ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
—Э, ҳе, ин хел бошад, ману ту хеш баромадем-ку?— гуфт бо шўхӣ акои Комроншоҳ ва аз миёни донишҷўён расмеро нишон дода, илова кард:— Ана инаш бачаи ман Аскаршоҳ.
Вақти чойхўрӣ худи Аскаршоҳ, ки каме дуртар аз хонаи падараш зиндагӣ мекардааст, расида омад ва бо додари ҳамкурсашу ҳамроҳони ў гарму ҷўшон салом ва пурсупос кард. Чун Қобилҷон саргузашти талхи гуреза шудани аҳли оилаашон, ҳодисаи пурдаҳшати ба
Афғонистон гузаштанашон ва дар дарёи хунхор ғарқ шудани акааш Олимҷонро қисса кард, аз чашмони Аскаршоҳу падари ў ашк ҷорӣ шуд. Аскаршоҳ аз ҷояш хеста, Қобилҷонро оғўш гирифт ва аз самими дил гуфт:
—Мо бо Олимҷон бародари ҷонӣ будем, ман ба тўяш ҳам рафта будам. Акнун, ҳоло ки вай нест, ман ба ҷояш туро додари қиёматӣ мехонам.
Бегоҳи он рўз Аскаршоҳ бачаҳоро ба хонаи худаш даъват намуда, меҳмондорӣ кард. Вай корманди як идораи давлатӣ будааст. Дар давоми ду рўз ҳама ҳуҷҷатҳои онҳоро тайёр кард, то ин ки онҳо бемамониат ба манзилҳояшон рафта расанд.
Субҳи рўзи дигар акои Комроншоҳ ва писараш ба бачаҳо тўшаву талқон гирифта, оварда ба мошини боркаше саворашон карданд, бо онҳо хайрухуш намуданд ва нимшўхию нимҷиддӣ ба ронанда гуфтанд, ки меҳмонҳои онҳоро эҳтиёт кунад. Ғайр аз онҳо дар болои мошин боз чор мусофири дигар низ нишаста буданд.
Мошинро дар чандин дидбонгоҳ манъ карда бошанд ҳам, дар ҳеҷ куҷо болои онро тафтиш накарданд. Вақте ба Роғун расиданд, чор нафар ҳамсафаронашон аз мошин фаромаданд. Қарибиҳои бегоҳ ба Душанбе расида, аз мошин фаромаданд ва пеш аз он ки ҳар кас ба роҳи худаш равад, ба як чойхонаи сари роҳ даромада, чой нўшиданд, хўрок хўрданд ва ҳама ба Мирзоҷон изҳори миннатдорӣ карданд, ки маҳз ба туфайли дурандешии вай аз чандин хавфу хатар гузашта, сиҳат саломат ба Ватан расиданд.
—Акаи Мирзоҷон, агар ту намебудӣ, Худо медонад, ки имрўз мо дар кадом мамлакати бегонае ба ғуломӣ фурўхта мешудем ё дар майдони ҷанг несту нобуд шуда мерафтем. Раҳмат ба падару модарат,— гуфт Ҳикмат Мирзоҷонро ба оғўш кашида.
Ҳама аҳд карданд, ки ҳатман аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар шуда меистанд. Мирзоҷону Қобилҷон ба назди бозори “Зелёный» омаданд. Онҳо аз гаштугузори озодонаи одамон, аз ободии бозор, ки аз пештара ҳеҷ фарқе надошт, аз фаровонии молу маҳсулот ба ваҷд омада, дилашон аз шодию фараҳ лабрез гашт. Ба мошине савор шуда, сўйи шаҳраки Гипрозем раҳсипор гаштанд.
Дар кўчаҳои шаҳр одам камтар бошад ҳам, маълум буд, ки зиндагӣ ба маҷрои муқаррарӣ бармегардад, аз нав ҷодаҳо ободу зебо мешаванд.
Дар шаҳраки Гипрозем амаки Мирзоҷон мезистааст. Вай аз дидани ҷиянаш ниҳоят хурсанд шуд.
Гуфт, ки ҳама аҳли оилаи онҳо сиҳату саломат аз Афғонистон баргаштанд, аммо ду хешашон, ки дар ноҳияи Панҷ мезистанд, бе ному нишон шудаанд.
Қобилҷон пурсуков карда фаҳмид, ки аҳли оилаи онҳо ҳам ба хона баргаштаанд, вале як рўз пеш аз омадан падараш дар он ҷо вафот кардааст. Шунидани марги падар Қобилҷонро хеле ғамгину дилшикаста намуд.
Рўзи дигар ўву Мирзоҷон ба мошине савор шуда, ба зодгоҳи ў рафтанд. Аз дидани Мирзоҷон модараш, занаш ва ҳаттто писари калонияш аз ҳуш рафтанд.
Охир, онҳо аз зинда будани ў кайҳо умедашонро канда будаанд, аммо муъҷизаро бинед, ки Худованди маннон ин лаҳза барояшон чӣ атое инъом намуд.
Қобилҷон соате ба хурсандии аҳли оилаи онҳо шарик шуду сипас боз ба мошин савор шуда, пас аз торик шудани рўз ба хонаашон расид.
Қиссаи пурмоҷарои Қобилҷон ҳам ба итмом расиду хурўси саҳарӣ пайғоми субҳи нав, зиндагии нав дод.
Ҳама аҳли оила ҳушу гўш шуда, то саҳар хоб нарафта, нақлҳои аҷоибу ғароиби Қобилҷонро шуниданд.
Манзура маслиҳат дод, ки аз баргаштани Қобилҷон нахуст Усмоналиро бохабар кунанд, то ў аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ чӣ гуна рафтор карданро ба онҳо фаҳмонад. Пагоҳӣ худи ў бо ҳамин мақсад ба идораи хоҷагӣ рафт ва якҷоя бо акои Усмоналӣ баргашта омад.
Падарошнояш Қобилҷонро ба зудӣ аз оғўшаш раҳо накард, аз баногўшу пешонияш бўсид, “нишонаи дўстам” гуфта ашк рехт. Сари як пиёла чой ў низ мухтасари саргузашти Қобилҷонро шунида, гуфт, ки тайёр шавад, баъди нисфирўзӣ ба идораи комитети бехатарии ноҳия мераванд.
Вақте ки ба утоқи кории сардори шуъбаи амнияти ноҳия даромаданд, он ҷо аллакай онҳоро интизор будаанд. Қобилҷон, ҳамон тавре ки ба модарашу аҳли хонаводаашон нақл карда буд, тамоми саргузашти ғарибӣ, чӣ тавр аз сарҳад гузаштанашонро ба сардори шуъбаи амният нақл карда дод. Он кас, баъд аз он ки ба чанд саволи иловагияш посух гирифт, ба мақоми болоияшон занг зада, чанд дақиқа гуфтугў кард ва пас аз гўшаки телефонро мондан ба Усмоналию Қобилҷон муроҷиат кард:
—Хуб, ана, тамом. Мо кори худамонро анҷом додем. Акнун қаҳрамони мо метавонад осуда, бо хотири ҷамъ, бо дасту дили гарм зиндагӣ карда, пайи ободии Ватан ҳаракат намояд.
Сардори шуъба баёноти Қобилҷонро гирифт ва сипас онҳоро то дари идорааш гусел кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё