Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз дарс гурехт, – гуфт ҷавоне.

– Шояд гурусна бошад?

– Э содда, гурусна таги барфу борон меистад?

– Эҳа, ба гӯши кӯдаки гурусна сухани омӯзгор чӣ, овози булбул намефорад, – аз духтарак чашм наканда муҳокима ронд пире ва афзуд:Ягон ташвиш, ягон мақсад дорад…

Духтарак беқарору дар изтироб, гоҳе дастҳо салибвор ба қафаси сина мефишурд, баъзан ба нӯги ангуштон қатраҳои борон ва резаҳои барф аз чини мӯйҳои фатилаву ҳамсони химчаҳои маҳини маҷнунбед сари шонаву бари гардани баландаш овезон, меафшонд. Гоҳе табассум гирди лабонаш низ медавид, баъзан дар чеҳраи ӯ парешонҳолии ошкор ва дар нигоҳаш ҳузне нақш мебаст. Дам ба дам бо гӯшаи чашм ба шоҳроҳи маркази шаҳр, ки силсилаи мошинҳои даршитоб аз он ҷо менамуданд, назар меафканд…

Ҳамчунон барфу борон омехта меборид, гоҳе нарм, баъзан гӯё аз сари хашму кина бошасту таҳдидомез. Вале духтарак бо сабру таҳаммул сардии қатраҳои борон ва пағаҳои барфро дар оринҷ ва гардану пешобағали урён ба роҳат мепазируфт.

– Сармояш мезанад. Муфт… – аз духтарак чашм канда, чойник ва чанд пиёларо рӯйи ҳам бардошта гуфт хизматгорзани миёнаумр: –Бинед, худаша пишаки оболуд карда намоиш медиҳад…

– Айёми балоғат, хун дар ҷӯш, тафс дорад… – бо ришханд луқма партофт ҷавоне.

– Холаш садқа, ҳанӯз кӯдак, дунёбехабар, кӯтоҳандеш аст… Кошки фарбеҳак бошад. Луб-лучак таги барфу борон гаштанаша бинед. Ҳавои сард кай парвои хуни гарму тафси бадан дорад? Ба мағзи устухон, дилу ҷигараш чунон расад, ки… Хомӯшӣ. Хизматгорзан пас аз каме ҷунбуҷӯл магар аз бепарвоии нишастагон алам кашид, ки худ ба худ ғур-ғур кард:

– Шаб ҳарораташ баланд шавад, сурфаву нолишаш авҷ гирад, боз кӣ дарди сар мекашад? Падару модар!

– Бисёр ғам нахӯр, хола. Инҳо хурд метобанду дар кори худ балоанд. Беҳуда таги барфу борон намеистад,– бо ханда луқма партофт ҷавон.

– Ширини хола, метарсам… О як либосаки гарм мепӯшид… Аз зери барфу борон омада, дар ин даҳлез истад, хуб нест?

– Ҳолаш аз мурғи посӯхта бад аст, – ба сӯҳбат шарик мешавад боз мӯйсафеде: – Ҷавонӣ… Ваъдадор бошад, ба сараш барфу борон чӣ, санг резад ҳам, меистад.

«Шояд аз тарси танбеҳу маломати омӯзгор аз дарс гурехтааст», – гузарондам аз дил.

Духтарак боз ба соаташ чашм давонд ва ошуфтаву асабӣ чанд қадам сӯи шоҳроҳ ниҳод, сипас якбора баргашта китф дарҳам кашиду даст афшонд; лаҳзаяке ба сукут ҳам рафт, шояд кушодани гиреҳи мушкилоташро андешид. Дар ин маврид вай ангуштони аз наму сармо чанг ва ғунча кардаашро ба лабони сергӯшт ва каме ларзонаш наздик оварда, бо ҳаври даҳон ба онҳо гармӣ дамид. Ва боз нимрӯя ҷониби истгоҳ баргашта, ангуште зери дандон ниҳод.

– Чаро зуд бовар кардӣ? Ҳолат аз ин бад, гӯли гаранг, – худ ба худ ба ӯ пичинг зад зан: – Ана, ҳамин хел пурдидаву пухтаат мекунад ваъдахилофии ҷавонҳои булҳавас… чунон шайтонанд, ки…

– Бадгумонӣ гуноҳ аст. Шояд ягон ташвиши дигар дорад.

– Э не, ман ҳар рӯз мушоҳида мекунам… Хоки ҳамаашон аз як теппа…

– Худат пухта менамоӣ, хола…

– Пасту баланди зиндагӣ, фиребу найранги одамони маккору найрангбоз охир надорад, ҷони хола, – гуфт зан: – Ҳо, то пухтаву ҳушёр мешавӣ, ки хубии умрат мегузарад… Кошки фиреб нахӯрад, байни роҳ сарсон намонад…

Бале, нооромии роздоре дошт духтарак. Ва азияту сирри дилашро худ медонисту Худо. Ҳамин зайл вай як чашм ба дари мактабу чашме ба истгоҳ, боз бо таассуф сар ҷунбонду дастакони лоғараки нисбат ба қаду басташ дарознамояшро боз салибвор болои ҷуфти сина фишурд ва пайкараш аз сармо ларзон, ҳазину ноумед сӯи мактаб шитофт.

– Ҳм, чӣ фоида дидӣ? Ҳавои сард холаат нест, ки хотир бинад. Хунукӣ ба ҷонат расид? – заҳрханда ба лаб, боз духтаракро сазо дод зан: – Наомад? Як туӣ дар ин шаҳр? Э нодонаке… Аз дарс маҳрум шудӣ…

– Ин ҳам дарс, – боз луқма партофт мӯйсафед: – Эҳе, ин лаҳза бо ҳама талхиву шириниаш дар ёдаш чунон мемонад, ки…

– Ҳеҷ гап не, ду-се бори дигар аз фиреб ҳамин зайл азобу алам кашад, ақлаш мепазад, – гуфт зан: – Мо ғами беҳуда мехӯрем, унҳо бепарвоанд…

Духтараки газгӯшти химчамиён, мӯйҳои тару фатилааш аз вазиши бод ба рӯяш парешон, пайкари нозукаш шояд акнун аз аламу сармо ларзон, байни риштаҳои каҷу килеби борон ва пағаҳои барфи гӯё аз нокомии ӯ рақсон ба даромадгоҳ расида буд, ки ҷавонаке навхати болобаланд, чатри сиёҳ болои сар, се дона гули мехак дар даст, аз сӯи истгоҳ дав-давон омад. Ӯ як ба соаташ чашм давонду бо овозе пурҳаяҷон фарёд зад:

– Мо-о-оҳ!

Духтарак як по дар остонаи мактаб, пои дигар беруни дар, истод ва нимрӯя сӯи овоз баргашт. Салиби дастон аз болои ҷуфти сина кушод ва бо панҷаҳои аз сармо сурху шахшуда аз рӯ ва пеши чашмон мӯйҳои парешону тарашро сӯи баногӯш кашонд.

– Омад! Охири охирон омад! – табассуми нарм ба лаб, як даст дар камар, шодиомез гуфт зан ва назди тиреза рафт, ки чеҳраи ҷавонро хубтар бубинад: – Хайрият, ки чатр доштааст… Ҷавон лабонаш бо табассуми шармомез моил, бо алвонҷи гулдаста духтар ҷониби худ хонд ва бо гомҳои устувор сӯи ӯ рафт. Духтар лаҳзае лолу гаранг, балки нобоварона ба ҷавон дида дӯхт ва қатраҳои борони бо ашк омехтаи лағжони рӯяшро бо кафи даст ноаён пок карда, якбора гӯё болу пар бароварда, аз байни майдон сӯи ҷавон шитофт. Ӯ дигар парвои ба ҳар қадам аз зери кафшҳояш ба чор тараф пош хӯрдани барфоба ҳам надошт. Аз ханда сафи дандонҳои широсо сафедаш намоён, чашмаконаш рахшон, рӯи гандумгуни аз барфу борон тараш аз шодиву хушбахтӣ шукуфон…

– О балое, зодрӯз доштааст… Хайрият, ки аҳдаш нашикаст, – аз онҳо чашм наканда бо табассуми ширин гуфт зан:

– Мардбача будааст… Назди дугонаву ҳамсинфон шармсор мешуде…

Тундбод ҳамчунон резишу печиши барфу боронро меафзуд, вале аз ин ҷабр, аз ин «кинавариву бухл» дигар духтару ҷавон парвое надоштанд. Духтарак шабеҳи як навниҳоли саропо тар, дастаи гул дар оғӯш, зери чатр паҳлӯи ёр қадам ниҳод. Ҷавон буни гӯши Моҳ узрҳое ширин гуфта, дарҳол пиҷак бароварда, сари шонаҳои намкашидаи ӯ пӯшонд…

КОШКӢ

– Агар вай мебуд, рӯ-рӯи дастҳо мегардондамаш, – мегӯяд рӯзҳои охир Сафол ба одамон ва чашмони маҳзун, хаставу обравашро пеши пояш медӯзад ё ҷониби дигар мегардонаду боз ғур-ғур мекунад: – Лекин аз даст рафт… Эҳ, агар вай мебуд…

– «Кӣ медонад?» – нигоҳҳои дурушту шубҳанок ба қаъри чашмони ӯ дӯхта мешаванд. Пирамард як оҳи тӯлонӣ мекашаду сари ларзон бо ангуштони сиёҳтобу шахшӯл медорад ва ҳасратомез такрор мекунад:

– Кошкӣ аз нав зинда шавад…

Воқеан, се-чор моҳ пеш, то барҳаёт будани ҳамсараш касе ёд надорад, ки ӯ ягон маротиба дар хусуси ҳамсараш ҳарф зада бошад. Не бадашро зикр мекарду на некашро; гӯё ҳар ду зери як бом барои ҳамдигар вуҷуд надоштанд ё бо сари худ бегонавор мезистанд. Инчунин гирди як дастархон бо ҳам нишастану нон хӯрдан ва ё дар кӯча паҳлу ба паҳлу рафтани онҳоро низ касе надида буд. Ибтидо одамон ба ин чиз бо тааҷҷуб нигариста, «Аҷаб зиндагие» мегуфтанд, сипас одат карданд. Хайр, дунёи васеъ; ҳар кас ба ҳар ранг мезияд.

Вале аз азал мард тундмиҷоз, нигоҳаш хашмгин, забонаш заҳрогину нешдор буд. Ва гоҳе назди одамон,– кӣ медонад дар танҳоӣ байнашон чӣ мегузашт! – сари андак ҷурм завҷаашро якбора ин зайл коҳиш медод, ҳатто таҳқир мекард.

– Поят лаби гӯр расиду ақлат надаромад… Сад дареғ-а, умри ширинамро бо ту зоеъ кардам… Э Худо, кай ин чангро аз остини ман гум мекунӣ?

Дар ин маврид ба лабони камхуни зан табассумаке медавид ва чашмонаш аранге ҷон мегирифтанд. Вале ӯ дандон сафед накарда, ба рӯи шавҳар нанигариста ноаён худро ба канор мекашид ва эҳтимол нигоҳи тезу пурнафтари мардро аз паси худ эҳсос ҳам мекард.

Ранги рӯи ҳамҷинсони зан, агар шоҳиди чунин таҳқир мешуданд, мепарид. Онҳо лолу карахт, қисме бо раҳму шафқат сӯйи зан чашм медавониданд, дигарон норозиёна ба мард теғи нигоҳ афканда, дар дил ҳам зан, ҳам шавҳари ӯро муҳокимаю мазаммат мекарданд.

«Забон не, заҳри қотил… Аз гапаш бӯйи ҳафт хари мурда меояду мор пӯст мепартояд. Сад офарини ин зан…»

«Э ҷоҳил, зан ғулом не, ҳамнафасу шарики умр, модари фарзандон аст». «Сиёҳбахт-е, ба тақдир тан додааст, вагарна як рӯз бо ин сагфеъл зистан ҳайф аст. Чӣ кор кунад? Дар пешониаш хизмату шунидани гапҳои талх навишта шуда будааст. Тавба, Худо хуки ҷангалат кунаду зани ин хел касофат не».

«Сарпастӣ ҳам ҳаду андоза дорад. Наход худата ин қадар хоки роҳ, хору зор бикунӣ? Биллоҳ, аз бешавҳарӣ мурам ҳам як рӯз бо ин хел дӯзахӣ нафас намегирам».

«Зиндагӣ не ин, азоби гӯр, ҷаҳаннам. Дар ин хел хона одам силмарг мешавад…»

Лекин зан умре аз талхиву шӯрии зиндагӣ шиква накард; ҳам дар хона, ҳам дар саҳро мудом сараш хам, касе аниқ намедонист, ки ӯ дар ягон хусус меандшад ё не, мисли гаҳвораҷунбонак меҷунбиду меҷунбид. Ва ҳамҷинсон ба сараш санги маломат мешикастанд: «Қадри худро бишнос. Охир ту ҳам одамӣ. Сабру тоқат ҳам андоза дорад. Пеши шавҳари пирбузи талхзабонат ин қадар кару гунгу кӯр нашав. Гоҳ-гоҳ ҷилаваша бикаш…» – ба лабони ӯ боз хаёле табассум медавиду чашмони аз зиндагӣ сераш аранге дурахшида, оромона посух медод:

– Ширинии умр гузашт, пичаҳо сафед шуданд… Дигар аз нав ҷавон нашавем, айб аст хархашаву дилсиёҳӣ. Охир, шавҳар аст, – ӯ талх хандида меафзуд: – Сангпушт ҳам аз шавҳардорӣ бақадр шудааст… Худо ҳамина лоиқ дид…

– Э бало дар сари ин хел шавҳар. Одами дағал хоки гӯрро ҳаром мекунад…

Қоҳ-қоҳи занҳо лаҳзае дар атроф ғул-ғула меафканд. Ва садои ноҷӯри хандаи онҳо ҳар маъно дошт: «занаки гӯл, содда… Чӣ қадре дидӣ аз ин пирбуз?» Вай, на дар лабаш ханда, не дар чашмонаш ифодаи ранҷиш, даме ҳайратзада ба онҳо менигарист, сипас ба кори худ андармон мешуд… Хомӯш буд мудом ва касе намедонист, ки чӣ розе дорад хомӯшӣ ва андешаи ӯ.

Дар оғози тирамоҳ баногоҳ аз олам гузашт ин зан.

«Ҷонаш аз ғурбат раҳид, – гуфтанд ҳолдонҳо: – Мурду аз ин пирбуз як сухани хуш нашунид…»

«Гард аз остини ин ношукр афтод, – бо писханд гуфтанд ҳамсояҳо ва афзуданд: – Пеши роҳаш кушода шуд. Акнун чӣ кор мекарда бошад?»

Мард баъди як-ду моҳи марги зан аввал ришашро кӯтоҳ кард, сипас дандонҳои ориятӣ шинонд ва он либосҳоеро, ки рӯзҳои охири умр раҳматӣ шуста буд, пӯшида худро оро дода, ба даст асо нагирифта, – эҳа, дар хаёлаш вай акнун аз баъзе бачамардҳо бақувват буд! – занҷири тиллогуни соати кисагиаш болои сина овезон, ба савлат қадамзанон дар ҷойҳои серодами деҳ пайдо мешуд ва худро чунон меангошт, ки аз марги ҳамсар абрӯяш хам нахӯрдааст: баракс қоматаш рост, чашмонаш равшан, табъаш хуш… Вале як чиз ҳамеша ӯро ботинан азоб медод: намедонист, ки нигоҳи мисли нештар тез дигар ба кӣ афканад ва хашму заҳри забон бар сари кӣ резад. Сипас чизи дигаре аввал ӯро дар ҳайрат гузошт ва рафта-рафта дилгиру малулаш низ кард; охир ягон беваи деҳа хостгориашро напазируфт. Ин ғайри чашмдошт буд. Ба пиндори ӯ ҳамаи беваҳо ба ӯ зор буданд ва барояш рӯканиву мӯйканӣ ҳам мекарданд. Ин гапро мудом ба ҳамсари раҳматияш гӯшрас мекард. «Шаб то саҳар аз ғами ту хобшон намебарад», – як маротиба бо шакарханд пичинг зада буд зан.

Аммо хаёлҳои мард акнун ботил баромаданд ва ҳатто як беваи айғоқи ҳафт шавҳар дида рӯйрост ба ӯ гуфт:

– Гум шав аз назарам! Аз сарам тангаву тилло резӣ ҳам, туро дар паси дарам роҳ намедиҳам… Дар кӯча намондаам, ки…

Замину осмон дар назараш чапаву роста шуд. Охир умре ин хел гапҳои пурнешро худаш мегуфт ва парво надошт, ки ба дилу ҷони занаш чӣ хел дардовар мерасанд. Акнун пай бурд, ки сухани талхро шунидан осон набудааст.

Пиразане даву тоз, азобу асабонияти ӯро дида, магар раҳмаш омад, ки боре дар кӯча маслиҳатомез гуфт:

– Медонӣ, Сафол, то як офтоба об бурда сари қабри раҳматӣ занат нарезӣ, корат барор намегирад.

– Барои чӣ?

– Намедонам, таомул ҳамин… Вай ҳам инсон буд, дил дошт… Гӯё баъди болои гӯр рехтани об хотири раҳматӣ аз ту ҷамъ, дилаш хунук мешавад…

Хандид ӯ, ба соддалавҳии пиразан талх хандид ва якбора хашмгин гашт:

– Як гапҳое мегӯӣ, ки… Маро соддаву нодон ҳисобида, аҳмақ карданиӣ? О вай дар зиндагӣ як зарра дили гарм надошту. Боз як офтоба об бардошта сари қабри вай биравам?

Эҳа, ин хобата ба об гӯй… Аз ҳар гардиш маслиҳатгар мебарояд-е…

Пиразан сиёҳу сафед нагуфта худро ба ҳавлӣ зад.

Рафта-рафта бо гузашти ҳафтаву моҳҳо ранги сару либоси мард дигаргун гашт ва одати нав пайдо кард: кулоҳу гиребон, нӯги остинҳою почаҳои шалвор ва бари доманашро пайваста меафшонд. Охир, дар хаёлаш ба ҳар касе рӯ ба рӯ ояд, вай танҳо ба ҷойҳои пурдоғу чиркини сару либосаш менигарад.

Баъзеҳо инро дида истеҳзоомез ё хунсардона мепурсиданд:

– Ҳоло ҳам аз чанги остину домон халос нашудаӣ? Рӯзи дароз метакиву метакӣ…

Мард гардан метофту дам намезад. Хашм дилашро мефушурд. Каси гапбардоре дигар набуд, ки бори дил сабук созад.

Боре хонаи писари ягонааш рафт ва ба ҳар дастур ҳукм ронд. Набераҳо аз ӯ гурезон шуданд: нигоҳи тезу дӯғу пуписа ба онҳо нафорид. Ҳамсари писараш ҳам рӯйи хуш нишон надод.

– Бибиамон нағз буд, – гуфтанд набераҳо, – ту ганда…

Ранҷид, таҳдид кард бачаҳоро ва аз қаҳр нисфирӯзӣ хӯрок нахӯрд. Гурусна буд, дам ба дам оби даҳон фурӯ медод, вале худро сер воменамуд. Эҳа, агар раҳматӣ занаш дар вақту соати дилхоҳ косаи хӯрок рӯи дастархон намегузошт, ӯ дегу табақаҳоро чапаву роста мекард, ҳатто мешикаст… Муомилаи писараш ҳам гарм не. Шикваи ӯро шунида, вай ҷониби фарзандон ҳатто каҷ нанигарист. Аз ин ҳам алам кашид, алами сахт. Оҳо, вай ба ҷои писар мебуд, оташ мегирифт, чашмонаш аз косахона мебаромаданд ва бо доду мағал чанд химчаро то паст шудани хашму хунук шудани дил дар тани фарзандон мешикаст. Лекин писараш бо сари хам ба андеша фурӯ рафт ва дар назари ӯ рагу пай, тамоми қувваташро ҷамъ овард.

Шояд шикваи падар ба писар мисли кӯҳ вазнин намуд, зӯраш омад. Баъд оромона сар бардошта, чашмони ҳавзи обашро дигар тараф гардонда, гуфт:

– Кӯдак дурӯғ намегӯяд, додо… Малул нашав. Дӯғу пӯписа, нозу эркагиҳои туро модарам мебардошт, ки таги хок рафт…

Ӯ девона шуд. Аз девона ҳам бадтар. Лаби дастархонро ба шаст кашид, чойники чойро чаппа кард, пиёларо ба пиёла зада шикаст ва ҳар гапе ба забонаш омад, гуфт, «базм» орост, чунон базме, ки писар ва набераҳо аз тарс санг гаштанд. Ӯ бо ин баҳона гапҳои кайҳо дар дил ниҳонашро ба рӯи писар кашид. Аслан худаш низ ҳамин хел пайт меҷуст. Ва гуфт: «Ту ноодам, беинсоф! Дар он дунё вақте аз гиребонат гирифтам, баъд мефаҳмӣ… Аз рӯйи шариат ҳам бояд то имрӯз чанд карат мепурсидӣ, ки мӯйсафед, бароят ягон маҳрами тан бикобем? Не, бистари худат, ки нарму оғӯшат гарм аст, парвои падар надорӣ…»

– Чӣ кор кунам? – пичиррос зад писар.

– «Кӯр нестӣ-ку, мебинӣ, ки бачаҳои баномус баъди марги модар миён баста барои падар зан мекобанд. Ту чӣ?»

Ва тарк кард хонаи писарро… Пасон мардумгурез шуд.

Акнун аз кулбаи худ аҳён-аҳён кӯча мебарояд ва мудом фикру зикраш ба он банд аст, ки гарду чанги доғҳои остину домон пеши чашми мардум наафшонад…

Дирӯз хабари тозае шунид ин мард ва дар дилаш алов рехт, шӯълаи умед дурахшид. Дар деҳаи ҳамсоя касе зан сар додааст. Аҷоиб, чаро ин хел карда бошад? Роҳи хонаи ӯро пеш гирифт, то сабабашро фаҳмад. Шояд…

Ҳайрон буд аз ташрифи ин мард соҳиби хона, ки каму беш ҳамдигарро мешинохтанд. Ӯ ба чашмони меҳмони нохонда кунҷковона менигаристу аз рӯи дил: «Хуш омадӣ, кадом шамол туро тарафҳои мо овард?» ва дар охир «Шунидам ҳамсарат раҳматӣ шудааст. Зани хизматгори хуб буд, ҷояш ҷаннат шавад» – гуфт.

– Сари танҳо мондам, ошно, – бо ҳасрат оҳ кашид мард ва худ ба худ ғур-ғур кард: – Худо марди пирро ҳаргиз бе маҳрами тан намонад, ки хору зор мешудааст. Ба ҳама чиз мӯҳтоҷ: ба хӯроки гарму либоси тоза, ба сухани хуш… Кошкӣ аз нав зинда шавад…

Ӯ баъди он ки як пиёла чой нӯшид ва аз ину он хеле ҳарф заданд, ба соҳиби хона чашм дӯхта, оҳиста пурсид:

– Аҳволат чӣ хел?

– Бад не, берун аз хок… – бедимоғ посух дод мизбон.

Ӯ ба сукут рафт, аммо кирми мақсад дар дил ҷунбидаҷунбида нооромаш мекард. Беихтиёр ангуштонаш рӯ-рӯи доғҳои почаҳои шалвораш медавиданд; эҳтимол онҳоро аз чашми мизбон пинҳон кардан мехост. Марди соҳибхона дар интизори пурсиши нав гӯшбақимор, лаълии ширраворро пеши ӯ ниҳод.

– Марҳамат…

– Лабай? – ӯ як қад парид.

– Мегӯям, ки ширинӣ гиред…

–Э ошно, – ӯ ҳаяҷонашро базӯр фурӯ нишонд, аммо гӯё лаби остинаш чанголуд бошад, онро такида-такида ғурунгид:

– Зиндагӣ, ки ширин набошад, мазаи шаҳдро ҳам кас намефаҳмад…

– Дуруст, – пичиррос зад мизбон ва хамёза кашид.

– Мегӯянд, ки аз занат ҷудо шудаӣ?

Соҳиби хона, ки нав болои дастархон хам шуда буд, қоматашро бардошт ва рост ба чашмони ӯ нигаристу хаёле сар ҷунбонд. Вай мижа назад ва нафасаш даме ба дарун, дар ҳайрат афтод, ки зан сар додани ӯ ба ин мард чӣ муносибате дошта бошад.

– Аҷаб коре кардаӣ…

– Хайр, зиндагӣ-да…

Ӯ боз худро чунон ангошт, ки ба андешае побанд аст: чашмони нимроғи мисли чашми занбӯр тезаш ҷудо, мижгонҳои зардранги кӯтоҳаш ҷудо бозикунон ҳар як ҳаракати марди хонаро айёрона ба мушоҳида мегирифтанд.

– Бе зан дар синну соли мову шумо зиндагӣ мушкил, азоби гӯр будааст. Худо марди пирро ҳаргиз бева намонад, ки хору зор мешавад, – гуфт ӯ ва кӯшид, ки овози дилсӯзона барояд: – Ана ман дар хоки хунук мондам…

– Ҳа, шунидам, насиб…

Боз хомӯшӣ ба миён омад, хомӯшии вазнин. Сӯҳбат шира набаст, ки набаст. Ва ин ҳолат ӯро хашмгин кард, вале хашмаш ба кӣ лозим? Э дареғ…

– Шояд? – дар ҷояш ҷунбида саволомез овоз баровард ӯ ва хомӯш монд, гӯё забонаш лол гашт ва мизбон ба имдодаш расид.

– Чизе гуфтанӣ будӣ?

– Мегӯм, шояд занта боз биёрӣ?

Марди соҳибхона лабони худро ба ханда моил сохт, вале чашмонаш ғазаббор шуданд.

– Хуни ман, меҳмон, бисёр ганда, туфама баргашта бо забон намебардорам… Ширинӣ гиред!

– Як бобо доштам, – баъди андаке сукут боз гуфт Сафол:

– Нав ба ёдам мерасад, ки гоҳ-гоҳ мегуфт: «Зан– тозагии бадан, зан набошад, хона аз чароғу гармӣ маҳрум мешавад». Ба гапаш механдидем… Ҳозир хонаам вайрон, мисли гӯристон метобад. Дар хоки хунук мондаам…

Ҳа-а, – дар лабони мард лабхандае падидор шуд:– Аз дасти ман чӣ меояд? Худам намедонам, ки сарамро ба кадом гӯр занаму… – Шояд?..

– Э не-е! Забони маро нахоред! Синни маслиҳату пандшунавӣ гузашт. – хитоб карда соҳиби хона ва хашми худро мӯ ба мӯ нигоҳ дошта, пурсид: – Нон намехӯред! Не!? Дигар гап надоред? Не! Инхел бошад, омин!

Аввал соҳиби хона, сипас ӯ лоилоҷ бархест. Мақсад дар дилаш ногуфта монд. Сад дареғ! Ларзиши сараш афзун гашт ё дар назари ӯ ҳамин хел намуд. Мизбон дарвозаро васеъ кушода, дурушту сард амр кард:

– Марҳамат!

Ӯ мисли одами хунукхӯрда тамоми пайкарашро дар-ҳам кашида ва гӯё рӯи ях қадам мениҳода бошад, бо эҳтиёт аз дарвоза баромад.

– Хуш омадӣ! – даст рӯи сина ниҳода, истеҳзоомез як каме таъзим карда гуфт мизбон ва ришхандзанон афзуд: – Агар табиб бошӣ, ба дарди худат даво биёв… Шукри Худо, ман мисли ту дар хоки хунук намондаам. Нав ҷонам раҳид. Тавбае, одами гандаву саги газанда як будааст…

Сафол гапи охири мизбонро ба худ кашид. Ҳай ғазабаш ҷӯшид, ҳай аз алам сӯхт, сели суханҳои тунду пурнеш дар дилаш ба туғён омад, аммо дам зада натавонист. Лаб газиду бо сари хам ва дили ноумед пирона роҳ пеш гирифт. Ва худ ба худ ғур-ғур кард: «Бахил, макони заната мегуфтӣ, ягон ҷоят кам мешуд? Тавба, дигар на инсоф мондаасту на меҳру шафқат. Аз ҳеҷ кас бӯи умед нест. Ҳама дар ғами худ, ҳама тамошогар …Кошкӣ… як бори дигар… зинда мешуд. Ҳай дареғ, сарсон, саргардон…»

Ва ӯ хашмгину ранҷида роҳ мерафту чашмони намнокашро бо кафи даст пок мекард. Мекӯшид, ки қомати чанг боло бардорад, то ларзиши сарашро касе набинад. Вале ба ин қудрат надошт, сараш дар хаёли ӯ бештар меларзид, қоматашро замин мисли оҳанрабо сӯи худ мекашид, хамтар мекард. Ӯ ба канори деҳи худ расид ва чанги доману сари остинҳо, такиду такид, сипас даст ба пешонӣ соябон карда, нигоҳи пурхашм ба мазори пушта давонд. Чаро занаш ӯро сари танҳо монда, напурсида он ҷо рафт?

Пайроҳаи борик, чапараки мудом нимроғу каҷ, хасу хори хазонрасида, дӯнгиҳои хурду калон ва пасту баланди гӯрҳо, ходаҳои дар нӯгашон чойники шикаста, панҷаи ҳасрат ё шохи оҳудору латтабастаи сари қабрҳо, дарахтони хушкидаи аз ҳамдигар дуру ҳазин бо як тамкин ва оромии сангин нигоҳи ӯро пешвоз гирифтанд. Ва дар хаёлаш хоктӯдаи оромгоҳи ҳамсараш ба нигоҳи тезу тунди ӯ тоб наовард, ҷунбид, сипас гӯр ду кафон шуд ва завҷааш кафанпӯш аз хок берун гашт.

Вай танҳо рӯяшро нишон дода, орому нарм ба ӯ нигарист ва ҳамон мавҷи табассумаки азалӣ гирди лабонаш давиду бо овози баланд гуфт:

– Эй золим, то кай таъқибам мекунӣ? Хоҳиш дорам, дигар ба ин тараф ин хел бо қаҳр нанигар, ки аз нигоҳат нороҳат мешавам… ба даҳшат меафтам… Мон, ки ақаллан дар гӯр осуда бихобам.

Ӯ чашм пӯшид. Дар хаёлаш хурду бузурги деҳ суханҳои пурмаломату илтиҷоомези занро шуниданд. Ин ҳам хашму аламаш дучанд афзуд, ки на танҳо сар, балки тамоми пайкараш бештар ларзид ва андомаш каҷу килеб, даҳшатангез гашт. Чашм кушод. Теппаи мазор ором, хомӯши хомӯш буд.

Ва аз суроби зан нишоне не. Аҷиб… Дар роҳи деҳа кӯдаке ҳам ба чашм намерасид, ки қуввати дил шавад ё бо имову хоҳише омада дасташро бигирад. Ақаллан аз асо гирифтан ор намекард…

– Кошкӣ… – пичиррос мезад ӯ ва беҳолу бимзада сӯи хонааш ноустувору ларзон гандум-гандум қадам ниҳода, бо кафи даст чашмони намнокашро мемолид. – Кошкӣ…

пешина
аз 30