Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ҳайфи атлас ба чалфас.

Ҳар кас бачаи падари худуш.

Ҳар ки оши худша чумча бизана(д).

Ҳар мор ба эчаи худуш рост.

Қурбоққа шу дорад, обру дорад.

Ҷо(й)ҳо ҳама ҷою сад во ифчуки мо.

Ҷомаи бамаслиҳат кутаҳ намеояд.1

1 Гирдоваранда: Ғоибназарова Лаълбегим (1943), зодаи деҳаи Баршор, сокини ш.Маскав.

ОХИРСУХАН

Эҷодиёти шифоҳии ҳар як халқияту миллат ифодагар ва бозгӯкунандаю ифшогари таърих, суннат, этнография, табиату характер, вазъи рӯзгор, мавқеи ҷуғрофӣ ва эҳсосоти дорандагону барандагони эҷодгари ин эҷодҳо мебошад.

Тибқи тадқиқоти пажӯҳишгарони риштаи фолклоршиносӣ ва адабиётшиносӣ, фолклори мардуми тоҷик таърихи хеле тӯлонӣ дорад ва дар тӯли мавҷудияти худ аз ҳисоби теъдоду шакли эҷодҳо рушду пешрафт намуда, дар фосилаи замону маконҳо ғанӣ шуда, то ба наслҳои давронҳои баъдӣ омада расидааст.

Агар ба таърихи суннатҳои мардуми тоҷик мутаваҷҷеҳ шавем, собит мегардад, ки онҳо аз лиҳози мазмуну ҳадаф дар умум яке ҳастанд, вале дар иртибот ба мавқеи ҷуғрофӣ, вазъи зиндагӣ, табиат ва муҳити зисти мардум байни онҳо фарқияти ҷузвӣ ё гоҳо куллӣ ба назар мерасад. Ба пайдо шудани ин гуна дигаргунӣ дар шаклу маънии суннатҳои мардумӣ омилҳои зиёде таъсир мерасонанд.

Барои тасдиқи ин андешаҳо таваҷҷӯҳи кӯтоҳе ба жанри рубоӣ ва сайри таърихии он мекунем, ки агар рубоӣ аз ҷониби як нафар эҷод шавад, аз даҳон ба даҳон гашта, дар маҳалҳои гуногун аз худ карда шуда, эҷодгарон ва ровиён вобаста ба маҳали зисту вазъи рӯзгору завқи худ дар он номе ё маъниеро ҳазф карда, исме ё андешаеро зам кардаанд. Ҳамин сабаб шуда, ки як рубоӣ метавонад 2-3 қарина ё бештар аз онро дошта бошад. Ин амалро мо нисбати жанрҳои дигари фолклорӣ (дубайтӣ, афсона, қисса, ривоят, чистон, мақол ва ғ.) низ мушоҳида карда метавонем.

Ғорон як қисмати ноҳияи имрӯзаи Ишкошим мебошад, ки дар тарафи поёнии он ҷойгир шуда, дар самти роҳи сӯйи шаҳри Хоруғ ҳамшафат бо ҳиссае аз ноҳияи Шуғнон мебошад ва қисмати болоии он ба маркази ноҳия пайваст мешавад.

Намунаи эҷодҳои мардуми Ғорон равшангар ва баёнгари ҳолати рӯҳӣ ва рӯзгори сангини мардум мебошанд.

Бубинед дар рубоии зерин модар барои фарзанди дурмондааш, ки дар аҳди пештар ба кишвари афғон барои мардикорӣ рафтааст, оҳ дар дилу забон дорад ва аз қалб модарона фарёд мекашад:

Дар роҳаки афғон гулаки анҷирум,

Бачама бугу, ки модари дилгирум.

Дилгирии дилма Худо худуш медона,

Дигар чӣ кунум, раҳи дароз раҳгирум.

Мардум бештар ба тавассути рубоӣ, дубайтӣ ё фард ғаму андӯҳи рӯзгори миёншикан ва тоқатфарсоро бо алами даҳчанд иброз мекарданд ва шакли назмии гуфтор мушаххастар, муассиртару созгортар будааст.

Модар бо ранги заъфаронӣ (каҳгили девор) дар бистари беморӣ афтода, дар рӯёрӯи аҷал қарор дорад ва ба одами ба дил наздиктарин – духтараш дар қолаби рубоӣ ҳолати худро бо гӯиши ғоронӣ ифшо намуда, ҳушдор медиҳад, ки духтараш зуд ба дидани модараш ҳозир шавад, то барои дидорбинӣ дер нашавад:

Духтарма бугӯ, ки модарут беморуст,

Рангӯш ба мисоли каҳгилу деворуст.

Духтарма бугу, қадамша тез бндоза,

Ҳушуш рафтаасту маътали дидоруст.

Дар рубоиҳо баъзан ишораҳо ба таъриху зиндагиномаи мардум шудааст, ки метавонад ба дигарон ҳам маълумоти таърихӣ муҳайё намояд ва ҳам тасдиқ бар вуҷуди ҳаводису воқеоти таърихӣ гардад.

Дар авроқи китобҳои таърих ва хотираҳо сабт шуда, ки замоне мардуми зиёд, аслан духтаронро аз деҳаи Хасхоруғи Ғорон ба диёри Қундузу Толиқони Афғонистон чун ғанимат мебурдаанд. Волидони аз фарзанд дурмонда ва дар муқобили ин зулмҳо беқудрату бе пушту паноҳ шабу рӯз нолаву фиғон доштанд ва аз Худованди мутаъол умедвору интизор буданд, ки фарзандашон рӯзе ба хона бармегардад:

Дар Қундузу Толиқон дили ғамгинут,

Шабҳои дароз ду пой дар занҷирут.

Як рӯз агар Худо мар(ҳ)амат бикунад,

То рӯз шавад, ила шавад занҷирут.

Дар ин миён дубайтиҳоеро дучор омадан мумкин аст, ки розу ниёзи ошиқона аз рӯдхонаи қалбҳои пурҷӯшу хурӯши ҷавонон мисли мавҷи ноором бадар меоянд. Духтаре аз дурӣ ва ҷудоии маҳбубаш сиришк бар дида ва оташ бар ҷигар менолад ва лоилоҷ аст. Танҳо бо навиштани номи ошиқаш дар барги гул дили нозукашро таскин бахшиданӣ мешавад:

Аз дурии дуриҳо ҷигар гашт кабоб,

Аз дидаи интизор мерезад об.

Дилсуз надорум, ки кунум пайғомут,

Дар барги гули сурӣ нависум номут.

Як арзишу хасоиси ҷаззоби ин намунаҳои назми мардумӣ дар он аст, ки дар онҳо ҳақиқату самимият бештар мавқеъ дорад, ҳар андешае, ки баён мегардад, забони дил ва ҳарфи рӯзгори гӯянда аст. Имрӯз ҳам ин намунаҳои дилнишини назми мардумӣ, махсусан, дар хотири афроди калонсол ва инчунин нафарони ҳунари эҷоддошта ҳифз шуда, ба наслҳои баъдӣ интиқол мешаванд.

Фолклор маҷмӯи мероси пурғановати мардумӣ буда, дар тӯли солиён ва асрҳо эҷод гардидаанд. Дар ниҳоди ҳар ҳарфу вожаи ин офаридаҳои халқ замону макон, орзую омолу ормон, умеду навмедӣ, заъфу рушд, хандаву гиря, ишқу нокомӣ, дарду дармон, васлу ҷудоӣ, шавқи зиндагию ғами марг садо медиҳанд. Истилоҳи фолклор маҳфуми хеле васеъ буда, мураттиби ин китоб танҳо ба баъзе ҷабҳаҳои он таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд. Дар ин китоб бештар жанрҳои рубоӣ, афсона, мақолу зарбумасал ва ривоятҳои водии Ғорон гулчин шудаанд.

Жанрҳои рубоӣ, афсона, мақолу зарбумасал ва ривоятҳо дар байни мардуми Ғорон хеле маъмуланд. Мавқеи ҷуғрофии хеле ноқулай, муддати дарози роҳбандию зимистони тулонӣ мардумро водор месохт, ки ба ингуна эҷодиёт рӯ оваранд. Мардум дар дегдонҳо алав монда, вақте, ки алав паст мегардид пойҳояшонро ба дегдони гарм монда ба ҳамдигар қиссаву афсона ва ривоятҳо нақл мекарданд. Дар баъзе мавридҳо “рубоибарак” низ ба авҷи аъло мерасид.

Гӯяндагони рубоӣ ба кадом ҳарфе, ки рубоиашонро тамом мекарданд бояд шахси дигар аз ҳамон ҳарф рубоии дигарро мехонд. Ҳамин тавр, ин эҷодиёти халқ аз даҳон ба даҳон гузашта то ба замони мо расидааст.

Рубоиёте, ки дар мавзӯи марг сароида шудаанд, дар байни мардуми ин водӣ хеле маъмул буда, қарнҳо аз забон ба забон мегузаранд. Ин рубоиётро занҳо бо савти махсусе дар рӯзҳои азодорӣ месароянд. Марг бо вуҷуди сахтии ҳаёти пешини кӯҳистон даҳшаттарин рӯз барои модар, падар, хоҳар, ҳамсар ва хешу пайвандони шахси фавтида ба ҳисоб мерафт. Дар ин рубоиҳо тамоми ҷиҳатҳои марг аз беморӣ то фавт инъикос меёфтанд.

Дунё реш асту кори дунё реш аст,

Вои мани бечора, ки марг аз пеш аст.

Гуфтум биравум ба хок насубат букунум,

Суҳбат кардум, ки хок бар мо хеш аст.

Зардолуи зарди ғурарангем ҳамамон,

Мо пиру ҷавон насиби маргем ҳамамон.

Мо хурду калон дуруза шодӣ бикунем,

Дар гӯш аи як манзил хобем ҳамамон.

Падаре сахт бемор буда, мурданашро аниқ медонад, аз нокомӣ дар назди аҷал ва ятим мондани фарзандонаш гуфтааст:

Рӯзе, ки фалак қасд кунад бар ҷонум,

Бо зорию бо зурӣ бигирад ҷонум.

Аз рафтани ҷони худ надорум парво,

Мансури сағеру Зумради ҳайронум.

Марг зишттарин рӯз аст:

Рӯзе, ки забон дар даҳонум лол шавад,

Ду дидаи равшанум шаби тор шавад.

Ҳушум буравад ҳар тарафе сайру само,

Ҷон дар кафи золимон гуруфтор шавад.

Дар ҷойи дигар аз абадӣ ба хонаи дарбаста (гуристон) рафтани гуландоме гуфта шудааст:

(Ҳ)айфи гулукум, гулум гули гулдаста,

(Ҳ)айфи қадукуш ба хонаи дарбаста.

Аз он ки уро бурдан ба хоки туда,

Санг донаду хоку қолиби носуда.

Дар замони қадим сокинони Ғоронзамин аз зулму шиканҷаву асорати афғону узбак хеле азият мекашиданд.

Мегӯянд, ки замоне дар деҳаи Хасхоруғ марду занро кучрон карда (пеш андохта), ба Қундузи Афғонистон ме1 8 1 бурдаанд. Дар роҳ дам мегиранд ва ду духтараке (ду хоҳар) ба сари санге нишаста бо шеваи ғоронӣ фалак мезананд:

Рӯзе, ки Алӣ қодири ҷаббор шавад,

Пастиву буландӣ ҳама ҳамвор шавад.

Аз оҳану фулод бӯсозанд занҷир,

Занҷир ба гардани ситамгор шавад.

Ин фалаки маҳзуни духтаронро саркардаи онҳо мешунавад ва чунон муттаассир мешавад, ки фармон медиҳад, духтаронро баргардонида ба макони зисташон бурда расонанд. Мардуми водии Ғорон, ки дар соҳили дарёи Панҷ зиндагӣ доранд, барои кор ва ризқи фарзандон ба он сӯи дарё (он вақт сарҳад набуд) рафта бе ному нишон мегаштанд. Ҳамаи ин дар забони модару ҳамсар ва хоҳари онҳо рубоӣ мешуд:

Ай майдагулум, гуле ба буют нарасад,

Румолаки мушкинут ба руют нарасад.

Дар шаҳри афғон хубру бисёр аст,

Ҳеҷ гуна касе ба тори муют нарасад.

Як бачеки майдекукум аз ов уря,

Пеғому салом кардум наомад иря.

Як қавза гула ба хуни дил тар кардум,

Шояд, ки ба бӯи гул биёяд иря.

Дурию ҷудоӣ аз фироқи ёру дӯст дар эҷодиёти даҳанакии мардуми водии Ғорон зиёд ба назар мерасад:

Аз дурии дуриҳо ҷигар гашт кабоб,

Аз дидаи интизор мерезад об.

Дилсӯз надорум, ки кунум пеғомут,

Дар барги гули сурӣ нависум номут.

Ёди ту кунум дилум тапидан гира,

Ови дидам ба рӯ чакидан гира.

Ови дидам, ки мерава ҷӯй ба ҷӯй,

Дар ҳар сари ҷӯ сабза дамидан гира.

Ин як қатрае аз эҷодиёти шифоҳии мардуми Ғоронзамин аст, ки тадқиқи муфассал ва ҳарҷонибаро тақозо дошта, дохил намудани он ба адабиёти китобӣ аҳамияти пурбаҳои илмӣ ва тарбиявӣ хоҳад дошт.

Дар хусуси фолклори ин ҷо муҳаққиқони бумӣ дар ковишҳои илмиашон ҷо-ҷо таъкидҳо карда, ба ин ё он муносибат аз фолклори ин қисмати ноҳияи Ишкошими

Ҷумҳурии Тоҷикистон алгуе ҳам овардаанд, аммо чун тадқиқи маҳзи фолкори Ғорон ҳадафи онҳо набуда, ба маълумоти хеле мухтасар иктифо кардаанд.

Воқеан, дар ин самт донишҷӯёни риштаи филологияи

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев низ баъзе корҳоро анҷом додаанд. Онҳо намунаҳоро аз эҷодиёти шифоҳии мардуми Ғорон ҷамъоварӣ намуда, бар масдари ин мавод корҳои курсӣ, рисолаҳои дипломӣ таълиф кардаанд. Аммо ин корҳо наметавонанд он маъноро натиҷагирӣ кунанд, ки дар ин росто дигар коре намонда, муроҷиат ба фолклори мардуми ин минтақаи тоҷикнишин минбаъд бемантиқ хоҳад буд. Ҳаргиз не.

Ҳатто ин китобе, ки дар он намунаҳои фолклори бошандагони Ғорони ноҳияи Ишкошим гирдоварӣ шудааст ва алъон барои нашр омода мегардад, наметавонад фарогири кулли эҷодҳои мардумӣ бошад, дар ин самти ковиш асоситарин корҳо ҳанӯз дар пеш хоҳанд буд.

Танҳо ин нуктаро метавон таъкид намуд, ки ҳанӯз китобе нашр нагардидааст, ки маҳз намунаҳои фолклори мардуми Ғоронро дар бар гирифта бошад. Аз ин рӯ, нашр шудани чунин китоб қадами нахустин ва амсоли гоми тифлона хоҳад буд, ки ҳанӯз комил нашуда.

Ҳадаф аз ҷамъоварии маводи фолклории мардуми

Ғорони ноҳияи Ишкошим ва нашри ин китоб танҳо як чиз аст, ин намунаҳои мардумӣ, ки ҳанӯз байни донандагони суннату таърих баробар ба ҷилд-ҷилд китоб хоҳанд буд, аввалан, рӯйи саҳифа омада, ҳифз шаванд, дуввуман, барои аҳли илми фолклоршиносӣ ва доираи васеи ихлосмандони эҷоди бадеӣ дастрас гарданд ва саввуман, ҳушдор ва ишорае барои муҳаққиқони ин соҳа аст, ки ковишро дар ин самт аз пештар бештар намоянд.

Ин намунаҳои гирдовардашуда шаҳодат медиҳанд, ки танҳо дар як гӯшаи начандон калони Тоҷикистони мо чӣ қадар эҷодҳои ғании мардумӣ бо мардум ва байни мардум ҳастанд ва чӣ қадар арзишманд мебошанд.

Инак, китоби «Ганҷинаи Ғоронзамин» (намунаҳои фолклорӣ) ба хонандагон пешкаш карда мешавад. Бешубҳа, ҳар навишта наметавонад аз хато орӣ бошад ва китоби мавриди назар низ аз ин истисно нахоҳад буд.

Ин китоб афсона, нақлу ривоёт, рубоиёт, дубайтиҳо, мақолу зарбулмасалҳоро дар бар гирифта, дар охир луғат ва тавзеҳот ҷой дода шудааст.

Матни рубоиёт, мақолу зарбулмасалҳоро бештар дар ҳамон шакле, ки мардуми ин маҳал талаффуз ва қироат мекунанд, ҷой додем.

Ниҳоят, чопи ин китоб як кӯшише хоҳад буд, то барои дӯстдорони каломи бадеъ аз фолклори мардуми Ғорон ҳамчун «муште аз хирвор» намунаҳо пешкаш карда шаванд.

Лаълҷуба Мирзоҳасанов, номзади илми филология, дотсент, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев,

Раиси бахши бадахшонии

Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон .

Зарнигор Муборакшоева,

Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Китобхонаи вилоятии ба номи Рӯдакӣ.

пешина
аз 41
навбатӣ