Зеҳн
Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шифокор инсони хуб менамоянд, – ба кори парастор, ки ҳарорати Шукронаро месанҷид, диққат карда гуфт Хушнуда.

– Беҳзоди Муродро мегӯед? – пурсид Дилрабо.

– Шифокори навбатдор...

– Ҳа, аз шифокорони беҳтарини бемористон. Инсони дарёдил, меҳрубон ва пурдону кордон ҳастанд.

– Аз куҷо?

– Хато накунам, аз Ҷиззах.

– Куҷоро хатм кардагӣ? – кунҷковона пурсид Хушнуда.

– Донишкадаи давлатии тиббии Самарқандро. Магистратураро дар Русия хондагӣ.

– Не-е...

- Мегӯянд, ки шифокорони Русия дар ҳамон ҷо монда кор карданашонро хостаанд. Аммо Беҳзоди Мурод «ман аз шумо дида, ба халқи худам бештар лозим» гуфта омадаанд. Дар шифохонаи мо як сол боз кор мекунанд, – гуфт Дилрабо. – Падару модарашон инсонҳои хушбахт будаанд.

– Ҳа. Афсӯс, ки ҳоло ҳар дуяшон нестанд. Мегӯянд, ки падарашон вақти мактабхон будани Беҳзоди Мурод модарашонро бо чор фарзанд танҳо монда, дигар оила кардааст. Модарашон чанд сол пеш, вақти дар Русия будани Беҳзоди Мурод вафот кардаанд.

– Афсӯс...

– Беҳзоди Мурод худашон дар мактаб-интернати бачаҳои оилаҳои камбағал таҳсил гирифтаанд. Аз шогирдии мактаб-интернат то ба дараҷаи беҳтарин шифокор. Ин кори осон не. Аз дасти ҳар кас намеояд, – мамнунона гуфт Дилрабо.

– Албатта. Ба болои кӯҳ баромадан ҳамеша мушкил аст. Лекин аз боло поён фаромадан осон, – нафаси бадард кашид Хушнуда. – Илоҳо, ҳамеша роҳашон ҷониби қуллаи кӯҳ бошад...

Салоҳиддин ба девор такя карда, оқибати корро меандешид. Худро сарзаниш мекард. Чора меҷуст. Рӯз шавад чӣ кор кардан ва чӣ хел ба Самарқанд рафтанро фикр мекард.

Салоҳиддин худ марди тануманди қадбаланд буд. Мӯйи сараш сафед ва дар абрӯяш ҳам чанд тори сафед ба назар мерасид. Хамгаштҳои рухсораш аз дарду доғ, гарму сард ва пасту баланди рӯзгор ҳикоя мекарданд. Охир, ду ҳамсарро ба хок супурда буд. Зани якумаш дар садамаи нақлиёт вафот кард. Ягона писаре, ки доштанд, пас аз марги модар, ба хонаи холааш рафт. Салоҳиддин гоҳ-гоҳ дидорбинӣ мерафт. Аммо хешовандони занаш дар байни падару писар тухми нифоқ коштанд. Аз ин рӯ, оҳиста-оҳиста писараш аз ӯ дур шуд. Хабаргирӣ равад, суҳбат намекард.

Намехост. Мактабро хатм карду муҳоҷириро ихтиёр намуд. Ду сол боз дар Хабаровск кор мекунад. Зани дуюмаш камақл баромад. Кӯчагардиро дӯст медошт. Ҳамаи гапи хонаро байни мардум достон мекард. Салоҳиддин ба ҳама нозу ниёз, рафтору гуфтори вай тоқат мекард. Ба ҳар ҳол, хӯроки гармаш дар пешаш буду либоси танаш тоза.

Рӯзе аз кор баргашта, занашро овезон ёфт. Ба ҷони худ қасд карда буд. Боз муҷаррад монд. Ин ҳама ӯро афсурдаву аз зиндагӣ дилсард карда буданд. Бинобар ин, намехост сеюмбора оиладор шавад. Лекин...

Хушнуда парешон буд. Метарсид. Сахт меҳаросид. Наход духтараш коронавирус аст. «Аз рӯзе, ки беморӣ аниқ шуд аз хона кам мебароем. Танҳо ба хона ягон чиз даркор шавад, то дӯкони сари кӯча мерафтем. Чӣ хел ин беморӣ сироят карданаш мумкин? Наход...» меандешид ва садои дар ӯро аз вартаи хаёлот берун овард. Парастор хабар дод, ки Беҳзоди Мурод ӯро ҷеғ мезанад. Хушнуда аз дасти духтари хобидааш бӯсид ва зери лаб, «зуд бармегардам» гуфта, берун рафт.

Беҳзоди Мурод самимона пешвоз гирифт:

– Ҳоло аҳволи Шукронабону хуб аст. Ҳарораташ ҳам дар меъёр. Ба фикрам ин коронавирус не. Ба бемории варами роҳҳои нафаскашӣ монанд аст. Лекин ба ҳар эҳтимол тест мегирем. Ман ба садорат хабар кардам. Чӣ набошад, табобатро тезтар сар кардан даркор, – ором сухан мекард ва пас аз сукути кӯтоҳ:

– Аҳволи Шумо чӣ хел? – пурсид. – Шавҳаратон омаданд?

– Не, – сархам ҷавоб дод Хушнуда.

– Дар шаҳр аз хешовандон ҳастанд?

– Ҳастанд... аммо ман барои онҳо нестам, – овозаш ларзид ва илова кард:

– Ҳозир ба шавҳарам занг мезанам.

– Соати ҳашт навбатдории ман тамом мешавад, – чашм аз Хушнуда намеканд. – Яъне, пас аз ду соат. Пеш аз рафтан бо шавҳаратон баъзе масъалаҳоро маслиҳат карданӣ будам.

– Чӣ хел масъала? Бе парда гап задан гиред... Агар масъалаи пул бошад, хавотир накунед. Чӣ хел набошад, пулро месупорем.

Беҳзоди Мурод мулоим хандид:

– Дар ҳаёт ҳама масъала ҳам бо пул вобаста нест. Масъалаҳои аз пул муҳимтар зиёданд. Кори бомаслиҳат буд.

– Чӣ хел кор? – сарашро боло бардошт Хушнуда ва теғ кашида нигоҳ кард.

– Масъалаи ба дигар шифохона гузарондани Шукрона.

Яъне шифохонаи махсус барои табобати чунин беморон.

– Чунин беморон!? Чӣ хел беморон? – рухсораш ранг бохта, аз ҷой хест Хушнуда. – Шукрона коронавирус аст?

– Воҳима накунед, – Беҳзоди Мурод ҳам ба пой рост шуд. – Ман шифохонаеро дар назар дорам, ки дар он ҷо беморони шамолхӯрдаро даво мекунанд. Ба ҳар ҳол...

– Моро муфтхӯру фиребгар фикр мекунед? Аз мо тезтар халос шудан мехоҳед? – дар миёни сухани шифокор гуфт

Хушнуда ва гирякунон баромада рафт.

– Шумо маро нодуруст фаҳмидед, – ҳиҷолат шуд Беҳзоди Мурод...

Тирамоҳ. Табиат димоғсӯхта буд. Шамоли сахт мевазид. Ангор дарахтонро решакан мекард. Шохҳо чунон ба ҳам «даст» мезаданд, ки баргҳои тиллоранг ба чор тараф пош мехӯрданд. Дар тори ҳаво ба дуриҳо парвоз мекарданд.

Поси шаб Салоҳиддин аз меҳмонӣ бармегашт. Аз дур, дар рӯ ба рӯйи хонаи худ, зери пешайвони маҳалла сояи одам намудор шуд. Ба хона наздик рафта дид, ки ду нафар менишастанд. Аз либоси сурхрангашон аён буд, ки зан ҳастанд. Салоҳиддин беэътибор вориди ҳавлӣ шуд. Хонаи хоб даромад ва телевизор гиронда, рӯйи диван нишаст.

Соате нагузаш­ та хобаш омад. Аз ҷо хеста пеши тиреза рафту як табақи онро кушод. Борон меборид. Шамол онро ба дару девор мезад. Беихтиёр чашми Салоҳиддин ба пешайвони маҳалла афтод. Он ду нафар дар ҷойи худ менишастанд. «Онҳо кӣ бошанд? Чаро намераванд? Мусофир бошанд?» дар худ фикр кард ва берун рафт.

Духтараке дар канори зан, сарашро рӯйи зонуи ӯ ниҳода меистод.

– Салом хоҳар, – наздик рафт Салоҳиддин.

Онҳо сар боло карданд. Зан алейк гирифт. Садояшро шамол бо худ бурд.

– Нисфи шаб дар кӯча. Мусофир ҳастед?

– Роҳгумзадаем, – садояш дард дошт.

– Дар ин борон тар мешавед. Биёед, хона дароед.

– Раҳмат амак. Ҳамин ҷо нағз аст.

– Ғами худатонро нахӯред ҳам, ба духтарак раҳм кунед, – гуфт Салоҳиддин. – Дар ин борон духтарча касал мешавад. Ҳавлӣ калон, хона бисёр.

– Очаҷон равем, – рӯй ба модараш овард духтарак, ки чор-панҷсола менамуд. – Ман дар кӯча метарсам.

– Биёед. Якравӣ накунед, хоҳар. Духтаратонро фикр кунед...

Хушнуда сар ба кати Шукрона монда, аз нуқтае чашм намеканд. Даҳонаш талх буд. Намедонист, ки оқибати гиря буд ё гушнагӣ. Охир чанд рӯз боз хӯроки гарм нахӯрда буд. Чашм аз ҷисми лоғару рангпаридаи ҷигарбандаш намеканд. Фикр мекард. На ояндаи дурро, ҳамин рӯзро, ҳамин соатҳои наздикро. Вай як умед дошт ва дигар хаёле дар сараш набуд. Аз офарандаи замину осмон илтиҷо мекард, ки ба ҷони кӯдакаш раҳм кунад. Коронавирус набошад ва тезтар ба по хезад. Аз дар Дилрабо даромад.

– Аҳволаш чӣ хел? – пурсид.

– Хоб, – гиряолуд гуфт Хушнуда.

– Аз таъсири дору. Ҳа, нагуфта мехезад, – гуфт парастор ва дамосанҷро ба даст гирифт. – Ҳозир ҳарораташро мебинем.

– Хоҳарҷон, телефон доред? – пурсид Хушнуда.

– Ҳа.

– Телефон кунам мешавад?

– Хай, – гуфт Дилрабо ва телефони дастияшро дароз кард.

Хушнуда ба шавҳараш телефон кард ва пеши дар рафт.

– Ало. Ассалом.

– Салом, - аз ҷониби дигари гӯшӣ садо баланд шуд.

– Мардак шумо дар куҷо?

– Дар Каттақӯрғон. Шукрона чӣ хел? – саросема пурсид Салоҳиддин.

– Шукрона хоб.

– Духтур ҷеғ задӣ?

– Ба шифохонаи шаҳр овардам. Шумо кай ба шаҳр мерасед?

– Намедонам. Кор хӯрҷин. Чӣ хел рафтанро ҳам намедонам.

– Чаро? Чӣ шуд?

– Пуламро дуздиданд.

– Чӣ? Чӣ мегӯед? Пул...

– Пуламро дар мошин дуздиданд. Дар дастам як тин пул нест. Намедонам чӣ хел шаҳр равам.

– Шифохонаро чӣ мекунем?

– Намедонам. Равам маслиҳат мекунем. Духтурон чӣ мегӯянд?

– Маълум не, – гуфт Хушнуда.

– Хай, аз Шукрона бохабар шав. Ман як илоҷ мекунам, – гуфт Салоҳиддин ва телефонро хомӯш кард.

Хушнуда саргаранг шуд ва омада, дар лаби кат амонатӣ нишаст.

– Ҳарораташ муътадил, – гуфт ҳамшира.

– Хай, – парешон сар ҷунбонд Хушнуда ва телефонро дод.

Хушнуда сару нӯги калобаашро гум кард. Пули шифохонаро чӣ хел аз куҷо пардохтанро фикр мекард. «Агар бемории Шукрона вазнин бошад, доруҳои қимат лозим. Онҳоро аз кадом ҳисоб мегирем? Ба шифокор ваъда додам, ки пагоҳӣ доруҳои заруриро мебиёрем. Шавҳарам пул гум шуд мегӯяд. Яъне ду панҷа дар бинӣ меояд», дили Хушнударо ваҳм зер кард...

Чашми рӯз равшан шуда, дар кӯчаҳо як-як одамон зиёд мешуданд. Ҳама дар рӯй ниқоб доштанд. Гарчанд аз ҳар тараф чаҳ-чаҳи булбулон ба гӯш мерасид, он бе қаҳ-қаҳаи мардум файзе надошт. Одамон бо ҳам кам гуфтугӯ мекарданд, аз ҳам дур мегаштанд. Ҳама аз сирояти коронавирус метарсиданд. Ронандагон роҳкироро дучанд карда буданд. Боз бешармона мегуфтанд, ки то даромадгоҳи шаҳр мебаранд. Ба даруни шаҳр иҷозат нест. Салоҳиддин маблағи телефонашро дид ва дубора ба ҳамон рақаме, ки поси шаб телефон карда буд, занг зад.

пешина
аз 10
навбатӣ