Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Сардор ошном, дили ӯро ёфтан осон, лекин дар назди зан обрӯ пайдо кардан мушкил… Ҳозир дарро намекушояд.

– Тақдири мардҳои хонағариби майдоншер ҳамин, – писхандомез гуфт Ёрак ва илова кард: – Аз ман як насиҳат, ҳамдард. Мабодо аз зан тарсӣ ҳам инро ҳаргиз ошкор накун. Агар вай бар сарат дод занад, ту баландтар наъра каш. Бо ҳамин восита алови чашми занро гирифтан мумкин. Боз як насиҳат: ҳангоми мастӣ ҳеҷ гоҳ ба чашми зан нанигар. Медонӣ барои чӣ? Ҳамин ки чашмат ба чашмаш афтод, мағ-луб ме-ша-вӣ.

– Ҳамаи мо пеши зан бечораем, – нолишомез луқма партофт Сурхон: – Чашмаш сеҳр дорад.

– Ҳа, агар ба чашмаш нигарӣ, зан шер мегардаду ту рӯбоҳ.

Фаҳмидӣ? Вай шӯру мағал бардорад, ту баланд биханд, ана ҳамин хел ба оғӯшаш бигиру гарм-гарм бибӯс. – Ёрак лабу лунҷи Сурхонро чалап-чалап бӯсид: – Баъд олам гулистон мешавад, ҳамдард. Занҳо махлуқи зираканд, аммо аз бӯсаи гарму навозиш ҳалво барин мулоим мешаванд. Як вақт мебинӣ, ки зани худат туро дудаста бардошта ба кат мехобонад.

– Уҳ, – хамёзаи дуру дарозе кашид Сурхон.

– Роҳи хонаатро меёбӣ?

– Ҳм, ту маро маст гумон кардӣ? – овози ранҷишомези Сурхон дар шаби хомӯш баланд баромад: – Нофи замина меёбам.

Онҳо аз ин гап ҳам чунон ба ваҷд омаданд, ки якдигаррро мисли дилдодаҳо ба оғӯш кашиданд ва ба куҷое лабҳояшон расид, бӯсиданду бӯсиданд. Сипас ҷудо шуданд. Ёрак тарафи боло роҳ гирифт. Сурхон калавида-калавида ба тангкӯча даромад. Ва байни сари кӯчаву дарвозаи ҳавлиаш хеле тор танида, чанд карат мӯи ҷингилаашро батартиб оварда, дар назди дарвоза баҳодурвор рост истод, то онро кӯбад, вале панҷаҳои заифи беҷуръативу раҳм ва боз ким-чӣ хел як ҳисси тарсоваре дилашро фишурда, садди роҳаш гаштанд. «Занаки хоба бедор кардану ба хонаи занбӯр чӯб халондан як, – насиҳатомез гуфт ба худ Сурхон ва ба хараки шафати дарвоза нишаст: – Накун ин кора, Сурхон ва ба хараки шафати дарвоза нишаст: – Накун ин кора, Сурхон, қаҳраш меояд, мағал мебардорад.. кайфат мепарад. Мабодо модараш шунавад, ки қасаматро шикастаӣ, рӯзат сиёҳ мешавад. – Ӯ хамёза кашида, даме рӯяшро кафмол кард, сипас пичиррос зад: – Одамҳо чанд шаба дар сари санги сиёҳ рӯз мекарданд. Ғам нахӯр, ошно, ту таҷриба дорӣ-ку, ба хотири тинҷиву осудагӣ як шаб ҳеҷ гап не…». Ӯ ана ҳамин хел сӯҳбаткунон болои харак дароз кашида, дастонашро зери сар болишт кард, ноаён ғанаб рафт..

Сипас субҳдам хоби ширине дида бедор шуд ва зонуҳояшро аз оғӯшаш раҳо карда, ҳайратомез ба атроф нигаристу донист, ки имшаб замин бистару осмон кӯрпааш будааст..

ЗОДРӮЗ

Одам баъзан шӯхӣ ба шӯхӣ ба чунон дарду балое гирифтор мешавад, ки гуфтан надорад…

Маликаи Шайдо ҳоло аз мошини дарздӯзӣ чашм наканад ҳам, бо андешаҳояш дар гирди ҳамин маънӣ тор метанид.

Духтарак се моҳ боз ба он рӯзе лаънат мехонад, ки ба ҷавони ланг дучор омада, шӯхиашро бардошт. Ҳазлу шӯхи куҷо? – аз рӯи одамгарӣ, ё дурусташ, барои тезтар аз моҷаро халос шудан тарафи вайро гирифт. Хайр, дар ин шаҳри калону серғавғо ба ҳар ҷавони айёш, ки баҳудаву беҳуда гап мепартояд, баъзан чашмак мезанад, ҳатто банди дастатро доштанӣ мешавад, ҷанҷолу дилсиёҳӣ карда мешудааст? Боз модараш доимо таъкид мекунад, ки ба одамони ношинос баробар нашавад.

«Шарафи духтар мисли шир пок аст, – мегӯяд модар, – бо андаке беэҳтиётӣ макрӯҳ мешавад…» Не, он рӯз аслан айб аз холаи Ошуфтаву Шаҳризод гузашт. Агар холаи Ошуфта ҷеғаш намезад, агар Шаҳризод омада, моҷаро намебардошт, шояд ин бало ба сари ӯ намеомад. Эҳа, ин гапро ба кӣ мегӯӣ?

Одамҳои фарбеҳ аз азал камгапу муғамбир мешаванд, лекин ин занаки паҳлавонҷусса мудом булбули гӯёст. Агар гапи худашро мезад, бало ба пасаш буд. Борҳо дар маҷлисҳои иттифоқи касаба ба вай таъкид карданд, ки ҷиддӣ шав. Бе гапу калочаи зиёд хоҳишу дархости мизоҷонро қабул бикун, духтаронро аз кор намонон. Холаи Ошуфта хуб мегӯяду ду-се рӯз дам ба дарун мезанад, сипас боз нағма оғоз мекунад. Гап сари ин ки вай шарм дорондану масхара кардани духтаронро як воситаи дилхушии худ мешуморад. « Дар ин дунёи гузарон хурсандӣ ғанимат, – таъкид мекунад ӯ: – Умри одам оби равон барин мегузаштааст. Дар хаёлам дина духтарак будам, мӯю рӯи чор кас медидагӣ доштам.. Ана имрӯз бинед, пичаҳо сафед, рӯ пурожанг, кампир, соҳиби набера.. Ҳар қадар метавонед, кайфу сафои зиндагиро бинед, ки баъд пушаймонӣ суд надорад…» Калонсолони корхона, ки ба фориғболии холаи Ошуфта одат кардаанд, мегӯянд, ки ин хислати занак бо шир омадаасту бо ҷон меравад. Гуфтем, ки бало ба паси холаи Ошуфта, як сол баъд ба нафақа мебарояд. Аммо Шаҳризод чӣ? Хулқу атвори ин духтар нағмаҳои холаи Ошуфтаро ба як нул мезанад. Вай ба сари ҷавонияш агар рӯзе ба оши ягон кас ҷурғот нашавад, ба иқрори худаш, аз дилтангӣ торс мекафад. Дар корхона-ку ҳеҷ гап не, дар кӯча ё даруни автобусу троллейбус ҳам баҳонае ёфта, бо ҷавонон муноқиша мекунад. Агар тираш ба нишон расид, яъне ҷавонеро сурху сафед карда тавонад, аз шодӣ қад-қад мепарад, ин корномаашро чанд рӯзи дигар пеши хурду калони васф мекунад… Дунё аҷиб, ҳар сареро савдое…

\* \* \*

Он рӯз ҷавони ланг қариби офтобшин ба корхона омад.

Духтарон бармаҳал аз паси тиреза ӯро зери чашм карда, чун одат, дарҳол байни худ фол диданд.

– Ана ҳамин ланг муҷаррад аст, – луқма партофт яке.

– Арӯсшаванда мековад, – гуфт дуюмӣ.

– Аз байни мо зан мегирад, – хандон-хандон тахминашро ба забон овард сеюмӣ ва дар дили духтарон оташ ангехт.

– Киро? – баробар пурсиданд духтарҳо.

– Инаш илми ғайб, – фориғболона ҷавоб дод дигаре.

Духтарҳо, даст ба кору забон ба гуфтор, шӯру мағал бардошта, ҳар кадом якдигарро насибаи ҷавони ланг эълон карданд. Воқиан, онҳо мудом бо ҳамин «бозӣ» кӯфти корро аз худ мебароранд..

– Дунё ҳамин-да, – ногоҳ ба сӯҳбат шарик шуд Малика: –Агар ҳамин бечора ланг намебуд, ҳар кадоматон орзу мекардед, ки шавҳаратон шавад, балки ҳозир аз тиреза сар бароварда, гап ҳам мепартофтед…

– Дилакат кашол барин-ку, – нидо кард Шаҳризод.

Ҳамин дам гӯё барқасд овози холаи Ошуфта корхонаро пур кард. Ӯ Маликаро ҷеғ зад. Духтарак нафаси чуқур каши-156 да, рамузгирона гӯш ба карӣ зад. Вале нашуд. Занак пайваста фарёд мекард. Малика ноилоҷ аз ҷояш хеста буд, ки ҳамкоронаш баробар қарсак заданд, гуфтанд ки насибаи ланг худат шудӣ. Дар лабони ӯ хандаи сохта нақш баст. Ҳарчанд вай ин хел ҳазлу шӯхиҳоро бисёр дидаву шунида буд, дилаш таҳ рафт ва ба ду бари рӯяш гармӣ давид, баъд рухсораҳояш ҳам лолабарг барин сурх шуданд. Ӯ раҳораҳ дар дилаш холаи

Ошуфтаро маломат кард, ки чаро имрӯз маҳз номи ӯ дар нӯги забонаш омадааст. Каллаи саҳар луқма партофт, ки ҷигараш алов гирифтаасту месӯзад. Малика давида рафту аз дӯкони рӯ ба рӯи корхона яхмос овард… «Маро боми пастак гумон кардааст ин занак», – ғурунгид ӯ ва пардаро тела дода, ба қабулгоҳ по ниҳода буд, ки холаи Ошуфта бо шакарханд гуфт:

– Ана омад! Бо ду чашми сарат бубин!

Чашмони шарарбори ҷавони ланг дурахшиданд.

– Ҳунарашро бинам…

– Ҳафтоду ҳафт пуштат ин хелаша надидааст, – ишваомез нидо кард холаи Ошуфта: – Ҳамаи духтарҳои мо ана ҳамин хел чӯҷаи парӣ барин зебоянд. Ҳунараш? Ҳм, аз даҳ ангушташ ҳунар мерезад… Гули сари сабади корхона…

– Мақсад? – бедимоғ гапи холаи Ошуфтаро бурид Малика ва чашмони ғазабборашро нимроғ карда, ба рӯи вай дӯхт.

Духтарак аввал хост, ки бо ду-се сухани сермурчу қаланфур ҷазои ин зани шаттоҳро бидиҳад, то дуюмбора ба ӯ ҳазлҳои беҷо накунад. Вале забонаш нагашт, ки дар ҳузури ҷавони ношщинос ӯро изо диҳад. Вай ин дафъа хаёлан «вақти ҳарзафурӯшиятро ёфтӣ!» – гуён занакро дар дил коҳиш кард.

Гӯё касе ягон ҷои нозуки холаи Ошуфтаро мехорид, ки ӯ механдиду механдид. Хандааш аввал паст буд. Ӯ ба Маликаи музтарибҳол ва ба ҷавони ланг, ки аз ноҳинҷорӣ бори ҷуссаашро гоҳ ба пои чап, гоҳ ба пои рост мепартофту дар сари сӯзан нишастагӣ барин беқарор буд , зеҳн монду хандааш авҷ гирифт . Занак ончунон қоҳ-коҳ зад, ки ҳарчанд бо кафи даст пеши даҳонашро пӯшида бошад ҳам, рӯи лӯндаи пурчинаш аз чашм ниҳон намонд. Болои ин синаҳои мисли халтаи дӯғ ка-157 лону овезонаш аҷоиб ларзида, ҷуссаи номавузуни ӯро бағоят безебу хандаовар гардониданд. Ниҳоят ӯ, ба гуфти худаш, васвасаи шайтонро аз дилаш дур кард ва бо гӯшаи руймол чашмони обгирифтаашро поккунон аранге овоз баровард:

– Ба ин ҷавон чевари нағз ва зебо лозим будааст. Гуфтам, ки ана худам , – ӯ ба сандуқи дилаш муште фуровард: – Қабул накард, сағира . Туро ба сарам мезанам , гуфт . Э сағира, – занак ба ҷавон рӯй овард, – бист-сӣ сол пеш Ошуфтара медидӣ, девона мешудӣ ! Эҳа, сад лак ҷавонмарди хушбурут аз паси холат саргардону овора буд..

– Чашм нарасад, ҳоло ҳам бад нестӣ, – шӯхиомез луқма партофт ҷавон: – Хонаи чанд мӯйсафеда сӯхта метавонӣ. Ҳм, дар байни ин хел соҳибҷамолҳо гарди пирӣ ба мӯят намерасад..

« Ин ҳам аз тоифаи маҳмадоноҳои аз таги дор гурехтагӣ будааст», – хулоса баровард Малика ва акнун баргашта рафтанӣ буд, ки аз паси парда аввал овоз, баъд худи Шаҳризод баромад.

– Ин шоҳзодаи худсари охирзамон аз кадом гӯр пайдо шуд? Чӣ, корхонаи мо барои ту ҷойи масхарабозӣ аст? Дузандаи зебо лозим-а? Ба зебо ё безеб будани дӯзандаҳо корат чӣ? – Шаҳризод худашро ҷиддӣ вонамуд карда, чашмонашро бозӣ доронда, ду дасташро ба миён ниҳода, дар таги манаҳи ҷавони ланг рост истод ва нигоҳи моҷароҷӯяшро ончунон ба ӯ дӯхт, ки ҷавон тоб наоварда, ду қадам қафо рафт ва имдодҷӯёна ба холаи Ошуфта нигарист.

– Чӣ ин қадар доду вовайло мебардорӣ? Ягон ҷо оташ нагирифтааст-ку! Ба ҳар ош нахӯд нашавӣ, дилат ором намегирад-а? – шикваомез гуфт холаи Ошуфта ва баъд бо мулоимат, ҳатто лутфомез илова кард: – Ин бача сарупои домодӣ дӯзонданӣ. Мехоҳад, ки ту барин ягон дӯзандаи хушгуфтору соҳибҷамол кастумаша дӯзад. Ҳамаи гап ҳамин, як лаби осмон ба замин начаспидааст-ку, духтарам..

– Кастуми шаҳӣ? Барои кӣ? – – худро ба нодонӣ зада, пурсид Шаҳризод. Холаи Ошуфта китфони васеашро дарҳам кашид. Ҳеҷ бовараш наомад, ки ин духтари қайсару айёр асли гапро нафаҳмида бошад. «Ҳо шайтоне, аз таги замин мор гузарад, дарак меёбаду. Ё ягон мақсади дигар дошта бошад?» – гуфт ба худ ва дар дилаш оташаки шубҳа пайдо шуд. Бо вуҷуди ин лабонашро ба ханда моил карда шарҳ дод:

– Барои худаш-да. Бача тӯй дорад, зан мегирад, – холаи Ошуфта бо меҳри модарона ба рӯи ҷавони ланг назар афканд:

– Бо орзуву ҳавас либоси чор кас медидагӣ дӯзониданӣ аст, – илова кард ӯ ва чеҳраашро аҷаб як хушнудие фаро гирифт.

Аммо оҳанги тамасхуромези сухани Шаҳризод ӯро бесаранҷом кард.

– Зан мегирад? Наход! – Шаҳризод гӯё аз пешомади баде огоҳ шуда бошад, рӯяшро турш ва ҷиготҳояшро сар ба сар кард. Баъд мисли мокиёниҷангара гарданашро ёзонида, ба ҷавони ланг нигарист: – Рӯм сиёҳе, ту зан мегирӣ? О кадом духтари сиёҳбахт ба ту мерасад?

Малика то ҳол ба рафи тиреза бепарво такя карда, аз ин тамошои бепул ҳаловат мебурд. Дурусттараш, ӯ дар дил шодӣ мекард, ки ҷавони худсар мисли дузд ба чанги қарақчӣ, яъне

Шаҳризод афтод. « Дар пӯстат коҳ ҷо мекунад ин духтар..

Ҳм, ним тангаву ним танга, ҳардуятон як танга. Акнун якдигарро нӯл задан гиред…» Вале ҳоло аз суханҳои нештардори Шаҳризод дилаш ба ҳоли ланг сӯхту қоматашро бардошт, норозиёна ба вай нигарист.

Ду чиз ба Малика намефорад: гиряи талхи кӯдак ва таҳқири беҷои одам… Хайр, гиристани тифлон азалист. Модараш мегӯяд, ки гиря баъзан ба кӯдак фоида ҳам дорад, узвҳои дарунашро бақувват мекунад. Аммо беибо таҳқир кардани одам чӣ? Хайр, ин бача агар солим мебуд, сарашу равғанаш. Лекин шояд аз лангӣ дилаш хун бошад. Ин маълум. Киро чор ишкели дуруст намефорад? Малика ба ҷа-159 вони ланг, ки заҳрханд дар лабонаш сайр мекард, вале ранги рӯяш парида буду чашмонаш ҳасрате доштанд, бо як дилсӯзии холисона нигарист ва овоз баровард:

– О ин хел гапи талх назан, дугона. Ба ту чӣ бадӣ кард?

Ҳар кас ба қадри худ ризқу насибаша меёбад.. Аҷаб одате дорӣ. Баъзан ба паррандаи осмон ҳам ҷанг кардан мехоҳӣ..

– Ана ҳамин лангу ту.. Боз ман тарафата бигирам, ноз мекунӣ-а? – ғурунгид Шаҳризод ва чашмони рангмолидаашро ало-було карда баргашт: – Ланг чӣ , калу кӯрро ҳам бигирӣ, ихтиёрат..

Баъд хандаи осмонкафи духтарҳо толори корхонаро пур карду Малика ба худ омад ва пай бурд, ки ду бари рӯяш алов гирифтааст, оташбарг барин месӯзад.. Холаи Ошуфта музтарибҳол гоҳ ба ҷавони ланг, гоҳ ба Малика зеҳн мемонд. Нигоҳи занак акнун иқрори гуноҳаш буд…

Ҷавони ланг коғазпечро аз рӯи раф бардошта, майли рафтан кард.

– Куҷо меравӣ? – бо итоб овоз баровард Малика ва аз чӣ бошад, шакарханде кард: – Ҳм, нагурез, вай акнун аз пасат сур намекунад…

– Бо ҳамин дилу гурда шон боз зангир, – коҳишомез ғурунгид холаи Ошуфта: – Худо накунаду занат ҳамин хел «хушзабон» барояд, чӣ кор мекунӣ?

– Кӣ гуфт, ки ман зан мегирам? – бо алам пичиррос зад ланг ва коғазпечро боз рӯи раф ниҳод: – Шумо, хола, дар гапбофӣ устухон надоштаеду лекин ман дар бало мондам, – ғур-ғур кард ӯ ва якбора раги ғурураш ҷунбид. – Як умр безан монам ҳам, ин хелаша намегирам.

Ибтидои воқиа ҳамин буд. Малика дӯхтани кастумро ба зима гирифт ва онро нағз ҳам дӯхт. Ҷавони ланг рӯзи гирифтани кастум (вай ду рӯз пеш ҳам барои чен кардани либоси хомдӯхт омада буд) як қандина (торт) тӯҳфа овард.

– Лозим не, – аз қаду басти ҷавон, ки кастум ба он хеле шинам афтода буд, чашм наканда, бо исрор гуфт Малика ва160 ифтихормандона илова кард: – Касбу кори мо ҳамин: медӯзем, ба одамон мақул шавад, хурсанд мешавем.

Ҷавони ланг, ки акнун Неъмат ном доштанашро Малика медонист, даме гаранг гашт, сонӣ илтиҷоомез гуфт:

– Инро барои шумо овардам… Боз куҷо барамаш?

– Гир , духтарам, бачара малол накун, аз дили соф овардааст, – тарафи ҷавонро гирифт холаи Ошуфта.

Малика ноилоҷ монд…

Ду рӯз баъд ҷавони ланг дар кӯча боз аз пешорӯи Малика баромад. Хайрият, дар назди корхона не, вагарна Шаҳризод медиду сад гапу калочаи дигар мебофт.. Ӯ саломи ҷавонро алек гирифта гузашт, аммо дар нигоҳаш розеро пай бурду дилаш гум зад, баъд ба ҳоли худ хандид, ки беҳуда фикрҳои дупуларо ба сар меорад. «Одам-да, саргашта шуда ба ин тараф омадагист, – худро таскин дод ӯ: – Ҳоли ҷавонҳои зангир ҳамин: моку барин аз ин магазин ба он магазин медаванд…»

Чанд қадам ниҳод, беқарории дил ва шубҳааш ғолиб баромад, ки бо баҳонае рӯяшро ба қафо гардонд ва дид, ки ҷавон ҳанӯз нигоҳашро аз ӯ накандааст. Духтар саросема рӯй тофт. «Одамизод-ку махлуқи носерам, лекин кулли чашми мардҳо дузд гуфтани бибиям ҷон дорад, – хаёлан аз дил гузаронд ӯ ва роҳгардияшро тезонд: – Нигоҳаш ким-чӣ хел роздор…» Ӯ аз роҳи калон ба тангкӯча ворид шуд ва осуда нафас кашид, зеро худро озод ҳис кард. Бо вуҷуди ин ҳушу ёдаш побанди нигоҳи ҷавони ланг буд. «Кошкӣ чашми ин мардҳоро баста мешуд, – ҳасратомез дар дил гуфт Малика ва аз ноилоҷӣ худро таскин дод: – Хайр, бало ба пасашон. Аз ҳама нағзаш, ба роҳи худ рост рафтан.. Ба инҳо гап зану рӯзата бин: яктааш баҳона меорад, ки чашм дарё аст, дигараш бериё мегӯяд, ки себи сурха кӣ нигоҳ накунад. Чӣ ҳам мегӯӣ? Дам назада, бо сари хам рафтан аз ҳама авлотар…»

Баъди маротибаи панҷӯму шашум бо Неъмат рӯ ба рӯ омадан ҳолати Малика дигаргун шуд. Ҳамин, ки духтарак ҷавонро медид, дар назараш қадаммонияш мисли дорбоз ё одамҳои маст ноҳамвор метофт ва гумон мекард, ки на танҳо чашми161 ланг, сад чашми дигар ҳам сӯяш дӯхта шудаанд. Дар ин ҳолат вай мурғи пойсӯхта барин безобита гашта, ҳарчанд лаб таги дандон ниҳода, худро ором нишон доданӣ мешуд, ҳис мекард, ки ба рӯй ва баёзи гардани баландаш мисли гелоси дунбул сурхӣ медавад.

Духтарак аз як чизи дигар бештар азоб мекашид ва ҳатто ба даҳшат афтода буд. Охир, рафту падараш ҷавони лангро аз дунболи ӯ бубинад, оламро месӯзад. Шояд ҳатто ӯро ба хона роҳ ҳам надиҳад. «Ту ҳам аз пасат буқа овардӣ-а? Боз соқ ҳам не..» бо тамсхур мегуфтагист ӯ.

Малика медонад, ки падараш дар хубӣ хубу дар ҷоҳилӣ ҳамто надорад. Баъзан нархи сабзиву пиёзро напурсида дили модарашро таги дег барин сиёҳ мекунад. Лекин пагоҳаш пушаймон, ҳавло барин мулоим мешавад ва пайт ёфта, узромез мегӯяд:

– Оила давлат аст, занак. Давлат бо сиёсат пойдор…

– Ҷанҷоли беасос пояи давлатро суст мекунад, – маънидорона пичиррос мезанад модараш.

Рафтори ҷавони ланг ҳам барои Малика муаммои сарбаста менамуд. Вай саҳар ё бегоҳ ба корхона омадан ва ё аз корхона рафтани ӯро панҷ ангушташ барин медонад. Гоҳо саҳар, гоҳо шомгоҳон, – кай ки дилаш хоҳад, – аз тангкӯча дуртар истода, роҳи ӯро мепояд. Ва Маликаро дидан замоно,агар танҳо бошад, ширин табассум мекунад, чашмони базеби сабзтобашро ба вай дӯхта, дастонашро бо ҳам молида, лангонлангон сӯяш меояд. Лангиданаш ҳам аҷиб: холаи Ошуфта ҳамон рӯз аз пасаш, дурусттараш, ба туфлии пои чапаш, ки барои ноаён шудани лангияш ба он тагчарми зиёд задааст, хеле нигариста, гуфт, ки шакарланг будааст. Аҷобати оламро бинед, ки лангӣ ба ин ҷавон мезебад… Хайрият, мабодо ҳамроҳи Малика касе бошад, ҷавон шиносоияшро рӯшод намекунад. Дар ин ҳолат табассуми ӯ базӯр аён мегардад ва чашмонашро ҳузну ноумедӣ фаро мегирад. Дар чунин лаҳзаҳо Малика дар таги дил барои зиракиву таҳаммулаш ба ҷавон раҳмат мегӯяд.. Ҳа, агар Малика танҳо бошад, ҳарчанд қадам162 тез кунад ҳам, ланг ба ӯ мерасад. Духтар рамида-рамида теғи нигоҳашро ба вай меафканад ва мебинад, ки хами зонуи пои чапи ҷавон ҳангоми қадамгузорӣ андак дуқат шуда, қомати ӯро номутаносиб алвонҷ медиҳад. Ин чиз, агар аз рӯи инсоф гӯем, ҳусни ӯро доғдор намекунад. Вале он чиз аламовар аст, ки ҷавони ланг ғайр аз пурсу пос гапи дигареро ба забон намеораду дар дили духтари содда сад фикру андешаи сарбаста меандозад. Вай хоҳу нохоҳ шабҳо дар бораи ҷавон фикр мекунад: фикрҳои зиёд, фикрҳои ҳархела. Ҳа, Малика доимо худро ончунон ба нодонӣ мезанад, ки гӯё ин карат ҳам тасодуфан ба ҷавон дучор омадааст. Дар асл ба пайкараш рашъа медавад, вале ба пурсупоси ӯ барқасд ҷавоби дурушт медиҳад, лекин ӯро аз ин ҳам парвое нест. Дидани қомати мавзуну рӯи гандумгуни духтарак аз ҳама боло.

Ниҳоят Малика ба худ қарори қатъӣ дод, ки пеш аз сар задани ягон расвоӣ ба ин маймунбозӣ хотима бидиҳад, то ҷавон дигар аз пасаш тор натанад. Духтарак чанд рӯз ҳудро ба ин

«муҳориба» омода кард ва суханҳои ба назараш боб ҳам ёфт.

– Чӣ, ҳар рӯз пеши роҳама мегирӣ? – ҷигот андохта пурсид вай: – Кастумата дӯхта, гунаҳгор шудам?

Ҷавон дам назада, гунаҳгорона сар хам кард. Малика инро фоли нек, яъне боб шудани ӯ пиндошту осуда гашт. Вале ҷавоби ногаҳониву канда-кандаи Неъмат духтаракро лол гардонд, балки мисли барқ ба ҷонаш оташ афканд, банди дилашро ларзонд.

– Дӯс-с-тат ме-дорам!

Нафас дар гулӯи духтарак дармонд. Ӯ дар вуҷудаш сустие ҳис кард ва пеши чашмонашро сиёҳӣ гирифт. Дар ҳолате ки дилаш гуп-гуп мезад, саросема атрофро аз назар гузаронд.

Мабодо ин суханро каси дигар шунида бошад.

«Як гапи оддиву ҳанги одама меканад…» – гуфт хаёлан ва гулӯ равшан кард.

– Фу, дӯстат медорам, – духтарак лабашро каҷ карда, оҳанги гуфтори ҷавонро масхара кард ва баъд бо ғурур гуфт: –

Ман дар кӯча намондам, ки ту дӯстам дорӣ.. – Ана барои ҳамин дӯстат доштам.. – ҷавоби ҷавон ин дафъа ором ба гӯш расид.

Ин гуфтугӯ, бар хилофи чашмдошт, барои Малика гарон афтод, зеро дар ниҳодаш як олам ташвиш ба туғён омад. Вай акнун шабҳои дароз мижа таҳ накарда, рӯи бистар ғел мезанад ва сад кӯчаи ноҳамвори фикру хаёлро мепаймояд. Андешаҳояш мисли чор панҷ моҳи пеш якранг, сабуку ширин набуда, балки бо як ҳаросу таҳлука дилашро мехарошанд.

Охир, ӯ дар бораи зиндагии ояндааш алҳол ҷиддӣ мулоҳиза меронад. Ва худ ба худ иқрор мекунад, ки хоҳу-нохоҳ тамоми умр дар хонаи падар зистанаш раво нест, як рӯз не, як рӯз ин даргоҳро тарк мекунад. Модараш кайҳо боз, ба гуфти худаш, бору буғчаи ӯро бастааст: қолини чорқат, кӯрпаву яккандозҳои қаламрезгӣ ва кампалу болиштҳои пари қӯ рӯи яхдони гулбурӣ батартиб рахт зада шудаанд. Даруни яхдон ҷуфт-ҷуфт дастархону дастрӯймоли рангоранг, рӯймолу сӯзанӣ, куртаҳои шоҳиву чакан, чойнику пиёла, косаву табақ ва ҳатто чумчаи зиёде ниҳода. Ҳафтаи гузашта падараш маҳз бо номи ӯ ҷевону кати хоб ҳам харида оварду ба модараш гуфт:

– Ана, дову дастгоҳи духтарат муҳайё. Боз аз ман чӣ мехоҳӣ?

Чеҳраи модар аз ғояти хушбахтӣ гул кард. Охир, боз як ҷиҳози духтараш муҳайё гашт.

– Чӣ чора, духтар моли мардуму ба ҳукми харбуза аст.

Харбуза ки пухт, аз думчааш ҷудо мешавад, – маънидорона луқма партофт модар ва пас аз каме хомӯшӣ илова кард: –

Баобрӯ соҳиби хонаву дар кардани духтар ҳам бахти падару модар аст, мардак. Баъзе духтарҳои гузарамон пир шудаанду ягон хостгор аз дарашон намедарояд . Дар баъзе хонаҳо чорпанҷ духтар ҳойдав гаштааст.

– Гуноҳи падару модарҳо –да, – бо овози баландтар ба гап шарик шуд амаки Шайдо: – Қалин нафармоянд, духтарҳояшон шавҳари нағз меёбанду об ба лаби ҷӯй баробар мешавад..

– Ин гапа нагӯй, мардак, – нимҳазлу нимҷиддӣ пичиррос зад модараш: – Боз пагоҳ худат аз ҳама зиёд қалин мефармоӣ? – Пулу моле, ки аз ҳисоби духтар гирем, бнасиб накунад: – ҷавоб дод падараш: – Одам рисқаша аз меҳнати ҳалол ёбад, на аз духтарфурӯшӣ..

Малика таҳи ин гапҳоро нағз фаҳмид. Дар хонаи падар солиёни зиёд истодани духтари қадрасро одамон нанг мешуморанд. Вале дар асл духтарҳо баъзан маҳз бо айби падару модарҳо ва қонунҳои бофтаи мардум бахташонро гум мекунанд.

Охир, Малика дар бораи расму оинҳои нохуб, ки духтаронро дар назди шавҳар ва хешони ӯ забонкӯтоҳ мекунанд, бисёр меандешад. Ва аз хаёлҳои сарпеч пакар гашта дар дил ҷавонро маломат мекард, ки маҳз ӯ оташи ин васвасаро дар дилаш аланга дод, вагарна пеш ҳеҷ гоҳ ин фикрҳои ботилу азобовар ба ёдаш намезаданд.

Духтар чанд рӯз инҷониб зиндагии оилавии падару модар ва ҳатто атрофиёнашро як-як пеши назар ва суханҳои дар ин хусус гуфтаи калонсолонро ба ёд меорад. Одамҳо ҳар хел ақида доранд: яке мегӯяд, ки шарики умрро дидаву санҷида гирифтан беҳ, дигаре мегӯяд: – ин бозии қисмат аст. Вале ақидаи бибияш тамоман фарқ мекунад. Вай боре ҳангоми мӯйҳои Маликаро бофтан аз зиндагии бебарори духтари як хеши дурашон, ки бо шавҳари хушкардааш афсонаи забони мардум гашта буд, ёдовар шуда гуфт: «Ширинаки бибӣ, ҳеҷ вақт фирефтаи зоҳири ҷавонҳо нашав.. Барф сафед аст, ба рӯяш ахлот мепартоянд.. Агар хоҳӣ, ки зиндагии асал барин ширин бинӣ, ба одаме бирас, ки аз пасат медавад. Лекин садо аз ду даст мебарояд, – кампир маънидорона хандида, кафҳояшро бо ҳам зад: – Ана, дидӣ? Аз пасам медавад гуфта, ба шавҳар зиёд нозу нуз кардан ҳам раво нест. Ҳурмат бикунӣ, қадрата медонад…»

«Аз пасат медавидагӣ ҳамин..» – гуфт Малика ба худ бо заҳрханд.

пешина
аз 30
навбатӣ