ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.
Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа
ИМЛОИ ПЕШОЯНД
а) пешоянд дар робита бо калимаҳои мустақилмаъно: аз сафар баргаштан, аз ӯ пурсидан, ба бозор рафтан, бар бом баромадан, бо дӯст нишастан, аз чор се ҳисса, дар бар гирифтан, аз ёд кардан, барои рафиқ, ҷуз модар (касе нозбардори фарзанд нест) ва ғ.;
б) пешояндҳои таркибии номӣ: пеш аз, пас аз, доир ба, роҷеъ ба, нисбат ба, оид ба ва ғ.;
в) таркибҳои пешояндии қолаби зерин: дар ба дар, рӯ ба рӯ, тан ба тан, пай дар пай ва ғ.
- Бо нимтире навишта мешаванд:
Пешояндҳои изофии номии такрор: гирд-гирди, зер-зери, таг-таги, таҳ-таҳи, лаб-лаби, рӯ-рӯйи, пас-паси, сар-сари, қад-қади, пеш-пеши ва ғ.
Эзоҳ. Пешоянди ба бо ҷонишинҳои ишоратии ин, он ва ҷонишини шахсии ӯ дар назм чунин шакли навишт доранд: бад-ин, бад-он, бад-ӯ
ИМЛОИ ПАСОЯНД
- Якҷо навишта мешавад:
Пасоянди -ро: Ватанро бояд дӯст дошт. Мо меҳмононро пешвоз гирифтем. ва ғ.
- Ҷудо навишта мешаванд:
Пасояндҳои номӣ ва вожаҳои пасояндии боз, пеш, қабл, замон, ҳамон (ҳамоно): ду сол боз, як ҳафта пеш, панҷ сол қабл ва ғ.
- Бо нимтире навишта мешавад:
Пасоянди - ро пас аз қавс ва нохунак: Ман «Шоҳнома»-ро хондам. Ман Ватанам (Тоҷикистон)-ро ҳамчун Модар дӯст медорам ва ғ.
ИМЛОИ ПАЙВАНДАК
- Якҷо навишта мешаванд:
а) пайвандакҳои мураккаб: балки, агарчи (гарчи), азбаски (баски), вагарна (варна), чунки ва ғ.;
б) пайвандаки - у, (-ву, -ю) бо калимаи пеш: ёру рафиқ, дӯсту душман, илмиву оммавӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва ғ.
- Ҷудо навишта мешаванд:
а) пайвандакҳои ва, ки: устодон ва шогирдон. Забони модариро ҳама бояд хуб донанд ва гиромӣ доранд. Ӯ қавл дода буд, ки фардо меояд ва ғ.;
б) ҷузъи пайвандакҳои таркибӣ: то ки, вақте ки, зеро ки, бо вуҷуди ин (он) ки, сарфи назар аз ин (он) ки, аз сабаби ин (он) ки, ба қадре ки, ба тавре ки, бе ин (он) ки ва ғ.
- Бо нимтире навишта мешаванд:
Пайвандакҳои ва, ки дар назм ба шакли ихтисор: в-аз (ва аз), в-ӯ (ва ӯ), к-аз (ки аз), к-он (ки он), в-имрӯз (ва имрӯз), к-омад (ки омад) ва ғ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё