Зеҳн
ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...

зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ПАЖӮҲИШГАРИ АҲДИ БОСТОН

Аз зумраи бостоншиносон, ки дар улуми дигар низ рисолаҳо нигошта ва таҳқиқи илмиро дар пояи манобеъ ба роҳ мондаанд, бегуфтугӯ ангуштшумор ҳастанд. Яке аз ин тоифаи ангуштшумор академик Юсуфшоҳи Яқубшоҳ аст, ки дар таҳқиқи мавзеҳои бостонӣ нақши калидӣ дошта, нахустин маротиб ба осори ривоятӣ бо нигоҳи илмӣ баҳогузорӣ кардааст. Гузашта аз ин, номбурда ба шахсияти Зартушт, замони зуҳур ва паҳлӯҳои гуногуни таълимоташ, биниши аслӣ ба китоби “Апастак” бо таҳрирҳои минбаъд ҷараёндошта, силсилаи Каёниён ва ҳақиқати Ҷамшед таваҷҷуҳ зоҳир намуда, замони зарурат марзи забоншиносиро убур мекунад ва ба баррасии масоили вожашиносӣ мепардозад. Аз ҳамин хотир, муаррих, бостоншинос, муҳақиқи осори аҳди бостонии ориёиёни қадим ин лаҳзаҳо бо нозукбаёнӣ диқатҳоро ба худ ҷалб намуда, дар рушди илми ватанӣ саҳми арзандае гузоштааст.

Юсуфшоҳи Яқубшоҳ айни замон дар илми соҳавии тахассусӣ (таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ) ягона академик мебошад. Теъдоди рисолаҳои нигоштааш хеле зиёданд ва ба муҷиби бисёрии монографияҳо онҳоро бо ангушт шуморида намешавад. Тасмими мост, ки ҷонибҳои асосии осори илмии академик тибқи номгузорӣ муаррифӣ гардад ва бинобар ҳамин ҳадаф мо ба таҳқиқи шахсият ва фаъолияти илмии Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ ҳусни оғоз мебахшем.

а) Ковишҳои бостоншиносӣ

Бостоншиноси шинохта аксар вақти хешро дар ковишҳои бостоншиносӣ сипарӣ карда, қариб дар ҳамаи манотиқи кишвар дар ҳафриётҳо ширкат доштааст. Дар ҳолномаи муҳаққиқ, ки бо қалами академик нигошта шудааст, ширкат доштани ӯ дар ҳафриёт тасдиқ мегардад, чунки пас аз хатми Донишгоҳ номбурда аз соли 1960 то кунун ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ буда, бинобар омӯхтани усули ковишҳои бостоншиносии мактаби бостоншиносии шаҳри Санкт Петербург дар пойгоҳҳои ҳафриётии дохили кишвар ва хориҷи мамлакат мушорикат доштааст. Масалан, ҳафриёти рақами VII ва XVI шаҳри Панҷакент (1960- 1963), ҳафриёти гурӯҳи Б. А. Литвинский дар Аҷинатеппа, Ҳулбук, Фархор, Вахш, ҳафриёти гурӯҳи Н. Неъматов дар Шаҳристон, Чилдухтарон, Ашт, соли 1964 дар ноҳияи Айнӣ (ҳафриёти Гардани Ҳисор ва қалъаи Кум), Норак ва Чиртаки шаҳри Ваҳдат (солҳои 1971- 1992), ҳафриёти навоҳии Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахш (1978-1982), ҳафриёти ноҳияи Мастчоҳ (1998), ҳафриёти харобаҳои Карон дар ноҳияи Дарвоз (соли 2012) ва ғайра. Ҳамчунин, академик Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ дар чандин экспедитсияҳои байналмилалии бостоншиносон ширкат карда, ҳанӯз соли 2017 ба унвони олии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз мегардад. Мавсуф дар муддати 60 соли мудовим, ки дар АМИТ фаъолият намудааст, беш аз 30 рисола ва зиёда аз 800 мақолаҳои илмӣ нигошта, бархе аз онҳо аз ҷониби бостоншиносони хориҷӣ бо забонҳои гуногун тарҷима шудаанд. Рисолаи бунёдии академик таҳти унвони “Дини қадими Суғд”, ки соли 1996 таълиф ёфтааст, дар соли 2011 аз ҷониби ҷопониҳо бо забони ҷопонӣ тарҷима мешавад. 60 соли фаъолият ба академик имкон фароҳам овард, ки бештар аз 140 ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихиро таҳқиқ намуда, гӯристони сакҳои садаҳои IV – III пеш аз солшумории мелодӣ, ёдгориҳои асри биринҷи Ғелот, харобаҳои шаҳраки асри VIII-I то мелод, кафши боқимондаи шаҳри пеш аз исломии Андичароғ дар ҳудуди ноҳияи Фархор, бурҷи Оташ (маъбад), маъбади рӯди Тойтиёи Нек (Панҷ), хонаи ситорашиносӣ, майдони чавгонбозӣ, дахмаи зардуштӣ дар маҳалии Верчи Боло, Диж, Шаҳристон дар маҳалли Дашти манора ва кабристони асри биринҷӣ дар мавзеи Пушинги Курговат (ноҳияи Дарвоз) ва ғайраро таҳқиқ намояд. 47 муҳри аз гили пухтаро дар ҳафриёти шаҳри Панҷакент дастрас намуда, онро нишастгоҳи Диваштак номид ва бостоншиносони соҳибтаҷриба фарзияи ӯро қабул намуданд. Гузашта аз он, таҳқиқоти дар деҳаҳои Чиртак ва Дубеда (шаҳри Ваҳдат) ҷараёндошта натиҷа дод ва бостоншинос дар ин мавзеъ гӯристони асри биринҷиро кашф кард. Тадқиқоти густурдаро бостоншинос дар мавзеи таърихии “Карон” анҷом дода, даҳҳо мақолаҳои илмӣ-таҳқиқӣ ҷиҳати баррасии он иншо намудааст.

