кас омада, Қобилҷонро аз ду китфаш бардошта берун бароварданд ва аз миёни хонаҳои пастак-пастаку хаймаҳо гузаронда, ба охири қароргоҳ бурданд. Он ҷо нуқтаи тиббӣ будааст. Духтур, ки як марди тахминан 30-35-сола буд, захми Қобилҷонро аз назар гузаронда, гуфт:
—Тир хеле чуқур рафтааст, вале ба устухон нарасидааст, ягон рагеро ҳам набуридаст.
Баъд аз он ки тирро берун карда, захмро малҳам монда бастанд, сўзиши пояш камтар шуд. Он ду нафар ўро аз ду китфаш бардошта, ба ҳуҷраи калоне бурданд.
Рафиқонашро ҳам аллакай оварда, рўи курсиҳои чўбини ҳуҷра шинонида буданд. Силоҳбадастон Қобилҷонро ҳам дар яке аз курсиҳо шинонда, худашон баромада рафтанд. Ду тирезаи калони ҳуҷра панҷараҳои оҳанин доштанд.
Пас аз лаҳзае дарро кушода, ду марди тахминан 25-30-сола даромаданд ва пушти мизе, ки дар як тарафи хона меистод, гузашта нишастанд. Яке аз онҳо қоидаҳои қароргоҳро ба бандиён фаҳмонд. Аз суханони онҳо, ки мушовирон будаанд, маълум шуд, ки бачаҳоро барои гузаштан аз тайёрии ҷангӣ ба ин ҷо овардаанд. Дар қароргоҳ ҳамеша 400-500 нафар ҷавонон машқ мекардаанду баъди ҳар як 8-10 моҳ онҳоро ба ҷангиёни зиддиҳукуматӣ ҳамроҳ мекарданд.
Яке аз ду нафари воридшуда қоидаҳои тартиботи дохилиро ба онҳо гуфта дод ва таъкид намуд, ки мабодо беақлӣ карда, рафтори Қобилҷонро такрор накунанд, вагарна бепурсупос ҳадафи як тир қарор хоҳанд гирифт.
—Ман фикр мекунам, ки ин ҷавон аз рўи нофаҳмӣ ба чунин кор даст задааст,— гуфта мушовир ба Қобилҷон ишора кард.
Баъд аз баромадани мушовирон боз ду нафари дигар даромада, бачаҳоро ба берун бароварданд.
Қобилҷон ба китфи Аҳмад такя карда роҳ мегашт.
Онҳоро ба ошхона бурда чою нон доданд ва баъдан ба сарбозхона бурда, ба ҳар яке либоси низомӣ пўшониданд. Дар ҳуҷраи дигар марди тануманде, ки риши ғафси сиёҳ дошт, ба онҳо дарси аввалро гузашт.
—Аз ҳамин лаҳза сар карда, шумо муҷоҳидони исломӣ ҳастед. Вазифаи муқаддаси шумо бар зидди душманони ислом ҷангидан аст,— мегуфт ў.
Ў худашонро гумоштагони давлати ба ном исломӣ муаррифӣ кард. Ҳадафашон бунёд намудани хилофати ягонаи исломӣ дар тамоми олам будааст. Хилофат мебоист, пеш аз ҳама, дар кишварҳое барқарор гардад, ки аҳолии онҳо мусулмон аст. Тоҷикистон низ ба рўйхати онҳо дохил буд.
—Шумо, ки сарбозони исломед, тиратон ҳеҷ вақт хато намехўрад. Пас аз мурдан дар роҳи ислом шаҳид мешавед ва дар он дунё вориди биҳишт хоҳед шуд!— хитоб кард дар охири мавъизаи худ он сабақдиҳанда ва аз рўи қоидаҳои худашон навомадагонро маҷбур кард, то китоби Қуръонро ба даст гирифта, барои содиқ мондан ба давлати исломӣ қасам ёд кунанд.
Сипас Қобилҷонро аз сабаби маҷруҳияш дар як хонае, ки барои шахсони аз боварӣ баромада истифода мешудааст, ҷой карданду дигар шариконашро ба машқгоҳ бурданд. Он ҷо боз ду каси дигар ҳам будааст.
Ўро то шифо ёфтани захми пояш, як ҳафта дар он ҷо нигоҳ доштанд.
Он нафаре, ки омада Қобилҷонро аз ҳуҷра баровард, ким-чӣ хел шинос менамуд, аниқтараш, овози ў кадом як шахси ошноро ба ёдаш меовард. Ў ҳам, аз афташ, Қобилҷонро шинохт, ки ба ду афсари ҳамроҳаш муроҷиат карда:
—Инро ман бо худам мебарам,— гуфт.
Он ҷавон Қобилҷонро аз миёни хаймаву хонаҳо гузаронида, ба хонае бурд, ки он ду ҳуҷра дошт.
Маълум шуд, ки вай Мирзоҷон ном доштаасту корҳои ҳуҷҷатгузорию муҳосибиро анҷом медодааст.
—Ман пай бурдам, ки ту саводнок ҳастӣ, забони русиро низ медонистаӣ, барои ҳамин, ман бо роҳбарон маслиҳат карда, гуфтам, то пурра сиҳат шуданат туро ёрдамчӣ мегирам,— гуфт Мирзоҷон.
Ў аз рўзи аввали бо воситаи гузаргоҳи Панҷ гузаштанашон ҳамроҳи 25 нафари дигар ба дасти ҳамин гурўҳ афтода будааст ва баъди 3-4 моҳи тайёрӣ шариконашро ба минтақаҳое, ки дар он ҷойҳо муҳорибаҳо мерафт, равон кардаанд, вале ўро, ки соҳибсавод будааст, дар ҳамин ҷо манъ карданд. Акнун зиёда аз якуним сол мешавад, ки ў дар ҳамин қароргоҳ рўз ба сар мебарад. Қариб тамоми ҳисобу китоби қароргоҳ ба ихтиёри ў гузошта шуда буд.
Ҳамин тавр, Қобилҷон давоми ду ҳафта ёрдамчии Мирзоҷон шуд ва дар ин муддат аз ў бисёр чизҳоро оид ба қароргоҳ фаҳмида гирифт. Қароргоҳро асосан давлатҳои хориҷӣ ва якчанд ширкатҳои давлатҳои Ғарб дастгирӣ ва маблағгузорӣ мекардаанд.
Намояндагони сарпарастон ҳар се моҳ як маротиба ба қароргоҳ омада, ҳолати омодабошии ҷанговарони ояндаро месанҷидаанд ва мувофиқи дархостҳои қумондонҳои саҳроӣ муҷоҳидонро ба минтақаҳои мухталиф интиқол медодаанд. Мирзоҷон гуфт, ки дар баробари Афғонистон, муҷоҳидонро ба Покистон низ мефиристанд. Дар қароргоҳ дувоздаҳ омўзгори хориҷӣ муҷоҳидони ояндаро машқу тамрин медодаанд. Онҳо аввал аз ҷиҳати маънавӣ ва баъдан аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб меёфтаанд. Дар вақти машқу омўзиш талқин карда мешуд, ки муҷоҳид барои расидан ба ҳадафи олӣ бояд ҷонашро дареғ надорад. Дар қатори дигар машқҳои ҷисмонӣ, ҷавононро тирпаронӣ, гранатапартоӣ, минахобонӣ омўхта, дар амалия месанҷидаанд. То пурра омода шудани муҷоҳидон тахминан чор моҳ пешбинӣ мешудааст. Шахсонеро, ки танбалӣ мекунанд ва ё гуноҳ мекарданд ба тарзҳои мухталиф, аз ҷумла бо корҳои вазнини ҷисмонӣ муҷозот мефармуданд. Барои хиёнат ва гурехтан ҳукми қатл пешбинӣ гардида буд.
Аз тарафи шарқу шимоли қароргоҳ кўҳҳои осмонбўси касногузар қад кашида буданду аз тарафи ҷануб кўҳи на он қадар баланд, вале ҷангалзор ин мавзеъро дастнорас намудаанд. Роҳ ба қароргоҳ фақат аз тарафи ғарб буд, ки он ҳам аз дараи чуқури борик мегузашт. Аз қароргоҳ то роҳи калон 40-45 километр масофа буд ва касе гумон ҳам карда наметавонист, ки дар ин баландии дастнорас чунин як бошишгоҳе мавҷуд бошад. Мошинҳои рафтуокунандаро дар дидбонгоҳе, ки дуртар аз бошишгоҳ буд, сахт назорат мекарданд. Аз ин ҷо гурехтан ҳеҷ имкон надошт.
