ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Дарвозаро духтари қадрасе кушода, хушодобона меҳмонҳоро ба ҳавлӣ даъват кард. Баъд пиразани резапайкар ба пешвозашон баромаду ҳини вохӯрӣ гуфт:
– Ана, дар хонаи норӯфта меҳмон меоядаш ҳамин. Абдусалом, бачам, духтарҳои ин замона ба гап бовар намекунанд, – гуфт пиразан ба милисаи шофбурут: – Гуфтам, ки хоби ширинам гирифт.. Хонаро бирӯб, ки меҳмон меояд, бовар накард, хандид…
– Парво накун, хола, хонадор шавад, мефаҳмад, – гуфт Абдусалом ва ба рӯи кат, ки кӯрпача густурда шуда буданд, бобои Файзро таклиф кард.
Кампир хӯшбошӣ гуфт. Пирамард «Омин, ин хона пур аз шодӣ бошад», – гӯён даст ба рӯ кашид. Пиразан барои овардани дастархон ба хона даромад. Дили мӯйсафед қурхонаро мемонд. Лекин вай ҳаяҷонашро ниҳон мекард. «Худи худаш.
Афту андом, нармгуфтории кӯдаконаш ҳам ба Нусрат як себу ду тақсим. Аммо устухони Моҳбону барвақт об шуда будааст», – гуфт худ ба худ бобои Файз.
Ҳавлӣ зебову озода. Гулҳои хӯшрангубӯи садбарг, буттаҳои ботаровати райҳон, шохҳои пурбори себ, токҳои аз хӯшаҳо ҳамелкашида гӯё ба чашми пирамард наметофтанд.
Ҳар як ҳаракат, гуфтӯгӯи пиразан аз назари ӯ дур намемонд. Ӯ чӣ хел кушодани гиреҳи мақсадро намедонист, худро ноҳинҷор ҳис мекард, гоҳ сари зону гоҳ якпаҳлу менишаст.Ниҳоят баъди дастархон густурдан пиразан дар гӯшаи кат амонат нишасту ҳолу аҳвол пурсид, боз хуш омадед гуфт.
Абдусалом пиёлаи чойро назди кампир монду бурутҳои ғулияшро барзада пурсид:
– Хола, меҳмона шинохтӣ? Аз роҳи дур омадааст.
– Не, додар, рӯш гарму.. Зормонда, чашмҳом вақтҳои охир, хира, гӯшҳоям вазнин шуданд. Абдусалом, бачам, дар пӯсти одам, ки доғи пирӣ баромад, тамом….
– Ҳо, ҳамширае! Нашинохтӣ-а? – сабрро аз даст дода, пурсид мӯйсафед: – Ман худата дидан замон шинохтам..
Байни ҳамсӯҳбатон лаҳзаяке хомушии гарону пурҳаяҷон ҳукмрон шуд.
– Дунё ҳам аҷибу инсон ҳам, ҳамшира, – бобои Файз миёни хомӯширо шикаст: – Одам гоҳ шинос, хешу табор мешудааст, гоҳ ночор аз ҳам ҷудо… Ҳамшира, чанд сол пеш касал будӣ. Дар ёд дорӣ?
– Ҳм, рӯзҳои талхе, ки ман аз сар гузарондам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд, ака. Ҷон дар ҷои сахтӣ. Ҳама дарду азобу ранҷам сабук шуд. Лекин як доғ монд. Касал аз устухонам арзон нарафт. Моҳ барин бачаи нозанинама беному нишон кард, – гуфт кампиру оби дидаашро дошта натавонист: – Ин доғ то зиндаам, дилу ҷигар, мағзи устухонама месӯзонад.
Дили Абдусалом таҳ хӯрд. Ӯ барои дилдории кампир лаб кушоданӣ буд, ки бобои Файз боз сари зону нишаст, айнакашро аз чашм гирифт ва бо овози ларзону марғуладор гуфт:
– Не, ҳамшира! Писарата касал не, ҳо Файз, ман бурда будам. Ба ёдат ҳаст, Файз?..
Сухани муйсафед дар даҳонаш монд. Кампири Моҳбону «Оҳ, Файз! Ин қадар сол дар куҷо будӣ? О Худои меҳрубон!
Хоки пот шавам, Нусрат…» гуфту бо ҳаяҷони беинтиҳо аз ҷо бархест…
САФЕДУ СИЁҲ
Зани зебо дар чашм, зани боақл дар дил ҷо мегирад.
Андарз
– Бо аълохонию хомӯш гаштанат ба чашми ҳама хок мепошидаӣ. Хаппаки таги таппак, мусичаи бегуноҳ… Умедам аз ту ин набуд. Фаромӯш накун: олим шудан осон, одам шудан мушкил. Модарро хабар нагирифтан, ҳурмат накардан-а? О вай туро зоида бошад, шир дода бошад…
Ҳалим сар бардошт ва сухани мудирро бурид:
– Ин гапҳо ба ман чӣ дахл доранд?
Мудир лаҳзае ҳайкалвор рост истод ва дар ҳолате ки ба рӯяш сурхӣ медавид, гуфт:
– Ба ту дахл надошта бошанд, ба кӣ дахл доранд?! Ту, бача, имрӯз аз модарат рӯй битобӣ, фардо гуноҳи азимтар ҳам содир карда метавонӣ. Ба ту гуфта будам, ки модарат шикоят навиштааст, бовар накардӣ. Мана боз мактуб омадаст. Бигиру баланд-баланд бихон, ки ҳамдарсҳоят шунаванд!..
Аз суханҳои Шоҳбозов Ҳалим алам кашид, алами сахт. Ӯ бо дили нохоҳам мактубро гирифт. Вале баробари онро хондан ранги рӯяш парид, ба баданаш ноаён ларза давиду хун ба сараш зад. Ва дар як лаҳза тамоми занҳои деҳа пеши назари ӯ падид омаданд, лекин касеро бо номи Сарвмоҳ ба ёд оварда натавонист. «Аҷиб, ҳафтаи гузашта аз хона омадам», – гуфт хаёлан ва номаро болои миз ниҳоду ба лабонаш заҳрханда давид. Бачаҳо маънои хандаи ӯро нафаҳмида, қоҳ-қоҳзанон синфро ба сар бароштанд, сипас бозори нешзанӣ авҷ гирифт.
«Саратро бой намедиҳӣ-ку, розӣ шав. Аз як модар дутоаш беҳ: ҳар моҳ бистсӯмӣ фиристанд, шоҳбача мешавӣ…»
Шоҳбозов баногоҳ мушт рӯи миз кӯфт. Дар ҳуҷра, ки аз шӯру ғавғо ба бозори парандагон шабоҳат дошт, хомӯшӣ ҳукмрон гашт. Ҳама ба мудир нигаристанд. Чеҳраи Шоҳбозов акнун лоласон сурх шуда буд ва «бозӣ»-и рагҳои чаккааш равшан ба чашм мерасид. Ӯ лаҳзае бо нигоҳе пурасрор шогирдонро аз назар гузаронд, сипас оромона, вале бо оҳанги пуртаассуф гуфт:
– Бачаҳо, ин хел сангдил нашавед. Чаро ба рафтори бад, ба бемеҳрии ҳамсол, рафиқи ҳамдарсатон механдед? Ман касонеро, ки ҳурмати падару модарро ба ҷо намеоранд, беномус, разил, ноодам меҳисобам. Ба ҷои ҳазлу ханда ба ӯ гуноҳашро фаҳмонед, – Шоҳбозов якбора хомӯш монд, сипас пичиррос зад: – Шумо хушбахтед, ки падару модар доред, ширинии навозишу меҳрубонии онҳоро мечашеду мебинед. Лекин бисёриҳо бе модару падар, бо хориву зорӣ калон шудаанд. Ана, ман… Ду-се умри шуморо гузаронидаам, мӯйҳоям сафед, фарзандону набераҳо дорам. Вале орзуи ягонаам ин аст, ки – овози Шоҳбозов то андозае ларзид, – дар хоб ҳам бошад, боре рӯи модарамро бинам… Шумо як чизро фаҳмед: – Шоҳбозов ду-се маротиба сурфид ва чун ҳаяҷонашро фурӯ нишонд, суханашро давом дод: – Модар гавҳари ноёб аст, ба қадраш расед… Вазифаи мактаб танҳо мутахассис тайёр кардан нест.
Ин ҷо пеш аз ҳама бояд одами солимақл, хушхулқ, баодоб камол ёбад. Ҳа, касе, ки хулқу атвори пок надошта бошад, ба қадри касб ҳам намерасад. Ба рафиқатон – Ҳалим Вафоев як ҳафта муҳлат. Агар ислоҳ нашавад, аз модараш узр пурсида забонхат наорад, аз мактаб пеш мекунем, – гуфт ҷиддӣ Шоҳбозов ва аз синф баромада рафт.
– Эҳа, Ҳалим аз модараш безор бошад, мо гиря кунем? – пичинг зад Расул.
Ҳамдарсон раҳораҳ Ҳалимро ба ҳар дастур насиҳату сарзаниш мекарданд. Аммо ӯ гӯё гапи онҳоро намешунид, ҷавобе ҳам намедод. Зоҳиран карахту бепарво буд, вале нафасаш танг мешуду дилаш гуп-гуп мезад. Бори суханҳои пурнешу талхро бардоштан осон нест… Ҳоло дар сари ӯ фақат як фикр ҷой дошт: зудтар аз бачаҳо ҷудо шаваду дар ҷое танҳо нишинад.
Ҳамдарсон сӯи ошхона шитофтанд. Ӯ бо сари хам ба хобгоҳ ворид шуд ва худро болои кат партофта, чашмонашро пӯшид. Вале суханҳои Шоҳбозов дар гӯшаш боз садо доданд, хандаи истеҳзоомези бачаҳо пеши назараш ҷилвагар шуданд.
Бухси дилаш туғён карда, вуҷудашро фишурд, пайкарашро ларзонд ва оҳиста-оҳиста ба дидагонаш нам давид.
– Не, одами бамулоҳиза набудааст Шоҳбозов. Хайр, зане мактуб навиштааст, гуноҳи ман чӣ? Ҳм, нархи сабзиву пиёзро напурсида... Дар дунё як ман Ҳалим ном надорам-ку, – гуфт ва рӯи кат нишаст. Ва ба ёдаш расид, ки ҳоло бачаҳо биоянду чашмони ашколудашро бинанд, сад гапу калочаи дигар мебофанд, ба ҳолаш механданд. Саросема рӯпоккунакро ба кифт партофту ба хонаи дастурӯшӯӣ шитофт. Бо оби хунук сару гардан шуст. Ва раҳораҳ рӯяшро бо сачоқи дурушт пок кард. Ва чун ҳамеша чашмаш ба гулдӯзӣ ва сатри «Аз модарат салом»-и гӯшаи дастмол бархӯрду дилаш гум зад, дар ҷояш бозистод, бо ҳаяҷон ба ҳунари дастони модар чашм дӯхт.
«Аз модарат салом!», – дар гӯшаш садо дод овози нарми модар. Аввал гиря, баъд оби сард ва акнун саломи модару дидани гулдӯзиҳои ӯ ғубори дили Ҳалимро каме рабуданд.
– Ба ҷои забонхат худи модарамро меорам! – гуфт Ҳалим хаёлан ва ба хобгоҳ даромад.
– Аз угрои аҷиб бенасиб мондӣ, ҷӯра. Чунон болаззат, ки мисли ошҳои пухтаи модарат… Дилат ба кисаат насӯзад, як дегашро мехӯрию шикамат боз танбӯр менавозад, – ҳазломез гуфт Саттор.
– Одам, ки соҳиби ду оча шуд, назараш угро чӣ? оши палавро ҳам намегирад. Аз ташвиши хӯрокхӯрӣ фориғ шудӣ, ошно… Ин ҳам бахти баланд. Хок бар сари чойхона, ошхона, навбатпоӣ. Лекин, ҷӯра, мумсик нашав. Ин воқиа ба як зиёфати чор кас медидагӣ меарзад, – гуфт Ҳасан ва дасташро ба китфи Ҳалим гузоштанӣ шуд.
– Кали шикамбузург, кадом рӯз дар ғами хӯрок кафида мемурӣ. Гӯши хар ҷунбад, ту ба зиёфатхӯрӣ тайёр, – гуфт нимғурма Ҳалим ва ба соаташ нигоҳкунон аз дар баромад.
Садои хандаи Ҳасан ӯро то баромадгоҳ гуселонд.
Ҳалим як коса хӯрок гирифту нону чой ва дар мизи назди тиреза нишаст. Хост чизеро ба ёд наорад, не, боз «беномус» гуфтани Шоҳбозов ба мағзаш ханҷол зад.
Табъ, ки хира бошад, шаҳд ҳам аз гулӯ намегузарад. Ӯ хӯрокро пурра нахӯрда буд, ки ваъдаи мулоқот бо Моҳҷабин ба ёдаш расиду саросема аз ҷой бархест…
Дар ваъдагоҳ, зери маҷнунбеди канори хиёбони Ҳофиз аз дур Моҳҷабинро дид ва дар дил ҳиссиёти гуворо, табассум ҳам кард. Моҳҷабин тарҳи либос накарда буд. Ин хоксории ӯ ба Ҳалим писанд афтод. Духтар ба тан куртаи чити гулобии гулдор, дар сар тоқии чоргул, дар по туфлии пастпошнаи ҷигариранг дошт. Куртаи гулобӣ ба рӯи мисли моҳ гирду рухсораҳои сурхосафед ва қади мавзуни Моҳҷабин басо шинам буд. Марҷони ақиқгун, ки Ҳалим дар зодрӯзаш ба вай тақдим карда буд, дар баёзи гардани булӯросояш аксандозӣ карда, гӯшвораҳои зирадор ва тоқии чоргул ба духтар ҳусни даҳчанд мебахшиданд. Моҳҷабин хилофи одат мӯйҳояшро не, балки чанд тор химчаи маҳини маҷнунбедро гоҳ мебофту гоҳ мекушод ва андешамандона ба нуқтае менигарист.
– Дер омадам, ҷон? – барои салом даст дароз карда пурсид Ҳалим.
– Не, – гуфт Моҳҷабин ва хастаҳол рӯи курсӣ нишаст.
Ҳалим аз бедимоғии духтар ҳайрон монд. Рӯяш тира, нигоҳаш маҳзун. Ҷавон сабаби парешонҳолии маҳбубаашро моҷарои имрӯза пиндошт. Ва шод ҳам шуд, ки ёри оқилу дилогоҳаш аз бебарории ӯ ношод шудааст, месӯзад, дар ғамаш шарик гаштааст. Ҳалим хост, ки ғубори ноҳинҷориро аз дили духтар бо ҳазл шӯяд, нагузорад, ки ӯ ғамгин нишинад.
– Зиқ шудӣ? – пурсид ӯ.
– Аз чӣ?
– Як хушдоман кам набуд, ки дуюмаш пайдо шуд. Ҳа, воқеан, ту ҳам шоистаи табрикӣ, – гуфт бо ханда Ҳалим ва хост панҷаи навозиш ба оринҷи маҳбубааш гузорад. Аммо
Моҳҷабин дасти ӯро тела дод, якбора аз ҷой бархест ва орому бодард гуфт:
– Ба ҷои ханда гиристан лозим! – Чаро? Ту ҳам бовар кардӣ? Одам аз як модар ба дунё меояд! Ман як модар дорам, якта!
– Шоҳбозов ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд. Вай виҷдонашро барои ману ту олуда намекунад! Ба модари худат меҳр надошта бошӣ… Дили бевафора пеши саг партоӣ, бӯ намекашад, мегӯянд.
– Эй Моҳҷабин!...
Чароғи орзуву хаёлҳои ширини Ҳалим гӯё ба об афтод. Ӯ таги маҷнунбед аламзадаву ҳайрон нишаста аз Моҳҷабин, ки шитобон мерафт, чашм намеканд. Ду мила мӯи духтар печутобхӯрон дар панҷаи бод бозӣ дошт…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё