Зеҳн
САРГУЗАШТИ АНД ВА АНГ

АТО МИРХОҶА, Афсона. Буданд, набуданд ду вожа буданд. Яке бародар буд, дигаре хоҳар. Бародар Анд ном дошт, хоҳар – Анг. Онҳо дар шаҳри Китоб зиндагӣ мекарданд.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 1 саҳифа

Афсона

Буданд-набуданд ду вожа буданд. Яке бародар буд, дигаре хоҳар. Бародар Анд ном дошт, хоҳар – Анг. Онҳо дар шаҳри Китоб зиндагӣ мекарданд. Шаҳрхонаҳои пасту баланд, кӯча, хиёбон, гулгашт, дарахт ва гулу гиёҳи бисёр дошт.

Ҳар хона, ҳар кӯча, ҳар хиёбон, ҳар гулгашт, ҳар дарахт, ҳар гул, ҳар гиёҳ шакли ҳарфе доштё аломате. Анд ва Анг бисёр мехостанд, ки шаҳри аҷоиби худротамошо кунанд.

Аммо падару модарашон намедоданд. Онҳо мегуфтанд, ки саёҳат дар шаҳр танҳо ва танҳо дар арафаи иди Алифбо мумкин аст. Он рӯз Бобо Алифбо ба хона омада, Анду Ангро худаш ба тамошо мебарад.

– Аммо ба шарте, ки гуфтору рафторатон ба Бобо Алифбо писанд ояд,– таъкид кард падарашон.

– Вале ба шарте, ки шумо нағз хонда, маънои бисёр калимаҳоро донед,– гапи падарро қувват дод модарашон.

– Агар гуфтору рафторамон ба Бобо

Алифбо маъқул нашавад-чӣ? –пурсид Анд.

– Агар маънои калимаҳоро надонем- чӣ? – суол дод Анг.

– Он гоҳ Бобо Алифбо ба наздатон намеояд,– ҷавоб дод падар.

– Он гоҳ Бобо Алифбо шуморо ба сайр барорад ҳам, аз ними роҳ бармегардонад.

Анд ва Анг мехонданду менавиштанд, менавиштанду мехонданд.

Аз хонданашон падар розӣ, модар розӣ, муллимон розӣ буданд.

Тирамоҳ гузашт, зимистон ҳам даромад, аммо аз Бобо Алифбо дараке набуд. Тоқати Анд тоқ шуда буд, тоқати

Анг тоқ шуда буд, ки рӯзе касе дари хонаашонро кӯфт.

Анду Анг дарро кушода дар остони хона мӯсафеди баландқомати солхӯрдаи аҷоибшаклро дида, шах шуда монданд.

Кулоҳаш монанди ҳарфи П, рӯяш монанди О, гӯшҳо монанди З, чашмҳо монанди 0, айнакҳо монанди В, абрӯвон монанди С, мижаҳо монанди Ж, даҳон монанди О-и пачақ, ришҳо як даста!

(Аломати Хитоб), аз гардан то миён монанди Ф, аз миён то пойҳо монанди Л, дастҳояш монанди Г, панҷаҳо монанди

Ш, пойафзор монанди Б. Дар дасти росташ асои баланде ба шакли ?

(Аломати савол) дошт.

Анду Анг тарсида, ақиб гурехтанӣ шуданд, ки бобо хитоб кард:

– Истед, ман – Бобо Алифбо! Ман ба суроғи Анд ва Анг омадам. Вожаҳо бо шавқу шодӣ ба сӯи вай давиданд.

– Салом, Бобоҷон! Моем Анд ва Анг.

Чӣ, шумо моро ба сайругашт мебаред?

Бобо Алифбо гуфт:

– Албатта, мебарам. Аммо аввал бигӯед, ки шумо дар мактаб чӣ хел мехонед?

– Мо аъло мехонем!– буррову боифтихор ҷавоб доданд Анду Анг.

– Олиҷаноб!– гуфт Бобо Алифбо.– Аз падару модаратон иҷозат гирифтед?

– Не,– ҷавоб доданд вожаҳо. – Бе иҷозати волидон ман шуморо ба ҳеҷ ҷо намебарам.

Анду Анг ба хона даромада, аз падару модар иҷозат гирифтанд. Сипас аз ду дасти Бобо Алифбо гирифта, ба тамошои шаҳри Китоб баромаданд.

II

Шаҳри Китоб тоза, зебо ва дилрабост. Дар кӯчаҳои он хел ба хел махлуқҳои аҷоибу ғароиб гаштугузор мекунанд. Баъзеашон ба ду по, баъзеашон ба чор по мегарданд.Баъзеашон меғеланд, баъзеашон мехазанд, баъзеашон мешоранд, баъзеашон меҷаҳанд, баъзеашон мепаранд. Аз ҳама аҷибаш он, ки баробари салом додан ба ҳамдигар,онҳо шакли худро дигар карда, ба чизи нав табдил меёфтанд.

Аз дидани ин манзара Анду Анг ангушти ҳайрат газиданд.

– Бобо Алифбо, инҳо моро намезананд?– тарсида, пурсид Анг.

– Не, ҷони бобо, сокинони шаҳри Китоб ҳамагӣ беозоранд.

– Бобо Алифбо, инҳо барои чӣ дигаргун мешаванд?

– Инҳо мисли шумо вожаҳоянд.

Вақте бо ҳам менишинанд, аз онҳо чизҳои нав ба вуҷуд меоянд. Ҳамаи онҳо тилисм доранд.

– Тилисм?

– Бале, сеҳр, муъҷиза,– ҷавоб дод

Бобо Алифбо.

– Мо ҳам тилисм дорем, бобоҷон?

– Албатта, доред. Ягон ҳарф, ягон вожа бе тилисму сеҳр нест.

Анд ва Анг аз хурсандӣ ба мисли тӯб дар ҷояшон чанд бор париданд. – Яъне, мо ҳам ба мисли онҳо тағйир ёфта метавонем?

– Албатта, метавонед. Лекин ба як шарт.

– Чӣ будааст он шарт?

– Шарт ин аст, ки агар Анд ба чизе табдил ёбад, бояд Анг ному маънои он чизро гӯяд. Агар Анг ба чизе табдил ёбад, бояд Анд ному маънояшро гӯяд.

– Агар надонем, чӣ?

– Анд надонад, Анг ба шакли худ барнамегардад, Анг надонад, Анг аз тилисм берун намебарояд. – Бобоҷон, ман даруни тилисм мондан намехоҳам,– абрӯ чин кард Анг.

– Ман ҳам,– ҷигот андохт Анд.

Бобо Алифбо сари онҳоро сила карду гуфт:

– Зиқ нашавед, ман ба шумо ёрӣ мерасонам. Лекин ҳамагӣ ҳафт бор. Ҳафт чизро надонистед, сайругаштро қатъ карда, шуморо ба хонаатон бармегардонам.

Вожаҳо дастафшону покӯбон розӣ шуданд.

III

– Интаврбошад, шурӯъкардем,

Бобо Алифбо Андро ба назди Б бурд, асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Алиф, алиф, бо-бо-бо, Манам Алифбо Бобо.

Б сухани сеҳрнокрошунид, аз ҷо ҷунбид, гарданфароз шуд,дасташ дароз шуд. Бобо дасташро дошт, ба дасти Анд гузошт.Филфавр Б ва Анд ба Банд табдил ёфтанд. Банд ёзид, ҷаҳид, ба китфи Бобо

Алифбо парид, ба миёни Анг хазид.

Хазиду мисли мор печутоб хӯрдан гирифт. Анг ҳайрон шуд, тарсон шуд, гирён шуд. Бобо гуфт:

– Эй Анг, оё медонӣ ин чист?

– Ин банд аст, бобоҷон, мисли каманд аст, бобоҷон!– ҷавоб дод Анг.

–Офарин, Б бо Анд пайванд шуданд, ҳар дуяшон Банд шуданд.

Анг гуфт:

– Бобоҷон, маро натарсон, бандро Анд гардон.

– Бигузор, гуфтаи ту шавад.

Бобо асо ба замин кӯфт ва гуфт:

– Ал-саволу ал-ҷавоб, Бедорҳастӣ ё ки хоб, Манам Алифбо Бобо, Аз банди тилисм баро!

Банд мисли фирфирак фир-фир чарх зад, чарх заду Анд аз Б ҷудо шуд. Ҷудо шуду хурсандона фарёд кашид:

– Чӣ лаззате дорад чизи наве эҷод кардан! Бори дигар Банд шавам,

Бобоҷон?

IV

Аммо Бобо Алифбоба Анг рӯ овард:

– Вақтамон ҷудо танг аст, Ҳоло навбати Анг аст.

Бобо Алифбо Ангро ба назди Г бурд, асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Алиф, алиф, бо-бо-бо,

Манам Алифбо Бобо.

Г сухани сеҳрнокро шунид, аз ҷо ҷунбид, гарданфароз шуд, дасташ дароз шуд. Бобо дасташро дошт, ба дасти Анг гузошт. Филфавр Г ва Анг ба Ганг табдил ёфтанд. Дарё мавҷ зад, бухор ба авҷ зад, талотум шуд, ду соҳилаш пур аз қум шуд.Бобо Алифбою Анд, савори киштӣ, рӯи мавҷҳо шино мекарданд. Киштӣ медавид, меҷаҳид, мелаппид. Анд ҳайрон шуд, тарсон шуд, гирён шуд. Бобо гуфт:

– Эй Анд, оё медонӣ ин чист?

– Ин Ганг аст, бобоҷон, дарёи пурнаҳанг аст, бобоҷон!– ҷавоб дод Анд.

– Офарин. Г бо Анг пайванд шуданд, ҳар дуяшон Ганг шуданд.

Анд гуфт:

– Бобоҷон, илтимос, ҳар чи зудтар

Гангро Анг гардон, ман метарсам.

– Бигузор, гуфтаи ту шавад.

Бобо асо ба фарш кӯфт ва гуфт:

– Ал-саволу ал-ҷавоб, Бедорҳастӣ ё ки хоб,

Манам Алифбо Бобо,

Аз банди тилисм баро!

Ганг дарзамон нопайдо шуд, Анг аз Г ҷудо шуд. Ҷудо шуду хурсандона фарёд кашид:

– Чӣ лаззате дорад чизи наверо эҷод кардан! Бори дигар Ганг шавам,

Бобоҷон?

V

Аммо Бобо Алифбо ба Анд рӯ овард:

– Сайрамон дилписанд аст, Ҳоло навбати Анд аст.

Бобо Алифбо Андро ба назди Қ бурд, асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Алиф, алиф, бо-бо-бо,

Манам Алифбо Бобо.

Қ сухани сеҳрнокро шунид, аз ҷо ҷунбид, гарданфароз шуд, дасташ дароз шуд. Бобо дасташро дошт, ба дасти Анд гузошт. Филфавр Қ ва Анд ба Қанд табдил ёфтанд. Дарзамон атроф пур аз қанд шуд, пуштаи қанд ҳар тараф баланд шуд. Аз бисёрии қанд Бобо Алифбою Ангро кисаҳо дарид, борони қанд ба сарашон борид. Ангҳам ҳайрон шуд, ҳам тарсон шуд, ҳам хандон шуд. Бобо гуфт:

– Эй Анг, оё медонӣ ин чист?

– Ин Қанд аст, бобоҷон, бароям писанд аст, бобоҷон!– ҷавоб дод Анг.

– Офарин, Қ бо Анд пайванд шуданд, ҳар дуяшон Қанд шуданд.

Анг гуфт:

– Бобоҷон, илтимос, ҳар чи зудтар Қандро Анд гардон, ман бародарамро пазмон шудам.

– Бигузор, гуфтаи ту шавад.

Бобо асо ба фарши киштӣ кӯфт ва гуфт:

– Ал-саволу ал-ҷавоб,

Бедорҳастӣ ё ки хоб,

Манам Алифбо Бобо,

Аз банди тилисм баро!

Қанд дарзамон нопайдо шуд, Анд аз Қ ҷудо шуд. Ҷудо шуду хурсандона фарёд кашид:

– Чӣ лаззате дорад чизи наве эҷод кардан! Бори дигар Қанд шавам, Бобоҷон?

VI

Аммо Бобо Алифбо ба Анг рӯ овард:

– Вақтамон ҷудо танг аст,

Ҳоло навбати Анг аст.

Бобо Алифбо Ангро ба назди З бурд, асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Алиф, алиф, бо-бо-бо, Манам Алифбо Бобо.

З сухани сеҳрнокро шунид, аз ҷо ҷунбид, гарданфароз шуд, дасташ дароз шуд. Бобо дасташро дошт, ба дасти Анг гузошт. Филфавр З ва Анг ба Занг табдил ёфтанд. Дарзамон атроф пур аз зангу зангӯла шуд, ҷиринг-ҷурунги онон силсила дар силсила шуд. Яке маҳин, дигаре вазнин, яке ширин, дигаре ғамгин, яке баланд, дигаре паст. Аз омезиши садоҳо Бобо Алифбою Андро гӯшҳо ғуввос заданд, шуввос заданд, ҷирингос заданд. Анг ҳайрон шуд, тарсон шуд, гирён шуд. Бобо гуфт:

– Эй Анд, оё медонӣ ин чист?

– Ин Занг аст, бобоҷон, кораш ҷаранг-ҷаранг аст, бобоҷон!– ҷавоб дод Анг.

– Офарин, З бо Анг пайванд шуданд, ҳар дуяшон Занг шуданд. Анд гуфт:

– Бобоҷон, маро натарсон, Зангро Анг гардон.

– Бигузор, гуфтаи ту шавад.

Бобо асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Ал-саволу ал-ҷавоб,

Бедорҳастӣ ё ки хоб,

Манам Алифбо Бобо,

Аз банди тилисм баро!

Зангу зангӯлаадо шуд, Анг аз З ҷудо шуд. Ҷудо шуду хурсандона фарёд кашид:

– Чӣ лаззате дорад чизи нав эҷод кардан! Бори дигар Занг шавам, Бобоҷон?

VII

Аммо Бобо Алифбо ба Анд рӯ овард:

– Сайрамон дилписанд аст, Ҳоло навбати Анд аст.

Бобо Алифбо Андро ба назди П бурд, асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Алиф, алиф, бо-бо-бо, Манам Алифбо Бобо.

П сухани сеҳрнокро шунид, аз ҷо ҷунбид, гарданфароз шуд, дасташ дароз шуд. Бобо дасташро дошт, ба дасти Анд гузошт. Филфавр П ва Анд ба Панд табдил ёфтанд. Дарзамон китобҳо дар даст, шоирон, нависандагон, олимонпайдо шуданд, шиору овезаҳо барпо шуданд. Бобо Алифбою Ангро Рӯдакиро, Фирдавсиро, Носири Хусравро, Ҷомиро, Навоиро, Эзопро, Ҳомерро, Эйнштейнро, Ҳеменгуейро, Пушкинро, Крилов ва бисёр-бисёр дигаронро диданд.Ҳар касе панде замзама мекард, ҷумлае, байте ба забон меовард. Ҳар шиор сухани пурмағзе дошт, ҳар овеза гапи нағзе дошт. Анг ҳайрон шуд, хандон шуд, хандаҳояш дурру марҷон шуд. Бобо гуфт:

– Эй Анг, оё медонӣ ин чист?

– Ин Панд аст, бобоҷон, бароям писанд аст, бобоҷон!– ҷавоб дод Анг.

– Офарин, П бо Анд пайванд шуданд, ҳар дуяшон Панд шуданд.