Мирзоҷон нақл кард, ки чанд нафар ҷавонони навомада ба тартиботи аз ҳад сахти тамриндиҳандаҳо ва муҷозоти бераҳмона тоб наоварда, чор маротиба кўшиши гурехтан карда бошанд ҳам, касе аз онҳо муваффақ нашудааст. Ҳамаи он бечораҳо аз тарафи роҳбарияти қароргоҳ ҳукми қатл гирифта, нобуд карда шудаанд.
Қароргоҳ, ки дар ҳамвории тахминан 30 гектар доман паҳн карда буд, шабона бо воситаи генераторҳои калон равшан карда мешуд. Қобилҷонро баъди тамоман сиҳат ёфтанаш ба гурўҳи нави сарбозон, ки дар ин муддат ҷамъ карда буданд, ҳамроҳ намуданд. Гурўҳи онҳо, ки аз 25 кас иборат буд, аз пагоҳии барвақт то торик шудан ба машқи бадан машғул буданд. Онҳоро асосан як афсари афғон, ки ниҳоят бераҳм буд, машқ медод. Дар давоми ду ҳафтаи аввал аллакай панҷ сарбоз аз саф бароварда, ба корҳои дигар вобаста карда шуданд. Афсари афғон, ки Иброҳим ном дошт, гўё ба Қобилҷон хусумате дошта бошад, ҳамавақт ўро ҷазо медод ва машқҳои иловагӣ мефармуд. Қобилҷон нисбат ба ҳама ҳамгурўҳҳояш қадбаланду паҳлавонҷуссатар буд ва аз он ҷиҳат ки дар донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ як сол хонда буд, ба осонӣ аз уҳдаи супоришҳои иловагӣ мебаромад ва ин ба Иброҳими ҷоҳил хуш намеомад. Аммо Қобилҷон на танҳо ҷисман, балки рўҳан низ неруманд буд. Иброҳим бо ҳама он ҷазодиҳӣ ва супоришҳои иловагияш натавонист рўҳи ўро бишканад.
Инак, чор моҳи тайёрӣ ҳам паси сар мешуд. Рўзе Қобилҷон пас аз дарси равоншиносӣ ба ҳавлии қароргоҳ баромада дид, ки Мирзоҷон ўро мунтазир шуда, дар гўшае нишастааст. Онҳо баъди саломалайк бо хоҳиши Мирзоҷон ба утоқи кории ў даромаданд.
Мирзоҷон гуфт, ки баъд аз як ҳафта гурўҳи онҳоро ба сарҳади Афғонистону Покистон мефиристанд. Он минтақа ҷои нооромтарин ва хатарноктарин ба ҳисоб меравад ва ба он ҷо рафтани Қобилҷон маънои ба сўйи марг рафтанро дорад. Ў бо тадбирандешиҳои дўсти наваш аз ин сафари марговар халос шуд.
Мирзоҷон баъд аз як ҳафтаи “беморӣ”-и Қобилҷон аз роҳбарияти қароргоҳ хоҳиш кард, ки вай ба корҳои ҳисобу китоб ёрӣ расонад. Сафарбар намудани гурўҳи дигаре, ки Қобилҷонро ба он шомил карданд, бо кадом сабабе ба таъхир андохта шуд. Акнун бояд баъди ду моҳ онҳоро ба ихтиёри муҷоҳидон мефиристоданд. Дар қароргоҳ асосан ҷавонони афғон машқ мекарданд. Аз дигар миллатҳо ягон-ягон узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва русҳо ҳам буданд. Аз Тоҷикистон асосан аз ҷумлаи гурезаҳо буданд, ки шумораашон дар ҳамаи қароргоҳ 25-30 касро ташкил медод.
Акнун Қобилҷону Мирзоҷон ба ҳамдигар дўстони наздик шуда буданд, соатҳои дароз аз гузаштаи худашон ба ҳамдигар қиссаҳо мекарданд. Қисмати пурмоҷарои оилаи Қобилҷонино Мирзоҷонро бисёр мутаассир карда буд. Худи ў бошад, дар як идораи масъули ноҳияи ҳамсояашон роҳбар будааст.
—Охир, ман акои Абдусамирро мешиносам, мо дар бисёр маҷлисҳо ва чорабиниҳои вилоятӣ ҳамдигарро медидем, бо ҳам суҳбат мекардем. Ўро ҳамчун роҳбари пешқадам бисёрҳо мешиносанд,— гуфт ў, вақте ки писари Абдусамир будани Қобилҷонро фаҳмид.
Қиссаи ба ин ҷо афтодани Мирзоҷон ҳам аҷиб буд. Ў чанд дафъа хешовандону ҳамсояҳояшонро аз дарё гузаронида ба Афғонистон гусел карда, худаш хеле баъдтар, пас аз он ки вазъият тамоман тоқатфарсо мешавад, азми гузаштан мекунад ва аз дарёи Панҷ гузаштан замон ба дасти муҳоҷидон меафтаду ўро ба ҳамин қароргоҳ меоранд. Вай ҳам мисли Қобилҷон намедонад, ки ҳоло аҳволи се писару ду духтар ва модару ҳамсараш чӣ шудаааст? Дар ҳаққи онҳо обу адо шудааст.
Мирзоҷон, ки ҳар вақт бо роҳбарияти қароргоҳ ҳамсуҳбат мешуд, аз баргаштани гурезаҳои тоҷикистонӣ бохабар буд. Оё аҳли оилаи ў ҳам ба ватан баргашта бошанд? Агар онҳо ўро наёбанд, чун ворисони Қобилҷон гумон мекунанд, ки беному нишон шудааст. Эҳ, модари муштипараш, ҳамсараш, фарзандаконаш дар ғами вай месўзанд. Ҳамин андешаҳо, боз, тинҷ шудани Ватани азизаш Мирзоҷонро таҳрик дод, то фикри аз он ҷаҳаннам гурехтанро кунад. Нақшаи фирорро ҳам кашида буд, аммо онро ба касе, ҳатто ба Қобилҷон ҳам намегуфт, зеро ба камтарин “гуноҳ” бо баҳои ҷон ҷавоб додан лозим меомад. Вале ў ин нақшаи кашидаашро ҳаргиз ба танҳоӣ наметавонист амалӣ намояд. Бинобар ҳамин, пас аз он ки ба Қобилҷон пурра эътимод пайдо намуд, ба хулосае омад, ки ўро ҳамроҳ мегирад. Мирзоҷон нағз мефаҳмид, ки роҳи аз Амударё ба Қалъаи Хум гузаштан имконнопазир аст, чунки дар ин ҷойҳо дарё васеъ буда, он қитъаҳоро марзбонҳои Русия посбонӣ мекарданд. Харитаи ҷуғрофии Афғонистону Тоҷикистонро ёфта, тарҳи ин мавзеъҳо ва хатти сарҳадро ба хубӣ омўхт. Сарҳадбонҳои рус метавонистанд онҳоро ба афғонҳо монанд карда, бепурсупос парронанд. Фақат як роҳ буд, ки гузаштан аз он ниҳоят мушкил бошад ҳам, ба зинда мондан умед бастан мумкин буд. Аввал то кўҳҳои Дарвоз расида, баъд сарҳадро убур карда ба Тоҷикистон даромадан лозим меомад. Он тарафашро як илоҷ мекунанд.
Мирзоҷон ҳар сари чанд вақт нақшаашро аз нав дида мебаромад. Агарчӣ роҳи пешгирифтаи ў хеле дарозу душворгузар буд, маҳз ҳамин хатсайрро маъқул донист. Баъди андешаи бисёр ў ба чунин хулоса омад, ки онҳо дукаса бо Қобилҷон ин сафари пурхатару дуру дарозро таҳаммул карда наметавонанд, барои аз минтақаҳои пурхатар гузаштан камаш панҷ шаш кас зарур буд.
Ниҳоят, баъд аз он ки нақшаи фирор пухта шуд, як рўз Мирзоҷон дар бораи он ба Қобилҷон нақл кард.
Қобилҷон чунон хурсанд шуд, ки аз ҷояш ҷасту дўсташро ба оғўш гирифта, ба вай изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳарду суҳбат карда, қарор доданд, ки аз бачаҳои тоҷикистонӣ 3-4 касро шарик интихоб намоянд. Ин корро Мирзоҷон ба Қобилҷон вобаста кард ва таъкид намуд, ки ҳушёр бошад, то ба даст наафтанд. Баъди тахминан ду ҳафта чор нафари дигар ҳам пайдо шуд.
Мирзоҷон аллакай тамоми лавозимоти сафарро омода карда, барои ҳар кадомашон як ҷуфт либоси афғонӣ пайдо намуда буд. Ба онҳо аққалан як тапонча ҳам лозим буд. Ин корро низ Мирзоҷон баъди чандин кўшишҳо ҳал кард. Якчанд корд, чароғҳои дастӣ, гўгирд, банди дароз, белчаи кутоҳдаста, шамъ, намак, нони хушк, консерва, қанд ва ҳатто як хаймаи сабук низ муҳайё буд. Акнун шарикон пайт ҷуста, рўзи мувофиқро интизор буданд. Нақшаи фирор бояд то фасли сармо анҷом дода шавад, зеро тирамоҳу зимистон ин кор номумкин буд. Ба болои ин, он чор нафар эҳтимол дар вақтҳои наздик ба ҷабҳаи ҷанг равона карда мешуданд.
Аз ҳудуди қароргоҳ берун шудан қисмати асосӣ ва мушкилтарини нақшаи онҳо буд. Гап дар сари он ки мошинҳои калони боркаш танҳо шабона ба роҳ мебаромаданд. Ана аз ҳамин вазъият, ки бисёриҳо дар фароғату банди намозхониянд, бояд хеле моҳирона ва эҳтиёткорона истифода бурд. Мирзоҷон аллакай медонист, ки ба кадоме аз мошинҳо бояд савор шаванд. Аммо, қасд кардагӣ барин, мошини интихобнамудааш ҳеҷ не, ки озими сафар шавад. Чор нафар шарикони онҳоро бошад, пас аз чор рўзи дигар ба ҷиҳод равона мекунанд. Боз ду рўзи дигар аз байн гузашт, Мирзоҷон парешонхотир менишаст, ки роҳбари қароргоҳ ўро ба назди худаш хонд ва супориш дод, ки фавран ҳуҷҷатҳои мошинаш ва се афсарро тайёр кунад. Онҳо ин бегоҳ, баъд аз фаромадани торикӣ ба роҳ мебароянд.
—Итоат, соҳиб!— гуфта Мирзоҷон ба берун баромад.
Вай аз хурсандӣ парвоз мекард. Охир, ин ҳамон мошини тагичашмкардааш ва он се сарбоз ҳам одамони даркорӣ буданд, ки онҳоро дар посгоҳ касе ҳуқуқи манъ кардан надошт. Ў, пеш аз он ки ба утоқи корияш рафта, фармони роҳбарро иҷро кунад, аввал Қобилҷонро ёфта, супориш дод, ки пас аз намози шом пушти утоқи кории ў паноҳ бурда, супориши минбаъдаро интизор шаванд, ниҳоят эҳтиёткор бошанд, то нақшаи кашидаашон фош нашавад.
То вақти сафар ду соат монда буд. Ниҳоят, дар сурати омади кор онҳо аз ин дўзах халос хоҳанд шуд.
Инак, ба мошин сўзишворӣ рехтанду ронанда чун ҳарвақта онро оварда дар назди утоқи кории Мирзоҷон монд ва худаш барои хўрдани хўроки шом ҷониби ошхона рафт. Ҳаво ҳам тамоман торик шуд.
Гурўҳ, ки интизори ишораи Мирзоҷон буд, ба амалиёт шурўъ кард. Қобилҷон ва боз яке аз шариконашон дар майдон истода, аторофро назора мекарданд. Онҳо бору бандашонро ба болои мошин партофтанд. Нахуст Мирзоҷон ва сипас, бо риояи фосилаи 2-3 дақиқа дигарон ҳам як-як ба болои мошин баромаданд. Мувофиқи маслиҳат Қобилҷон бояд боз 5-7 дақиқаи дигар мунтазир шуда, баъд савор мешуд. Ў акнун сўйи мошин равона мешуд, ки се сарбоз пайдо шуда, ўро ба хўрокхўрӣ даъват карданд. Қобилҷон гуфт, ки онҳо рафтан гиранд, ў шариконашро интизор аст, ҳатман ба онҳо расида мегиранд. Сарбозон гузашта рафатанд. Қобилҷон, чун ба атроф назар карда, боварӣ ҳосил намуд, ки ўро касе намебинад, зуд ба болои мошин баромад. Шаш нафар дар болои мошини боркаш бе ягон садо дароз кашида, интизори омадани ронанда шуданд.
Ронанда тақрибан пас аз ним соат расида омад.
Мошин ба роҳ баромада, пас аз тай намудани 400-қадам истод. Се афсар ба кабина савор шуданд ва роҳ идома ёфт. Акнун ки нуқтаи якум пушти сар шуд,
Мирзоҷону ҳамроҳонаш оҳи сабук кашиданд.
Мошин чанги роҳро ба осмон бардоштаву бар сари гурезаҳо бод дода, ба дидбонгоҳ наздик мешуд.
Мирзоҷон бо ишора ба шариконаш фаҳмонд, то мурдавор хомўшу бесадо бошанд. Мошин истод.
Лаҳзаи даҳшатноктарин фаро расид. Яке аз афсарон дари мошинро кушода, ба пурсишҳои посбон посух медод. Суҳбати онҳо қариб панҷ дақиқа идома ёфт ва ин панҷ дақиқа барои дар болои мошинбудаҳо ба ҳадди панҷ рўз давом кард. Онҳо аз ғояти хомўшӣ ҳатто тапиши дили худашонро мешуниданд. Ниҳоят, суҳбати афсарону посбон хотима ёфт ва сардори дидбонгоҳ аз ронанда варақаи иҷозатномаро гирифта, бо овози баланд:
—Шикоратон бобарор бошад, соҳиб!,— гуфту рафта дарвозаро кушод.
Мошин бо суръати паст ба ҳаракат даромада, аз ҳудуди дидбонгоҳ гузашт. Гурезаҳо дасти ҳамдигарро фушурда, бесадо хурсандӣ карданд. Пас аз 30-40 дақиқа Мирзоҷон ишора кард, ки ҳама борхалтаҳояшонро дар пушт баста ба фаромадан тайёр шаванд. Мошин ба чап тоб хўрда, ба баландӣ баромадан гирифт, суръати ҳаракати он торафт паст мешуд.
Бо ишораи Мирзоҷон аввалин шуда Қобилҷон, сипас дигарон ва аз ҳама охир худи Мирзоҷон ба зинапоя часпида, аз мошин фаромаданд. Баъд аз он ки ҳамдигарро пайдо карданд, Мирзоҷон гуфт, ки ҳама чолокона, беовоз аз пайи вай ҳаракат намоянд. Яке аз шарикон, ки Самад ном дошт, гуфт, ки дасташ сахт сўхта истодааст. Маълум шуд, ки ў ҳангоми аз мошин ҷаҳидан мувозинаташро гум карда, якпаҳлў афтидааст ва бинобар ҳамин, дасташ лат хўрдааст. Мирзоҷон гуфт, ки каме тоқат кунад, то аз роҳи мошингард дуртар раванд.
Роҳ нишеб ва ниҳоят душворгузар буд, ба болои ин, дар торикӣ ҳатто пеши поро ҳам дида намешуд. Онҳо аз дасти ҳамдигар дошта, бо сад азоб қариб дусад қадам аз роҳи мошингузар дуртар рафтанд. Акнун чашмҳо ҳам кам-кам ба торикӣ одат мекарданд.
—Акаи Мирзоҷон биё, ман пеш гузарам, ман дар торикӣ ҳама чизро мисли рўз мебинам,— гуфт яке аз ҳамроҳон, ки номаш Аббос буд.
—Аҷиб, ту чӣ гуна дар торикӣ мисли рўз медидаӣ,— ҳайрон шуд Мирзоҷон.
—Ҳамин хел. Пеши духтури чашм рафта будам, ў ҳам мисли ту ҳайрон шуду гуфт, ки гоҳо аз миёни 500-600 ҳазор одам монанди ту як нафаре пайдо шуданаш мумкин аст. Ин як беморӣ аст, аммо ҳеҷ зараре надорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё