Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мошин ба роҳ даромаду Мазура боз хоби шабона дидаашро ба хотир овард. Аслан, он хоби даҳшатнок дар давоми рўз ягон лаҳзае ҳам ўро тарк накарда буд.

Худоё, чӣ таъбире дошта бошад он? Саволҳои беҷавоб дилашро мағшуш мекарданд. Барои чӣ дар давоми як ҳафта се маротиба Олимҷон ба хобаш даромад? Барои чӣ ў аз Манзура мадад талабид? Барои чӣ ғамгину мушавваш буд? Шояд тақдири ягона ному нишонаш

Нозия ўро ба ташвиш андохта бошад? Воқеан, рафтори Нозия ба модараш маъқул набуд, моҳҳои охир бошад, вай тамоман аз ҳад мегузаронд.

Манзура боре аз модараш шунида буд, ки дар хоб дидани дарёи пурталотум хубӣ намеорад. Ба болои ин, агар ягон шахси аздунёгузаштае туро ҷеғ занад, оқибаташ бо ягон фоҷеа меанҷомад. Ин ҳама андешаву эҳсосоти нохуш аҳволи ўро лаҳза ба лаҳза нигаронкунандатар мекарданд. Ҳамсоязане, ки ҳамроҳи ў дар мошин мерафт, ранги рўи паридаи

Манзураро дида, пурсид:

—Апаи Манзура, барои чӣ ранги рўятон канда аст?

Аҳволатон хуб аст?

—Ҳеҷ гап не, хоҳарҷон, тинҷӣ. Дина шаб кор бисёр шуд, аз хоб мондам, имрўз ҳам дар ҷои кор ташвиш зиёд буд. Ба хона рафта каме дам гирам, ҳамааш мегузарад,— гуфта Манзура ба ин муколамаи кутоҳ нуқта гузошт ва нигоҳашро сўйи берун гардонд.

Чашми росташ ба паридан даромад. “Инаш боз чӣ гап бошад?”

— аз дил гузаронд Манзура ва ба ёдаш расид, ки як-ду рўз пеш аз марги шавҳари меҳрубонаш чашми росташ ҳамин хел дурудароз парида буд. Дилаш таҳ кашид, вуҷудашро таҳлукаву изтироб фаро гирифт.

“Агар мардро чашми чапаш, занро чашми росташ парад, хосияти хуб надорад”— мегуфт ҳамеша худораҳматии хушдоманаш холаи Зиёда ва таъкид мекард, ки барои дафъи оқибати он садақае додан лозим аст. Дили ошуфтаи Манзура аз пайомади шуме гувоҳӣ медод.

—Апаи Манзура, расидем,— гуфтани ронанда риштаи хаёлоташро канд.

Манзура аз мошин поин шуду ҳис кард, ки пойҳояш чун субҳгоҳӣ мадори роҳ рафтан надоранд.

Чанде таваққуф кард. Дилаш ҳам “нарав” мегуфт.

Кадом як гўшаи дилаш эҳсос мекард, ки дар хонааш ўро нохушие, шумхабаре интизор аст. Аммо инҷо истодан чӣ маънӣ дорад? Баракси хоҳиши дилаш, хастаҳолона, оҳиста-оҳиста сўи манзилаш равон шуд.

Ба назди дарвозаи ҳавлӣ расида, аз ҷайбаш калидро баровард. Аммо қуфли дарвоза кушода буд.

Ҳайрон шуд. Охир ў вақти баромадан онро қуфл зада буд-ку? Шавҳараш Холиқ омада бошад? Не, ў занг зада гуфта буд, ки ин бегоҳ ҳам дар маркази вилоят мемонад. Шояд духтараш Нозия боз бо шавҳараш ҷанҷол кардаву қаҳр карда омада бошад? Ба ҳавлӣ даромад. Дари долон ҳам нимво буд. Ба даҳлез даромадан замон садои ханда ба гўшаш расид. Аз ҳуҷраи дарун шўхиву хандаи як марду як зан ба гўш мерасид.

Таҳти таъсири тааҷҷубу ҳаяҷон ҳуҷраи хобро кушоду дар рахти хобаш Холиқи урёнро дид, ки зане монанди худаш лўб-лўчро бўсаборон мекард. Пеши чашмонашро торикӣ фаро гирифт. Мисле ки ба сараш як кўза оби хунук рехта бошанд, монанди ҳайкал дар ҷояш шах шуда монд. Барқвор ба ақиб гашта, ба даҳлез баромад. Ихтиёр аз дасташ рафта ва ақлу ҳуш аз сараш парида буд, тамоми баданаш дарақ-дарақ меларзид. Тамоми қувваташро ҷамъ карда ба ҳуҷраи дигар гузашт ва саросема ҷевонро кушода, ҳама чизи даруни он бударо тагурў кард. Қуттичае дарёфт намуду онро бо дастони ларзонаш кушода, якчанд ҳабро гирифта ба даҳон партофт ва мисли модашере, ки фарзандашро дар пеши чашмонаш пора-пора карда бошанд, наъра зад: Не! Не! Не! Сараш калавид. Акнун на танҳо пойҳояш, балки тамоми баданаш карахт шуда буд. Мисли нобиное даст-даст карда, худро ба девори даҳлез расонду пас аз чанд сонияи дигар чун кундаи ниҳоли решакангашта ба замин чаппа шуд. Охирин садое, ки ба гўшаш даромад, гурсос зада ба замин афтодани худаш буд.

Манзура беҳушу беёд рўи фарш мехобид.

Сардухтури беморхона, ки ўро муоина мекард, сар меҷунбонду ноумедона зери лаб чизе мегуфт. Чанд нафар табибони дигар низ он ҷо ҳозир буданд. Онҳо ҳам байни худ пичиросзанон аз бемор чашм намеканданд.

—Барои чӣ ин қадар дер хабар кардед?— пурсид сардухтур аз зани ҳаяҷонзадае, ки дар болои сари

Манзура истода буду аз тарсу воҳима меларзид.

—Ман ҳамсояаш ҳастам. Вақте омада ўро дар ҳамин ҳолат дидам, дарҳол ба шумо занг задам. Ба ғайр аз вай дар хона касе набуд,— ҷавоб дод он зан ва баъд аз таваққуфи кутоҳе илова кард,— тахминан соатҳои сею ним дидам, ки апаи Манзура ба ҳавлияш даромад. Корҳоямро анҷом дода, гуфтам, ки ба назди ў раваму камтар чақ-чақ кунем. Охир, қариб як ҳафта шуд, ки мо ҳамдигарро аз наздик надида будем.

Омадаму талхакаф шудам.

—Ҳоло аз аз вақти рух додани ҳодиса аллакай се соат гузаштааст. Агар дарҳол хабар меёфтем, метавонистем наҷоташ диҳем. Заҳр ба ҳама аъзои баданаш таъсир кардааст. Акнун наҷот додани ў, қариб ки ғайриимкон шудааст, аммо чӣ хеле мегўянд

“ноумедӣ кори шайтон аст”,— гуфта сардухтур ба зердастонаш супориш дод, ки беморро фавран бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона баранд. Худаш бошад, телефон карда, ба дигар ҳамкасбонаш, якчанд супоришҳо дод.

Вақте Манзураро ба мошини ёрии таъҷилӣ савор мекарданд, як мошини сиёҳшиша омада, дар назди ҳавлӣ истод. Аз он сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ва се милисаи дигар фаромаданд. Сардухтур, баъд аз он ки сурати ҳолро ба сардори милисаҳо фаҳмонд, гуфт, ки бояд беморро дер накарда ба беморхона баранд ва то ҷое, ки аз дасташон ояд, барои наҷоти ў талош варзанд.

—Бале, бале, шитоб кунед,— гуфт сардори шуъбаи корҳои дохилӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ босуръат сўи беморхона равон шуд.

Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, духтурон, бо вуҷуди гузаронидани чандин амалиёт, Манзураро ба ҳуш оварда наметавонистанд. Ў ҳамоно беҳиссу ҳаракат мехобид. Фақат паст-паст нафас кашиданаш аз зинда буданаш гувоҳӣ медод.

Аллакай хешу табор, ёру дўстони Манзура саҳни беморхонаро пур карда буданд. Ҳатто нисфи шаб модари пираш ҳам расида омад. Кампири бечора, ки аз афташ асли воқеаро аз ў пинҳон медоштанд, одамони бисёр, ҳама хешу ақраборо ин ҷо дида, худашро гум кард, лабонаш пир-пир паридан гирифтанд. Вай аз духтари калонаш Анзурат, ки аз дасташ гирифта, ўро рўи курсӣ мешинонд, бо овози ларзон пурсид:

—Чӣ гап шудаст бо Манзураҷони ман? Охир, акаат гуфт, ки вай камтар нотоб шудасту халос. Дар дилам алов ғалтид, ҳис кардам, ки ягон гап шудаст. Ба ҳолу ҷонаш намонда, гуфтам, ки маро ҳам ба пеши духтарам бар. Ку, гап зан, охир, духтарам чӣ хел аст?

—Соз аст. Хавотир нашавед, очаҷон. Камтарак тобаш гурехтаст. Худо хоҳад, шифо меёбад,— гуфт

Анзурат ва ба модараш як пиёла об дод.

Пас аз чанд дақиқа духтури навбатдор ба долон баромад ва ба ҳама муроҷиаткунон гуфт:

—Бемор каме ба ҳуш омад, вале ҳоло ба наздаш даромадан мумкин нест. Ба вай оромӣ даркор. Барои ҳамин, илтимос, ҳамаатон ба хонаҳоятон равед. Акнун, ки ба ҳуш омад, Худо хоҳад, сиҳат меёбад.

Хешону шиносҳо аз шунидани ин хушхабар каме хотирҷамъ шуданд ва як-як, ду-ду бо модари Манзура, акаву апаи ў хайрухуш карда рафтанд. Дар долони беморхона кампир ва фарзандони калонаш Ҳикмату

Анзурат танҳо монданд. Анзурат мулоим карда, асли воқеаро ба модараш гуфт.

Модари зор, ки акнун аз аҳволи духтараш огоҳ гашта буд, мушаввашхотир гашт, дигар дилбардориҳои писару духтараш ба гўшаш намедаромаданд.

Ҳамин вақт духтур боз аз ҳуҷраи Манзура берун шуд ва кампири бечора аз вай илтиҷо кард, ки:

—Духтурҷон, монед як бор духтарама бинам, ки дилу ҷигарам хун шуд.

Духтури навбатдор, дилаш сўхт магар, ки иҷозат дод, то модару Анзурат даромада беморро бубинанд, аммо аз ў чизе напурсанд, чунки ҳоло гап заданаш мумкин нест.

Модар, чун ҳоли зори духтараш, ранги зарду заҳири ўро дид, беихтиёр аз чашмонаш сели ашк сарозер шуд. Ҳамшираи шафқат аз тахтапушти бемор дошта, ўро каме бардошт ва зери сараш як болишти иловагӣ гузошт.

Дар ҳақиқат, аҳволи Манзура каме беҳтар шуда буд, акнун ў одамонро мешинохт. Нигоҳашро ба модару апааш дўхта базўр нимтабассуме кард.

—Эй духтар, о ин чӣ кори кардагиат буд? Наход ба ҷони худат раҳм накунӣ-а? Охир чӣ намерасад ба ту?

Ин қаду қомат, ин рўи чун моҳа ба қадраш расидан даркор! Хайрият, ки ҳамаш ба хубӣ гузаштааст. Агар,

Худо накарда, бо ту ягон воқеа мешуд, очаи зормондаат сарашро ба куҷо мезад?

Ҳарчанд Манзура суханони модарашро мешунид, маҷоли ҷавоб додан надошт. Хост ба тасаллои дили ў чизе бигўяд, аммо садое бароварда натавонист, фақат лабонаш каме ҷунбиданду халос.

Ҳамин вақт духтури навбатдор ба ҳуҷра даромада, норозиёна ба кампир гуфт:

—Очаҷон, охир ман илтимос кардам, ки бо бемор гап назанед. Акнун аз шумо илтимос, беморро танҳо монед.

Аз афташ Манзура нахост модарашро берун кунанд, ки ҳаракати хестан кард, чизе гуфтанӣ шуд, вале боз забонаш лол монд. Базўр дасти росташро каме боло бардошта, ба духтур ишора кард, ки кампирро берун накунанд. Духтур иҷозат дод, аммо шарт гузошт:

—Майлаш истед, вале аз вай чизе напурсед!

Манзура нигоҳашро аз модар наканда, базўр дасташро бардошту ишора кард, то пештар нишинад.

Анзурат ба модараш кумак карда, ўро болои курсии назди кати Манзура оварда шинонд. Кампир бо панҷаҳои ларзон рўи духтарашро сила мекарду мегирист. Манзура дастони модарашро бў кашид, ҳарисона бўсид ва сари худро ба қафаси синаи ў ҷафс карда, инони гиряро сар дод. Модар ҳам мегиристу бо дард “ҳайфи духтарҷони зебандаам, духтари олуфтаам, духтараки ширинам” гуфта, алами духтарашро дучанд мекард. Ин саҳнаи риққатовар қариб даҳ дақиқа давом кард. Анзурат ҳам ба гиря даромаду ҳамшираи шафқат низ.

Ниҳоят, бо исрори сеҷонибаи модар, Анзурат ва ҳамшираи шафқат Манзура аз гиря бозмонд. Нигоҳаш ба чашмони модар дўхта шуд, лабонаш ҷунбиданд, аммо садояш шунида нашуд. Аз он ки дар изҳори матлабаш оҷиз буд, дилаш буғз кард. Шояд барои рафтори ноҷояш, барои беандешагияш, барои он ки модару наздиконашро ба ташвишу изтироб андохтааст, узр пурсиданӣ буд. Шояд сирреро гуфтан мехост ё ягон гапи дигар дошт, аммо натавонист матлабашро изҳор кунад.

Ҳамшираи шафқат, чун дид, ки аз ҳаяҷону асабоният фишори бемор баланд мешавад, аз кампир хоҳиш кард, то ба берун барояд.

—Ана, апаи Анзурат ин ҷо мондан мегиранд,— гуфт ў.

Бечора кампир бо дили нохоҳам аз ҳуҷра баромад.

Манзура наметавонист аз гиря худдорӣ кунад.

Анзурат бошад, ўро дилбардорӣ мекард:

—Ҳеҷ гап не, хоҳарҷон, дар ҳаёт ҳар чӣ шуданаш мумкин, дар ёдат ҳаст мо солҳои ҷанг чӣ қадар азобу азият кашидем? Ина бин, Худоро шукр, ҳоло ҳамаамон тинҷу серу пурем, аз ҳеҷ чиз камбудӣ надорем. Зиқ нашав, инаш ҳам мегузарад.

Манзура боз лаб ҷунбонид.

—Чизе нагўй, хоҳаракам. Ором шав. Каме истироҳат кун, ин барои ту хеле зарур аст,— хоҳиш кард Анзурат.

Манзура итоаткорона табассум карду чашмонашро пўшид, вале хобаш намебурд. Дилсўзиҳои модару апааш ўро ба гузаштаи дур, ба дунёи беғами наврасӣ бурданд.

пешина
аз 22
навбатӣ