б) Таҳрифи ҳақиқати таърихӣ ва устура Юсуфшоҳи Яқубшоҳ бо дарназардошти манобеи таърихӣ ба таърих мутаваҷҷеҳ шуда, алорағми соири муаррихин ба устураҳо баҳои нав дод ва дар асари илмии хеш таҳти унвони “Давлати Каёниён” исбот намуд, ки силсилае бо ин ном маҳсули тахайюли ориёиҳои қадим набуда, балки ҳақиқати таърихист ва бояд дар асоси сарчашмаҳо (хаттӣ ва ғайри он) эътирофи мавҷудияти силсилаи ҳоким бо ҳамин ном вазифаи навбатии муҳаққиқони ориёиёни қадим маҳсуб мешавад. Ҷиҳати таҳқиқи Каёниён қадимтарин сарчашма “Абасто” аст, лекин онро чунонки бар ҳамагон маълум аст, Сикандари Румӣ сӯхт ва бахшҳои муфидро аз ин китоб барои тарҷима ба Рум фиристода, эрониёнро муддатҳо аз набиштаҳои хеш маҳрум сохт. Абастое, ки дар замони Оли Сосон интишор гардид, дар қиёс бо Апастаки замони Ҳахоманишҳо хеле кӯчак аст ва шояд маҳз ҳамин омил ҳанӯз ҳам имкон намедиҳад, ки мо дар мавриди ҳақиқати таърихии ниёгони худ назарияи воҳидро қабул намоем. Шоҳасари Фирдавсӣ “Шоҳнома” ва “Осор-ул-боқия”– и Абӯрайҳони Берунӣ ба ҳайси манобеъ таърихро чун устура инъикос намудаанд, вале аксар далоили дар ин сарчашмаҳо ҷойдошта ҳақиқати худро дар осори дигарон исбот намудаанд. Бинобар ин, рӯоварии академик Юсуфшоҳи Яқубшоҳ ба ин манобеъ ҳангоми нигориши силсилаи Каёниён пажӯҳиши ӯро устувор сохтааст. Номбурда ҷиҳати исбот намудани фарзияи илмии хеш такя бар тадқиқоти ховаршиноси машҳур Артур Кристенсен менамояд, ки ӯ ҳанӯз солҳои сиюми садаи гузашта зимни баррасиҳои илмии худ дар мавриди Абасто ва шахсияти Зартушту шоҳони Каёнӣ ҳақиқати таърихӣ доштани шоҳони силсиларо иброз намудааст. Тибқи маълумоти Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ “таърихи давлати Каёниён аз ибтидои ҳазораи дувуми асрҳои XX- XIX пеш аз милод шурӯъ гардид”36, яъне қабл аз Ҳахоманишиҳо силсилаи дигаре ба мардуми ориёнӣ ҳукумат менамуданд, ки бинобар хеле қадим будани таърихи онҳо ҳақиқати таърихиашон дар зеҳни наслҳои баъдина ба устура мубаддал гардидааст. Эҳёи ному пайкори онҳо дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ ва бо омӯхтани манобеи қадимтар чун Абасто ва сарчашмаҳои ба замони таълифи он тааллуқдошта ба бостоншинос имкон додаанд, ки силсилаи мазкурро нахустин ҳукумати аҷдодии тоҷикон муаррифӣ кунад. Сабаби ба устура табдил ёфтани таърих аз нигоҳи бостоншинос паҳншавии дини ислом ва гиравидани аксар эрониҳо ба дини нав маҳсуб мешавад, ки тадриҷан бо инкор кардани гузаштаи қабл аз исломӣ аз ҷониби ориётаборон ин таърихи қадим ба гӯшаи фаромӯшӣ уфтодааст.

Муҳаққиқи силсилаи Каёниён омӯхтани онҳоро зарурати аввал медонад, чунки давраи таърихии марбут ба ин силсила дар сарзамини аҷдодии тоҷикон таъсис ёфта, бо гузашти айём густариш меёбад. Номбурда давлатдории Каёниёнро беш аз дигарон таъкид намуда, таърихи мавҷудияти ононро ба 700 сол нисбат додааст. Ба ақидаи бостоншинос яке аз авомили вуҷуд доштани давлати Каёниён силсилаи Ҳахоманиш аст, ки бо вуҷуди надоштани ҳеҷ иртиботе худро ворисони Каёниҳо донистаанд. Барои исботи фарзияи пешниҳодшуда бостоншиноси тоҷик аз баррасиҳои муҳаққиқи аҳди бостон Пури Довуд бамаврид истифода намудааст, ки дувумӣ асотир пиндоштани ҳақиқати таърихиро чунин инъикос менамояд: “Пас аз нуфузи ислом дар Эрон ҳамон тавре ки дини мо ба тороҷи дини араб рафт ва забони мо олуда ва хатти мо нобуд ва русуму одати мо дигар гашт, достонҳои миллии мо низ ба қиссаҳои ақвоми сомӣ омехта шуд. Номварон ва подшоҳони мо бо паёмбарони бани Исроил сару кор пайдо карданд. Дар кутуби муаррихини араб ва иронӣ ба зикри подшоҳоне барнамехӯрем, ки бо яке аз анбиёҳои бани Исроил марбут набошанд ё як қисм пайванд ва хешӣ бо яке аз онон надошта бошанд. Басо таассуби арабӣ муаррихинро бар он дошт, ки ин подшоҳонро пайрави дини яке аз анбиёҳои бани Исроил пиндоранд ва бо ин восита ононро аз қаҳру ғазаб наҷотдода донистаанд”.

Бостоншиноси тоҷик фарзияи хешро дар хало бунёд накарда, ҷиҳати васетар матраҳсозии он аз сарчашмаҳои чинию юнонии аҳди бостон истифода мекунад. Ӯ бо такя ба манобеъ Кайқубодро бунёдгузори силсилаи Каёниён ном бурда, алоқаи хешиашро бо Манучеҳр тазаккур медиҳад. Мусаннифи китоб дар ин миён боз дигар сарчашмаҳоро ёдоварӣ мекунад, ки аз зумраи онҳо “Таърихи Табарӣ”, “Форснома” ё худ манбаҳое мисли Бундаҳишн, Динкард ва ғайра маҳсуб мешаванд. Дигар паҳлӯи баррасиҳои бостоншиносро ситезаи Кайафросиёб ва дигар тӯрониҳо алайҳи Каёниён ташкил медиҳад. Афросиёб (Дар Абасто Франграшан), ки аз дудмони Тур аст, сарвари ориёиҳои саҳронишин буд ва чунонки таърих гувоҳ аст, қабоили саҳроӣ ба ақвоми муқимнишин тохтутоз карда, бештар зиндагии худро дар пояи ғоратгарӣ бунёд месохтанд. Манотиқи Вароруд дар замони Каёниён Хоразму Суғд буд ва тибқи маълумоти сарчашмаҳо нақши Каёниён (минҷумла Сиёвуш ва писараш Кайхусрав) дар обод кардани ин минтақа бориз аст. Масалан, Наршахӣ дар “Таърихи Бухоро” меоварад: “Сиёвуш ибни Кайковус аз падари хеш бигрехту аз Ҷайҳун бигзашту назди Афросиёб омад. Афросиёб ӯро бинвохту духтари хешро ба занӣ ба ӯ дод ва гуфтанд, ки ҷумла мулки хешро ба ӯ дод. Сиёвуш хост, ки аз ӯ осоре монад дар ин вилоят, аз баҳри он ки ин вилоят ӯро орият буд. Пас вай ин ҳисори Бухоро бино кард ва бештар онҷо буд. Ва миёни вай ва Афросиёб бадгӯӣ карданд ва Афросиёб ӯро бикушт ва ҳам дар ҳисор бад-он мавзеъ, ки аз дари шарқӣ андароӣ онро дарвозаи Ғурон хонанд, ӯро онҷо дафн карданд. Ва муғони Бухоро бад-ин сабаб онҷоро азиз доранд ва ҳар соле ҳар марде онҷо яке хурӯс барад ва бикушад, пеш аз баромадани Офтоб – рӯзи Наврӯз. Ва мардумони Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳост ва дар ҳамаи вилоятҳо маъруф аст ва мутрибон онро суруд сохтаанд ва мегӯянд ва қавволон онро гиристани муғон хонанд. Ва ин суханро зиёда аз се ҳазор сол аст”.

Академик Юсуфшоҳи Яқубшоҳ масъалаи ба Тӯрон печидани турконро як навъи миллирабоӣ ном бурда, асоси илмӣ надоштани иртиботи турконро ба ин сарзамин баён медорад, чунки пайдоиши турк дар Осиёи Марказӣ ба асри VI солшумории масеҳӣ марбут аст ва ҳеҷ саҳеҳияте нест, ки Тӯрон макони будубоши саҳронишинони турк пиндошта шавад. Дар ҳоле ки Тӯрон ҳамон Ховари Миёнаи аҳди қадим аст, ки онҷо қабоили саҳронишини ориёӣ сукунат менамуданд ва дар бархурд бо ориёиҳои муқимнишин қарор доштанд. Муҳаққиқ вожаи “тур”-ро шарҳ дода, зимни тафсири номвожа чунин мегӯяд: “Вожаи “тур”-ро забоншиносон- паҳлавон, баҳодур, далер, нотарс шарҳ додаанд. Дар забони санскритӣ низ калимаи тур ба ҳамин маънӣ: далеру шуҷоъ кор фармуда мешавад. Тур исми писари калонии Фаридун, номи духтари Эраҷ, номи духтари Ҷамшед аз батни духтари подшоҳи Кобул Говранг буд”.

Кайлуҳраспа (Луҳросп) ва Кайвиштаспа (Гуштосп) аз зумраи шоҳони каёнӣ маҳсуб мешаванд, ки пас аз Кайхусрав ҳукумат кардаанд ва маҳз дар давраи онҳо ҷангҳои Ирону Тӯрон тақвият ёфт. Виштаспа дар таърих на танҳо ҷиҳати истиқбол аз дини Зартушт ва китоби Абасто, балки барои созмон додани девонҳо, ки ба идораи давлат тааллуқ доштанд, машҳур мебошад. Ин девонҳо вазифаи вазоратро адо менамуданд ва ба се шоха тақсимшавии ҳокимияти давлатӣ (ҳокимияти қонунбарор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ) маҳз аз ҷониби ориёиҳо роҳандозӣ шуда, баъдан башар ин анъанаи онҳоро қабул доштааст. Девондорӣ дар умури давлатдорӣ таҷрибаи андухтаи ниёгони мост, ки баъдан дар замони подшоҳии Куруши Кабир, Оли Сосон ва бавижа дар аҳди салтанати Оли Сомон густариш ёфтааст. Бофтаи дигар, ки таассуби арабро возеҳтар ошкор месозад, ин никоҳест, ки шоҳони каёнӣ гӯё бо духтару модаронашон мебастаанд ва саҳеҳтар онҳо гӯё бо наздикони худ муҷомиат мекардаанд. Академик Юсуфшоҳи Яқубшоҳ ин устураи дар натиҷаи таассуб пайдошударо чунин шарҳ додааст: “Ривояти ба занӣ гирифтани Баҳман духтарашро ва аз ӯ зодани писаре бо номи Доро, ба гумони мо, устураи бофтаи замони Сосониён аст, ки мехостанд шоҳони Ҳахоманиширо идомабахши тоҷу тахти Каёниён ҷилвагар созанд”.

Зартушт ва Абасто ҳар кадом ховаршиносро водор кардаанд, ки зимни таҳқиқи аҳди қадим ба онҳо мутаваҷҷеҳ шаванд, аммо аввалан, замони ин шахсият то ҳанӯз дақиқ нест ва расман ӯро ба садаи VII пеш аз милод интиқол додаанд, сониян, мутассибин ӯро ба дуализм туҳмат кардаанд ва солисан, Абасто чун осори Зартушт аз байн рафта, пас аз садсолаҳо бо забони дигар ва аз ҷониби инсонҳои дигар нигошта мешавад. Ба ибораи дигар, бознигарӣ шудани Абасто он маъниро медиҳад, ки мусаннифон маънаван китобро таҳриф намуда, дар он андешаронии ғайр пайдо шудааст. Ин аз як ҷониб. Аз паҳлӯи дигар маълум мешавад, ки таҳияи Абастои давраи Сосонӣ эҳёи фарҳанг ва тамаддунест, ки ниёгони мо дар аҳди силсилаи Каёниён офаридаанд. Ҳақиқати таърихӣ новобаста ба мавзеъ ва замон иборат аз хусусиятест, ки нобудшудагонро қудрати иловагӣ дода, ба қавли тоҷикон “аз пашша фил месозанд” ва чунин шабеҳсозии инсони муқаррарӣ ба сифоти холиқ дар ҳар миллате ва қавме мушоҳида мешавад. Аммо устураҳои мансуб ба ақвоми сомӣ на танҳо дар замони қабл аз Ҳахоманишӣ, балки дар аҳди хилофати араб низ дар таолими мутасаввифа роҳ ёфта, омили тарвиҷи он ғалабаи бадавӣ бо расму анъанаҳои хеш ба фарҳанги мардумони оритабор мебошад. Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ ҷиҳати қудрати сиёсии Куруши Кабир баҳогузорӣ намуда, ба хулосае меояд, ки бузургии ӯ аз Зартушт аст, чунки Куруш дар пояи таълимоти ӯ ҳукумат карда, низоми давлатдориро дар барпо кардани адолат ва баробарии ҳуқуқии афрод дидааст. Таъсири таолими Зартушт инчунин дар осори фалсафаи юнониёни қадим, динҳову мазоҳиби сомӣ (ибрӣ, масеҳӣ, ислом), фалсафаи Олмон (Ҳегел, Ничше), ақвоми славянӣ ва ғайра мушоҳида мешавад. Бостоншинос замон ва мавзеи зуҳури Зартуштро, ки муаррихин расман дар кутуби таълмӣ ҷой додаанд, қабул надорад ва бо далел фарзия пеш меронад, ки мо таърихи зуҳури ӯро ҳади аққал 1200 сол ба сӯи хеш овардаем. Гузашта аз ин, дар ҳеҷ сурат муҳаққиқ Эрони Ғарбиро ватани Зартушт намепиндорад ва зуҳури ӯро дар Эрони Шарқӣ маҳсуб медонад (Давлати Каёниён, саҳ. 248-268). Тибқи андешаи бостоншинос таълимоти Зартушт дар қиёс бо дигар таълимотҳо ва адён ба ҳайсияти миллии афрод мутаваҷҷеҳ буда, ҳолномаи инсонро тибқи мансубиятҳояш роҳандозӣ намудааст. Масалан, сухани Дориюши Кабир ҷиҳати асли хеш: “Ман Дориюш ҳастам подшаҳи подшаҳон, подшоҳи мамлакат ва писари касе, ки аз Пос аст, ориёӣ ва ориёнажод ҳастам”.

