Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Сурмаву вусмаи духтарҳои мо хоку чанги кор, атрашон бӯи алафу ширу қаймоқ аст, – мегӯяд бобои Сайдаҳмад.

Воқиан, ҳамон бегоҳе, ки саҳараш Ҳасан Душанбе омаданӣ буд, ҳамроҳи Неъмат пеши театри деҳа (бачаҳо лаби чашмаро театр ном монданд, зеро ҷои пуродамтарин аст) – чашма мераванд, то шустушӯ кунанд. Дар лаби чашма як гурӯҳ духтарҳо нишаста, ҳазлкунон баякдигар об мепошиданд. Ҳасан, чун одат, олуфтагияшро намоиш дода, аввал мӯи фатилаашро афшондаву шона мекунад, сипас почаҳои шимашро афшонда, бо латтае туфлиҳояшро поккунон ба духтарҳо гап мепартояд.

Ногоҳ, вақте ки Ҳасан лаби чашма хам мешавад, як духтари моҳҷабин ним сатил обро ба сари ӯ пош медиҳад. Ҳасан тарсида ҷастухезкунон мегурезад, баъд ба худ омада сурху сафед мешаваду чӣ гуфтанашро намедонад. Духтарҳо мастона қоҳқоҳ мезананд.

– Дугона, шухӣ кардам, хафа нашав, – хандон-хандон мегӯяд духтари обпошида: – Мӯйҳои дарози зебо доштаӣ, пагоҳ бароят як ҷамолаки нағз биёрам?

– Ин кас духтар не, бача. Ҳасан ном дорад, – аз ханда дилашро дошта мегӯяд Неъмат.

– Наход?! Боз мо нозунузу карашмаву мӯйҳои дарозаша дида, гумон кардем, духтари шаҳрӣ аст. Хайр, фарқаш чӣ?

Агар ба мӯйҳояш ҷамолак бофад, кӯртаи атлас ё чакан пӯшад, аз духтар фарқе намекунад, – қаҳ-қаҳ хандида гуфтанд духтарҳо.

Ҳасан аз ғазабу алам ларзида ҳамон лаҳза дар дил савганд мехӯрад, ки то ин нозанини густохро боб накунад, ба шаҳр намеравад. Ӯ ба Неъмат зиёфат ваъда медиҳад, то ин розро пӯшида дорад. Аммо гап дар даҳони Неъмат мисли об дар ғирбол напоисту ба гӯши ҳама расид.

Духтарҳои деҳа ҳар саҳару бегоҳ аз назди коргоҳи мо мегузаштанд. Ҳасан онҳоро дидан баробар аз кор даст мекашиду рост истода, ягон гапи боб мекофт, ки ниқорашро аз «рақибаш» ситонад ё андаке ҳам бошад, ӯро шарм доронаду дилашро таскин диҳад.

– Сӯхтем-ку! – рӯзи аввал чашм аз духтарон накандаву оҳ кашида, нидо баровард Ҳасан.

– Оҳо! Боз мо гумон кардем, ки кайҳо хокистар шудаӣ, – луқма партофт духтаре.

– Бегоҳ лаби чашма биё, ба сарат боз як сатил об резам, нағз мешавӣ, – гуфт ҳамон духтар.

– Бечораҳо, мӯзаҳояшонро ба замин каш-кашон пинвинг барин базӯр роҳ мегарданд. Инҳоро бинам, дилам об мешавад, – рӯзи дигар гап партофт Ҳасан.

– Ин хел мӯза пӯшидан осон не. Ту барин бачамард мӯзаҳои моро пӯшӣ, мисли сангпӯшт аз ҷоят ҷунбида наметавонӣ…

Ана ҳамин хел Ҳасану духтарҳо ҳарифи якдигар шуданду бобои Сайдаҳмад довар, мо тамошобин.. Лекин охири охирон

Ҳасан аз духтарҳо гурезон шуд. Чунки онҳо дар куҷое ӯро медиданд, баланд-баланд хандида «оҳо, бача сӯхт, хокистар шуд, ба сараш об рехтан даркор» мегуфтанд.

– Қоил шудӣ, бача? Инҳо духтарҳои културнай шаҳр не, ки дар гӯшашон фиш-фиш кунию гапа пазонӣ, – ба Ҳавсан гуфт бобои Сайдаҳмад: – Алови чашмата гирифтан-ку. Боз ту духтарҳои деҳотиро писанд намекардӣ..

– Як бор худаша танҳо ёбам, чунон ром кунам, ки аз пасам давида-давида шаҳр равад, – паси сар хорида ҷавоб дод Ҳасан.

Баъди ин гуфтугӯ воқеаи аҷибе рӯй дод. Нисфирӯзӣ буд.

Дар оби ҷӯйча дасту пойҳои лойолудамонро шуста, дамгирӣ мебаромадем. Ногоҳ садои сум ва шиҳаи асп баланд шуд. Бинем, аз тарафи дашт ду аспи зинубанддор хоку чангро ба ҳаво бардошта, якдигарро газидаю лагад зада, шиҳакашщону тозон меоянд. Аз паси аспҳо хеле дур, духтаре рӯймолашро сари даст дошта, медаваду медавад. Мӯйҳои духтарак мисли ёли аспҳо дар панҷаи бод парешон шуда, бозӣ мекарданд. Вай аз дур рӯймолашро алвонҷ дода, фарёд мезад:

– Ҳе, бачаҳо, аспҳоро доред!

Сари роҳ баромадем. Аспҳо моро дида давашонро хаёле суст карда, тарафи дигар гурехтанӣ шуданд. Аммо мо онҳоро ҳалқавор печондем. Маҳмуд чолокона аз нӯги банди аспи кабудтоб дошта, ба тарафи худ кашид. Ҷонвар аҳл будаст, дар ҷояш истод. Аспи дуюм дар сар нухта дошт, лекин танобаш чунон кутоҳ буд, ки доштанаш мушкил.

Духтарак хело наздик омад, ӯро шинохтем, «дугона»-и Ҳасан буд. Ду бари рӯи вай мисли забонаи оташ сурх гашта, қафаси синааш шинухез дошт. Аз таги мӯйҳояш қатраҳои арақ ба рӯи чанголудаш мешориданд.

Мехостем, ки аспи дуюмро Ҳасан дораду тавоноияшро ба духтарак намоиш диҳад. Вай ҳам дар дил ҳамин матлабро дошт. Лекин асп турида, чашм ало карда, роҳи гурез меҷӯст. Ҳасан дастҳояшро ба ду тараф ёзонда, боҷуръатона ду қадами дигар ба пеш гузошт ва акнун ба таги фуки асп даст дароз карданӣ буд, ки ҷонвар шиҳакашон якбора чароғпоя хест.

Ҳасан, шояд аз тарс худро қафо партофт. Асп аз болои ӯ париду тирвор гурехта рафт.

Бачаҳо дарҳол Ҳасанро аз рӯи замин бардоштанд, ранги рӯяш мисли хок канда буд.

Духтарак аз дидани ин манзара ба завқ омада, роҳравон рӯймолашро ба сар баста мегуфт:

– Талхакаф нашуда бошад, нағз. Ҳм, бачамард як аспа дошта наметавонаду…

Ҷои гап набуд. Ғайр аз Ҳасан ҳама механдиданд. Духтарак доману мӯзаҳояшро афшонда ба тарафи Маҳмуд, ки ёлу гардани аспа доштаашро хору мол мекард,равон шуд.

– Бадрафторе, нағмаи нав баровардӣ-а? Аз сур кардан дилу ҷигарам сӯхт, – ба асп гилагӯӣ кард духтар ва зинро болои ҷонвар рост монда, зертангро сахт кашиду баст. Ӯ аспро пеши борае бурда по бар рикоб ниҳоду чобукона болои зин нишаст.

Садои суми аспи ӯ дар деҳа ғул-ғул афканд.

Бачаҳо ба духтари чобуксавор, ки қомати андаке хамидааш дар паси гарду чанг болои асп алвонҷ мехӯрд ва гӯшаҳои рӯмоли шоҳияш пар-пар бозӣ мекарданд, то хамгашти кӯча нигаристанд.

Пас аз фурсате боз духтарак пайдо шуд. Лекин ба аспи дуюм савор буд ва аз банди аспи якум дошта меомад. Лабонаш пури ханда, чашмони базеби сабзтобаш шӯхона медурахшиданд. Асп юрғакунон гӯё рӯи роҳ мелағжид ва пайкари савора маҳин-маҳин алвонҷ хӯрда, бошукӯҳтар, дилработар мегашт. Вай дар рости мо лаҷоми аспашро кашид ва фарёд кард:

– Ҳо бача, ба асп савор шудан мехоҳӣ?

– Киро мегӯӣ?

– Худаш медонад, – хандида ҷавоб дод духтарак.

– Чӣ хода барин рост истодаӣ? Ҷунб, туро ҷеғ мезанад,

–Ҳасанро телазанон пичирос зад Неъмат. Вале ӯ карахту бемадор, рост меистод. Аз афташ, ҳанӯз бахуд наомада буд. – Э мон, ягон бор ба асп савор нашудаам, боз наафтам, – нимғурма, вале бо алам гуфт ӯ.

– Метарсад..

– Наход? – духтарак баландтар хандид: – Ҳамаи ҳунараш ҳамин будааст?...

– Ман аспро савор шуда, ҳамроҳат барам? – пурсид Неъмат.

– Не, ин асп аҳл аст, ба пои худаш меравад. Аҷиб, бача бошиву аз асп битарсӣ. Хайр, ёрдам додед, раҳмат, – гуфт айёрона духтарак ва аспашро, ки беқаророна пой мекӯфт, маҳмез зада, ба роҳ даровард.

Акнун гапи нав ёфт шуд. Бачаҳо бо надомат Ҳасанро мисли устухон мехоиданду гап задан намемонданд.

– Хайр, ин духтар ғайр аз асп, бузу бузғола, хару хингала ҳеҷ чизро намедонад, – мегуфт Ҳасан: – Велосипедро савор шуда метавонад? Не!

– Бача, ба духтарҳои мо баҳс накун. Ғайрати холисанд.

Хоҳанд, дар ракета савор шуда ба осмони ҳафтум мепаранд, – бо ифтихор гуфт бобои Сайдаҳмад.

Ҳасан як бори дигар ҳунарашро ба ин духтари шӯху ёғии деҳотӣ нишон доданӣ шуд. Эҳтимол, вай бо ҳар роҳе бошад, духтарро қоил ва ба худаш моил карданӣ буд.

– Синфҳоро сохтем. Нону намаки мардуми ин деҳаро ҳам хеле хӯрдем. Акнун ба инҳо ягон хизмат расонем, – гуфт Ҳасан.

– Боз ба сарат чӣ хаёл омад, Дон Кихот? – пурсид Неъмат.

– Ин ҷо аз марказ дур..

– Мақсадат?

– Назди чорводорон конерт диҳем, чӣ хел мешавад?

– Фикри олиҷаноб! Гову гӯсолаҳо шод мегарданд.

– Ин гапам ҷиддӣ аст, – гуфт Ҳасан.

– Мо артист не, ҷӯра, – шӯрид Маҳмуд: – Барои ҳофизӣ наомадаем.

– Ин гапи маълум. Лекин одамҳоро шод кардан кори хайр аст. Барои ин, ба фикрам, моро таъриф мекунанд.

– Бо чӣ концерт намоиш медиҳӣ? – Гитар ҳаст. Неъмат симтур менавозад. Боз ягон рубобу доира ёбем, бас.

– Кӣ суруд мехонад?

– Ҳамаамон, Лекин худам ду-се..

– Боз масхара накунанд.

– Не, ҷон-ҷон мегӯянд, – бо дили пур гуфт Ҳасан ва илова кард: – Ба ин ҷо ягон бор аз Душанбе артистҳо наомадаанд.

Ҳасану Неъмат барнома ороста, шабу рӯз машқ карданд.

Бобои Сайдаҳмад барои форам шудани овозашон ҳар саҳар онҳоро бо шир, тухми хом зиёфат мекард.

Маҳмуд, чун роҳбар, бо мудири ферма гап зад. Вай бо баҳонаи серкорӣ аввал пешниҳодро рад кард. Баъд бобои Сайдаҳмад ба миён даромаду маслиҳатро пазонд.

Дина ҳамаамон сару рӯ шуста, либосҳои тоза пӯшида, ба гуфти бобои Саидаҳмад културнай шуда, нисфирӯзӣ назди чорводорон рафтем. Онҳо моро нағз пешвоз гирифтанд Танҳо бо гӯшаи чашм нигаристану ноаён хандидани духтарҳо моро безобита мекард. Инро худамон мефаҳмидему бас. Мизбонҳо рӯи суфаи таги чанор, ки гилему якандозҳо густурданд, хостанд дастархон кушоянд, аммо Ҳасан монеъ шуд.

– Аввал базма тафсонем, баъд хӯрок мехӯрем. Одати мо ҳамин…

– Боз хубтар, – ҷавоб дод мудир.

Подабону гӯсолабон, занону духтарон дар сояи чанор нишаста, аз мо чашм намеканданд. Мудири ферма бархеста ҳамаро як аз назар гузаронду бурутҳои равғанолудашро тоб дода, гуфт:

– Артистҳои ваъдагӣ, рафиқо, ҳамин устудентакоанд. Бечораҳо вақти таътилашон омада, барои кӯдакои мо синф сохтанд. Офарин, бачаҳои қобилам! Боз ҳунари сурудхонӣ ҳам доранд инҳо. Гӯш кунед, суруд мехонанд.

Неъмат баранда шуд. Вай дастонашро дар ҳаво бозӣ доронда, қоматашро печу тоб дода, сухан оғоз кард:

– Дар Душанбе, – гуфт ӯ, – Ҳасанро булбули институт меноманд. Ҳофизи машҳур, хушовоз, ояндадор аст…

– Овозаша шунавем, баъд баҳо медиҳем, – луқма партофт подабон:. – Тезтар хонад, ки вақти сархорӣ надорем. Ҳасан сурфакунон банди гиторро ба гарданаш меандохт, ки дар лабони ҳама ханда дамид. Неъмат ҳам тасмаҳои симтурро ба китфонаш гузаронд. Дарвеш бо доира, ки бобои Саидаҳмад аз хонааш оварда буд, рӯяшро панаҳ карда, рост меистод. Бо ишораи Ҳасан ба навохтан сар карданд. Навоҳо чандон ҷӯр нашуданд. Бо вуҷуди ин се суруд хондем. Сипас аз ҳаяҷон буд ё алам, ки Ҳасан ба торҳои гитараш сахттар нохун задан гирифт. Вай акнун овозашро болу пар доданӣ буд, ки ду тор якбора барканд, наво қатъ гашт.

– Ҳеҷ гап не, ҳофизи асил бо калтак ҳам суруд мехонад, – аз байни ми-мишу хандаи одамон садои касе баланд шуд.

Ҳасан бедимоғ гитарро ба ман доду симтурро гирифт. Вай ҷониби Дарвеш хам шуда, гӯшакие карду оҳанги мубҳамеро навохт ва суруди эҷодкардаи худашро ба сабки испанӣ сароид.

Ба ин ҷо омада ошиқ шудам ман,

Ба як духтар намегӯям номашро.

Бисӯхта чашми ӯ ҷону танамро,

Ба хоки кӯча яксонам намудаст.

Мо кафкӯбон нақарот хондем,

Чӣ духтар, чӣ духтар?

Рухаш гул, лабаш шакар!

Ҳасан акнун ба як нуқта, ба гумонам, танҳо ба ҳамон духтари шӯху бебок, ки дар як гӯша нишаста буд, нигариста, ҷозибаи суруду овозашро донистан хост. Духтар ноаён лабашро каҷ карда, забонашро нищшон дод. Магар Дарвеш ҳам инро дид, ки китфу гардан ҷунбонида, бозарбатар доира задан гирифт. Ҳасан худро бепарво ангошта, дандонҳои тиллояшро гӯё ба ҳама нишон доданӣ шуда, ногоҳ чунон фарёд кашид, ки баъзеҳо гӯшҳояшонро маҳкам карданд.

Туро медуздам ман як рӯз, эй духт-а-а-ар!

Ба шаҳри худ-Душанбе мегуреза-а-а-ам. Садои ваҳ-ваҳи одамон овози Ҳасанро пахш кард. Онҳо ба духтарҳо нигариста, пичир-пичир мекарданд. Ҳамин лаҳза зане аз ҷояш хеста, бо тамоми овоз моҷаро бардошт:

– Медуздӣ? Почаката мешиканам! Беҳаё, бо баҳонаи мактабсозӣ, ҳофизӣ, духтардуздӣ омадаӣ? Кошки овози нағз дошта бошӣ… Хуруси нимҷон барин. Э иллоҳӣ, овози дағалат бигирад-е!

– Ҳо холаи Моҳбону, натарс ин суруд аст, – аз байни хандаву ҳаёҳу гуфт касе.

– Суруд-а, таҳдиди рӯйрост, – ғур-ғуркунон ба ҷояш нишаст занак.

– Ин бача бо ҳамин ҷисму ҷонаш духтарата дуздида метавонад? Хас барин сабук аст, – ба моҷаро шарик шуд бобои Саидаҳмад.

– Духтари мана дуздида натавонад, азони худата медуздад,

– паст наомад холаи Моҳбону.

– Як духтар садқаи сараш. Тавонад, ҳалолаш бод! – аз таги дил ё аз рӯи дил буд, ки бепарво гуфт бобои Саидаҳмад ва ғолибона ба атроф нигарист.

Одамҳо механдиданду мо аз шарм дар паси якдигар пинҳон мешудем. Хайрият, мудири ферма аз ҷояш хесту ришхандкунон ба гап даромад:

– Раҳмат, рафиқони устудентҳо! Моро беҳад шод кардед.

Кайҳо боз ин хел нахандида будем. Рафиқон, колхозчиҳо! Биёед, барои инҳо як қарсак занему навбата ба духтарҳои худамон диҳем. Онҳо ҳам як-ду суруд хонанд, баъд аз паи кор мешавем.

Мо ҳайратмандона ба якдигар нигаристем. Инро чашмдор набудем. Ҳасанро қариб шинохта намешуд, аз сару рӯяш арақ мешорид, мисли лаблабу сурх шуда буд. Лабонаш пир-пир мепариданд. Гиря намекарду халос.

Духтарҳо ҳам маътали ишора буданд, ки давида ба кулбае даромаданд ва пас аз фурсате дар даст дутору лабчанг, таблаку доира рӯи суфа ҳозир шуданд. Дар байнашон ҳамон «дугона»-и Ҳасан ҳам буд. Вай ду қадам аз духтарҳои навозанда пеш гузашта истод. Духтарон ба нағма пардохтанд. Чӣ ҳам мегӯӣ? Савту суруди онҳо мисли худашон нафис, зебою дилрабо буд, шираву назокати хос дошт.

Чеҳраи духтараки сурудхон торафт мешукуфт. Ӯ, бо чашмони пурхумор аз байни шоху баргҳои чанор ба осмони нилгун нигариста, бо овози ширадор чанд рубоӣ хонд.

– Гулҳарам, ҳо Гулҳарам, якта суруди шӯх ҳам шавад!– луқма партофт касе.

Духтар шакарханде карда ба навозандагон чизе гуфт. Онҳо мақоми дигарро навохтанд. Гулҳарам қади мавзунашро маҳин-маҳин ҷунбонида, даме ба хаёл рафт. Сипас ногоҳ ба мо, шояд ба Ҳасан нигарсту табассумкунон суруд оғозид:

Хуш омадӣ, эй бачаи шаҳрӣ,

Бо гитару дойраи кафида,

Ай лоф даҳони ту дариду

Ҳуш аз сари очаам парида.

– Эҳе, ҷонам садқате!

– Бобаш кардӣ, садқаи забонат! – нидо карданд одамон ва аз ҷой бархестанд. Онҳо ғолибона, вале истеҳзоомез ба Ҳасан менигаристанд. Бобои Саидаҳмад бо овози баланд бо мо мегуфт, ки дидед, гапам рост баромад. Бо ин духтарҳои мо баҳс карда намешавад, оташанд. Ҳамиа кор аз дасташон меояд. Ҳофизӣ ҳам, шоирӣ ҳам, деҳқонӣ ҳам. Агар арғушравишона бинед, – эҳа, масту махмуро, девона мешавед. Бовар намекунед? Ана, биёед ҳозир гӯштӣ ташкил мекунем. Агар хоҳед, унҳо ба ҳар кадоматон гӯштӣ ҳам мегиранд.

– Мо гӯштигирӣ наомадаем! – бедимоғ ғурунгос зад Ҳасан.

– Ҷӯра, тан додан даркор, боб шудем, – алами ӯро тоза карда гуфт Неъмат.

пешина
аз 30
навбатӣ