ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...
зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа
МУОСИРИЯТ
Касе ки илмро дорост, дар ҳеҷ сурат ниёзе ба дин надорад.
Иоганн Волфганг Гёте Илми бузург шод зистани ин аст, ки фақат дар замони барои худ муосир зиндагӣ кунем.
Пифагор
Зимни баррасии раванде, ки бо унвони муосирсозӣ муаррифӣ мешавад, диди уламо дар дохилу хориҷи кишвар мухталифанд. Ҷиҳати таҳқиқи масъала яке аз онҳоро интихоб карда, сайъ намудем афкори илмии ӯро барои аксар ҳаммеҳанони хеш ошно созем. Мунтахаби олимон доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистион Усмонзода Хайриддин Усмон аст, ки муҳтавои муосириятро дар маънии “беҳтар аз ҳама”, “беҳтар аз пешина” ва “танҳо ба ҳозира хос” дарк карда, зимни баррасии илмии муосирият эътироф мекунад, ки дар фалсафаи иҷтимоӣ чандин маънии вожаи мазкур пазируфта шудаанд: “1) муосирият – яъне дар зинаи инкишофи саноати сармоядорӣ қарор доштан ва ё ин марҳилаи инкишофро тай намудани ҷомеаҳо. Дар ин маврид таъкид мегардад, ки мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ дар сафи пеши кишварҳое, ки ин марҳиларо пушти сар намуданд, қарор доранд... 2) муосирият – яъне бо пайравӣ аз намунаи рушди кишварҳои аврупоӣ ҳаёти ҷамъиятии ҷомеаи худро ба роҳ мондани кишварҳои ғайриғарбӣ... 3) муосирият – яъне табиӣ ҷараён гирифтани ҳаёти ҷомеаҳо дар марҳилаи муайяни замони нуҷумӣ, ки новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ ва сатҳи рушдашон ба ҳолати имрӯза алоқамандӣ дорад... 4) муосирият – яъне дар заминаи алоқамандии дастовардҳои тамаддуни саноатӣ ва анъанаҳои худӣ дар сатҳи “беҳтар аз пешина” ва хос ба ҳозиразамон ташкил намудани ҳаёти ҷамъиятӣ”.
Усмонзода Х.У. ҷиҳати пайванди ҳувият бо муосирият иктифо карда, номуайяниро бо такя бар андешаҳои уламои русзабон чун В. Г. Федотова, В. А. Калпаков ва ғайра шарти зарурии замони муосир ва ба вижа барои насли нав пешбинӣ мекунад: “...Вақте ки фард мустақил мешавад, ӯ ҷойи пештараи худро дар низом аз даст медиҳад ва муайянии навро пайдо намекунад. Ӯ маҳкум ба номуайянӣ мегардад. Барои ӯ қисмати худро назорат кардан сода нест, ӯ бовариро ба ҳувияти хеш, ки барояш тавассути мақоми иҷтимоӣ ё ҷойгоҳаш дар мартабаи муносибатҳои ҳокимиятӣ ба даст омада буд, гум мекунад. Вале маҳз масъалаҳои марбут ба ҳувияти фарҳангӣ ва ваҳдати иҷтимоӣ дар заминаи бархӯрдҳои таърихӣ дар Аврупо роҳро барои густариши муосирият боз намуданд. Миллат ҳамчун умумияте ташаккул меёбад, ки дорои мушахассот дар шакли ҳувияти миллӣ аст. Ваҳдат ҳамчун посух ба талоши густаришёбии муосирият инкишоф ёфт. Муосирият фардро аз табиат, аз мадори алоқаҳои пешкашнамудаи ҷомеа бо дигарон озод намуд”. Дар воқеъ, яке аз падидаҳои асосии илми ҷомеашиносӣ дар замони муосир ҷаҳонӣ шудани фарҳангҳо ва тамаддунҳост. Муҳаққиқони ҷаҳонишавӣ ин равандро шарҳҳои мухталиф дода, оғози онро аз солҳои 80-уми садаи гузашта пиндоштаанд. Минбаъд ҷаҳонишавӣ ба илм ворид гардида, аз мавзуҳои асосии он мубаддал гардид.
Усмонзода Х.У. масъалаи имрӯзикунонии ҷомеаи шаҳрвандиро дар китоби “Тоҷикистон дар масири тағйироти иҷтимоӣ” чунин баррасӣ кардааст: “... кӯшиши имрӯзикунонии ҷомеа ҳамон вақт раванди ақлониро касб мекунад, ки агар он тавонад сармояи иҷтимоӣ ва менталитети имкони қабулу бозтавлиди навоварҳо доштаи мардумро чӣ дар соҳаи иқтисодию сиёсӣ ва чӣ иҷтимоию фарҳангӣ самаранок истифода барад. Дар алоқа бо ин саволе пайдо мешавад, ки оё анъанаҳои фарҳангии мо метавонанд бо навовариҳои тамаддуни муосир (технологияи нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғ.) сари кор дошта бошад, зеро маҳз онҳо замонати имрӯзикунонии ҷомеаро ба душ доранд. Барои мо дар роҳи дарки ин масъала омӯзиши таҷрибаи имрӯзикунонии соири ҷомеаҳои Осиёро омӯхтан мувофиқи мақсад аст”.
Кишварҳо ва ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф ҷиҳати интихоб байни ваҳдати миллӣ ва гуногунфарҳангӣ ниёз надоранд, чунки мутобиқ ба назарсанҷиҳо ва мушоҳидаҳои роҳандозишуда онҳо метавонанд дар канори ҳамдигар зиндагӣ кунанд. Аммо чандфарҳангӣ сиёсате маҳсуб мешавад, ки ҳадафи он ҳифзи фарҳангҳо ва одобу русуму анъанаҳои ноқис аст. Барои аз байн бурдани чунин расму анъанаҳо, ки зиёиён дар буҷаи афрод доранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим таҳия гардид, аммо ин санади ҳуқуқӣ аз ҷониби ашхоси манфиатҷӯ сахт интиқод ёфт. Бо вуҷуди ин, қонун расман ба тасвиб расид ва алҳол маълум мегардад, ки аксари шаҳрвандон аз бори гарони анъанаҳои сохташуда азият мекашиданд. Анъанаҳои хуб мемиранд, чунки онҳо муфид барои омма ҳастанд, лекин анъанаҳои фасодзо боқӣ мемонанд, чунки ҳузури онҳо ба манфиати гурӯҳе хоҳад буд ва агар чунин анъанаҳо аз байн раванд, пас тоифаи манфиатҷӯ мисли домуллоҳо аз суд маҳрум мешаванд. Бояд мутазаккир шуд, ки анъанаҳо дар як сурат судманд хоҳанд буд, ки аз будани онҳо халқи мазлум осеб набинад. Озодии фарҳангӣ барои инсон имкон фароҳам меорад, ки ҳувияти фарҳангии хешро интихоб карда, ҳуқуқи дигаронро ҷиҳати таҳияи худогоҳии фарҳангӣ поймол насозад. Ҷунбишҳои фарҳангсолорӣ дар асри мо таҳдиде барои озодии фарҳангӣ ба бор оварда, мушкилиҳои пайдошударо ҳал карда наметавонанд. Афроде, ки чунин ҷунбишҳоро раҳбарӣ мекунанд, ба бартарии фарҳангии худ эътиқод доранд ва ба дунболи таҳмили идеологияи худ рафта, умри гаронмояи хешро сипарӣ мекунанд. Солҳои 90-уми садаи сипаришуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки исломро аз соири адён бартар дониста, эътимод доштанд, ки онҳо нисбат ба дигарон ба Худо наздиктаранд, дар майдонҳои шаҳри Душанбе тазоҳурот намуданд. Таассуб ва нохудогоҳӣ онҳоро водор кард, ки ҷиҳати татбиқи андешаҳои худ дигаронро ба инобат нагирифта, аксар шаҳрвандонро маҳкум бинмоянд ва дар ин ҷода аз зӯроварӣ истифода кунанд. Ин амалҳои ношоиста то кунун аз лавҳи хотири инсонҳо зудуда нашудааст, чунки ҷабру зулм омили камбудӣ дар фарҳангдорӣ аст ва ҳар кӣ аз ҷумлаи чунин афрод маҳсуб мешавад, оқибат шармсор хоҳад шуд. Он замон фазои кушодаи фарҳангӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ набуд ва интиқоли бархе аз аносири фарҳангӣ чун филмҳо, тасвирҳо, мусиқӣ, меъморӣ ва ғайра мушоҳида намешуданд. Фақат аз Эрон ярмаркаи фурӯши китобҳо дар санаи 1989 баргузор гардид ва пасон дукони китобфурӯшии “Алҳудо” дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохт, аммо агар таҳкурсии мубаллиғини илсомӣ барвақтар намебуд, ҳеҷ гоҳ бо фурӯши кутуб интиқоли инқилоби исломии Эрон дар кишвари мо роҳандозӣ намешуд. Шояд суол пайдо шавад, ки инқилоби исломӣ интиқол нашудааст, аммо шиорҳое, ки дар тазоҳуроти соли 1991 мушоҳида мешуд, ҳамагӣ шиорҳои асосии инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 буданд. Алҳол, мубаллиғини хориҷӣ дар фурӯши силсилафилмҳои туркӣ ҳамаи меъёрҳои фарҳангиро таҷовуз намудаанд, лекин вазифаи асосии илм иборат аз ин аст, бо боло бурдани сатҳи ҳувияти фарҳангии шаҳрвандон онҳоро аз чанги аҷнабӣ раҳо кунад. Бар хилофи ин, ҷаҳонишавӣ мунҷар ба густариши доимии ҳамгироӣ ва баҳамоии фарҳангҳо байни мардуме мешавад, ки дар сайёраи мо сокин ҳастанд. Ҷаҳон дар айни замон ба ҳамон андоза ниёзманди эҳтироми бештар ба ҳамгироист, ки фарди дорои ҷаҳонбинии ноқис ва таассубу ҳисси бадбинӣ онро дарк намекунад ва ҳатто барои дарк намудани чунин арзишҳо ниёз надорад. Бинобар ин, фикри бартарӣ додани худ ва фарҳангу тамаддуне, ки аз онҳо намояндагӣ хоҳед кард, басе фаҳмиши аҳмақона аст, ки инсонро дар муҳити иҷтимоӣ оқибат расво карда, чун нотавонбин дар назари ҳама муаррифӣ мекунад. Беҳтар пиндоштани худ аз дигарон василаи дунболи худ раҳнамоӣ кардани онҳост ва Алии Шариатӣ дар ин маврид менависад: “Ғарб бо бад нишон додани мо худашро ба сурати кулли бенуқсон, беайб, дорои ҳамаи имконоте, ки навъи баргузидаи башар метавонад дошта бошад, як кулли мутлақ муаррифӣ кард, ки ҳар чӣ меандешад, беҳтарин аст ва ҳар чӣ коре мекунад, коре аст, ки беҳтарин аст...”. Ба қавли бархе аз ҷомеашиносони Ғарб, “яке аз далелҳои рад шудани фарҳанги бегона ин аст, ки дар чунин бархурде мавзӯи бартарии як фарҳанг ногузир матраҳ мешавад”. Шояд барои афроде, ки собиқаи бадавӣ дошта, дар тӯли таърих ҳамеша фарҳангу тамаддуни милали ғасбгардидаро пазируфтаанд, имрӯз бартарии фарҳанге дар тафаккури онҳо нақши боризе боқӣ гузорад, аммо миллатҳое, ки фарҳанг офаридаанд, зимни ҳамгироии фарҳангҳо бартарӣ додани яке аз онҳо чандон эътимодбахш намебошад. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа ва дар ҳамсоякишварҳо ин баҳогузорӣ васеъ интишор гардид ва миллатҳое, ки таърихи начандон тӯлонӣ доранд, ба худ иҷоза доданд, ки Одам алайҳисаломро чун худ дониста, нахустин инсонҳоро ҳамтабори хеш муаррифӣ кунанд. Ин андеша, ки рӯирост таҳрифи таърих аст, бештар дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон паҳн гардид ва олимони ин кишварҳо далелҳои маснӯӣ пешниҳод намуданд, ки миллатҳояшон қадимтарин дар сайёра маҳсуб мешаванд. Аммо ин иқдом аз нуқси ҳувияти фарҳангии онҳо мунташир шудааст, чунки агар инсон ва гузашта аз он, инсони пажӯҳишгар даъвоҳои дар таърих набударо эҷод карда, онҳоро бар худ муносиб бинад, пас ӯ дар ботлоқи нодонӣ ғутавар мебошад. Бар хилофи чунин иқдомоти шармсорона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси хаттии ниёкон ба ҳамагон дастрас мешавад ва ҳадаф аз он ин аст, ки ҳар шаҳрванди кишвар бо гузаштаи худ ошно бошад ва эҳсос кунад, ки ниёкони ӯ дар гузашта соҳибфарҳанг будаанд.
Ба қавли файласуфи тоҷик Усмонзода Х.У., “фарҳангҳо на танҳо гузаштаву ҳозираро дарбар мегиранд, балки барои ояндагон низ ба мерос расида, сарнавишти минбаъдаи қавму миллатро муайян мекунанд”. Мавсуф муътақид аст, ки фарҳангҳоро инсон меофаринад ва ин созандагӣ хусусияти тадриҷӣ дорад. Аммо тафаккури созандаро эҳтироми гӯшношуниде ба гузаштаи хеш маҳв месозад, чунки фард ҳамаи ормонҳои дарунии худро дар гузаштаи аҷдодӣ мебинад ва барои ӯ ақли созанда тадриҷан бо фарогирии мероси хаттии ниёкон оқибат ба хотири ҳифзкунанда табдил хоҳад ёфт. Фарҳанги мо бошад, бо гузаштаи хеш ифтихор дорад ва чун сухан аз таҳқиқ оғоз гардид, муҳаққиқон ғолибан ба шарҳу тафсири фарҳанги гузаштагон мепардозанд. Усмонзода низ тамоили мазкурро зикр намуда, ин ҳарфҳоро иқрор кардааст: “Омӯзиши ин масъала моро ба он рӯ ба рӯ месозад, ки дар фарҳанги мо имрӯз ҳисси эҳтироми баланд нисбат ба фарҳанги гузаштаамон мушоҳида мешавад ва ин таъсири худро дар фазои эҷоду роҳандозии ҳаёти маънавии ҷомеа аён месозад”. Бо нишонаи эҳтиром ниёи худро ҷойи таҳқиқу баррасӣ ҳифз намудем ва бархе ҳамватанон дар ин амр хеле фарохтар рафта, ҳатто девонҳоро ҳифз кардаанд, аммо аз ҳифзи ҳикмати аҷдодӣ моро чӣ суд, вақте ки муҳтавои он ҳикматро надонем. Чун пажӯҳиш нест, тафаккур асли созандаро гум мекунад ва ба зеҳне табдил меёбад, ки ҳамеша аз андешаи ғайр таъсирпазир хоҳад буд. Агар фарҳанги Ғарбро баррасӣ кунем, бешубҳа хоҳем дид, ки дар он таърих ашхосе чун Мартин Лютер, Рене Декарт ва Фридрих Нитше гузаштаро бо имрӯза омезиш надода, балки имрӯзаро аз гузашта наҷот додаанд. Саввумӣ дини насрониро ба ҳайси шиканандаи инсон муаррифӣ кардааст. Аввалӣ бошад, бар фарҳанги ҳамонвақтаи аврупоӣ эътироз кард ва протестантизм ҳосили ҳамон эътирозест, ки Лютер алайҳи католитсизм доштааст.
Посдорони фарҳанги миллии тоҷикон бошанд, дар гузашта барои аз қудрат рафтани намояндагони халқи хеш мусоидат карданд ва онҳоро дар ин ҷода рӯҳониёни мазҳабӣ ҳидоят намуданд, аҳли қалам бошад, бинобар авзои моддию молиявӣ ба даргоҳи аҷнабӣ рафта, онҳоро дар тазъиқу истеъмори миллати худ ҳампаймонӣ карданд ва чунин авзоъ имрӯз низ дар муҳити нашъунамои фарҳанги миллӣ ҳукумат мекунад. Имрӯз низ баъзе аз шаҳрвандони кишвари мо хориҷ аз Меҳани худ ба тахрибкорӣ машғуланд, ки намунаи олии таассуб ва хурофот аст. Дар замони муосир фарҳанги имрӯзро бо гузашта набояд муқоиса кард, агарчи бийни онҳо иртибот вуҷуд дорад, чунки муҳтавои фарҳангӣ ва масъулияти афроди соҳибфарҳанг дигар шудаанд, чунонки Усмонзода Х.У. мегӯяд: “Дар ҷомеаи воқеан мутамаддин фарҳанг на ҳамчун соҳаи фароғату дилхушӣ, балки пеш аз ҳама, ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад”.
Лозим ба ёдоварист, ки муҳаққиқи муосирият дар ҷодаи тағйирёбии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқоисаи он бо кишварҳои дигари ҷаҳони муосир пажӯҳиши густурдаро анҷом дода, ҷиҳати баррасии раванди ҷаҳонисозии қудратҳои ҷаҳонӣ комёб гардидааст. Бояд иқрор кард, ки Хайриддин Усмонзода андешаи муносиб ба муосирсозии ҷомеаро пешниҳод карда, бурду бохти муосириятро дар дилхоҳ ҷомеаҳо баррасӣ намудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё