Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хулоса

Рушди устувори Ҷопон дар давраи Мейҷӣ натиҷаи вокуниши дурусти давлат, соҳибкорон, ҷомеа ва мардум ба фишор ва таъсири беруна мебошад. Маъмулан, ҷомеаҳо дар пояи фарҳанг, иқлим ва ҷойгиршавии ҷуғрофии худ ба таври эволютсионӣ ва ором рушд мекунанд, аммо вақте фишору таъсири беруна зиёд мешавад, ба ин раванд суръат бахшида метавонад. Албатта агар вокунишҳо ва амалҳои мувофиқ ба рушду пешрафт дар баробари ин фишору таъсирҳои беруна вуҷуд дошта бошад. “Вале агар вокунишҳо суст ва носозгор бошанд ҷомеа метавонад ба нооромӣ дучор шавад ва ҳатто зери таъсири қувваҳои хориҷӣ ба шикаст мувоҷеҳ шавад”[3]. “Дар муқоиса бо таърихи дигар кишварҳои ғайриғарбӣ, гуфтан мумкин аст, ки Ҷопон аз таъсиру фишорҳои хориҷӣ самаранок истифода бурда, онҳоро баҳри рушди босуръати худ истифода кардааст. Мардуми Ҷопон унсурҳои хориҷии зиёдеро, ки бо суннатҳои худ дар таззод буданд, оромона аз худ карда, ҳангоми зарурат истифода мекарданд. Ин вижагӣ махсуси ҷомеаи ҷопонӣ буда, дар дигар ҷомеаҳо ба назар намерасид”.

Мутобиқ шудан бо қавонини байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои босамари дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои дигар ва дар айни замон аз даст надодани ҳувийяти миллии худ кори саҳлу сода нест. Бисёре аз халқиятҳо дар ин гирудорҳо ҳувийяти худро аз даст медиҳанд, вале Ҳукумати Мейҷӣ бо сарфи назар кардан аз баъзе суннатҳои куҳнашуда, тавонист аз уҳдаи ин кор барояд. “Дарки қафомондагӣ ва ифтихороти поймолшуда қувваи психологии бузурги таҳрикдиҳандае буд, ки пушти саноатикунонии Ҷопон дар давраи Мейҷӣ меистод. Шиори миллии онҳо “кишвари сарватманд, артиши қавӣ буд”.

Ислоҳоти куллие, ки Ҷопон дар давраи Мейҷӣ гузарондааст, намунаи хубе барои ҳар кишвари шарқии рӯ ба инкишоф аст. Пеш аз ҳама омодагии қишри ҳукмрон барои гузаронидани ислоҳоти куллӣ, ки манфиати давлатро аз манфиатҳои шахсии худ боло медонад, метавонад раҳнамо барои дигарон бошад. Мушовирони Императори Ҷопон асосан ҳамон самурайҳое буданд, ки дар низоми пешина мақоми баланд доштанд, вале чун диданд, ки он низом ба бунбаст гирифтор шудааст ва Ҷопон наметавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ манфиатҳои худро ҳифз кунад, даст ба ислоҳот заданд. Эътироф кардани ҷойгоҳи воқеии кишвари худ, гузаштан аз манфиатҳои шахсӣ ва ҷорӣ кардани тағйиротҳои куллӣ, оғози ислоҳоти муваффақонаи Ҳукумати Мейҷӣ буд, ки метавонад сароғози ислоҳоти дуруст дар ҳар кишвари ақибмондаи дигаре бошад. Тоҷикистон ҳам ин ҷо истисно нест. Наметавон бо таърифу тавсифи бепоёни “дастовардҳо” ҷойгоҳи воқеии як кишвари ақибмондаро дар ҷаҳони муосир боло бурд. Пеш аз ҳама ишқ бар ватан ва номуси миллии ҷопониҳо буд, ки раҳбаронро ба шинохти дурусти вазъият ва дарки зарурати ислоҳоти куллӣ расонид. Баъдан ин раҳбарон дар тасмимгириҳои худ ба таассуб роҳ намедоданд ва агар як тасмими онҳо дар амал натиҷаи хуб намедод онро дигар карда, аз пешниҳодҳои хирадмандонаи дигарон истифода мекарданд. Фарқ надошт он пешниҳод аз ҷониби кадом шахсият аст, онҳоро ба худиву бегона тақсим намекарданд. Агар дар ҳар кишвари дигаре раҳбарон ин вижагиро дошта бошанд, имконияти васеъ барои рушду пешрафтро хоҳанд дошт ва агар надошта бошанд ояндаашон норавшан аст.

Баъдан, зиёиёни Ҷопон дар ин давра дар роҳи сохтмони давлати сифатан нав бо Ҳукумати Мейҷӣ пайвастанд, зеро диданд, ки раҳбарон аз манфиатҳои шахсии худ гузашта, ҳадафҳоеро мехоҳанд амалӣ созанд, ки дар маҷмуъ ба манфиати давлат ва миллати онҳо аст. Он ҳама талошҳо дар ҷодаи аз худ кардани илму технологияи нав ва паҳн кардани ин донишҳо дар миёни оммаи васеи мардум, ки зиёиёни ҷопонӣ дар давраи Мейҷӣ мекарданд, на дар ҳама кишварҳои дигар дида мешуд ва мешавад. Хушбахтона, барои ин миллат, дар миёни онҳо қишри мутлақгаро ва муфтхӯри рӯҳонӣ набуд. Барои қабули донишу таҷрибаи нав танҳо як ченак вуҷуд дошт ва он манфиатҳои миллии Ҷопони нав буд. Ченакҳои мазҳабӣ, ки дар бештар маврид монеи паҳншавии донишҳои нав дар Тоҷикистон мешаванд, дар Ҷопони рӯ ба инкишоф вуҷуд надоштанд. Абсурде ба монанди “равшанфикри мазҳабӣ” дида намешуд, ки мутаассифона дар гузашта ва имрӯз яке аз монеаҳои рушду шукуфоӣ дар Тоҷикистон аст. Мутаасифона ин гуна “равшанфикрон”-ро имрўз дар муассисаҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ ҳам дида метавонем. Тоҷикистон ва ҳар давлати дигаре, ки донишу технологияи навро аз худ кардан мехоҳад ва мехоҳад нерӯи зеҳнии кишвараш баробарвазни кишварҳои пешрафта бошад, вазифадор аст, ки дасти чунин “равшанфикрон” ва умуман андешаи диниро аз муассисаҳои давлатӣ ва махсусан муассисаҳои илмӣ кӯтоҳ намояд. Ислоҳотгарони Мейҷӣ андешаи мазҳабиро танҳо дар як ҳолат истифода бурданд ва он ҳам аз дини миллии худашон буд, ки ба наврасон эҳтироми императорро меомӯхтанд. Дигар дар ҳама ҳолат роҳи наҷоти ватанашонро дар омӯзиши донишу аз худ кардани технологияҳои нав медиданд, на дар эҳё ва таҷдиди муқаррароти диниву мазҳабӣ.

Ҳамчунин, саҳми соҳибкоронро дар ислоҳоти Мейҷӣ наметавон нодида гирифт. Аз як тараф соҳибкорони сарватманд бо пули худ аз хориҷа технологияҳои навро ворид карда, корхонаҳои истеҳсолӣ месохтанд. Онҳо ҷойҳои нави корӣ ва базаи андозбандии давлатро зиёд мекарданд ва донишҳои навро ба Ҷопон меоварданд. Аз ҷониби дигар, соҳибкорони дигаре, ки дар миёни тоҷирони хориҷӣ ва кишоварзону косибони ҷопонӣ миёнаравӣ мекарданд, аз вазъияти баамаломада сӯистифода намекарданд ва ҳосили заҳмати мардуми одиро бо нархҳои муносиб харидорӣ мекарданд. Кеничӣ Оҳно ин рафтори соҳибкорони ҷопониро дар китоби худ тавсиф мекунад ва таъкид мекунад, ки дар шароите, ки харидорони хориҷӣ иҷозати бевосита муносибат бо истеҳсолкунандагони ҷопониро надоштанд, соҳибкорони ба ин кор машғул метавонистанд мардуми заҳматкашро истисмор кунанд, вале ин корро накарданд. Албатта, аз бештари “ҳоҷисоҳибкорон”-и масҷидсози мо чунин муносибат бо заҳматкашонро интизор шудан мушкил аст, аммо таҷрибаи Ҷопон нишон медиҳад, ки дар сохтани як ҷомеаи пешрафта, соҳибкорон ҳам бояд шарик бошанд. Мушкили дигари ҷомеаи мо соҳибкорони мансабдор ҳастанд, ки принсипи асосии иқтисоди бозаргонӣ, рақобати озодро вайрон месозанд ва монеи ҳама пешравиҳои назаррас мегарданд. Ҷопони Мейҷӣ ҳарчанд соҳибкорони бузурги муваффақро дастгирӣ мекард, аммо мансабдорон бо сӯистифода аз мансаб соҳибкорӣ намекарданд, на бевосита на бавосита.

Саҳми кишоварзон низ дар ислоҳоти Мейҷӣ кам набуд. Дар ду даҳсолаи аввал бештари даромади буҷети давлат аз соҳаи кишоварзӣ буд ва баъдан гарчӣ тадриҷан кам мешуд, вале даромад аз соҳаи кишоварзӣ дар буҷети ин кишвар ҷойгоҳи худро дошт. Баъдан бо вуҷуди дар аввал муқобилият нишон додан, ҳамин кишоварзон буданд, ки фарзандони худро дар мактабҳои нав хононда мутахассис барои соҳаи саноати босуръат рушдёбанда тайёр мекарданд. Дар мавриди ҷойгоҳи ин мутахассисон дар раванди ислоҳоти Мейҷӣ дар боло оварда будем.

Ҳама ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки дар Ҷопони давраи Мейҷӣ гузаронида шуд, дар заминаи доштани номус ва худшиносии миллӣ, фидокорӣ, меҳнати пурмашаққат ва шинохти дурусти ҷойгоҳи давлат ва миллати Ҷопон дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби император, раҳбарони сатҳҳои гуногун, зиёиён, соҳибкорон ва умуман қишри фаъоли аҳолӣ буд. Ин вижагиҳоро новобаста аз замон, ҷуғрофиё ва ҷойгоҳашон ҳар як кишвари ақибмондае, ки ҳадафи баробар шудан бо кишварҳои пешрафтаро дорад, бояд дошта бошад. Ҷопони Мейҷӣ барои Тоҷикистони азизи мо метавонад намуна ва улгуи хубе дар таййи масири рушду пешрафт бошад.

2.3. Ҷаҳони маҳдудиятҳо дар иқтисодиёт ва интихобҳо дар он

“Иқтисод як метод аст, то як таълимот. Як асбоби мағз ва як техникаи андешидан аст, ки ба дорандаи он имкон медиҳад хулосаи дуруст барорад.” Ҷон Мейнард Кейнс (1883-1946) Иқтисод истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои маҳдуд аст. Дар ҳама замон ва дар ҳама сатҳ захираҳо доимо маҳдуд ҳастанд. Шахсони алоҳида, оилаҳо, ширкатҳои хурду бузург ва давлатҳову созмонҳои гуногун захираҳои муайян ва маҳдуд доранд, ки вазифаи иқтисодшиносон истифодаи дуруст ва гирифтани манфиати бештарин аз онҳо мебошад. Вазифаи иқтисод ҳам дарёфти пули бештар набуда, дарёфти роҳу усулҳои истифодаи дурусту босамари имконоти мавҷудае ҳаст, ки дар ҳама ҳолат маҳдуд ҳастанд. Илми иқтисод чи тавр фикр карданро меомӯзад, на чи фикр карданро. Тарзи фикрронии дурустеро, ки дар сохтани моделҳои иқтисодӣ барои кишварҳои гуногун кумак мекунад ва дар ҳар шароити хос модели муайян барои истифодаи дурусту босамари захираҳои мавҷуда сохта мешавад.

Яке аз принсипҳои бунёдии иқтисодиёт ин аст, ки ҳар як интихоб арзиши имкониятии худро дорад. Яъне дар сатҳи захираҳои маҳдуд, агар аз як колло истифода кардед, шумо имкони истифодаи яке дигарро аз даст хоҳед дод. Ё дар миёни ду коло як миёнҷиро интихоб бояд кард. Яъне як миқдори муайян аз ин маҳсулот истеҳсол ва истеъмол мешавад ва манбаъҳои боқимонда барои истеҳсоли миқдори муайяни дигар мол равона карда мешаванд. Агар шумо хаста бошед ва ба хоб ниёз дошта бошеду дар конфронс хоб рафтед, аз донистани мавзӯи матраҳшуда маҳрум мешавед. Ё агар даромади худро сарфи бозиҳои комютерӣ кардед, дигар китоб харида наметавонед. Вазифаи иқтисодшинос дар ин ҷо ин аст, ки муайян кунад, дар ҳоли ҳозир арзиши имкониятии кадом як интихоб баландтар аст. Донистани мавзӯи конфронс заруртар аст ё хоб, бозии комютерӣ ё китоб. Ва ё дар миёни ду чиз интихоб бояд кард, ки аз кадомаш бояд зиёдтар харидорӣ ва истеъмол шавад ва аз кадомаш камтар. Хондан дар донишгоҳ ҳам арзиши имконотии худро дорад. Шумо на танҳо харҷи пули шартнома, китобу дафтар, утоқ ва хӯроку либосро мекунед, балки аз панҷ сол кор кардан ҳам маҳрум мешавед. Яъне агар маоши моҳона тақрибан 1000 сомонӣ бошад, дар баробари харҷҳои номбаршуда имконияти ба даст овардани 60 ҳазор сомониро (дар 5 сол) ҳам аз даст медиҳед. Ҳар як интихоб дар ҷаҳони пур аз маҳдудиятҳо арзиши худро дорад. Ин масъалаи интихоб миёни ду чиз тамоми инсониятро иҳота кардааст ва як қисмати зиндагии моро ташкил мекунад. Чунки маҳдудиятҳо дар ҳама ҳолат ва барои ҳама вуҷуд доранд. Бою камбағал ва ширкатҳову давлатҳо ҳам мувофиқи ҷойгоҳи худ бо маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ ҳастанд ва ҳама маҷбур аст дар доираи ин маҳдудиятҳо, миёни молу маҳсулоти истеҳсолшаванда ва истеъмолшаванда интихоб кунанд. Вақт як мисоли равшани захираҳои маҳдуд аст, ки барои ҳама, бе истисно, маҳдуд аст ва ба “соҳибони вақт” истифодаи дурусти он лозим аст. Гузаштан аз баҳри як чиз, ба хотири дастрас кардани чизи дигар, ногузир аст. Чунки инсон дар ҷаҳони маҳдудиятҳо зиндагӣ мекунад ва наметавонад ҳама вақт пул, дороӣ ва таҷрибаву кор ва фароғатеро дастрас кунад, ки орзу мекунад. Ҷомеа ҳам ҳамчунин аст.

Новобаста аз сатҳи даромад, шахсони алоҳида дар асоси буҷаи маҳдуди худ тасмимгирӣ мекунанд. Ҳар як истеъмолкунанда ҳаҷми маҳдуди даромади худро дорад, ки дар асоси он маҳсулот ва хизматрасонии мавриди ниёзашро харидорӣ менамояд. Инро маҳдудияти буҷа (budget constraint) меноманд. Интихоб миёни ду чиз дар ҳудуди буҷаи шахсии худ дар асоси муайян кардани арзиши имкониятӣ (opportunity cost) сурат мегирад. Маълум аст, ки ҳангоми хариди як маҳсулот имкони хариди дигар аз даст меравад. Бояд муайян кард, ки хариди кадоме аз ин маҳсулот манфиати бештар меорад ва ҳамонро интихоб кард. Яъне инсонҳо доимо дар пешорӯи интихобу гузаштҳо қарор мегиранд ва маҷбуранд аз баҳри як маҳсулот қисман ё пурра гузаранд, то маҳсулоти дигареро харид кунад, ки ба он ниёзи бештар доранд. Дар бисёр маврид, пурра сарфи назар кардани як маҳсулот барои дастрасӣ ба дигараш дида намешавад. Бештар интихоб сари камтар истеъмоли як маҳсулот ва зиёдтар истеъмол кардани дигаре мешавад, ки айни замон манфиати бештар дорад. Албатта, дар воқеият як шахс танҳо ду маҳсулот истеъмол намекунад ва шумораи маҳсулотҳои мавриди ниёз хеле зиёд ҳастанд. Аммо интихоб ҳамеша вуҷуд дорад ва дар миёни маҳсулотҳои бешумор ҳам дар доираи буҷаи худ инсонҳо интихоб хоҳанд кард, ки кадом маҳсулотро харидорӣ ва истеъмол кунанд ва аз баҳри кадомаш гузаранд. Ё аз кадом маҳсулот камтар харидорӣ кунанд ва шумораи кадоми дигарашро зиёдтар кунанд.

Марзи имконоти тавлид ва интихобҳо дар ҷомеа.

Ҳамон гуна, ки шахсони алоҳида наметавонанд ҳама он чизе, ки мехоҳанд, дастрас кунанд ва бо гузаштҳову интихоб рӯ ба рӯ мешаванд, ҷомеа ҳам бо ин гузаштҳову интихобҳо рӯ ба рӯ аст ва наметавонад дар як вақт дастрасӣ ба ҳама чизҳое дошта бошад, ки мавриди ниёзаш қарор доранд. Ҳудудҳои имконоти буҷа ва интихоб дар сатҳи ҷомеа бо модели Марзи имконоти тавлид (production possibilities frontier) тасвир карда мешавад. Аз сабабе, ки ҷомеа дар ҳар давраи муайян манбаҳои маҳдуд дорад (замин, сармоя, ҷувваи корӣ, ашёи хом ва ғ.), ногузир аст дар ҳудуди он интихоб кунад, ки чӣ ва дар кадом миқдор бояд истеҳсол шавад, то истифодаи самаранок ва пурраи захираҳои мавҷуд ба роҳ монда шавад.

Марзи имконоти тавлид графики хамшаклест, ки ҳамаи имконоти максималии истеҳсоли ду колоро, бо дарназардошти манбаъҳои дастрас ва факторҳои таъсиррасон, дар худ тасвир мекунад. Шахсони тасмимигиранда ин графикро омӯхта хулоса мекунанд, ки кадом маҳсулот бо кадом миқдор истеҳсол шавад, ки самаранокии максималӣ аз захираҳои маҳдуди айни замон мавҷудбуда ба роҳ монда шавад.

Агар ҳамаи имконоти мавҷуда барои истеҳсоли гандум истифода карда шаванд, 100 000 тонна истеҳсол карда метавонанд. Агар ҳамаи имконот барои истеҳсоли пахта сафарбар шавад, пас 75 000 тонна пахта истеҳсол карда метавонанд. Инҳо ду интихоби ҳошиявие ҳастанд, ки онҳоро гузинаҳои a ва f меномем ва ҳангоми интихоби ин гузинаҳо танҳо як маҳсулотро истеҳсол мекунанд. Дар миёни онҳо гузинаҳои дигари b, c, d ва e ҳастанд, ки ҳар кадом як миқдор аз ҳарду маҳсулотро истеҳсол мекунанд. Дар гузинаи c агар 30 тонна пахта истеҳсол шавад, пас бо имконоти боқимонда метавонанд 75 тонна гандум истеҳсол намоянд, дар гузинаи e бошад ин таносуб баробари 60 бар 30 аст.

Марзи имконоти тавлидро дар графики зерин дида мебароем: Гузинаҳои дар график нишондодашуда ва ҳар гузинаи дигаре, ки дар ҳамин хат ҷойгир мешавад, интихобҳое миёни истеҳсоли ду маҳсулот ҳастанд, ки дар онҳо ҳама имконони мавҷуда самаранок истифода шудаанд. Ҳар гузинаи дигаре, ки берун аз ин хат дар қисмати дохилии ин график ҷойгир мешавад, маънои пурра истифода накардани имконотро дорад. Нуқтаҳои берун аз ин хат дастнорас ҳастанд, чунки барои расидан ба онҳо манбаи бештар даркор аст, ки айни замон вуҷуд надоранд. Аз ҷониби дигар самаранокии тақсимоти манбаҳоро бо муайян кардани талаботи воқеии ҷомеа ба ду моли мавриди истифода қарор дошта, муайян мекунанд. Истифодаи самараноктарини манбаҳо он вақт ба даст меояд, ки тақсимоти дурусти мувофиқи талаботи ҷомеа ба роҳ монда шавад. Яъне истеҳсоли ҳар маҳсулот ба андозаи талаботи он бояд ба роҳ монда шавад.

Бо вуҷуди он, ки ҷомеа маҷбур аст, интихоб кунад, ки кадом маҳсулотро бо кадом андоза истеҳсол кунад, муҳим нест, ки тамоми молу маҳсулот ва хизматрасоноҳоро ҳатман бояд худ истеҳсол кунад. Кишварҳо дар истеҳсоли молу маҳсулоти муайян бартариҳо доранд, ки вобаста ба иқлим, захираҳои табиӣ, шароити ҷуғрофӣ, технологияҳо ва маҳорати мутахассисони худ имкон доранд молу маҳсулоти муайянро бо нархҳои нисбатан арзон истеҳсол намоянд. Инро бартарии нисбӣ (Comparative Advantage) меноманд, ки дар тасмимгириҳо нақши муайянкунадаро дорад. Барои ба роҳ мондани истеҳсоли як маҳсулот арзиши аслии онро муайян карда, бо арзиши ҳамон мол, ки аз дигар кишвар ворид карда мешавад муқоиса мекунанд. Агар моли воридшаванда нисбат ба ватанӣ арзонтар бошад ба роҳ мондани истеҳсоли он дар дохил нодуруст ба ҳисоб меравад ва маънои истифодаи камсамари манбаҳоро дорад. Бояд муайян кард, ки кишвар дар истеҳсоли кадом молу маҳсулот бартарии нисбӣ дорад ва ҳамон молу маҳсулотро бояд истеҳсол кард. Ба ҷойи мисол метавон ду кишвар Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар истеҳсоли ду маҳсулоти кишварзӣ пахта ва гандум овард. Шароити Тоҷикистон дар истеҳсоли пахта бартарии худро дорад ва Қазоқистон дар истеҳсоли гандум бартарӣ дорад. Тоҷикистон метавонад бештари имконоти худро барои истеҳсоли пахта сафарбар намояд ва Қазоқистон дар навбати худ барои истеҳсоли гандум. Ин ҷо савдои байналмилалӣ кори боқимондаро иҷро карда, дар расонидани гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон ва пахтаи Тоқикистон ба Қазоқистон мусоидат мекунад. Дар натиҷа ҳам талаботи ду кишвар ба пахта ва гандум таъмин мешавад ва ҳам имконоти ду кишвар самаранок истифода карда мешаванд. Истеҳсоли маҳсулот дар маҷмуъ метавонад ба таври назаррас зиёд шавад, агар кишварҳо ҳамон маҳсулотеро истеҳсол кунанд, ки дар он бартарии нисбӣ доранд ва қисме аз онҳоро дар бозори ҷаҳонӣ барои ба даст овардани маҳсулоти боқимондаи мавриди ниёзи худ ба савдо бароранд.

Маҳдуд будани захираҳо дар ҳама сатҳ як воқеияти раднопазир аст ва масъалаи асосӣ дар пеши иқтисодшиносон ва сиёсатмадорони тасмимгиранда, на бартараф кардани ин маҳдудиятҳо, балки интихоби дурусти гузинаҳо дар ҷаҳони интихобҳо аст. Дар ҷаҳони маҳдудиятҳо интихобҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки чи тавр бояд захираҳои маҳдуди айни замон дастрас истифода шаванд, то аз онҳо манфиати бештарин ба даст ояд. Интихоби дуруст, истифодаи аз ҳама самараноки захираҳо, боиси пешравӣ ва шукуфоии ҳар як кишвар мегардад. Ва баръакс, интихобҳои нодуруст, маънои истифодаи камсамари захираҳоро дошта, сарчашмаи ақибмондагиҳост ва мушкилоти зиёдеро ба бор меоварад.

пешина
аз 21
навбатӣ