Бостоншиноси тоҷик ба васфи Абасто пардохта, ба хулосае меояд, ки :”Ҳеҷ миллате дар ҷаҳон чунин асари гаронбаҳои таърихӣ надорад” (Ҳамон ҷо, саҳ. 283). Чунки ҳеҷ китобе пас аз сӯхтан баргардон нашудааст ва ҳеҷ китобе баъди баргардон шудани қисмате аз асли худ дувумбора зимни ғасбкориҳои араб сӯзонида намешавад. Ба ибораи дигар, Абасто андаккитобе набуд, ки ғосиб бо дидану шуниданаш бар он таваҷҷуҳ накунад, ё китобе бо муҳтавои холӣ набуд, ки бузурге мисли Сикандари Румӣ асли онро барои тарҷима ба Рум фиристоду нусхаашро дар марзи Эрон сӯхт. Нусхаи ин китоб, ки имрӯз дастрас аст, ҳамон баргардонии дувуми ниёгони мост, ки дар қуруни IX-XI китобат гардидааст. Академики тоҷик барои исботи ин фарзияи пешниҳодшуда абастошиноси олмониро мисол меоварад, ки исми шарифаш М. Хауг буда, исбот сохтааст, ки “бахшҳои Абасто, аз ҷумла Готҳо ба давраҳои гуногун мутааллиқанд”. Яъне ин бахшҳо дар замонҳои гуногун ва аз ҷониби ашхоси гуногун китобат шудааст. Дар таълимоти Зартушт се шакли ҳувият мавҷуд аст, ки барои камолоти маънавии инсон мусоидат мекунад ва шакли нахустини он ҳувияти фардӣ маҳсуб мешавад. Сипас, ҳувияти динӣ меояд ва баъдан ҳувияти иҷтимоӣ.

в) Баррасиҳои ормонӣ ва дар чигунагии Ҷам Тибқи фарзияҳои илмии бостоншиноси маъруфи тоҷик барои таҳқиқи вожаи Тур зарурати омӯхтани Ҷам ва муайян намудани замони ҳукмронии ӯ пеш меояд. Муҳаққиқ агарчи дақиқ маълум сохтани замони ҳукмронии ин шахсияти таърихиро ғайри имкон медонад, аммо бо дарназардошти навиштаҳои бахшҳое аз китоби Абасто фарзияе пешниҳод намудааст, ки давраи мавриди баррасиро ба яхбандиҳои таърихӣ, ё худ қабл аз ин ҳаводис нисбат медиҳад. Гузашта аз ин, на танҳо ориёиҳо, балки ҳиндуҳо низ дар маохизи бостонии хеш аз ин шахсият ситоишномаҳо доранд ва гувоҳи ин ҳарф Ригведо мебошад. Бинобар ин, Ҷам боз Ям ё худ Йима низ баррасӣ шуда, дар манобеъ, ки хусусияти парастиданӣ доранд аз қабили Ригведо, Маҳабҳарато, Абасто, дигаргуна ва ҳатто хилофи якдигар муаррифӣ шудаанд. Дар манобеи зартуштӣ Ҷам аз зумраи шоҳонест, ки ба бовариҳои динӣ мутаваҷҷеҳ нест ва эҳсоси ватанхоҳӣ дар ниҳодаш аз ҳамаи ҳасосиятҳои динӣ-мазҳабӣ бузургтар арзёбӣ мешудааст. Аз ин ҷост, ки дар дини Зартушт низ ба ақлу дониши инсон бештар эътибор мавҷуд мебошад, чунки озодӣ ва ихтиёр маслаки Ҷам буд ва дар ориён то кунун ин хусусият мушоҳида мегардад.

Юсуфшоҳи Яқубшоҳ Бохтари қадимро на танҳо ватани Каёниён, балки мавзеи будубоши Пешдодиён муаррифӣ мекунад. Ӯ дар мақолаи илмии хеш таҳти унвони “Зартушт аз кӯҳистони Бохтар буд”, бо такя ба масоили вожашиносии Бохтари Шарқӣ чунин мегӯяд: “Афсонаи Ҷамшед ва бо Худо гуфтугӯ кардани он дар Ориён Виҷ, дар бораи омадани тӯфони барфу борони марговар ва барои наҷоти олами наботот ва ҳайвонот, сохтани Вар-Ҷамкардҳо дар ин ҷо тавлид шудаанд, яъне мо метавонем бигӯем, Бохтар на танҳо ватани Каёниён, балки Пешдодиён низ ҳаст”.

Сарчашмаҳои дини зартуштӣ шаҳриёрии Ҷамро сесад зимистон гуфтаанд ва иловатан мутазаккир шудаанд, ки “Ҷам барандаи шаҳриёрист”. Яъне, қонуни идоракунии ҷамъият ва таҳияи низоми сиёсии давлат дар таърихи башар ба Ҷамшед итлоқ мешавад ва ӯ шаҳриёриро бидуни интихобу ихтиёри авомуннос истиқбол накардааст. Чун ба ӯ пешниҳод мешавад то тавассути ӯ паёми Яздон муаррифӣ гардад, қабул накарда, табиати ботинии инсонро аз ҳама гуна афкори таблиғӣ, аз ҷумла бовариҳои динӣ муқаддам медонад ва омили тасвири худбохтагии Ҷам дар манобеъ низ ҳамин аст, ки Ҷам бидуни ихтиёр ба роҳандозӣ шудани аҳкоми пешниҳодшудае иқдом намекардааст. Бинобар ин, ҳақиқати Ҷам зулм набуд, агарчи дар кутуб фаровон гуфтаанд, ки зулми ӯ омили пайдоиши Аздаҳаки аҷнабӣ гардид. Ба Ҷамшед тасарруфи заминҳои нав ва ба ибораи дигар васеъ намудани ҷои зисти махлуқот тааллуқ дорад. Шояд ин ҳикмати ҷамшедӣ ҷиҳати рафъи мушкилии эҳтиёҷи одамон нисбат ба замин, ба об, ба чарогоҳу таҳияи фарҳанге мушаххас алайҳи фарҳанги пешин, имрӯз низ муфид бошад.

Бостоншинос ҳиҷрати Ҷамро чунин шарҳе додааст: “Ҷам аз кӯҳистон ба поён, ба сӯи таҳдаштҳо дар мезолит ва неолит кӯч бастаанд. Аммо замони молу говдорӣ, бештар ба неолит ва асри биринҷ рост меояд ва аз бар намудани заминҳои аз барфу об озод шуда, аз ҷониби ориёиҳо дар ҳамин вақт шурӯъ мешавад. Дар ҳамин вақт, ориёиҳо Ҳиндустонро ба тасаруф медаронанд. Асри неолит ва ибтидои биринҷ, асри ориёиҳо буд, онҳо ба шарқу ғарб ва шимолу ҷануб паҳн шуда буданд”.

Манобеи зартуштӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ омадани Ҷамро ҷиҳати кишти зироат ва тадбир ҷустани ӯ дар ин маврид баён кардаанд. Махсусан, дар Абасто муколамаи Ҷам бо холиқи худ дар ин масъала омадааст: “Он гоҳ Ҷам андешид: Чигуна ман ин варро бисозам, ки Аҳура Маздо гуфт: Эй Ҷами ҳурчеҳр, писари Вивангаҳон! Ин заминро бо пошна биспар ва бо даст биварз; ба - донгуна, ки акнун мардум хоки шефтаро нарм мекунанд".

Бостоншинос ҳаводиси яхбандии марбут ба Ҷамро чунин тасвир менамояд: “Аз таърих маълум аст, ки озодшавии замин аз барфу ях дар ҳазораҳои 17 шурӯъ мешавад ва таҳдаштҳо зери об буданд ва мардумон дар баландкӯҳо мезистанд. Вақтее об паст шуд, одамон аз боло ба поён омада, ба ободонӣ сар намудаанд”.

“Форснома”, ки яке аз сарчашмаҳои муфид ҷиҳати давраи бостонии таърихи тоҷикон аст, Ҷамро чунин васф сохтааст: “Ҷамшед бини Ваюҷаҳон, ба ривояте бародари Таҳмурас ва ба ривояти дигар бародарзодаи ӯ будааст ва падарашро Ваюнҷаҳон гуфтандӣ. Писари Ваюнҷаҳон ва маънии “шед” нур, дурахшанда ва зеборо дорад. Ин Ҷамшед бар сифате буд, аз ҷамолу варҷ-шону шавкат, ҳеҷ кас аз мулки фурс монанди ӯ набудӣ ва чандон қувват дошт, ки ҳар чиро аз сибоъ, чун шеру ғайри он бигирифтӣ ва танҳо бикуштӣ. Ва боз илму ақл ва рои ӯ ба дараҷаи камол буд ва муддати мулки ӯ 716 сол буд. Муддате осоре намудӣ, ки пеш аз рӯзгори ӯ монанди он набуда буд ва шарҳи баъзе аз он дода ояд. Ба ибтидои мулки ӯ муддати 50 сол силоҳҳои гуногун месохт, баъзе аз оҳан ва пулод пушиданӣ ва аз баҳри захм. Ва пулод ӯ берун овард ва шамшер ӯ сохт ва олотҳои ҳунарҳои дигар ва дастафзолҳо бо санъти баланд падид овард”.

Ҷамро бештари сарчашмаҳои илмию адабӣ низ ба ҳайси бунёдгузори ҷашни шукуҳманди “Наврӯз” баррасӣ намудаанд ва дар ин маврид баҳогузории Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” ҷоиз ба тазаккур мебошад. Ҳофиз мутахаллис ба “Лисон-ул-ғайб” ба ашхоси ба устура мубаддалгашта, аз ҷумла ба Ҷамшед андешаи мушаххаси хешро дорост ва як байте аз ғазали машҳуре ҷавҳари андешаронии асримиёнагиро баён медорад:

Солҳо дил талаби Ҷоми Ҷам аз мо мекард,

Он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард...

Яъне, муддатҳо ба ғайри худ илтифот доштем ва азбаски гавҳари нуҳуфтаи хешро намедидем, ҳамаи шоистагиро на аз хеш, балки аз бегона таманно доштем.

Истифода аз Ҷам ва пайвастани ҳикмате бар ӯ дар гузашта ва имрӯз бо теъдоди ногуфтанӣ ба назар мерасад ва нестанд ҳакимоне, ки аз Ҷам ёдоварӣ накарда бошанд.

г) Тоҷикшиносӣ

Феълан, таҳқиқи вожаи “тоҷик” ва баррасии забони такаллуми тоҷикон аз ҷанбаҳои нозуктарини илми муосир баррасӣ мешавад ва ҳадаф аз тоҷикшиносӣ танҳо таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ нест, балки забону фарҳанг ва дигар паҳлӯҳои ба истилоҳ ҳамоҳангбударо низ дар бар мегирад. Юсуфшоҳи Яқубшоҳ баробари китоби “Тоҷикон”, боз пажӯҳише таҳти унвони “Таърихи пайдоиши этноним ва забони тоҷик” боқӣ гузоштаанд (Юсуфшоҳи Яқубшоҳ. Таърихи пайдоиши этноним ва забони тоҷик. Душанбе, 2018, 200 саҳифа). Ба қавли бостоншинос асосгузори илми тоҷикшиносӣ олими рус Н. В. Хаников маҳсуб мешавад (Ҳамон ҷо, саҳ. 5). Ағлаб тоҷикшиносон зимни баррасии калимаи “тоҷик” истифода аз вожаи кулоҳро бамаврид медонанд ва Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ дар баёни кулоҳ овардааст: “Ҳанӯз дар асри V пеш аз милод падари таърих Ҳеродот навишта буд, ки ҳамаи сакоиҳо кулоҳи нӯгборик доранд. Осори аввалин инсон бо кулоҳи нӯгборик аз қабристонҳои вилояти Синзияни Чин (Бухорои Хурд - М.А.) ба даст омадааст, ки ба асрҳои XXI-XVI пеш аз милод тааллуқ доранд. Дар гӯрхона ба сабаби хушкии хоки регзор лавозиму либоси ашхоси гӯронидашуда боқӣ мондаанд. Онҳо ду нишонаи хоси ориёӣ: кулоҳи нӯгтез ва танбон-шарвор доранд. Қабристонҳо низ мудаввар, ба монанди хаймаи Офтоб сохта шудаанд, ки шоҳиди гӯёи ба ақвоми ориёинажод тааллуқ доштани онҳо мебошад”.

Дар матнҳои паҳлавӣ тоҷик тожик омада ва тоҷ тож, аммо дар замони ҳукумати араб барои араб пиндоштани тоҷикон ва мункир шудани осори хаттии онҳо, ки ба башар ҷиҳати рушди маънавӣ хидмат намудааст, тожик ба тоҷик мубаддал гардида, асли пайвандии тоҷик ба ориёӣ бурида мешавад. Масъалаи дигар дар баррасии этноними тоҷик унвондорӣ ва номгузорист, ки муҳаққиқи тоҷикшиносӣ дар ин маврид менависад: “Ҳокимони ҳар минтақа лақаби иҷтимоӣ доштанд, ки вобаста ба гӯиши маҳалли худ унвони шоҳ ва ё калимаи баробарниҳоди онро ифода менамуданд. Ин унвонҳоро туркон, ки дар дар воҳаи маданӣ-этникии ориёиҳо сукунат доштанд, қабул намуда, мувофиқ ба гӯишҳои худ ба шакли буғро, ябғу, бег, бек ва бой, ки ҳамрешаи калимаи ориёии “баға” – худо мебошанд, истифода мебурданд. Агар мо ба маводи мардумшиносӣ назар андозем, номи ағлаби мардони Бадахшон, Дарвоз, Даштиҷум, Ховалинг, Сари Хосор, Рашт бо пасванди “шоҳ” ва “бег” хотима меёбад. Дар минтақаҳои Чоч, Фарғона, Истаравшан, Самарқанду Бухоро ва Кешу Хоразм вожаи “бой” бештар мустаъмал аст. Оё ин далелҳо ҳамон ривояти маъруфро, ки гӯё ҳамаи ориёиҳо аз авлоди худоён ва шоҳон мебошанд, тасдиқ намекунад? Чунин номгузорӣ аз ҳамон анъанаҳои қадими ориёӣ маншаъ гирифта, ба мақоми иҷтимоии кунунии соҳиби ном рабт надорад. Дар амал бештари ашхосе, ки исми онҳо дорои калимоти “бой” ва “шоҳ” аст, камбизоату бенавоянд. Аз инҷо бармеояд, ки вожаҳои “тоҷ” ва “тоҷдор”, ки ба калимаи “шоҳ” пайвасти ногусастанӣ доранд, низ аз ҳамон суннати худшиносии иҷтимоӣ ва қавмии ориёиҳои бостон сарчашма мегиранд”.

Дигар вожаҳое, ки ба тоҷик нисбат медиҳанд, истилоҳи паҳлавии “озодагон” ва тарҷимаи арабии он бо номи “аҳрор” мебошанд. Дар манобеи араб бани Аҳрор бештар марзбонони имперотурии Эронро мегуфтанд ва дар “Шоҳнома” матлаб аз озодагон шоҳону ашрофон ва сипоҳиён дарк мегардад. Номи дигари тоҷик, ки дар сарчашмаҳо омадааст, деҳгон, ё худ деҳқон аст, ки бо гузашти айём маънии луғавии хешро тағйир додааст.

д) Анҷомнома

Юсуфшоҳи Яқубшоҳ чун муҳаққиқ мероси гаронбаҳои хаттӣ дорад, ки дар онҳо пешниҳоди фарзияҳои илмӣ ва проблемгузорӣ мушоҳида мешаванд. Осори арзишманде, ки ба қалами бостоншинос тааллуқ доранд, инҳоянд: Ёдгориҳои болооби Зарафшон”, “Паргар дар асрҳои VII- VIII милодӣ”, “Бошишгоҳҳои деҳотиёни аввали асримиёнагии кӯҳистони Суғд”, “Тоҷикон”, “Тоҷикшинос”, “Дини қадими Суғд”, “Маниши миллӣ”, “Таърихи Кӯлоб аз давраҳои қадим то замони муосир”. “Давлати Каёниён”, “Достони Ҷамшед”, “Ҳулбук пойтахти қадими Хатлон” ва ғайра. Имрӯз бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки бостоншиносе бо исми Юсуфшоҳи Яқубшоҳ бидуни шакке ба унвони олии академик соҳиб шудааст. Хидмати номбурда дар таҳияи таърихи мансуб ба миллате ва давлате бо исми тоҷик бағоят бузург мебошад ва азбаски осори илмии бостоншинос барои ҳамагон пешкаш ношуда ва ба гурӯҳи хурди уламо ва пажӯҳишгарони таърих тавсеа мегардад, зарурати расонаӣ намудани фарзияҳои илмии ӯ пайдо шудааст ва ошношавии мо бо бостоншинос айни замон он маъниро дорад, ки мо таърихи бостонии миллати хешро аз бар хоҳем кард.

ҲАҚИҚАТИ ИНСОНИ МУОСИР

Мулоҳизаҳо ҷиҳати баррасии илм ва тавзеҳи дин тибқи бозигарони ҷаҳонӣ дар навтарини хостаҳои қудратҳои ҳошияи китобҳои Саймумин Ятимов...

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар садаи XXI бо сатҳу сифати ҳувияти миллӣ баррасӣ шуда, инсон дар он гаронтарин армуғон шинохта мешавад. Дар ҷомеаҳои рушдкунанда тибқи меъёрҳои илмиву ақлӣ ба ҳар инсоне баҳогузорӣ шуда, фаъолияти ӯ бо дарназардошти сифати ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти марзӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Бешубҳа, кишварҳои мутараққӣ ҷиҳати роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геополитикии хеш дигар миллатҳову кишварҳоро омӯхта, бинобар ҷалб намудани гурӯҳе аз дохили давлатҳо бо истифода аз тахрибкорӣ ба ноором кардани низоми сиёсии он давлат иқдом мекунанд.

Махсусан, хатари тағйир додани низоми сиёсӣ бо истифода аз инқилоб ва дигар навъҳои табаддулоти давлатӣ тавассути афроди зархарид ба кишварҳои нав истиқлолёфта таҳдид мекунад. Бинобар ин, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарурати таъмин намудани амнияти шаҳрвандон дар фазои орому осоиштаи Ватан пеш омада, нақши зиёиён дар таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ дучанд меафзояд, чунки таҳиякунандагони кирдорҳои экстремистӣ кишвари мавриди назарро аз лиҳози пойбандии аҳолӣ ба андешаҳои динӣ баррасӣ мекунанд ва бо роҳҳои таҳмил сохтани ақидаҳои динии родикалӣ барои аз байн бурдани давлате ва кишваре ҷаҳд менамоянд. Ин матлаб дар китоби “Илм ва амният”, ки муаллифи он С. Ятимов мебошад, хеле сода ва бамаврид таҳлил ёфтааст. Аз ҷумла, номбурда меоварад: “Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст”.

пешина
аз 31
навбатӣ