Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шаклҳои моликият ва ҷанбаҳои мусбату манфии онҳо

Ду шакли асосии моликият вуҷуд дорад - моликияти давлатӣ ва моликияти шахсӣ. Дар навбати худ моликияти шахсӣ ба моликияти фардӣ, моликияти гурӯҳӣ (саҳҳомӣ, кооперативӣ, оилавӣ) ва моликияти давлатӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷудо мешавад.

Ҳарду шакли моликият бартарӣ ва камбудиҳои хоси худро доранд. Бо назардошти ин камбудиҳо ва бартариҳо, дар ҳар кишвар вобаста ба замон ва талаботҳои иқтисодӣ ба яке аз ин шаклҳои моликият бартарӣ дода мешавад ва аз он бо мақсадҳои муайян пуштибонӣ карда мешавад. Албатта, қобили қабул нест, ки як шакли моликият ҷорӣ карда шаваду шакли дигараш куллан мамнуъ бошад. Таҷрибаи Шуравӣ нишон дод, ки танҳо бо моликияти давлатӣ намешавад заминаи рушди иқтисодро барои муддати дароз таъмин кард. Шикасти иқтисодии ин абарқудрати собиқ баёнгари он аст, ки аз ҳарду шакли моликият дар ҳолатҳои муайян бояд истифода кард. Кишвари Чин сари вақт бо иҷозат додани моликияти шахсӣ дар қатори моликияти давлатӣ тавонист иқтисоди худро дар як муддати кӯтоҳ яке аз пешгомҳои ҷаҳон созад. Боз ҳам қабул нест, ки дар ҳама соҳаҳо танҳо моликияти шахсӣ бошад. Чунки дар ин ҳолат адолати иҷтимоӣ метавонад риоя нашавад.

Пӯшида нест, ки мақсади асосии соҳибкорон- гирифтани фоидаи бештар дар муҳлати кӯтоҳтарин аст ва мақсади асосии давлат таъмини адолати иҷтимоӣ ва таъмини амнияти мардум ва кишвар мебошад. Бинобар ин соҳибкорон сармояи худро асосан ба соҳаҳое равон мекунанд, ки сармояи камтар талаб мекунанд ва муҳлати баргардиши пул дар ин соҳаҳо камтар асту фоидааш бештар. Ба монанди соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи саноати сабук ва ғайра.

Давлат, дар навбати худ, аз рӯи мақсадҳои муайян сармояи миллиро ба соҳаҳое равон месозад, ки дар онҳо муҳлати баргардиши сармоя дурру дароз аст ва даромад аз онҳо камтар асту сармояи бузургро талаб мекунанд. Ин соҳаҳое ҳастанд, ки аз сабаби манфиати молиявии кам доштанашон соҳибкорон ба он таваҷҷуҳ надоранд, аммо ин соҳаҳо зарурати иҷтимоӣ ва амниятӣ доранд ва бе рушди ин соҳаҳо рушди иқтисоди кишвар номумкин аст. Чунки ин соҳаҳо заминасози рушди иқтисодии ҳар як кишвар ҳастанд. Ба монанди соҳаи энергетика, роҳсозӣ, комплекси ҳарбӣ- саноатӣ, маориф, илм ва дигарҳо.

Вобаста ба шароити пешомада дар корхонаҳо, зарурати гузаштан аз як шакли моликият ба шакли дигар пеш меояд. Мақсади гузаштан аз як шакл ба дигар шакли моликият асосан ду чизаст. Яке, иқтисодӣ ва дигар иҷтимоӣ. Мақсади иқтисодӣ- таъмини рушди босуръати корхонаҳо, болобарии ҳосилнокии меҳнат ва дар маҷмуъ болоравии ММД ва рушди мунтаззами иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Мақсади иҷтимоӣ-таъмини адолати иҷтимоӣ, тақсимоти баробари захираҳои табиии кишвар, дастрасии баробари мардум ба маҳсулоти ҳаётан муҳим, наҷоти корхонаҳои дар ҳолати муфлисшавӣ қароргирифта ба хотири нигаҳдории ҷойҳои кори шахрвандон ва дар маҷмуъ таъмини баробарии нисбӣ дар ҷомеа мебошад.

Бартарии моликияти шахсӣ дар он аст, ки раҳбарон ҳангоми қабули қарорҳо барои ҳалли масъалаҳои пешомада озод буда, тамоми маҳорати худро барои расидан ба натиҷаи хубтар истифода мекунанд, бе тарс аз рондашудан ё танбеҳ гирифтан. Аз болои сармояи худ назорати ҷиддӣ мебаранд ва шабу рӯз сари пешравии кор андеша мекунанд. Ин боиси он мегардад ки манфиатнокии корхонаҳои хусусӣ аз корхонаҳои давлатӣ бештар мешавад.

Камбудии моликияти шахсӣ дар он аст, ки нобаробарии иҷтимоиро зиёд мекунад, фарқ миёни бою камбағал зиёд мешавад, як қисми ками аҳолӣ моли бисёр ҷамъ мекунанд ва соҳибмулкон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, дар бисёр ҳолат, масъулият ҳис намекунанд. Ин боиси афзоиши ноадолатӣ, норозигии мардум ва бесуботии кишвар мегардад.

Бартарии моликияти давлатӣ дар он аст, ки давлат, ки масъули ҳалли мушкилоти ҷамъият аст, фоидаи софи корхонаҳоро барои ҳалли мушкилоти мардум равона мекунад, на барои сохтани қасрҳо ё харидани онҳо дар лаби кадом як баҳр ва харҷи он дар қиморхонаҳо. Аз ҳисоби соҳаҳои сердаромад, давлат риштаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятиро маблағгузорӣ мекунад. Нақшаҳои дарозмуддати иқтисодиро бо назардошти манфиатҳои миллӣ тартиб дода, иҷро менамояд. Иқтидори истеҳсолии корхонаҳоро бо назардошти манфиатҳои миллӣ истифода мекунад. Умуман, давлат моликияти худро барои расидан ба мақсадҳои иҷтимоии худ истифода мебарад. Ин боиси тақсимоти нисбатан баробари захираҳои табиӣ миёни аҳолӣ мегардад.

Камбудии моликияти давлатӣ дар он аст, ки раҳбарон ҳангоми қабули қарорҳо барои ҳалли масъалаҳои пешомада озод нестанд, коргарон ба рушду пешравиҳои корхона таваҷҷуҳи кам доранд, назорат аз болои сармоя нисбатан суст аст ва роҳҳои ғорати амвол зиёд мешавад. Ин ҳама боиси кам шудани манфиатнокии иқтисодӣ дар корхонаҳои давлатӣ мегардад.

Умуман, дар кишварҳое, ки қонунҳо дуруст кор намекунанд ва сатҳи ришвахорӣ зиёд аст, моликияти давлатӣ хеле камсамар мешавад. Албатта дар чунин кишварҳо моликияти шахсӣ ҳам ҳоли хуб надорад, аммо соҳибмулкон бо назорати ҷиддӣ ва кордониву таҷрибаи худ самаранокии корхонаҳои худро зиёд мекунанд.

Дар зимни чунин муқоиса, саволе пайдо мешавад, ки: Дар шароити имрӯза кадом шакли моликият барои Тоҷикистон муфидтар аст?

Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи кишварҳои ақибмонда дохил мешавад ва дар шохисҳои байналмиллалии фасод ҷойгоҳи паст дорад, беҳтар аст ба ҷуз аз соҳаҳои аҳамияти стратегӣ дошта, дигар дар ҳама соҳаҳо шароити корро барои соҳибкорон фароҳам сохта, бо ҷорӣ намудани қонунҳои иқтисодии дуруст ва низоми андозбандии шаффоф ва одилона ба моликияти хусусӣ бартарӣ бидиҳад. Хусусан, ба моликиятҳои гурӯҳӣ (ширкатҳои саҳомӣ, кооперативҳо, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ) таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Дар корхонаҳо ва иншоотҳои стратегии миллӣ ҳам беҳтар аст, саҳоми мудириятӣ худи давлат бошад ва боқимонда саҳмияҳоро ба дигарон фурӯшад. Яъне зиёда аз 50 дар сади саҳмияҳоро дар дасти худ бигирад ва тасмимгири асосӣ давлат бошад, то ки ба қабули қарорҳои зидди манфиатҳои миллӣ ва манофеи умум роҳ надиҳад. То ки қисме аз аҳолии меҳнаткашу кордон, бо харидани саҳмияҳо, тавонанд дар роҳи рушду шукуфоии ин корхонаву иншоотҳо кӯшиш ба харҷ дода, аз болои кори масъулон назорат баранд.

Бо моликияти сирф давлатӣ дар шароити Тоҷикистон самаранокии корхонаҳо паст хоҳад буд. Бинобар ин, беҳтар аст бо сода ва осон кардани ҳуҷҷатгузорӣ барои ташкил ва сабти ном кардани корхонаҳои хусусӣ (саҳомӣ, оилавӣ ва ғайра), таъмини шароит барои рақобати солим дар бозор бо мубориза зидди монополистон, дастгирии амалии соҳибкорон ҳангоми ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ бо роҳи додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ва дигар имтиёзҳо, кам кардани андозҳо ва паст кардани фоизи онҳо, шароити хуби корӣ барои соҳибкорон фароҳам оварда шавад. Ин боиси пайдо шудани корхонаҳои зиёди хурду миёна мегардад, ки асоси иқтисоди миллиро ташкил карда, бо пули андози аз онҳо ҷамъшуда давлат метавонад мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро ҳал бикунад ва манфиатҳои умумро ҳимоя намояд.

Маврид ба зикр аст, ки агар дар кишвар аз болои иҷроиши қонунҳо назорати ҷиддӣ набошад ва конунҳо бе чуну чаро иҷро нашаванд, ягон шакли моликият натиҷаи хуб дода наметавонад. Дар корхонаҳои давлатӣ ғоратгарӣ, ришваситонӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо, танбалӣ ва беаҳамиятӣ сади роҳи муваффақият мешаванд. Дар корхонаҳои хусусӣ гурез аз андозсупорӣ бо роҳи кам нишон додани даромад, порадиҳӣ, санҷишҳои зиёди беасоси мақомот ва дигар омилҳо корхонаҳоро муфлис месозад ё ба буҷаи давлат маблағи кам ворид мешавад, ки боиси иҷро нашудани нақшаҳои иҷтимоиву иқтисодии давлат мешавад.

Бинобар ин, пеш аз ҳама бояд қонунҳои дурусти иҷрошаванда қабул ва ҷорӣ шаванд. Баъд аз болои иҷроиши ин қонунҳо назорати ҷиддии босамар бурда шавад. Заминасози ҳама пешравиҳо ва бурдбориҳо, дар кадом шакли моликияте ки набошад, танҳо ҳамин иҷроиши пурраи қонунҳо мебошад.

Дар навбати худ, ин пешравиҳои иқтисодӣ дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ нақши худро доранд. Бадбахтона, солҳои охир пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ зиёд шудааст, ки ба амнияти миллӣ хатар дорад. Таблиғгарони ин гурӯҳҳои тундрав бештар дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмонда ва сатҳи пасти омӯзишу парвариш дошта, фаъол ҳастанд ва ба ваъдаҳои беасоси болобаланди худ ҷавонони бекор ва бесаводро ба доми худ афтонда аз онҳо барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода мекунанд. Яке аз роҳҳои мубориза бо ин гурӯҳҳои тундрав фароҳам овардани шароити хуби омӯзишӣ ва корӣ барои аҳолӣ аст. Дар баробари пешравиҳои иқтисодӣ ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандон таъмин мешавад, ки онҳо думболи кори худ рафта, дигар туъмаи ҳизбу ҳаракатҳои тундрав намешаванд. Бо ғанӣ гардидани буҷаи кишвар дар натиҷаи кори босамари корхонаҳо, маблағгузорӣ дар соҳаи омӯзишу парвариш зиёд мегардад ва сатҳи дониши ҷавонону наврасон зиёд гардида ҷаҳонбинии онҳо васеъ мегардад. Онҳо дигар ба доми таблиғгарони тундрави мазҳабӣ намеафтанд ва ба ояндаи худ ба боварӣ нигоҳ карда, пайи касбомӯзӣ ва боло бурдани маҳорати касбии худ мераванд. 2.6. Осиёи Шарқӣ: мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ Осиёи Шарқӣ ё Осиёи Шимолу Шарқӣ минтақаи муҳиме дар иқтисоди ҷаҳон буда, 2.3 дарсади масоҳати хушкии кӯраи Замин ва 20.9 дарсади аҳолии онро ташкил медиҳад. Ин минтақа дар шимолу шарқи Осиё ҷойгир буда, 5 кишварро дар бар мегирад, ки онҳо Муғулистон, Ҷумҳурии мардумӣ-демократии Корея, Ҷумҳури Корея, Ҷопон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Истиқлолияти ҷазираи Тайван дар ин минтақа аз сӯйи Чин эътироф нашудааст ва аз ҳамин сабаб на дар ҳама адабиётҳо ин ҷазира ҳамчун кишвари алоҳидаи минтақаи Осиёи Шарқӣ оварда мешавад. Аммо дар воқеият ин ҷазира, аз поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин ҷониб мустақил буда, модели иқтисодии ба худ хосро дорад ва дар ин муддат ба натоиҷи хуби иқтисодиву сиёсӣ даст ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дар пойгоҳи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ Тайван ҳамчун кишвари алоҳида оварда нашудааст. Бо ҳамин сабаб, мо таҳлилҳои омории ин кишварро дар партави таҳлилҳои омории Чин анҷом медиҳем. Аммо, модели иқтисодии ин кишварро метавонем дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем.

Аҳамияти мавзӯъ: Минтақаи мо -- Осиёи Марказӣ, бо минтақаи Осиёи Шарқӣ ҳаммарз буда, кишварҳои ин ду минтақа додугирифти зиёди тиҷорӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмиву фарҳангиро байни ҳамдигар доранд. Кумакҳо ва сармоягузориҳои кишварҳои пешрафтаи Осиёи Шарқӣ (Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон) дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи мо аҳамияти вижа доранд. Дар бозорҳои Осиёи Миёна молу маҳсулоти истеҳсолшуда дар Осиёи Шарқӣ хеле зиёд ҳастанд ва ҳиссаи ин минтақа дар бозорҳои мо то рафт зиёд шуда истодааст. Бинобар ин, омӯзиши минтақаи Осиёи Шарқӣ ва муайян кардани вижагиҳои ин минтақа барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аҳамияти зиёд дорад. Огоҳӣ аз мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ дар кишварҳои алоҳидаи ин минтақа роҳро барои дарки вижагиҳои дигари онҳо ҳамвор месозад. Ҳадаф аз омӯхтани ин минтақа на танҳо пайдо кардани роҳҳои дигари густариш додани равобити иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Шарқӣ, балки кашф кардани роҳу воситаҳое, ки кишварҳои алоҳидаи ин минтақаро ба муваффақиятҳои иқтисодиву сиёсӣ расонидаанд, мебошад. Ин омӯзиш барои кишварҳои рӯ ба рушд имконият медиҳад, ки аз мушкилоти дар пеш истода, дар ростои амалисозии стратегияи рушди худ, огоҳ бошанд ва моделҳои рушди иқтисодии худро дар асоси таҷрибаи бойи кишварҳои ин минтақа таҳия карда, дар амал татбиқ намоянд.

Мавқеи ҷуғрофӣ

Бо вуҷуди 2.3 дарсади масоҳати хушкии заминро ташкил кардани минтақаи Осиёи Шарқӣ тақрибан нисфи он барои зиндагӣ ва кишварзӣ номувофиқ аст ва дар нифси дигари он тақрибан 20 дарсади аҳолии кӯраи замин зиндагӣ мекунад. Қисмати ғарбии ин минтақа, ки имрӯз ҳудуди Чин ва Муғулистон мебошад, аз кӯҳҳо ва биёбонҳои сард иборат буда, барои зиндагии инсон он қадар мувофиқ нест. Аммо қисмати шарқии он, махсусан қисмати шарқии Чин, аз ҳамвориҳои васеъи мувофиқ ба кишоварзӣ иборат аст, ки ба иловаи дарёҳои хурди зиёд ду дарёи бузург ин ҳамвориҳоро шодоб мегардонанд. Инҳо дарёи Зард (Yellow River) ва дарёи Янгтзе (Yangtze River) мебошанд, ки аз Ғарб сарчашма гирифта ба Шарқ мерезанд ва дар тӯли ҳазорҳо километр ҳазорҳо шаҳру деҳотро аз об таъмин мекунанд. Аксари аҳолии Чин дар соҳилҳои ин ду дарё ва шохобҳои он зиндагӣ мекунанд. Дар расми 1 ду дарёи мазкур нишон дода шудааст.

Ягона кишвари Осиёи Шарқӣ, ки ба уқёнуси ҷаҳонӣ пайваст нест, Муғулистон мебошад. Дигар кишварҳо ба уқёнус пайваст буда, аз имкониятҳои он фаровон истифода мекунанд. Дар расми 2 релефи минтақаи Осиёи Шарқӣ нишон дода шудааст. Чуноне ки мебинем, ғарби ин минтақаро кӯҳҳо ишғол кардаанд. Кӯҳҳои Тибет масоҳати бузургро дар бар мегирад ва дар ҷанубу ғарбии Чин ҷойгир мебошанд. Дар ин минтақа баландтарин қуллаи ҷаҳон -- Қуллаи Эверест ҷойгир аст. Бо вуҷуди камаҳолӣ будани ин қисми Осиёи Шарқӣ аксари дарёҳои минтақа аз он сарчашма мегиранд ва зиндагии садҳо миллион инсон дар Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ ба онҳо вобаста аст.

Қисмати шимолу ғарбии Осиёи Шарқӣ, ки Миёни Чину Муғулистон қисмат шудааст, бо вуҷуди доштани ҳамвориҳои зиёд, иқлими сарду хушк дошта, аз кӯҳистону биёбонҳо иборат мебошад. Дар ин минтақа зичии аҳолӣ хеле кам мебошад. Аммо дар қиёс бо кисмати ҷанубу ғарбии он дар ин ҷо аҳолии бештар зиндагӣ мекунад. Молу колоҳои истеҳсоли Чин маҳз тариқи ҳамин қисмати Осиёи Шарқӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид мешаванд, ки он як қисми асосии тиҷорати хориҷии минтақаи моро ташкил мекунад.

Қисмати шарқии минтақаи Осиёи Шарқӣ ба уқёнус пайваст буда, заминҳои ҳамвору шодоб дорад. Дар ин ҷо аксари аҳолии ин минтақа сукунат дорад. Бештари маҳсулоти кишварзӣ ва саноатии Чин маҳз дар ҳамин қисмати он истеҳсол мешавад. Се кишвари дигар -- Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар ҳамин қисмат ҷойгир буда, танҳо Ҷопон пурра дар иҳотаи баҳрҳо аст. Дигар кишварҳо ба материк пайваст мебошанд. Дар ин се кишвари дигар низ шароити иқлимӣ ва релефи мувофиқ барои истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ муҳайё аст, ки барои миллионҳо инсон дар тӯли таърих ҷойи кору зиндагӣ буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Аммо ба истиснои Кореяи Шимолӣ дигар кишварҳои ин қисмати Осиёи Шарқӣ хеле кам ба соҳаи кишоварзӣ вобаста ҳастанд.

Ба ғайр аз истифодаи васеъ аз заминҳо мардуми қисмати шарқии Осиёи Шарқӣ аз қадим аз баҳрҳо ва моҳидорӣ истифодаи зиёд мекарданд. Имрӯз ҳам моҳидорӣ як қисмати назарраси иқтисоди ин кишварҳо мебошад. Илова бар ин, роҳи обӣ шароитро барои додугирифти зиёди тиҷорӣ ҳамвор кардааст. Кишварҳои ин минтақа байни ҳамдигар муносибатҳои хеле зичи тиҷорӣ ва сармоягузорӣ доранд, ки аз якдигар вобаста шудаанд. Ин вобастагӣ шароитеро фароҳам овардааст, ки баҳсҳои марзии мавҷуда ҳеҷ гоҳ то ба ҳадди ҷангу муноқиша кашида намешаванд.

Умуман, мавқеи ҷуғрофии Осиёи Шарқӣ камбуду бартариҳои худро дорад ва наметавон гуфт, ки дар рушду пешрафти босуръати кишварҳои ин минтақа маҳз мавқеи ҷуғрофии он саҳми ҳалкунанда доштааст. Кӯҳҳову биёбонҳои барои зиндагии инсон номувофиқи ғарби ин минтақа, дар “Ҳалқаи оташ”-и уқёнуси Ором ҷойгир будани пешрафтатарин кишвари ин минтақа Ҷопон аз ҷумлаи камбудиҳои мавқеи ҷуғрофии минтақаи мазкур мебошанд. Албатта, шароити иқлимӣ ва ҷуғрофии шарқи ин минтақа дар рушду пешрафти мардуми минтақа нақши худро дошт ва ҳоло ҳам дорад. Аммо дар замони муосир сарчашмаи асосии даромади кишварҳои ин минтақа саноат ва илму технологияи нав мебошад.

Аҳолӣ

Шумораи умумии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ба 1 миллиарду 605 миллион нафар (2019) баробар буда, 20.9 дарсади шумораи умумии аҳолии кӯраи Заминро ташкил медиҳад. Тақсимбандии ин рақам миёни кишварҳои минтақа дар намудори 1 оварда шудааст.

Аз намудори 1 маълум аст, ки аз ҳама кишвари сераҳолӣ дар ин минтақа Чин мебошад. Дар воқеъ, Чин бо доштани қариб 1.4 миллиард нуфус, сераҳолитарин кишвари ҷаҳон аст. Ин аст, ки аҳолии ин кишвар зиёда аз 87 дарсади аҳолии Осиёи Шарқиро ташкил мекунад. Дар ин радабандӣ ҷойи дуюму сеюмро Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ гирифтаанд, ки мутақобилан аҳолии онҳо 126.2 ва 51.7 миллион нафар аст. Кореяи Шимолӣ бо 25.7 миллион ва Муғулистон бо 3.2 миллион нафар ҷойҳои охиринро аз худ кардаанд.

Бо вуҷуди аз ҳама аҳолии зиёд доштан, Чин аз ҷиҳати зичии аҳолӣ дар ҷойи чорум меистад. Зичии аҳолӣ дар ин кишвар ба 146 нафар дар як километри квадратӣ баробар аст. Аммо аҳолии ин кишвар дар ҳудуди он баробар тақсим нашудааст. Чуноне ки интизор меравад, қисмати ғарбии он сокинони кам дошта, аксари аҳолӣ дар қисмати шарқӣ дар ҳамвориҳои шодоб ва соҳилҳои баҳр истиқомат мекунанд. Тибқи баъзе оморҳо, 94 дарсади аҳолии Чин дар шарқи он сукунат доранд. Танҳо 6 дарсади боқимонда дар ғарби ин кишвар зиндагӣ мекунанд. Кӯҳҳои баланд ва биёбонҳои сард дар ғарби ин кишвар барои зиндагии инсон он қадар мувофиқ нестанд. Дар расми 3 харитаи зичии аҳолӣ дар Чин оварда шудааст.

Зичии аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ аз ҳама зиёд дар Кореяи Ҷанубӣ аст. Ба ҳар як километри квадратӣ дар ин кишвар 515 нафар рост меояд. Ҷойи дуюм ва сеюмро Ҷопон бо 334 нафар ва Кореяи Шимолӣ бо 213 нафар гирифтаанд. Муғулистон камтарин зичии аҳолиро дошта, дар он ба ҳар як километри квадратӣ ҳамагӣ 2 нафар рост меояд.

Захираҳои табиӣ

Минтақаи Осиёи Шарқӣ аз захираҳои табиӣ бой аст. Вале ин захираҳо баробар тақсим нашудаанд. Баъзе кишварҳои ин минтақа захираҳои табиии зиёд доранд, баъзеи дигар хеле камтар аз онҳо баҳра бурдаанд. Чину Муғулистон ва Кореяи Шимолӣ аз канданиҳои фоиданок бой ҳастанд, аммо Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон чунин захираҳоро хеле кам доранд. Аз кишоварзӣ ва моҳидорӣ ба ҷуз аз Муғулистон дигар кишварҳои ин минтақа зиёд истифода мекунанд. Иқтидори гидроэнергетикӣ дар Чину Ҷопон зиёд аст.

Чин. Чин аз ҷиҳати масоҳат калонтарин кишвари минтақаи Осиёи Шарқӣ ва чаҳорумин кишвари бузурги ҷаҳон буда, захираҳои табиии зиёд дорад. Чуноне қайд кардем, қисмати шарқии ин кишвар барои кишоварзӣ хеле мувофиқ аст. Ангишт ва нафту газ дар ин кишвар фаровон аст. Бо вуҷуди доштани иқтидори хеле зиёди гидроэлектрикӣ, бештари энергия дар ин кишвар аз ангишт ба даст меояд. Сабаби асосии ифлосшавии ҳаво дар ин кишвар истифодаи аз ҳад зиёди ангиштсанг мебошад, ки дар ҳудуди он истихроҷ мегардад. Дар баробари ин, Чин яке аз асоситарин истеҳсолкунандаи алюмин, магний, сурма, намак, тилло, графит, оҳан, пулод, сурб, руҳ, элементҳои нодир ва ғайра мебошад. Чин қисме аз ин захираҳои худро содирот мекунад. Махсусан, дар бозори элементҳои нодир ин кишвар саҳми бузург дорад. Ҳатто имкон дорад, аз онҳо дар муборизаҳои геополитикии худ истифода кунад. Масалан, пас аз боло гирифтани баҳси марзӣ миёни Чин ва Ҷопон дар соли 2010, чанде аз ширкатҳои ҷопонӣ шикоят карда буданд, ки Чин ба онҳо барои хариди металҳои нодир монеа эҷод мекунад. Албатта, вобастагии зиёди Чин аз сармоя ва технологияи Ҷопон имкон намедиҳад, ки аз ин фишанг истифодаи зиёд шавад. Дар ҳолатҳои ба миён гузоштани маҳдудзозии дастрасии Чин ба технологияҳои нав ва бозорҳои кишварҳои ғарбӣ, аз ҷониби сиёсатмадорони Ғарб, масъалаи металҳои нодири Чин ба миён меояд, ки монеъи амалисозии чунин иқдомоти онҳо мегардад. Тибқи арзёбиҳо, Чин тақрибан 30 дарсади захираҳои элементҳои нодири ҷаҳонро дар даст дорад.

Муғулистон. Бо вуҷуди иқлими сард доштан ва биёбон будани ҳудуди Муғулистон, ин кишвар аз канданиҳои фоиданок бой мебошад. Дар ду даҳҳаи охир, бо ислоҳот ворид кардан дар қонунгузорӣ, Муғулистон дар шохисҳои ҷаҳонии шаффофияти шартномаҳо дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок мавқеи баландро касб кард. Ин боиси ворид шудани сармояи зиёд ба ин соҳа гардид ва имрӯз ин кишвар аз ҳисоби захираҳои табиии худ даромади асосиро ба даст меорад. Рушди нисбатан босуръати ин кишвар, назар ба дигар кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ, ба захираҳои табиии он вобаста аст. Ин вобастагӣ то дараҷае онро таъсирпазир кардааст. Бо вуҷуди ин, назар ба бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушд, ки шаффофият дар ин соҳаро таъмин накардаанд ва сарватҳои табиии онҳо ба мардум беҳбудӣ намебахшанд, Муғулистон аз захираҳои табиии худ истифодаи дурусттар карда, шароити иҷтимоии худро дар солҳои охир хеле беҳтар сохтааст. Ҳарчанд дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Шарқӣ ноком ба назар мерасад.

Муғулистон аз канданиҳои фоиданоки зиёд бархӯрдор аст. Ангишт, мис, флорид, оҳан, тилло, сурб, нафт, фосфат, қалъагӣ, уран ва волфрам дар ин кишвар вуҷуд дорад. Чуноне ки қайд кардем, бо ҷорӣ кардани сиёсати дуруст дар баробари коркарди ин захираҳо Муғулистон аз онҳо нисбатан самаранок истифода карда, дар ду даҳсолаи охир рушду пешрафти босуръат дорад. Вале дар истеҳсоли маҳсулоти зеҳнӣ аз ҳама ақибмондатарин кишвари минтақа маҳсуб меёбад. Ин вазъият нигаронии коршиносони ин кишварро ба бор оварда, баҳси таъсири захираҳои фаровон ба рушди иқтисодӣ мавриди баррасии онҳо қарор гирифтааст.

Кореяи Шимолӣ. Сиёсати ба бунбаст гирифторшудаи Кореяи Шимолӣ ба ин кишвар имкон намедиҳад, ки аз захираҳои табиии худ истифодаи дуруст карда, шароити иқтисодии давлату мардумашро беҳтар созад. Ин кишвар ба монанди Чину Муғулистон аз захираҳои табиии фаровон бархӯрдор аст. Дар ин ҷо санги мармар, гаранит, ангишт, оҳан, тилло ва элементҳои нодир зиёд вуҷуд доранд. Тибқи арзёбии коршиносон, ин кишвар имкон дорад, аз ду се ҳиссаи элементҳои нодирро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин кунад(4). Аммо дар фарқият аз Муғулистон ҳукумати Кореяи Шимолӣ натавонистааст, ин захираҳои фаровони худро дуруст истифода ва кишвари худро ба пайраҳаи рушд ворид кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳангоми ҷудо шудани давлати Корея ба ду кишвари алоҳида -- Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, қисмати шимолии он саноати пешрафта дошта, ҷануб кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо дар солҳои баъдӣ сиёсати нодурусти ин кишвар вазъиятро ба таври куллӣ дигар кард.

Кореяи Ҷанубӣ. Яке аз ду кишвари пешрафтатарини минтақаи Осиёи Шарқӣ Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Ин кишвар аз канданиҳои фоиданок маҳрум аст. Ба ғайр аз графит ва волфрам чизи дигаре надорад. Нафту газ ва минералҳои зиёде, ки иқтисоди ин кишвар талаб мекунад, аз хориҷ ворид карда мешаванд. Аммо замин ва иқлими ин кишвар барои кишоварзӣ хеле мувофиқ аст. Вале кишоварзиву моҳидорӣ ҳиссаи ками иқтисоди онро таъмин мекунад. Рушди иқтисодии ин кишвар ба маҳсулоти зеҳнии он вобаста аст. Саноати вазнин ва соҳаи технологияҳои пештафта, дар баробари соҳаи хизматрасонӣ асоси иқтисоди онро ташкил медиҳанд. Таҷрибаи ин кишвар дар муқоиса бо Кореяи Шимолӣ дарси хеле муҳиме барои кишварҳои рӯ ба рушд буда метавонад. Агар раҳбарияти ин кишварҳо дар ҷорӣ кардани ислоҳот ҷиддӣ бошанд.

пешина
аз 21
навбатӣ