Анг гуфт:

– Бобоҷон, Қандро Анд гардон, ман шудам ӯро пазмон.

– Бигузор, гуфтаи ту шавад.

Бобо асо барзамин кӯфт ва гуфт:

– Ал-саволу ал-ҷавоб, Бедорҳастӣ ё ки хоб, Манам Алифбо Бобо,

Аз банди тилисм баро!

Панд дарзамон нопайдо шуд, Анд аз П ҷудо шуд. Ҷудо шуду хурсандона фарёд кашид:

– Чӣ лаззате дорад чизи наве эҷод кардан! Бори дигар Панд шавам,

Бобоҷон?

VIII

Аммо Бобо Алифбо ба Анг рӯ овард:

– Вақтамон ҷудо танг аст, Ҳоло навбати Анг аст. Бобо Алифбо Ангро ба назди Н бурд, асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Алиф, алиф, бо-бо-бо,

Манам Алифбо Бобо.

Н сухани сеҳрнокро шунид, аз ҷо ҷунбид, гарданфароз шуд, дасташ дароз шуд. Бобо дасташро дошт, ба дасти Анг гузошт. Филфавр Н ва Анг ба Нанг табдил ёфтанд. Дарзамон садои карнаю нағора ба фалак печид, Рустами Дастон, Курӯши Кабир, Спитамен, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъ, Шерак, Темурмалик, Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қаҳрамонони миллати тоҷик савораву пиёда бо найзаву камон, сипару шамшер, парчаму китоб, ҳар касе ҳунари худро намоиш дода, гирду атрофро пур карданд. Аз ин тамошо чашмони Бобо Алифбою Анд пур аз нур шуд, дилашон пур аз сурур шуд, танашон зӯр гирифт, ҷонашон ғурур гирифт. Анд ҳайрон шуд, хандон шуд, хандаҳояш дурру марҷон шуд. Бобо гуфт:

– Эй Анд, оё медонӣ ин чист? – Ин Нанг аст, бобоҷон, ҷуръати шеру паланг аст, бобоҷон! – ҷавоб дод Анг.

– Офарин, Н бо Анг пайванд шуданд, ҳар дуяшон Нанг шуданд.

Анд гуфт:

– Бобоҷон, маро натарсон, Нангро Анг гардон.

– Бигузор, гуфтаи ту шавад.

Бобо асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Ал-саволу ал-ҷавоб, Бедорҳастӣ ё ки хоб, Манам Алифбо Бобо, Аз банди тилисм баро!

Сафи қаҳрамонон нопайдо шуд, Анг аз Н ҷудо шуд. Ҷудо шуду хурсандона фарёд кашид:

– Чӣ лаззате дорад чизи нав эҷод кардан! Бори дигар Нанг шавам,

Бобоҷон?

IX

Аммо Бобо Алифбо ба Анд рӯ овард:

– Сайрамон дилписанд аст,

Ҳоло навбати Анд аст.

Бобо Алифбо Андро ба назди Ч бурд, асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Алиф, алиф, бо-бо-бо,

Манам Алифбо Бобо.

Ч сухани сеҳрнокро шунид, аз ҷо ҷунбид, гарданфароз шуд, дасташ дароз шуд. Бобо дасташро дошт, ба дасти Анд гузошт. Филфавр Ч ва Анд ба Чанд табдил ёфтанд. Дарзамон ададҳои бисёр пайдо шуданд, дар замину дар ҳаво шуданд. 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9. Онҳо ба мисли бачаҳои беқарор гоҳ аз ҳамдигар пеш мегузаштанд, гоҳ қафо мемонданд, каму зиёд, пурраю ним мегаштанд, тарҳу тақсим мегаштанд.«Ман чанд?», «Вай чанд» мегуфтанд, баланд-баланд мегуфтанд. Ангчанд адад шуморид, аз як то сад шуморид, охир ҳайрон шуд, сараш гардон шуд. Бобо гуфт:

– Эй Анг, оё медонӣ ин чист?

– Ин Чанд аст, бобоҷон, бароям писанд аст, бобоҷон!– ҷавоб дод Анг.

– Офарин, Ч бо Анд пайванд шуданд, ҳар дуяшон Чанд шуданд.

Анг гуфт:

– Бобоҷон, Чандро Анд гардон, ман шудам ӯро пазмон. – Бигузор, гуфтаи ту шавад.

Бобо асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Ал-саволу ал-ҷавоб,

Бедорҳастӣ ё ки хоб,

Манам Алифбо Бобо,

Аз банди тилисм баро!

Чанд дарзамон нопайдо шуд, Анд аз

Ч ҷудо шуд. Ҷудо шуду хурсандона фарёд кашид:

– Чӣ лаззате дорад чизи наве эҷод кардан! Бори дигар Чанд шавам,

Бобоҷон?

X

Аммо Бобо Алифбо ба Анг рӯ овард:

– Вақтамон ҷудо танг аст,

Ҳоло навбати Анг аст.

Бобо Алифбо Ангро ба назди Р бурд, асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Алиф, алиф, бо-бо-бо,

Манам Алифбо Бобо.

Р сухани сеҳрнокро шунид, аз ҷо ҷунбид, гарданфароз шуд, дасташ дароз шуд. Бобо дасташро дошт, ба дасти Анг гузошт. Филфавр Р ва Анг ба Ранг табдил ёфтанд. Дарзамон атроф рангоранг гашт, пур аз ранг шуд кӯҳу дашт. Сурх, сафед, зард, сабз, кабуд, сиёҳ, бунафш дар ҳам омехтанд, рангҳои нав ба нав рехтанд.

Парандаҳо, чарандаҳо, хазандаҳо, гулҳо, гиёҳҳо назаррабо шуданд, ба дида ҷо шуданд. Аз ин тамошо чашмони Бобо

Алифбою Анд пур аз нур шуд, дилашон пур аз сурур шуд. Анд ҳайрон шуд, хандон шуд, хандаҳояш дурру марҷон шуд. Бобо гуфт:

– Эй Анд, оё медонӣ ин чист?

– Ин Ранг аст, зебоии замин аст, бобоҷон, олам аз он рангин аст, бобоҷон!– ҷавоб дод Анг.

– Офарин, Р бо Анг пайванд шуданд, ҳар дуяшон Ранг шуданд.

Анд гуфт:

– Бобоҷон, Рангро Анг гардон, ман шудам ӯро пазмон.

– Бигузор, гуфтаи ту шавад.

Бобо асо бар замин кӯфт ва гуфт:

– Ал-саволу ал-ҷавоб,

Бедорҳастӣ ё ки хоб,

Манам Алифбо Бобо,

Аз банди тилисм баро!

Олами рангҳо нопайдо шуд, Анг аз Р ҷудо шуд. Ҷудо шуду хурсандона фарёд кашид:

– Чӣ лаззате дорад чизи нав эҷод кардан! Бори дигар Ранг шавам,

Бобоҷон?

XI

Аммо Бобо Алифбо сари онҳоро сила карду гуфт:

– Рӯз ҳам бегоҳ шуд. Акнун ба хона баргаштан лозим. Машғули тилисми ҳарфҳо, чӣ сон гузаштани вақтро пай набурдем. Офарин! Шумо ба ҷойи ҳафт, ба ҳашт саволи ман бехато ҷавоб дода, ҳамроҳ дар дунёҳои гуногун сайругашт кардем. Падару модаратон чашм ба роҳанд. Рафтем, онҳо дилгир нашаванд.

Анд ва Анг аз таърифи Бобо Алифбо шоду масрур даст ба дастони ӯ доданду ҷониби хона равон шуданд.

– Бобоҷон, пагоҳ ҳам моро ба тамошо меорӣ?– пурсид Анг.

– Шаҳри Китоб ба мо бисёр писанд омад, бобоҷон,– гуфт Анд.

– Албатта, меорам. Аҷоиботи ин шаҳр охир надорад,– ваъда дод Бобо Алифбо.

аз 1