ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...
зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа
Аз ҷумла илм низ ва мо бисёр мушоҳида ҳам кардаем, ки маълумоти дастрасшуда аз ду паҳлӯ иборат буда, ҳар ду ҷониб истифода мешаванд, ки муҳтавои инро дар бархурди илму дин дидан қобили қабул мебошад. Дар як нигоштаи тахассусии худ академик Фарҳод Раҳимӣ илми табиатшиносиро чунин шарҳ додааст: “Дар табиатшиносии муосир ду раванди зикршуда ҳаста (мағз, ядро)-и табиатшиносиро ташкил медиҳанд. Ин соҳаи табиатшиносиро аз шаклҳои ҳаракати материя (ҳаюло) фарқ мекунанд. Мавзўи табиатшиносӣ донистани шаклҳои гуногуни ҳаракати материя (ҳаюло) мебошад. Сохт ва ташкили ҳар он чизе, ки дар Кайҳон мавҷуд аст, мавзўи омўзиши табиатшиносӣ мебошад. Табиатшиносӣ қонуниятҳои махсусеро ошкор месозад, ки онҳо хосиятҳои мушаххаси олами моддиро шарҳ медиҳанд. Илмҳои табиатшиносӣ дар замони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Олами физикӣ имрўз фосилаи калони миқёсҳоро фаро гирифтааст. Дар миқёсҳои микроскопӣ, масалан, дар физикаи зарраҳои бунёдӣ бо бузургиҳои тартиби 10-22см ва 10-15см сарукор мегирем. Дар миқёсҳои макроскопӣ, масалан, дар кайҳоншиносӣ (космология) вақт баробари 1010 сол (синни Кайҳон), масофа бошад, 1028 см (радиуси уфуқи рўйдодҳо, яъне масофае, ки аз он сигналҳои физикиро қабул кардан мумкин аст) буда метавонад. Дар марҳилаи муосир табиатшиносӣ робитаи худро ба иқтисодиёт, донишҳои гуманитарӣ ва ҳатто ба санъат қавӣ намуда, ба инсон хеле наздикӣ пайдо мекунад. Тасаввурот оид ба ягонагии инсон ва табиат – коэволютсия дар асри гузашта дар Русия шурўъ ба ташаккул намуда, номи космизми русиро гирифт. Намояндагони он (П. Флоренский, В. Соловев, Н. Федорова, Л.Н. Толстой, В. Вернадский) андеша меронданд, ки фикр ва шуур низ аз мавҷудоти табиат мебошанд”.
Ҳамчун донишманди илми риёзиёт ба ин гуфтаҳо қонеъ нагардида, дар таҳқиқи илми физика жарфтар гом мениҳад ва илми мазкурро “сарчашмаи тамаддуни муосир” ном мениҳад: “Дар асоси ғояҳои физикӣ аслан соҳаҳои нави техника ба вуҷуд меоянд ва тараққӣ мекунанд. Кашфиёти физикӣ имкон медиҳад, ки ҳатто чунин масъалаҳои техникие ҳал карда шаванд, ки онҳо то ин замон на танҳо ҳал гардида буданд, балки ҳатто ба миён гузошта низ намешуданд. Масалан, таҳқиқи ҳодисаҳои ҳароратӣ дар асри ХIХ ба такмили босуръати муҳаррикҳои ҳароратӣ мусоидат намуд. Таҳқиқот дар соҳаи электромагнитизм боиси пайдоиш ва рушди электротехника, телеграф, телефон, радио ва минбаъд телевизион гардид, ки бе онҳо имрўз ҳаёти моро тасаввур кардан душвор аст. Транзистор, лазер, реактори ядроӣ (ҳастаӣ), компютер, парвоз ба Кайҳон ва ба Моҳ – ҳамаи инҳо унсурҳои технологияҳои навтарин мебошанд. Физика ба аксарияти соҳаҳои муосири техника – энергетика, нақлиёт, техникаи авиатсияи кайҳонӣ, техникаи компютерӣ ва монанди инҳо ҳаёт бахшид. Бинобар ин, бемуболға метавон гуфт, ки физика сарчашамаи тамаддуни муосир аст”.
Бинобар таҳқиқи Фарҳод Раҳимӣ риёзиёт танҳо аз як ҷониб баррасӣ шудааст ва дар воқеъ айни замон тамаддуни башар бидуни дастоварҳои илми физика тасаввурнопазир аст, аммо ихтирои таҷҳизоти барқӣ ва ғайраҳо тибқи андешаронии муқаррарии бо таассуби ғайриэътимоднок мусаллаҳгардида шиддати майдони магнитиро афзоиш дода, ба инсон дарди сар меоваранд, ё худ таъсири манфии онҳо дар тандурустии одамон мушоҳида карда мешавад. Гузашта аз ин, тавозуни меҳнати фикрӣ ва меҳнати ҷисмонӣ дар асоси пешрафти илму техника аз меъёри муқаррарӣ убур карда, афзалияти меҳнати фикрӣ тавассути интернет, компутер ва амсолашон инсонҳоро танбалу бераҳм месозанд. Ва чунин андешарониро метавон идома дод, чунки дар муҳити шаҳру русто бархурди ақидавӣ вуҷуд дорад ва маҳз ҳамин бархурд сабаби рушд маҳсуб мешавад. Аз ҳамин хотир, набояд ин тасодуми фикриро аз байн бурд, чунонки болшевикҳо карданд ва бузургтарин иштибоҳи онҳо низ иборат аз ин буд, ки тасодумро дар фикрронӣ нест карданд.
Маҳлули нитрогени моеъ ва истифода шудани он дар тиб, бавижа дар ҷарроҳӣ яке аз пажӯҳишҳои густурдаи академик Фарҳод Раҳимист, ки онро дар шакли китоби ҷудогона соли 2017 мунташир сохтааст. Ин нукта дар китоби зайл таъкид мешавад, ки ҳосил намудани нитрогени тозаи техникӣ хеле гарон муяссар гардида, бинобар ин омилҳо дар истеҳсолот ҳаво мавриди истифода қарор гирифтааст ва нитрогени озодро дар соҳаҳои мухталифи саноат истифода мекунанд. Бояд мутазаккир шуд, ки бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ истеҳсоли нитрогени моеъ дар Институти физикаву техникаи ба номи академик Султон Умаров қатъ гардид ва фақат ин амал бо ташаббуси Фарҳод Раҳимӣ соли 2014 аз нав ба роҳ монда шуд.
Рӯ овардани шахсиятҳои таърихӣ ба илму маърифат гувоҳномае мебошад, ки башар ҳамеша ба илму маориф ниёз дошт ва алъон низ ҷомеаи муосир ба болоравии сатҳи ҷаҳонбинии илмии шаҳрвандон ва такмили тафаккури техникӣ эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин, баррасии илми муосир дар осори илмии Фарҳод Раҳимӣ на танҳо ҷанбаи таҳлиливу таҳқиқӣ, балки паҳлӯҳои таблиғиро низ фарогир шудаанд. Бешубҳа, таблиғи илм дар асри ҳозир ҷавонмардӣ мебошад, чунки ҳар гуна фикрҳои таҳмилӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ таҳмил мегардад ва дар чунин авзоъ таблиғ намудани ҷаҳонбинии илмӣ яке аз роҳҳои мубориз бо таассуб ва нигоришҳои бесуд маҳсуб мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё