ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
Дилгармияш ба кору зиндагӣ гум шуда рафт.
Корхонааш ҳам пешқадамиро аз даст дод. Ба нею нестони роҳбарони ноҳия нигоҳ накарда, аз вазифааш истеъфо дод. Аз байн ду моҳи дигар сипарӣ шуду ҳамоно Соҳиб набуд. Писарам ба ҳама ҷойҳои лозима, ба шиносҳояш муроҷиат кард, аммо касе ба ў кумак расонида натавонист. Ба болои ҳамаи ин, то ҳоло Азаматро аз деҳа ба шаҳр наоварда буданд, ки ин дарду азоби Амруллоро дучандон мекард. Худ ба худ мегуфт: “ҳамин ки аз деҳа баргарданд, набераамро бо худам мегирам”. Рўзе писарам ба мошинаш савор шуда гуфт, ки барои овардани наберааш ба деҳа меравад, аммо вай баъди ду рўз танҳо баргашт. Чизе нагуфт, тамоман камгапу хаёлӣ шуда буд. Ҳатто боре, вақте ки рўи кати миёни ҳавлӣ пойҳояшро кашол карда нишаста буд, омада ба бараш нишастани маро пайхас ҳам накард. Баъд модарашу келин ҳам омаданд. Мо дам фурў баста, хомўш менишастем, охир, чӣ гуфтанамонро ҳам намедонистем. Ў қариб ним соат ба як нуқтаи дури номаълум нигоҳ карда хомўш монд, баъд як оҳи сард кашида, аз ҷайбаш рўймолчаашро бароварду оби аз дидагонаш ҷоришударо пок кард, бесадо гиря мекард бачаи бечораам.
—Ман беақлу бетамиз будани ўро медонистам, аммо ҳеҷ гумон намекардам, ки то ин ҳад ноодаму аблаҳ аст,— ниҳоят ба сухан даромад Амрулло.— Вай, ба болои ин қадар аъмоли бераҳмонааш, боз ягона набераамро зиндаятим кардааст.
Акнун ў мисли кўдак зор-зор мегирист. Маълум шуд, ки чун Амрулло барои дидани наберааш ба шаҳр мераваду мефаҳмад, ки то ҳол ўву модараш дар деҳаанд, ба назди қудо рафта, сабаб мепурсад. Ў ҷавоб медиҳад, ки келинаш ба шаҳр баргаштан намехоҳад.
Амрулло илтимос мекунанд, ки ягон кас роҳбалад шавад, то ў худаш рафта, набераю келинашро аз наздик бубинад. Ҳамин тавр, ўву қудояш ба деҳа мераванд. Амруллоро келин ва модари ў пешвоз мегиранд. Аз авзои келинаш пай мебарад, ки бо ў чӣ ҳодисае рўй додааст. Баъди чанде Азамат аз хонаи ҳамсоя давида меояд ва бобояшро дида, чунон шодӣ мекунад, ки ҳатто аз хурсандӣ нафасгир мешавад. Дар ин байн Азамат хело коҳида, лоғар шудааст. Вай сахт ба бобояш часпида, “Бобоҷон, ман дигар дар ин ҷо намеистам, маро баред, ба пеши бибиҷонам меравам” мегўяду дурудароз гиря мекунад ва аз тарси он ки бобояш ҳам мисли падараш ўро монда наравад, дигар як лаҳза аз бараш дур намешавад.
Азбаски рўз қариб бегоҳ шуда буд, қарор медиҳанд, ки шабро дар деҳа гузаронанд, чунки шабона рафтуомад кардан дар роҳҳои нимвайрони он ҷоҳо хатарнок буд. Шаб Азамат ба бағали бобояш даромада хоб мекунад. Пагоҳӣ, вақте ки Амрулло ба келинаш мегўяд, то барои рафтан тайёр шаванд, вай ҳиққос зада гиря мекунад ва мегўяд, ки “Тағоҷон, охир, ман дигар наметавонам ба хонаи шумоён равам. Соҳиб маро талоқ дод. Мо “дили шумо дард мекунад” гуфта, нахостем ин хабари шумро бигўем. Вай маро се талоқ дода, аз гиребонам гирифту аз хона берун кард.
Баъдтар фаҳмидам, ки хонаро фурўхта будаасту барои пул шуда, аз баҳри ману Азаматҷон баромадааст”. Гўё аз сараш як сатил оби хунукро чапа карда бошанд,
Амрулло аз шунидани ин хабари ногаҳонӣ дар ҷояш шах шуда мемонад.
Модаркалони келинамон алам карда мегўяд, ки “писаратон духтару набераи моро хуб азоб дода, пеш аз фурўхтани хона тамоми чизу чораи хона, ҳатто тиловориҳои занашро ба гарав монда, бой додааст.
Барои ҳамин, мо ба шумо иҷозат дода наметавонем, ки онҳоро гирифта баред, ғайр аз ин, шариат гуфтанӣ гап ҳаст”. “Тағоҷон ман аз шумою хушдоманам аз замин то осмон миннатдорам, лекин аз дасти Соҳиб он қадар азобҳо кашидам, ки барои тамоми умрам бас аст.
Медонам, Азамат барои шумо азиз аст, вале ў барои ман фарзанд аст ва ман бе ў зиста наметавонам” гуфта келин оби дида мерезад. Амрулло чӣ кор кардану чӣ гуфтанашро намедонад. Охир, онҳо ҳақиқатро мегуфтанд. Вай чи гуна метавонад Азаматро аз модараш ҷудо кунад?.. Аммо ҳоли худаш чӣ мешавад?... Набераашро партофта равад? Кўдаки бечора “Бобоҷон, маро ҳам баред, ман бибиҷонамро ёд кардам, охир” гуфта, дасти бобояшро сар намедиҳад.
Модараш, ҳарчанд ўро аз бобояш раҳо карданӣ мешавад, наметавонад. Амрулло оби дидаашро пинҳон карда, маҷбур мешавад, ки ба наберааш дурўғ гўяд.
Мегўяд, ки ман баъди як ҳафта омада, туро бо ҳамроҳии модарат ба пеши бибиҷонат мебарам, ҳоло бошад, ман ба дигар ҷо меравам. “Рўямро гардонда зуд рафта ба мошин савор шудам, диламро гургон тала мекарданд, тамоми роҳ гиряи Азамат дар гўшҳоям садо медод, ҳоло ҳам онро мешунаваму дилам об мешавад” мегуфт Амрулло.
Баъд аз ин писарамон бистарӣ шуда, як ҳафтаи дароз аз ҷояш хеста натавонист. Духтурҳо ҳам тавсия доданд, ки ўро ором гузорем, иҷозат надоданд, ки ба беморхона баремаш, “ҳамин ҷо табобат мекунем” гуфтанд. Аз Душанбе якчанд табибони ботаҷриба омада диданд, вале Амрулло ҳамоно беҳаракт мехобид, ҳатто забонаш аз гуфтор монд.
Манзура дарду ҳасрати мўйсафедро шунида, хуб гиря кард.
Азамату модараш хабари марги Амрулло шунида, ҳамон рўз расида меоянд. Мўйсафед бо нолаву фиғон онҳоро пешвоз гирифта мегўяд:
—Ана, Азаматҷон ҳам омад. Дидед, бобояш дурўғ нагуфта будааст, ки баъди як ҳафта вомехўрем. Ана, як ҳафта гузашту набераяки мо ҳамроҳи модараш худашон омаданд.
Кўдаки бехабар аз бераҳмии дунё, чун мебинад, ки бобояшро ба болои тобут монда, одамони зиёд бардошта мебаранд, бо овози баланд аз бибияш мепурсад:
—Бибиҷон, чаро бобоҷонамро бардошта бурданд, вай чӣ, касал шудааст?
Суханони тифли маъсум ҳатто мардони бовиқорро ҳам ба гиря кардан маҷбур мекунад.
Баъди бозгаштан Манзура якчанд муддат ба худ омада натавонист. Ҳамеша дар пеши назараш симои Амруллои паҳлавонҷусса бо ҳамон табассуми зебандааш намудор буд. Саргузашти даврони донишҷўӣ, ҳар амалу кирдори Амрулло чун лентаи кино як-як аз пеши назари Манзура мегузаштанд. Вай, дар ҳақиқат рафиқи ҷонӣ буд, барои ў ва дугонааш Муҳаббат сутуни устувор ва пушту паноҳи боэътимодеро мемонд. Афсўс, ки чунин мардони баномус дар айни камолоти умр дунёро тарк мекунанд.
Манзура, барои он ки ғаму ғуссаро фаромўш созад, шабу рўз аз паи кор буд. Ба наздикӣ мебоист лоиҳаи наверо амалӣ менамуд. Нозия, баъди соҳиби мошин шуданаш, гўё ба мақсади аслияш расида бошад, дигар дар назди модараш инҷиқӣ намекард, шартҳои нав намегузошт. Зиндагии онҳо бо шавҳараш ҳам сомон ёфта буд. Ба ҳар ҳол, Нозия дигар дар Душанбе буду модар ҳам гумон дошт, ки ҳамааш хуб аст. Баъди гузаштани се-чор моҳ хотири Манзураро гуфтаҳои ҳамкурсаш Шодмон мушавваш гардонд. Гап сари он аст, ки ў ҳамроҳи Холиқ рўзе барои ҳалли як масъалаи баҳсталаб ба идораи суди иқтисодии вилоят рафтанду ў дар он ҷо ҳамкурсашро вохўрд. Шодмон то ҳамин наздикиҳо дар Вазорати адлия масъули кадом як шуъба будаасту инак чанд вақт боз дар суди иқтисодии вилоят фаъолият доштааст. Бо мусоидати ў кори Манзура ба зудӣ анҷом ёфту ҳамкурсҳо чанд лаҳза ҳамсуҳбат шуданд. Ин вақт Холиқ ҳуҷҷатҳоро гирифта, дар берун мунтазири Манзура меистод.
—Холиқ ба ту кӣ мешавад?— пурсид Шодмон ва вақте ки ба саволаш посух гирифт, овозашро каме пасттар карда гуфт:— Ин хел бошад, ман ҳамчун дўст бояд туро огоҳ кунам. Аз вай дур шав. Ўро аз давраи дар вазорат кор карданам хуб мешиносам, як қаллоби гузарост. Ба болои қаллобияш, духтарбоз аст, барои мақсади нопокаш духтаронро ба доми фиребу найрангаш дароварда, сипас беному нишон ғайб мезанад. Ба гуфтан забони кас намегардад, ин беномус дар вақташ ба номуси духтари понздаҳсолаи амакаш таҷовуз мекунад ва баъд аз он падару модараш ўро оқ мекунанд. Аҳлу авлодаш савганд хўрдаанд, ки агар қадамашро ба деҳа монад, сангсораш мекунанд. Дар шаҳри Қўрғонтеппа ҳам номуси як духтари ҳабдаҳсоларо зери по карда, барои халос шудан аз ҷавобгарӣ, гурехта ба ноҳияи шумо меравад. Он солҳо, ки диққати ҳама масъулони соҳаи ҳуқуқ ба гурўҳҳои калони ҷиноятӣ банд буд, ин бадахлоқ ҷон ба саломат бурдааст.
Дунё дар назари Манзура чапаву роста шуд, асабҳояш таранг шуданд, вале ў худро ба даст гирифта, бо ҳамкурсаш хайрухуш намуду ба берун баромад.
Ҳоло ба ёдаш расид, ки вақти ба ин ҷо даромаданашон чун ў Холиқу Шодмонро ба ҳамдигарашон “шинос кард”, ранги рўи шавҳараш тағйир ёфт ва вай “шумо суҳбат кунед, ман дар мошин шишта мунтазир мешавам” гуфту худро дур гирифт.
Онҳо қариб тамоми роҳ бо ҳамдигар гап назаданд.
Пас аз ин воқеа муносибати Холиқ куллан дигар шуда буд. Ў бо ҳар роҳу восита мехост мавзўи суҳбати ҳамсарашро бо ҳамкурси ў фаҳмида гирад. Аммо Манзура дар ин бора умуман гап намекушод. Вай шабу рўз фикр карда, роҳи дурусти ҳалли масъаларо меҷуст.
Баъд аз сипарӣ гаштани ду-се моҳи дигар муноқишаву найрангҳои Нозия аз нав сар шуданд. Як бегоҳ Фирўз ҳамроҳи модараш ба хонаи онҳо омада, ба Манзура гуфтанд, ки Нозия ҳомиладор шудаасту бе иҷозати онҳо исқоти ҳамл кардааст.
—Охир, мо зори як нохуни кўдак ҳастему ин духтар моро масхара мекунад, магар ин аз рўи адлу инсоф аст?— мегуфт гиря карда қудо.— Фирўзҷон худаш ба беморхона рафта, бо духтур суҳбат кардааст ва духтур тасдиқ намудааст, ки тифл ягон нуқсон надошт, вале
Нозия ҳамин хел талаб кардааст.
Ин амали зишти духтараш Манзураро дар назди қудоҳо ва хешу табор шармандаву шармсор намуд. Як бегоҳӣ Нозия ба хона омаду модараш асли воқеаро аз вай пурсон шуд.
—Охир, ман кайҳо гуфта будам, ки барои кўдак шуда, ҷавониямро барбод намедиҳам. Агар ин ба домодат маъқул набошад, бигузор ҷавобамро диҳад.
Кор аз кор гузашта буд ва Манзура, ки дигар маҷоли ҳаллу фасл кардани моҷарои зиндагии фарзандашро надошт, дарун-дарун месўхт, вазъи саломатияш ҳам рўз то рўз бадтар мешуд.
Манзура дасти Муҳаббатро раҳо накарда, рўи бистари беморӣ дароз кашида буд. Ҳам Муҳаббат ва ҳам Анзурату ҳамшираи шафқат, ба гумони он ки ўро ғанаб бурдааст, хомўшона менишастанд. Аммо вай хоб набуд, балки бо чашмони пўшида ҳар лаҳзаи зиндагияшро ба монанди навори филм аз пеши назар мегузаронд. Аҷоиб, баъд аз ин дар тақдираш чӣ навишта шуда бошад?
Ў пилки ба ҳам часпидаи чашмонашро боз карда, дугонаи содиқашро болои сараш диду лабонаш моили табассуми бисмил шуданд.
—Ҳазор бор шукр, ана дидӣ, Муҳаббатҷон, дугонаат аз дидани ту шодӣ мекунад,— гуфт Анзурат хурсанд шуда.
Лабони Манзура паридан гирифтанд, аз афташ, вай чизе гуфтанӣ буд, ки Муҳаббат нагузошт:
—Манзураҷон, ҳоло ба ту гап задан мумкин не, тоқат кун, ҳамааш хуб мешавад. Вақте ки беҳтар шудӣ, ана баъди ҳамаи сирри дилатро гуфта медиҳӣ, ҳоло бошад, хомўш, фақат ҳамин ки тезтар сиҳат шав.
Манзура бо ишораи ризоият чашмонашро як бор пўшиду боз кард ва дасти Муҳаббатро сахттар дошта, табассум кард. Ин вақт духтури калон ба ҳуҷра даромада фишори хун ва кори дили Манзураро санҷид ва қаноатмандона сар ҷунбонда:
—Хеле беҳтар шудааст, вале ҳоло ҳам ба ў оромӣ зарур аст, набояд бесаранҷом шавад,— гуфту баромада рафт.
...Ҳавлии беморхона ҳанўз пур аз одам буд. Хешу табор ва ҳамкорони Манзура ҳама мехостанд, ки ақалан як бор ба дарун даромада, ўро бубинанд, аммо сардухтур касеро иҷозат намедод. Аз ҳама бештар Нозия алам дошт, гаштаву баргашта мегуфт, ки “наход ман духтараш бошаму ба ман иҷозат надиҳанд?!”.
Имрўз ҳам вай ҷавоби рад шунида, бисёр оташин гашта буд. Болои сўхта намакоб, байни худ пичир- пичир карда, “аз афташ Манзура худаш даромадани духтарашро намехоҳад” гуфтани бисёриҳоро шунида, Нозия девона мешуд.
Вақте ки сардухтур аз назди Манзура баромада, ба утоқи кории худаш даромад, Нозия дигар тоқат карда натавониста, худсарона рафту ба ҳуҷраи модараш даромад. Анзурат ҷиянашро дида, башаст аз ҷояш бархост ва ўро тела карда, ба берун бароварданӣ шуд.
Нозия ба исрорварзиҳои холааш аҳамият надода, садо баланд кард:
—Чӣ, дигарон даромадан гиранду мани духтараш ба пеши модарҷони худам надароям?!
Вай болои сари модараш хам шуда:
—Очаҷон!— гуфту хост, ки аз рухсорааш бибўсад.
Манзура бо шунидани овози духтараш бесаранҷом шуд, башаст бархеста, дар ҷояш нишаст ва як ба чашмони Нозия нигариста, бо панҷаҳояш чашмонашро пўшонд ва мисли модашер наъра кашиду
—Не! Не!— гуфта, худашро болои бистар партофта, рўяшро ҷониби девор гардонд...
Анзурат, ки пай мебурд сабабгори ба ин ҳол афтодани Манзура духтараш Нозия аст, ҳеҷ намехост, ки вай ба назди модараш даромада, боиси бадбахтии дигар шавад. Вале кори шуданӣ шуд. Нозия зада ба ҳуҷра даромаду он воқеаи нангин дар пеши назари Манзура дубора зинда шуд.
Боз қоҳ-қоҳ зада хандидани овозҳои шинос дар гўшаш садо доданд. Дар пеши назараш он ҳодисаи нангин чун оина аз нав пайдо гашт...
—ў дари ҳуҷраи хобашро боз карду дид, ки шавҳараш рўйи рахти хоб занеро бўсаборон мекунад.
Онҳо аз ғояти нафси бадфарҷоми худ кушода шудани дарро пайхас ҳам накарданд, ишқварзияшон идома ёфтан гирифт. Ногоҳ зан худашро аз бағали Холиқ раҳо карду қир-қир хандида нимхез шуд. Худоё, он зани беҳаё духтараш Нозия аст!
...Чашмонаш кушода бошанд ҳам, Манзура чизеро ҳис намекард, касеро намедид. Болои кати беморхона, ба шифт дида дўхта мехобиду беист, бо садои нимшунаво “не, не, не” мегуфт.
Анзурату Муҳаббат дигар чӣ кор карданашонро намедонистанд. Якеяшон сари беморро бардошта буду дуюмӣ кўшиш мекард, ки ба вай аз пиёла як қулт об нўшонад. Вале Манзура дигар обро ҳам фурў бурда натавонист.
Ҳамин вақт сардухтури беморхона давида ба ҳуҷра даромаду бо ҳарду дасташ қафаси синаи Манзураро зуд-зуд зер кардан гирифт, аммо, чун фаҳмид, ки дили Манзура абадан аз кор мондааст, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд.
Чашмони Манзура калон-калон кушодаву нигоҳаш ба шифти хона дўхта шуда монданд ва дар лабонаш садои “не.... не.... не....” ях баст.
Сад афсўс, ки доғи фарзанд бедаво будааст. Дарду доғи бедармон оқибат боиси марги фоҷиавии Манзураи ноком гашт...
Охирсухан
Хонандаи гиромӣ! Сабаби ба даст қалам гирифтану рўи коғаз овардани ин қиссаи ҳаётӣ, ошкор намудани хиёнати фарзанди нохалаф буд, ки боиси марги модари ҷафодида шуд. Модаре, ки чи қадар сахтиҳоро пушти сар карда, ба умеде, ки ғамгусору ҳабибаш мешавад, тамоми ҳастияшро ба фарзанди сабукфикраш бахшид.
Ман Манзураро мешинохтам, бо ў солҳои дароз ҳамкорӣ доштам. Ин зани хирадманд лаҳзаҳои хурдсолии духтарашро чунон бо эҳсосоти гарм ва муҳаббати беандоза нақл мекард, ки гумон мекардед ў модари хушбахттарини дунёст. Ҳар вақте ки дар бораи Нозияи хурдакак гап мекушод, чеҳрааш аз шодӣ мешукуфт, рухсораҳояш мисли лола сурх шуда ҷило медоданд.
Вале сад дареғ, ки ҷои меҳри фарзандиро хиёнат гирифт. Хиёнат ба модар, ба касе, ки ўро ба дунё оварда буд. Модаре, ки бо шири ҷонфазояш, бо меҳру шафқати беканор ўро калон карда, сазовори ҳама гуна навозишу ғамхории фарзанд буд.
... Вақте ки хабари марги Манзураро шунидам, зуд ба роҳ баромадам, то бо ў видоъ кунам. Ҳар қадаре ки ба зодгоҳаш наздик мешудам, ҳамон қадар дилам ғаш мекард, кирдорҳои бешарафонаи Нозия пеши рў меомаданду торҳои асабам ҳарчӣ бештар таранг мешуданд. Дилам намехост бо Нозияи бадахлоқ, бо он нафаре, ки боиси марги модари худаш гаштааст, рў ба рў шавам. Ба худам гуфтам, ки дидори номубораки он духтари нохалафро таҳаммул карда наметавонам. Охир, гуноҳи азим аст рўи чунин махлуқони ҳайвонсифатро дидан. Тамоми вуҷудам ба ларза даромад, дигар хоҳиши ба пеш ҳаракат кардан надоштам.
Аллакай аз нисф бештари роҳ тай шуда буд, аммо ба ронанда фармудам, то мошинро ақиб гардонад.
Ронанда саволомез ба ман нигоҳ карду авзои маро дида, чизе нагуфт ва чанбараки мошинро тоб дод.
Дар роҳи баргаштан ба худ қарор додам, ки ҳатман қиссаи пурмоҷаро ва ғамолудаи Манзураро менависам, то хонандаи азиз, хусусан ҷавонони гиромӣ, аз он барои худ сабақи зиндагӣ бардоранд, то падару модарон дар тарбияи фарзандон ва фарзандон дар иҷрои вазифаҳои худашон масъулиятпазир бошанд, ба саҳву хато роҳ надиҳанд.
Қаҳрамонҳои қисса Манзура, Муҳаббат ва Амрулло ҳамеша аз худашон мепурсанд, ки оё дар тарбияи фарзанд чӣ хатое кардаанд? Мутаассифона, онҳо гумон доштанд, ки бо иҷро намудани ҳама талаботи фарзандонашон, бо мусоидат кардан дар амалӣ шудани ҳавасҳои фарзандон онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят хоҳанд кард. Вале ин тавр нест.
Таҷрибаҳои ҳаётӣ исбот мекунанд, ки агар фарзандон марҳилаҳои душвори зиндагиро нагузаранд, фориғбол мешаванд ва оқибати фориғболии онҳо бисёр вақт анҷоми нохуш дорад. Файласуфе ба ҳамин маънӣ гуфтааст: “Дар ҳаёти одам ду фоҷиаи бузург рух медиҳад ва дуюми он аз якумаш бузуртар аст. Фоҷиаи якум: ҳар он чӣ мехоҳӣ, надорӣ, фоҷиаи дуюм: ҳар он чӣ мехоҳӣ, дорӣ”.
