Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Ҳамин тариқ, Саҷҷод тавонист ҷанбаҳои манфии ҷаҳизро мавриди омӯзиш қарор доду хоҳони халосӣ ва ислоҳи он дар ҷомеа шуд. Ӯ дар ҳар кораш аннгушти худро бардошта ишора карда, сухан мекард. Бо чунин маҳорату корнамоиҳояш Саҷҷод дар миёни ҷомеа ҳамчун инсони ҷасуру баҳодур ном баровард.
Вале бо вуҷуди ҳамаи ин овозаву сару садоҳо Саҷҷод ба гапу суханони мардуми атроф таваҷҷӯҳ намекарду корашро идома медод. Ӯ медонист, ки афродеки дар бораи ӯ ҳарф мезананд, каломи ӯро ба манфиати шахсии худ истифода мекунанд.
Ӯ бошад ҳамаи илму дониш ва баҳсу мунозираҳоро аз мактабу донишгоҳ дарёфт намуда буд. Саҷҷод ифтихору хурсандӣ аз он мекард, ки ӯ барои ҷомеаи худ як намунае хоҳад гашт.
Завҷаи ӯ Сумра бошад дар хона танҳо намемонд. Шавҳараш дар як ширкати тиҷоратӣ ба сифати менеҷер кор мекарду субҳ аз хона мебаромаду бегоҳ ба хона бар мегашт. Гоҳу ногоҳ дар набудани ӯ занони маҳалла ба барои дашному ғайбат ба хонаи ӯ меомаданд.
Рӯзе яке аз ҳамсояҳо ба хона омада изҳор мекунад, ки “Саҷҷод аз хонаводаи завҷааш ҷиҳоз талаб накард, аммо чӣ хел шудааст, ки ӯ мошин меронда бошад”, гуфта ҳасад мебарад.
Занаш сабру тоқат карда дар ҷавоб ба онҳо мегуфт:
-Ин рафтору кори ӯ бароям ҳеҷ мушкилу монеа надораду нахоҳад буд. Вале ин занҳо ба айбҷӯии худ идома дода ба вай мегуфтанд, ки “ҳоло мушкил нест. Чанд рӯз мешавад, ки туйи арӯсӣ сипарӣ шуд. Духтарам суханони моро ба бадӣ нафаҳм. Калонсолони мо бидуни фикру андеша яку якбора расми гирифтани ҷаҳизро оғоз накардаанд”.
Вале ҳамаи ин ғайбату айбҷӯиҳои онҳо Сумраро нороҳат мекарду меранҷонд, аммо ӯ сабру таҳаммул мекарду хомӯш меистод. Рӯзе яке аз ҳамсояҳои калонсол ба хона омаду кори аҷибе кард. Ӯ дар наздикии Сумра нишасту орому дилсӯзона чунин иброз кард:
-“Падару модари ман бениҳоят нодор буданд. Бо вуҷуди ҳамаи он ҳамаи ашёи заруриро ба хонаи домод оварданд. Мардум ба чашми ҳайрат нигариста мегуфтанд, ки ҷаҳиз барои хонадон як иззату шараф мебошад”.
Сумра бошад то ба ҳол сабру тоқат мекард, аммо бо шунидани сухани ин зан косаи сабраш лабрез шуду ноилоҷ барояшон чунин гуфт:
-Модару падари ман хоҳони овардани ҷаҳиз буданд, аммо Саҷҷод онҳоро аз ин кор сахт манъ кард. Лутфан худатонро эҳтиром кунеду забонатонро аз гапҳои беҳуда нигоҳ доред!
Ҳамсоя бо шунидан ҷавоби Сумра ангуштони дасти росташро бо дастонаш заду гуфт:
“Эй бибӣ чӣ замони баде расидааст. Оё андешаи хайрхоҳонаи ман ба ту ҳамин ҳарфу суханҳо мебошад”,-гуфту баромада аз хона рафт.
Ҳамин тавр, аз ин ҳодиса як чанд рӯз ба хубӣ сипарӣ шуду ягон ҳамсоя ба хонаи Сумра наомад. Ва шояд ҳамон ҳамсояи калонсол барояшон гуфта бошад, ки “ӯ як арӯси беодобу лаққӣ ҳасту калонсолонро эҳтиром нахоҳад кард”.
Ҳамон рӯз Саҷҷод ба хона омаду ба зани худ гуфт:
-Имрӯз ба ошхона рафтани ту зарӯрат надорад!
-Чаро, пурсид Сумра аз ӯ.
-Зеро имрӯз бегоҳ бо ҳам ба як тарабхона хоҳем рафт, гуфт Саҷҷод ба занаш.
–Хело хуб, иброз кард Сумра.
-Лутфан соатҳои 6-и бегоҳ омода шав! -Иброз кард Саҷҷод.
Бегоҳии ҳамон рӯз Сумра лабсурхкунашро аз ҳамёнаш бароварда мехост лабонашро сурх кунад, ки нохост холааш вориди хона шуд. Чанд дақиқа бо ҳам мулоқот карданд ва дар ниҳоят холааш аз ӯ пурсид:
-Эй Сумра ҳамёнатро боз карда нишастаӣ, вале ҷевони либоспӯшиат дар куҷост?
-Надорам хола. Шумо медонед, ки шавҳарам қабулу овардани онро рад карда буд, гуфт ба холааш.
-Ӯ овардани онро рад кард, аммо модару падари ту бо зӯр метавонистанд онро барояш бидиҳанд, гуфт холааш ба вай.
-Бо зӯр чӣ тавр овардану расонидан имкон дорад. Зеро қабулкунанда бо шунидани ҷаҳиз дастҳояшро ба гӯши худ бурда, тамоман намехост онро бипазирад, бо ғӯсса ҷавоб дод Сумра.
Сипас холааш каме бо диққат ба тарафи Сумра нигоҳ карду гуфт:
-Духтарам Сумра, рост мегӯӣ. Ман аз ин кор каме нороҳат шудам. Оё хонаи арӯс ҳамин хел ҳам мешудааст? Хушдоманат низ ҳеҷ чора наандешидааст. Чи тавр мумкин аст, ки арӯс дар болои замин нишаста лабонашро сурх мекунад, илова кард холааш.
Ҳамин тариқ, Сумра ҳаяҷонзада ба холааш гуфт:
-Не холаҷон нороҳат нашавед. Ҳамааш оромона пеш хоҳад рафт, иброз кард Сумра.
Баъд аз ним соат Саҷҷод ба хона омад. Ҳамин тавр, холаи Сумра ба Саҷҷод тамоми арзу шикоятҳояшро шунавонид. Агар Сумраву шавҳараш ба сафар намебаромаданд, кӣ медонист ки натиҷаи гуфтуву муноқишаҳои онҳо ба чӣ меанҷомид.
Ҳамин тариқ, ҳар ду ба сайру гашт баромада ба тарабхона рафтанд. Вале ба назар мерасид, ки сайру гашти онҳо на онқадар хушу гуворо мегузашт. Бо вуҷуди он ки ғизо бо лаззат буд, аммо барои Сумра таъму мазаи он бад менамуду худашро хуб эҳсос намекард.
Сумра аз ин пас вай дар хонаи худ кам меистод ва бештар ҳамроҳи хушдоману амакҳо зиндагӣ мекард. Ҳамон рӯз Саҷҷод аз хона баромаду ба идора рафт. Дар ҳамин вақт як зане ба хонаи ӯ омаду гуфт:
-Салом духтарам Сумра. Маро нашинохтӣ?, пурсид аз вай аз Сумра. -“Не мебахшед, нашинохтам”, ҷавоб дод Сумра.
Сумра ӯро аввалин бор дар ин хона медид.
-Ҳеҷ гапе не. Даврони ҳинобандӣ (меҳндӣ18) ҳамаи зебу зиннати туро
ман банду баст карда будам, изҳор кард ӯ.
18 Меҳндӣ ё ҳинобандӣ мебошад, ки ҳангоми маросими арӯсӣ аз он истифода мешавад. Он як навъ маросимест, ки дар Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Непал ва Афғонистон маъмул аст. Он одатан ҳангоми тӯй барои арӯсҳои сикҳ, мусулмон ва ҳинду истифода мешавад. Дар Раҷастан, ба домодҳо тарҳҳое дода мешаванд, ки аксар вақт мисли тарҳҳои арӯс таҳия шудаанд.
-Хело хуб, марҳамат намоед, гуфт Сумра.
Зан нишаста ба Сумра чунин изҳор кард:
-Номи ман Сарватхонум мебошад. Ҳавлие ки дар наздикии масҷид намоён аст, хонаи ман ҳаст. Ягон рӯзе туро ба хона даъват хоҳам кард. -Раҳмат холаҷон, гуфт Сумра.
Сарватхонум хонаи Сумраро аз назар гӯзарониду гуфт:
-Бале дуруст аст, ки онҳо ҷаҳиз талаб накарданд. Хайр ҳеҷ гапе духтарам. Чӣ бояд кард, ки даҳони мардумро баст, то ғайбату сӯханпардозӣ накунанд, пурсид зан аз ӯ.
Ҳамин тавр ба сӯханони худ идома дода гуфт:
-Чиҳо мегӯянд мардум. Хок ба сари онҳо. Дирӯз зани сабзифурӯши маҳалла Мавло Бахш мегуфт, ки “ба хона ҷаҳиз намеоранд, вале ашёи хонаро мепазиранд”, бо сару садо изҳор кард зан ба Сумра.
-Ин ҳама дурӯғ аст, тамоман дурӯғ! -Бо садои баланд таъкид карда мегуфт ин зан.
-Бале воқеан дурӯғ мегӯянд. Мехоҳем даҳонашон банд бошад, аммо бо вуҷуди ҳама хоҳу нохоҳ сару садоҳо карда, суханпардозӣ мекунанд. Аз ин амали бад чӣ фоида ба даст меоварда бошанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки одами серҷоғу сергап ҳамеша сафсафата гуфтан мегирад, иброз мекард ӯ.
Бо шунидани ин хабарҳо як дам чеҳраи Сумраро ғӯсса фаро гирифт.Аммо Сарватхонум ба гапаш идома дода,“Дафъ соз онҳоро духтарам”, гуфта баромада рафт.
Баъд аз рафтани Сарватхонум фавран Сумра ба рӯйҳои худ обпошиду китоберо ба даст гирифта, ба мутолиа оғоз кард. Бегоҳӣ Саҷҷод аз кор омаду дид, ки занаш дар сар руймол баста ғамгину нороҳат нишастааст. Ин ҳолатро дида фавран аз ӯ пурсид:
-Чӣ шуд Сумра, сарат дард мекунад, рафта даво биёварам?
Дар ин вақт Саҷҷод либосҳои худро иваз мекарду Сумра бошад ҳамаи ҳодисаро барояш мешунавонид.
-Мардум ҳар чиз гуфтан мегиранд. Ба суханони онҳо эътибор набояд дод. Онҳо аз гапу сафсатаҳо сухан месозанд. Чаро бояд нороҳату парешон шуд, гуфту Саҷҷод барои дору рафт.
Бегоҳии рӯзи панҷшанбе Саҷҷод нақша кашид, ки ҳамроҳ ба тамошои филм хоҳанд рафт. Ҳамин тариқ, ӯ дар вақташ расида омаду Сумраро дар назди оина дида гуфт:
-Сумра ин оина аз куҷо пайдо шуд?
Сумра барои эҳтироми шавҳараш аз ҷой бархосту гуфт:
-Дар замин нишаста муйямро шона кардан мушкил буд. Модарам бароям онро овард.
-Ин ба ҷиҳоз чӣ рабте дорад ва оё фарзандон аз модарон чунин чизҳоро металабанд? Саҷҷод мехост чизе бигӯяд, аммо занашаро дида хомӯш истод. Сумраро бошад ин лаҳза ханда фаро гирифт.
Ҳамин тариқ, Саҷҷод медид, ки ҳар рӯз ба хонааш ашёи нав ворид мешавад. Худи ҳамон рӯз ба хона омаду дид, ки дар даромадгоҳ қолини наве густурда шудааст.
Завҷааш ба Саҷҷод нигариста барояш изҳор кард:
-Ду дугонаам барои чойнӯшӣ ба хона ташриф оварда буданд. Фикр кардам, ки хубтар буд, то холигии фарши хонаро бо ҳамин қолин пӯшонам то зеботар гардад.
Сипас Саҷҷод ба зани худ нигоҳ карда гуфт:
-Пасфардо роҳбари идораи мо бо ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш ба хона хоханд омад.
Ҳамин лаҳза Сумра ба фикр даромаду Саҷҷод ба вай нигариста гуфт: -Ҳамаи корҳо пешрафта хубтар шуда истодаанд.
Саҷҷод барои дур кардани парешониҳои Сумра, зарфи сафолиеро, ки аз хонаи дӯсташ оварда буд, бароварда ба вай гуфт: -Бубин Сумра ман бароят чӣ овардам.
Ӯ ба суханаш идома дода аз завҷааш мепурсид, ки “оё ин моли хуб аст ё хуб не”. Аммо Сумра бошад ба саволи ӯ чизе намегуфту хомӯш меистод.
Ҳамин тавр, роҳбари корхонаи Саҷҷод бо ҳамроҳии зану фарзандонаш ба хонаи ӯ омаданд. Сумра дар болои як зарф (поднос) чой овард. Саҷҷод онро диду ҳайрон монд. Баъд аз рафтани меҳмонҳо Саҷҷод аз зани худ пурсид:
-Сумра ин чӣ ҳаст? Ин ҳамон чиз нест, ки ман аз хонаи дӯстам оварда будам.
-На хайр, он чиз нест.
-Инро аз куҷо пайдо кардӣ, пурсид Саҷҷод.
-Аз хона овардаам. Инро падарам аз шаҳри Карочӣ бароям харида
буданд. Фикр мекардам, ки хубаст то барои эҳтироми ташрифи роҳбари шумо аз он истифода кард.
-Сумра онҳо ба ту чиҳо гуфтанд, пурсид Саҷҷод аз завҷааш.
-Киҳо, изҳор кард Сумра.
-Модару падарат, гуфт Саҷҷод.
-Ҳеҷ чизе нагуфтанду зарӯрат ҳам намедонанд, то чизе бигӯянд, иброз кард Сумра ба Саҷҷод.
Дар ин кор Саҷҷод хомӯш меистод, аммо дар худ нороҳатиеро эҳсос мекард.
Дар чунин лаҳзаҳои парешон нохост Сумра ба ӯ муроҷиат карду гуфт: -Лутфан як маротиба ба беруни хона бароед.
-Чаро, пурсид бо тааҷҷуб Саҷҷод аз вай.
-Хайр як маротиба бароед чӣ, хоҳиш кард Сумра аз Саҷҷод.
Саҷҷод дар тан либосҳои шабона ба назди дарвоза рафта нигоҳ кард, ки хусураш дар он ҷо истодааст. Ӯро диду дар ҳол ба вай ҳайратоварона изҳор кард: -Марҳамат дароед!
-Вале пеш аз даромадан ба хона ҳамаи ашё банду баст шаванд, гуфт хусураш ба Саҷҷод.
-Кадом чизу чора, савол кард бо тааҷҷуб Саҷҷод.
-Ҷиҳози арӯс писарам. Ба ҷои камтар-камтар онҳоро вусул кардан, хубтар аст, ки якбора ҳамаи ашёро пазируфт.
Саҷҷод ҳамаи ҷиҳози арӯсро диду дар ҳайрат монда чизе гуфта натавонист. Хусураш ба Саҷҷод дубора нигариста изҳор кард:
-Оё ҳамин кор хубтар нест писарам!
Дар ниҳоят хусури Саҷҷод пеш аз онки аз забони духтараш чизе бишнавад, ҳамаи чизу чораро аз мошин фароварда дар назди ҳавлии онҳо гузошт....

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё