Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Кампир, бахилӣ накун, дузахи бахилҳо ҷудо аст, гӯри мардуми бахил таҳ ба таҳ месӯзад, – хандида, таҳдидомез мегӯяд бобои Кабир: – Барои ту ҳам себ овардам, себҳои фалла барин мулоим. Ма бигиру якташа бигаз, дар даҳонат ҳалво барин об мешавад, аз шира лаб ба лабат начаспад, ҳарчи мехоҳӣ, бигӯ. Бигир, бигир, бӯяш мастат мекунад. Имсол як раҳ ҳам себхурӣ наомадӣ-е! Ту ҳам пир шудӣ –чӣ? Бигир!... Гӯё духтари ҳаждаҳсола бошӣ, ноз мекунӣ…»

«Дилат мехост худат ҳиссама меовардӣ», – гилаомез мегӯяд момаи Маҳрам ва гӯё аз ман пинҳонӣ ҳадаҳа себҳоро мегираду дар остинаш баҷо мекунад. Ва ноаён як себи забзарди рахшонро бароварда, мегазаду обашро мемакад.

Ман беқарор мешавам.

Момаи Маҳрам, даҳонаш пури себу шираи себ, боз ба гап медарояд.

«Мумсик шудаӣ, Кабир. Ин қадар меваю чевара фурӯхта чӣ кор мекунӣ? Ба фикрам, болиштат аз пул аст. Лекин ҷони гапа бигӯм, агар Қорун шавӣ ҳам, ғайри як кафан ба гӯр чизи дигара намебарӣ.. Бо ин чор себи кирмхӯрдаат ман ҳаргиз аз ту минатдор намешавам, фаҳмидӣ?».

«Дар гап ҳоло ҳам устухон надорӣ, Маҳрам: – хандонхандон мегӯяд бобои Кабир: – Аз ризқу рӯзиат зиёд донаи арзан ҳам хӯрда наметавонӣ. Ҳа, агар насибаат бошад, ба дасти Талабшоҳ харбузаву себат мефиристам».

«Ҳамин гапат ҳам бас. Миннатдорам», – гуфт момаи Маҳрам.

Хайрият, ки кампир себҳоро гирифту аз бобои Кабир миннатдор шуд. Муйсафед тарафам чашмак зад. Ман нафаси осуда кашида, дарҳол китобдонамро кушодам. Ӯ қоматашро хам карда, себҳоро ба китобдон андохту дар бехи гӯшам пичиррос зад;

«Ту хеши худам, Талабшоҳ. Аввал хари мара кофта биёв».

«Барои бузу харковӣ ман ба ҳаматон хешам», – гуфтам.

– Наход? Унҳо чӣ ҷавоб доданд?

– Ҳеҷ чиз. Хандиданд. Баъд «бало аст ин сағира, ҳамаи гапа мефаҳмад», – гуфтанд. Лекин момаи Маҳрам зӯр баромад.

Ба зориву таваллои бобои Кабир нигоҳ накарда, аз дастам кашолакунон хонааш бурду нону ҷурғотам дод, боз як коса шири буз ҳам ваъда кард… Э харковӣ-ку дарди бахайр, агар харра биёвӣ савор шуда меоӣ, лекин ҷустану ёфтани буз азоби гӯр аст, ҷона ба лаб меорад бузи шайтон. Кай бузи холаи

Маҳраму хари бобои Кабирро гург мехӯрда бошад, ки аз кофтан халос шавам.

– Ин гапата шунаванд, ҳолата бад мекунанд, Талабшоҳ.

– Аҳ нагӯ, магарам, ки баъд сарама гирифта аз деҳа гурезам. Охир, момаи Маҳрам бе бузашу бобои Кабир бе дарозгӯши пираш нафас гирифта наметавонанд, ҷоншон ба якдигар пайванд аст.

Вале баъди ду-се ҳафта Талабро лозим омад, ки тарки деҳа кунад. Ҳай дилаш ганда шуд, ҳай димоғаш сӯхт, гӯё ӯро аз деҳа меронданд, сараш хам, қошу кавоқаш овезон, намегиристу халос. Балки ҳангоми хайру хуш ба рӯи боби Кабиру момаи Маҳрам, холаи Дашаву кампири Моҳрӯ, ки ба гуселаш баромада буданд, нигариста натавонист, аз ашк пеши чашмонаш пардаи тира пайдо шуд. Ғижова роҳи гулӯяшро чунон баст, ки…

Бобои Кабир магар ҳолати ногувори ӯро пай бурд, ки хомӯшона баробараш чанд қадам ниҳоду дастони шахшӯлашро бо меҳр ба китфи ӯ гузошт ва пичиррос зад:

– Ҳеҷ гап не, бо дили кушод бирв, боз меоӣ. Ғами хонаву дар, боғу роға нахӯр, Талабшоҳ, то зиндаам, худам нигоҳубин мекунам. Ҳамин, ки одами калон, мӯйсардор шуда омадӣ, – ӯ ба китфи писарак тап-тап зад, – занат медиҳем, эҳа, хонаат обод, пури бача мешавад.

Ба лаби Талаб хаёле ханда давид, рӯйи дилаш андаке рушан гашт.

– Бачаи барӯзӣ будаӣ, ки амакат сиҳату саломат аз ҷанг баргашт, суроғат карда омад. Ана боз мебарадат, ки сари танҳо азоб накашӣ. Ин давлати калон аст, шодиву бозӣ карда бирав, лекин момаҳота фаромӯш накун. Ту-ку бачаи бамеҳрӣ,– гуфт момаи Маҳрам.

– Шодиву бозикунон равам?! – якбора пурсид писарак ва нигоҳи норозиёна ба кампир дӯхт:-Баъд бузата кӣ аз кӯҳу камар кофта меорад? Зимистон кӣ бароят ҳезум мешиканад?

Кампиракҳон хандон-хандон чашмони намнокашонро бо лаби рӯймол пок карданд.

– Илоҷи буза ёфтам, Талабшоҳ, ғамша нахӯр, – гуфт кампири Маҳрам ва ба лабаш ханда нишаст: – Сара сафед карда акнун фанди буза донистам. Пора1 додан лозим будааст ба буз. Шираи ин пораи касофат як чизи зӯр, ки бӯзи шайтона аз он тарафи дунё давдавон хона меорад. Беҳуда намегуфтанд, ки пора кунад об санги хора.

Димоғи Талабшоҳ сӯхт, балки алам кашид.

– Худат мегуфтӣ, ки пора чизи ҳаром, ганда аст-ку, – ғурунгид писарак: – Ман ки рафтам, порадиҳира сар мекунӣ?!

Кампиракон ҳай завқиданду қоҳ-қоҳ заданд; Бобои Кабир бошад, Талабшоҳро ситоид; «садқаи забонате, бобаш кардӣ».

Амаки писарак, аспи лоғару газмӯе дар куталаш, лангонлангон омад. Вай дар тан сару либоси аскарӣ дошт.

– Хешои азиз, – овоз баровард ӯ, – дар ҳамин ҷо хайрухуш мекунем. Гузаратон ки ба ноҳия афтод, ману Талабшоҳа хабар гиред, – гуфт ӯ ва писаракро бардошта дар хонаи зин шинонд.

1 Хуроке, ки ҳангоми аз пода баргаштан ба ҳайвонҳо медиҳанд.

– Озодакак, хушру бишин, – ӯро огоҳонид холаи Маша: – Боз наафтӣ..

– Сафари нек, иззату обру… – фотиҳа дод бобои Кабир.

Амаки писарак аз роҳи борики дили хору хас, ки дар байни ин кӯҳҳои азим мисли риштаяке басо хира ва ҳаққир менамуд, рӯ ҷониби офтоббаро равон шуд. Ӯ пеш-пеш мерафту

Талабшоҳ аспсавор аз пас. Ва дили писарак аввал фишурда шуд, сипас гуп-гуп зад. Дудаста аз қоши зин дошт, ки наафтад. Охир бори аввал ба асп савор шуда буд, дилаш ҳаво мегирифт. Ва боз бори аввал аз деҳа мебаромад, аз ҳамдеҳаҳо ҷудо мешуд.

– Дилаш кашол рафт, – ба гӯшаш омад овози момаи Маҳрам.

– Ала. Кори дунё осон аст? – гуфт кампири Моҳрӯ – Сағира ба мо гӯшту нохун барин пайванд буд.

– Мисле, ки баррачара аз очааш ҷудо мекунӣ. То одат мекунад,ки азоб мекашад, – ин овози холаи Даша буд.

– Азоб мардбачара пухта, ҳушёр мекунад, – сухани онҳоро хулоса кард бобои Кабир.

Раҳ ба раҳ писарак ба олами андеша афтод, ки боз чи азобе ӯро интизор бошад. Охир амакаш ӯро дидан баробар ончунон шод гашт, ки беҳисоб. Ба оғӯш кашид, аз пешониаш бӯсид, китфони лоғаракашро сила кард ва ба ин ҳам дилаш тар нашуд, ки ӯро мисли кӯдак сари даст бардошт. Талаб, сарҳисобаш гум, як вақт дид, ки кампиракҳо ҳайкалвор истоданду кӯдакҳо ҳасадомез ба ӯ менигаранд. Ва ин лаҳза овози коҳишомези бобои Кабир ба гушаш расид:

– Фаро-е, шарманда! О ту бобои ман мешавию… Фаро амаката азоб нате, пояш дардманд аст…

Талаб ба худ омаду изо кашид ва майли фуромадан кард.

Амакаш беозор ӯро рӯи замин ниҳод ва як дасташ ба сари китфи писараку рӯяш ҷониби дигар оби дидагонашро пок кард.

– Давоми сӯҳбат дар хонаи мо, – баъди пурсупос гуфт бобои Кабир ва ҷониби хонааш роҳ гирифт, вале амак ӯро боздошт. – Аввал хонаи Талабшоҳ медароям. Ниятам ҳамин буд.

– Дар хонаи мо як пиёла чой гирифта, баъд хонаи Талдаб мерафтен…-тавалломез гуфт кампири Маҳрам.

– Талаб хафа мешавад, – шухиомез узр овард амак ва хаёлманд ҷониби кулбаи писарак равон шуд.

Кампиракон маънидор ба ҳамдигар чашм давонданду гӯё болу пар бароварда, аз амаки писарак гузаштанд. Ҳай тез мерафтанд, ҳай тез мерафтанд. Лаби домону руймол, остину муйҳои мошубиринҷашон дар панҷаи бод хастаҳол бозӣ мекард. Талаб, шояд бобои Кабир ҳам бори нахуст ин хел шитобон рафтани онҳоро медид. Писарак мақсадашонро фаҳмид, бобои Кабир низ, аз ин рӯ роҳгардияшонро сусттар карданд.

Ва ҳангоме онҳо назди дари нимроғи ҳавлӣ расиданд, аз ҳайрат даҳони писарак воз монд. Охир, холаи Даша аллакай суфаи таги тутро об зада, руфта буд. Момаи Маҳрам дар байни боғ гарду чанги шолҳоро меафшонд. Кампири Моҳрӯ аз хона яккандозҳои тоза баровард. Ҳавлии хомӯшу холӣ дар як нафас дар назари писарак ҷон гирифту ранг, ҳусн гирифту шукӯҳ, пур шуд, пури одам, пури овоз, пури ханда..

– Аз боло гузарен.

– Аз омаданат хабар наёфтем-а? Ягон кас ҳадиягирӣ ҳам наомадаааст…

– Ба хонаи норуфта меҳмон меояд…

Ҳар кас сухане мегуфт: яке лутфомез, дигаре узромез, яке ҳасрат мекард, дигаре оби чашм. Танҳо писарак хомӯш буд: чи кор кардан, чи гуфтанашро намедонист. Одамон дарак ёфта паи ҳам ба ҳавлӣ медаромаданд. Зане ҳадаҳа дар дегдон алов даргиронд то чой ҷӯшонад. Аққалан пеши меҳмон дастархон кушода як чойник чой мондан лозим. Нон-ку нест, лекин дастархонро аз куҷо пайдо кунад? Пакар гашт Талаб.

Нигоҳи имдодхоҳонааш ҷониби ошхона лағжид. Оташ зери офтобаҳо забона мезад, шодона печутоб мехӯрд. Пазмон шудааст оташ низ оташдонро. Дуди нафиси бунафшранг бо маром таг-таги порисаҳо сайр мекард. Ин ҳам дар чашми писарак ғалатӣ менамуд, ин ҳам ба ӯ нишот мебахшид. Баногоҳ писарак бесаранҷом гашт. Бобои Кабир куҷо рафтааст?

Момаи Маҳрам ку? Кампири Моҳрӯ, холаи Даша наметобанд.

Онҳо чӣ хел аз ҳавлӣ баромадаанд, ки писарак бехабар мондааст. Охир то сари кӯча аз пасашон рафтан лозим буд…

Ана, момаи Маҳрам, дастархон тори сар, як шоҳкоса дар даст, пайдо шуд. Талаб нафаси сабук кашид, табассум ба лаб, ба пешвози вай давида, косаро аз дасташ гирифт. Дастархон кушода нон шикастанд, косаи ҷурғотро назди меҳмон гузоштанд. Кампири Моҳрӯ як табақ нашостаи болоравған, бобои

Кабир себу ноки заб-зард, холаи Даша аз тухм чалпак пухта овард. Дастархон пур шуд, дастархон ҳам ранг гирифт. Амаки

Талаб кӯлвор кушод ва аз раҳоварди худ панҷа-панҷа қанду қандалот рӯи дастархон пошид.

– Даҳон ширин кунед, даҳон ширин кунед, – мегуфт ӯ: –Талхиву шӯрӣ ба дили ҳама зад, гузашт талхиву шӯрӣ.

Лаънат ба ҷанг. Даҳон ширин кунед.

– Эҳа, талхиву шӯрие, ки дар ин чор-панҷ сол чашидем, як умр аз ком намеравад, – оҳи вазнине кашида гуфт бобои Кабир ва тоқии Талабро гирифта, ба он ду панҷа қандина андохту илова кард: – Фардо кӯдаки гаҳвора ҳам азоби ин ҷанга мекашад. Осон аст магар? Аз ҳама маҳрум шуданд. Бин, ширинии кӯдакира начашида дар сар ғаму ташвиши зиндагӣ доранд…

– Ба ҳар ҳол гузашт.. Номи ҷанг дар гӯр, ба ёдаш наоред.

Даҳон ширин кунед, – илтиҷоомез гуфт амакаш.

Писарак, тоқӣ пури қандина, сӯи дарвоза, ки дар паси он кӯдакҳои деҳа истода, гоҳ-гоҳ ба умед ба ҳавлӣ сар мехалонданд, шитофт. Ҳай шод буд, ҳай шод буд! Аз шодӣ дар хаёлаш парвоз мекард. Охир орзуяш ҳамин буд: аз хонаи худашон қандина барораду ба кӯдакон бахшад. Хайрият, ки амакаш омаду қандина овард ва ӯ ба мақсадаш расид. Бачаҳо часпу талоше карданд. Ҳама хушнуду қаноатманд, комҳо аз қандина ширин, чашмҳо рахшон, аз пеши дарвоза тозон рафтанд. «Насибаашонро ки гирифтанд, хотирашон ҷамъ шуд», – гуфт хаёлан Талаб ва тоқиашро такида-такида, оби даҳон фурӯ бурд. Охир худаш ҳанӯз қандина начашидааст-ку.

Ҳеҷ гап-не, муҳимаш кӯдакҳои деҳа даҳон ширин карданд…

Шаб баъди гусели ҳамсояҳо писарак ва амакаш рӯи суфаи таги тут ҷои хоб дуруст карданд. Амаки Талаб ба як ҳоли аҷибе гирифтор шуда буд – аз ҳама чиз ба ваҷд меомад: ҳамин ки насимаке вазид, «эҳе, ҷони ширин аст насими диёри худамон», – мегуфт ӯ. Ба осмон чашм медавонду «эҳе, ин хел осмони покиза, ин хел ситораҳои калон-калони рахшонро дар ягон гӯшаи дунё надидаам», мегуфт, бо косаи чӯбин аз кӯза об менӯшиду «эҳе, ин об не, шарбат, оби тилло аст. Оби нисфи олама хӯрдам, додар, лекин ташнагиям нашикаст. Орзуям ҳамин буд, ки боз аз оби чашмаи худамон як коса бихӯрам. Бахта бин, ба ин орзу ҳам расидем…» – мегуфт. Ва нисфи шаб курпаро ба рӯи писарак пӯшонду гуфт:

– Пагоҳ бо ман меравӣ, ошно. Дар маркази ноҳия кору хона доданд. Ин ҷо сари танҳо азоб мекашӣ. Не, азобат тамом шуд, минбаъд бояд бепарво бигардӣ, бихонӣ…

Аспи лоғар хастаҳолона қадам меканд ва ба сангҳои сари роҳ гоҳ-гоҳ пешпо мехӯрд. Писарак, дилгиру пакар, меандешид, ки боз чи азобе ӯро интизор бошад. Амакаш, шинели хокистаранги аскарӣ сари китф, дастҳо ба пушт, аз кӯҳсорон чашм наканда, бо овози шахшул мехонду мехонд:

Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,

Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.

– Зӯр гуфтааст-а? – баъзан мепурсид ӯ ва дарҳол худаш ҷавоб медод: -Зӯр, Зур… Парво накун, додар, ҳамааш соз мешавад.

Мерафтанду мерафтанд, кӯҳу пуштаҳоро мегузаштанд.

Офтоб ҳам аз онҳо ҷудоӣ надошт, ҳамроҳашон мерафту мерафт. Ва ҳангоме аз ағба сарнишеб шуданд, пеши назари писарак водии васеъ чунон беканор, ки ӯ дар байни кӯҳҳои танг гашта, то ин андоза кушод будани заминро ҳаргиз тасаввур намекард, деҳа не… шаҳри бузург падидор гашта, ҳушу ёди ӯро побанди худ кард. Охир, дар растаҳо одамони зиёд, боз чорчарҳаҳо дар ҷунбуҷӯл буданд!

– Ана, ин маркази ноҳия аст, – овоз баровард амак ва дасташро ба пешонӣ соябон карда, ба паҳнои водию шаҳрак дида дӯхт.

– Ягон маротиба мошинро дида будӣ? Не. Хайр бин: ҳо ана чорчарха… Дар ин ҷо дилгир намешавӣ, эҳе, мошинсаворӣ ҳам мекунӣ…

Талаб чи хел гузаштани рӯзҳои аввалро дар шаҳрак пай намебурд. Аз паси мошин медавид, дар гирди мошин мегашт, ки чашмсер бубинадаш, беҷуръатона ба дару чароғҳояш даст мерасонд. Ронандаи малламӯй кунҷковии ӯро дида, баъзан ногаҳон «дид-дид»-и мошинро мебаровард ва аз он ки писарак як қад парида мегурехт, механдиду мезавқид.

Баъди чанд рӯз аэроплан пайдо шуд. Эҳа, хурду калон ба тамошо баромаданд. Як чизи сиёҳтоб, ки аз дур ба уқоб шабоҳат дошт, ғуросзанон дар фазои шаҳр, болои хонаву боғу роғ давр заду давр зад, чунон паст давр зад, ки синааш қариб ба нӯги ар-арҳо мерасид. Дили писаракро воҳима фаро гирифт, даҳонаш воз монд аз дидани ин муъҷиза. Не, бисёриҳо ба ин ҳол афтоданд.Ҳатто муйсафеде аз хараш ҳадаҳа фаромада, дар паси бора пинҳон шуд. Бачаҳои шаҳр ба ҳоли ӯ хандиданд. Онҳо тоқиҳояшонро боло-боло партофта, аз шодиву хурсандӣ фарёдзанон аз дунболи аэроплан ҷониби дашти Мококо давиданд. Талаб лолу ҳайрон монд, ҷуръаташ нарасид, ки аз паи аэроплан биравад. Охир бобои Кабир мегуфт, ки шамоли аэроплан одамро мепартояд, дур мепартояд… Баъд мошину аэроплан барои Талаб чизи оддӣ шуданд: ба онҳо як сари мӯй ҳам эътибор намедод. Шаҳрак ҳам ба дилаш зад: охир одамонаш дигар хел.. серташвиш. Касе ба писарак коре намефармуд. Вай гоҳ-гоҳ алам мекашид, ки дар ин ҷо ба касе лозим набудааст. На кампири Маҳрам буд, ки ӯро бо зориву тавалло бузковӣ фиристад, на бобои Кабир, ки аҳволашро пурсад, гилаомез рози дил гӯяд. Ва ниҳоят, як рӯз дар хона аз танҳоӣ дили писарак танги танг шуд ва ӯ худро маҷбур сохта, шармида-шармида беҷуръат ба ҳавлии ҳамсоя даромад.

– Чӣ гап, бача? – чашмаш ба ӯ афтода пурсид соҳибхона.

Талаб ҳеҷ гоҳ то ин андоза дар ҳолати нобоб наафтода буд.

Худро гум кард, дасту пояш суст шуданд ва дар як нафас сару рӯяшро арак фаро гирифт. Ва нигоҳи лолу меҳрҷӯяш ба соҳибхона, дар лабаш аранге табассум китф дарҳам кашид.

– Эъ, гапу корат набошад, барои чӣ омади? – акнун шубҳаомез ба ӯ нигарист соҳибхона: – Фарёдат накарда бошем.. Ту гӯсолаӣ, ки ба ҳар ҷо бе пушт-пушт медароӣ..

Талаб надонист, ки чи хел ба қафо баргашт. Аз хонаи амак дилаш, гӯё пойҳояш ӯро кашон-кашон ба хонаи ҳамсоя мебурданд, акнун пойҳояш дили озурда, хиҷилу шикаста ва ҳайронашро ҷониби дарвоза кашиданд.

пешина
аз 30
навбатӣ