Оне, ки ҳама хостаҳояшро надорад, барои дарёфти онҳо заҳмат мекашад, ҳар пагоҳӣ аз хоб хеста, аз пайи дарёфти ҳоҷатҳояш мешавад. Вале он касе, ки аз ҳама моли дунё бархўрдор асту танқисие надорад, пагоҳӣ аз хоб бедор шуда, ба чӣ кор машғул шуданашро намедонад.
Ҷавононе, ки дар ҳаёташон камбудӣ надоранд, ҳамеша аз пайи дарёфти нағмаҳои нав, мастию авбошӣ ва дигар андешаву рафторҳои номатлуб мегарданд.
Барои онҳо оила, падару модар, хешу табор, ёру дўстон арзиш надоранд. Онҳо фақат як ҳадаф доранд: қонеъ кардани нафси бадфарҷоми худ. Ҳама хостаҳояшон бояд бечунучаро иҷро шавад, ҳар чизе дилашон хост, бояд муҳайё бошад. Ҷавонону духтароне, ки бо каму кости зиндагӣ рў ба рў нашудаанду аз чизе камӣ надоранд, ба қадри зиндагӣ, ба қадри он чизе, ки доранд, намерасанд.
Сухани як деҳқони хокпоше ба ёдам мерасад, ки боре гуфта буд: ”Ҳар он чизе, ки бемузду меҳнат ба даст меояд, қадре надорад ва баракс, ҳар чизе, ки ба ивази заҳмат муяссар шавад, бобаракату ширин аст”.
Агар фарзандон дарк намоянд, ки дороиҳои рўзгорашон бар ивази заҳмату меҳнати волидон ба даст омадааст, ба қадри онҳо мерасанд ва худашон ҳам барои таъминоти рўзгорашон заҳмат мекашанд.
Фарзандон бояд донанд, ки ҳеҷ неъмате бе заҳмат ба даст намеояд. Меҳнат кардан, дар ҳаракат будан, ба варзиш машғул шудан, ҳунареро азхуд кардану шуғле доштан одамро, хоса ҷавононро аз ҳар гуна аъмоли бад пешгирӣ мекунад, онҳоро ба роҳи дурусти босаодат раҳнамун месозад.
Хатои бузурги қаҳрамонони қиссаи мо, ҳамтақдирон- Манзура ва Амрулло дар он буд, ки онҳо бечунучаро ҳама хостаҳои фарзандони худро бароварда гардонданд, ҳеҷ як хоҳишашонро рад накарданд ва дар натиҷа гаравгони ранҷу алами онҳо гаштанд, нанги фарзандони нохалаф онҳоро ба бистари беморию марг кашид. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки фарзанди нохалаф ба мисли ангушти шашуми панҷа аст, ки агар онро бибурӣ, дард кашӣ ва агар бимонӣ, айб кунанд.
Мегўянд, ки “ҳар амалеро подошест”. Албатта, рўзе Нозияю Соҳиб барои аъмоли носавобашон дар назди зиндагӣ ҷавоб хоҳанд гуфт. Он рўз дигар ба гумон аст, ки тавбаю надомату пушаймонашон ба кор ояд.
Ҳамаи воқеъаҳои ин қисса солҳои 1985-2015 дар ду ноҳияи Тоҷикистон яке ноҳияи ҷанубу ғарбӣ ва дуюмӣ шимолӣ ба вуқўъ пайвастаанд. Қаҳрамонҳои қисса воқеиянд ва фақат ба хотири пайдо нашудани баҳсу мунозираҳо номҳояшон тағйир дода шудаанд.
Фарҷоми суханро мехоҳам бо абёти басо хирадмандонаи Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ зиннат диҳам, ки бешубҳа, дархўри мазмун ва моҳияти қиссаи “Ҳамтақдирон” аст:
Дарахте, ки талх аст ўро сиришт,
Гараш даршинонӣ ба боғи биҳишт,
В-ар аз ҷўи хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангубин резиву шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё