Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Ваъдаи кардаи падарат, ки дигар наша нистифода намекунад, ҳамааш нақше ба об рафту баъд аз як ҳафта дубора мисли пештара шабҳо дер меомад. Ман бошам бо ҷангу ҷидол оғоз карда, ӯро сарзаниш мекардам. Сару садоҳои моро ҳамсояҳо мешуниданд. Ту ҳамон шаб каме бетоб гаштӣ ва ман бароят даво дода, туро хобондам. Аммо ман сӯханамро қатъ карда, нахостам аз кашмакашиҳоямон ту огоҳ шавию нороҳат гардӣ.
Ҳамин тариқ, воқеа рӯх дод, ки маро хело нороҳат карду ба дилу димоғам таъсир расонд. Яке аз дӯстони ту ҷашни таваллуд дошту ту аз ман иҷозат гирифта, барои табрикот ба наздаш рафтӣ. Аз онҷо баргашта, ба хондани китоб машғӯл шудӣ. Ҳамин тариқ, истироҳат кардӣ. Ман дар курсие нишаста, интизорӣ омадани падарат будам. Нохост дидам, ки ту хоб ҳастӣ, вале аз чизе меҳаросиву аз чашмонат ашк мерезад. Ин ҳолатро дида, туро садо кардам:
-Гулзор духтарам! “бале”, гуфта садо кардӣ.
-Духтарам, чӣ шуд, тарсидӣ магар? -пурсидам ман.
Ту дар аввал нахости чизе бигӯӣ, аммо бо исрори ман чунин ҷавобро аз ту шунидам: “Модарҷон дар он ҷо як филмеро тамошо кардем”.
“Хайр, пас чӣ шуд, дар филм чиро дидӣ”, -пурсидам ман.
Баъд аз ду дақиқа хомӯшиат чунин ҷавоб додӣ:
-Модарҷон дар филм як нафаре наша мекашаду ба хона омада зану фарзанди худро сахт бераҳмона лату кӯб менамуд. Ӯ як марди хело золим будааст, модарҷон!
Ман бо таваҷҷӯҳ ба ту менигаристаму медидам, ки рангу руят хело парида, зард гаштааст.
“Модар нашъамандӣ инсонро ҳайвонсифат мекардааст.Чунин ҳолат дар он филм нишон дода мешуд”, -иброз кардӣ ту ба ман. Ман туро ба оғӯш гирифта аз пешониву рухсораат бӯса кардам.
Сипас ту аз ман пурсидӣ,“Оё падар чунин золим мешавад, модар”?
Ман бо тааҷҷуб гӯфтам,“Духтарам! Ҳеҷ падар золим намешавад. Одамонро ҳамин наша бераҳму золим мекунад”.
“Чаро наша сабаби ин кор мешуда бошад. Ӯ (яъне падар-Р.М) як одами калон аст кӯ”!-хитоб кардӣ ту.
Ман фикр карда, мегуфтам, ки агар ҳамин ҳолатро дар падари худат мушоҳида кунӣ чӣ хоҳад шуд. Падарат ҳар рӯзи дер омаданаш бо чунин ҳолат ба хона меомад, аммо ту аз ин кораш огоҳ набудӣ. Зеро ман ҳамаи ҳолатҳоро аз ту пинҳон нигоҳ медоштаму намехостам бароят осебе расад. Ҳамон шаб ҳам ҳанӯз падарат ба хона наомада буд.
Ҳамин тавр, саратро сила намуда, туро хоб кардам. Сипас Амма Суғроро садо кардам, “Амма дар назди Гул бинишин. Агар садо кард сарашро сила намо”.
Ба вай таъкид кардам то омадани ман дар наздат нишаста туро нигоҳубин намояд. Ҳамин тавр, рӯймол ба сар карда, ба сӯи дари пушти хона рафтам. Роҳи хонаи Симон ба ман маълум буду қадамҳоям худ ба ҳамон тараф маро мебурданд. Ин вақт аз тарафе равшанӣ омаду ман дарро тақ-тақ кардам. Дар кушода шуду ба наздам Симон омада, истод. Маро дар назди дар дида, ҳайрон шуда гуфт:
-Осима! Шумо ҳастед?
-Бале, ман ҳастам. Хайрият, ки маро шинохтед.
-Ман чаро шуморо нашиносам. Шумо дар ҷашни арӯсии мо иштирок карда будед, -гуфтам ман.
-Гулзорхон дар куҷост? -пурсидам аз вай.
Як дам рангу рӯяш дигаргун шуду гуфт,“вай дар хона нест. Марҳамат дароед”!
-Дар даруни хона нест ӯ? -бо овози баланд садо кардам.
-Не, нест. Лутфан дароед, меоянд ҳозир.
Дар назди дар рост меистодам, ки нохост мошини таксие омада истод ва аз дарунаш падарат ҳамроҳи шавҳари Симон баромаданд. Ҳар дуяшон дар ҳолати нашамандӣ буданду дастони падарат меларзид.
Ман зуд омада таксиро манъ карда, падарат амр кардам то ба мошин савор шавад. Худам аз дасташ гирифта шинондам. Шавҳари Симон ҳамаи ин ҳолатро тамошо мекард. Ин вақт назарам ба сӯи Симон афдод, ки аз чашмонаш як навъ хандаи алангадор, бад ва аҷоибе ба назар мерасид. Аз заҳрхандаҳояш эҳсос кардам, ки бо муҳаббати нокоми худ мехост қасоси онро бигирад. Ин зани маккору фирегар ба чунин ҳолат расонидани падарат нақши асосӣ мебозиду сабаби бероҳашавии падарат буд.
Ронандаи такси моро ба хона овард. Ҳамин тариқ, падаратро ба болои курсӣ шинондам. Вале ӯ бошад ду ё се сония нишаста, рафтан мехост.
-Ба куҷо? -садо кардам ман.
-Ба дарун барои истироҳат кардан меравам-гӯфт ӯ.
-Бо чунин аҳвол истироҳат кардан мехоҳӣ? -пурсидам аз вай.
Ман эҳсос кардам, ки чеҳрааш мисли пештара набуда, ҳеҷ шармаш намеояд. Дар ин вақт садои гиря омаду маълум шуд, ки ту аз хоб бедор шудӣ. Ин лаҳзаҳо бароям хело нозуку пурэҳсос менамуду ба падарат чунин гуфтам:
-Гулзор бубин! Духатарат аз хоб бедор шуд! Туро дар ин ҳолат дида аз нафаскашӣ хоҳанд монд. Оё дарк мекунӣ, ки ба ту чӣ мегӯям?
-Не, фаҳмидан ҳам даркор нест, -гӯфт падарат.
-Гулзор, ба духтарат садама нарасон, вагарна ӯ ба он гирифтор шуда, ҳеҷгоҳ онро дар зиндагӣ фаромӯш нахоҳад кард.
Ин вақт барои падарат ҳамон ҳолати марди нашъамандро, ки ба хона омаду ба зану фарзандонаш зулм карданро раво дида буд, фаҳмонида додам. Боз таъкид карда, гуфтам, ки “дар чунин ҳолат ба назди духтарат нарав, каме сабр намо то ҳолатат каме хуб шавад”!
Ман боварӣ доштам, ки насиҳатҳоям барояш панде медиҳад, магар....
Ин вақт падарат бо овози баланд гӯфт;“ту кӣ ҳасти ки маро ба назди духтарам рафтан намемонӣ! Сар деҳ маро, ҳар куҷое хоҳам меравам”.
Ҳамин тавр, охирон маротиба ӯро аз рафтан ба назди ту манъ кардаму аз доманаш сахт доштам. Аммо дар вай як хашму қувваи бади ҳайвонмонанд пайдо шуду гарданамро сахт кашид, ки нохост ба девор назди гулдони хона бархӯрдам.
Ҳамин тариқ, дигар бароям маълум набуд, ки чӣ шуд ва ман чи тавр он гулдонро гирифта ба сӯи падарат партофтам. Дар натиҷа он ба падарат мерасаду хунолуд мегардад. Дар ин ҳол ба тарафи ӯ давидаму садои дод фарёдам баланд шуд. Аз ҳамин вақт дигар ман қотили падари ту шудам.
Ҳамаи ин ҳодисаҳо боис шуданд, ки ман ба чунин бадбахтиҳо гирифтор шавам. Ҳамсояҳо садову фарёд ва ҷангу ҷидоли моро фаҳмида омаданд. Ҳамаи дӯстону хешовандон донистанд, ки падарат ба ишқи нопок ва макру найранги Симон гирифтор буд. Куштор натиҷаи ҳамин қасосгириҳо шуд. Ҳамин тавр, лабҳоям баста шуданду хомӯш мондам. Ман ҳаргиз намехостам, ки дар зеҳни ту падареки туро бениҳоят дӯст медошт, золиму ҳайвон шинохта шавад. Ҳамин тариқ, ба гуноҳам иқрор шуда, ҳеҷ даъвое накардам. Бо ҳамин маҳкамаи судӣ ҳукм бароварда, маро даҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.
Духтарам! Бароят он розҳоеро гуфтам, ки дар дилам то ҳол махфӣ маҳфуз буданд. Ҳоло ту бузургу бо ақл шудиву аз ҳақиқати зиндагӣ огаҳӣ пайдо кардӣ.
Ҳукми раҳошуданам аз зиндон содир шуду хабараш ба ман расид. Даҳ сол ранҷи зиндонро бардошт карда, сипарӣ намудам. Ман боварӣ дорам, ки ту аз ҳақиқат огоҳ шуда, ҳамаи пастиву баландии ҳаётро мушоҳида кардӣ. Пеш аз хотимаи мактуб мехоҳам бароят чанд нукотеро бигӯям.
Гули азизам! Духтарҷонам, падарат туро бениҳоят дӯст медошту бо диданат хушҳол мегашт. Ӯ як шавҳари масъулиятшинос буд. Аммо чаро вай ба чунин ҳолат гирифтор шуду ба як инсони ҳайвонмиҷоз табдил ёфт. Ту бояд дар ин бора андеша намуда, ҷавобашро ҷустуҷу намоӣ.
Хулоса, ин ки баъд аз ду ё се рӯз дар вақти шаб ё рӯз ба хонаат касе меояду даратро тақ-тақ хоҳад кард. Ин садои тақ-тақи дасти кӣ бошад, ту шояд донӣ. Аммо ман аз ту мепурсам, ки оё дарвозаро барояш боз хоҳӣ кард ё на?
Мирсаид Раҳмонов пажӯҳишгар, мутахассис ва ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, донандаи забонҳои урду, англисӣ, форсиву арабӣ ва русӣ, дорандаи Дипломи Дараҷаи Олӣ M.A. аз Донишгоҳи Панҷоб ва Дипломи дараҷаи M.Б.A-ILM/UMT-и Ҷануби Осиё мебошад.
Мирсаид Раҳмонов ҳамчунин ба ҳайси масъули кор бо ноболиғон дар соли 2004, омӯзгори фанни компютер ва технология дар ОКТ No52 ш.Душанбе дар соли 2006 ва муаллими «маркетинги байналмилалӣ ва хадамот» дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар солҳои 2006 ва 2007 кор кардааст. Ӯ як муддат ба ҳайси тарҷумон ва ассистент дар лоиҳаҳои таълимии Вазорати маориф ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон низ фаъолият намудааст.
Аслан ӯ таҳлигари масоили сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сайёҳӣ, иҷтимоии мубрами минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Мақолаҳояш мунтазам дар ВАО, маҷаллаҳо ва журналҳои илмии дохилӣ ва байналмилалӣ чоп мешаванд. Ӯ иштикорчии фаъоли конфронсҳои миллӣ ва байналмилалӣ вебинарҳо дар Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон хусусан манотиқи Осиё ва Шарқу Ғарб мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё