Зеҳн
Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хушнуда парешонҳол дар қабулхона менишаст. Ота32 ши тарс то рафт аланга мегирифт. Баробари Беҳзоди Муродро дар толор дидан, ҷониби ӯ шитофт.

– Аз Шукрона хавотир накунед. Мутахассисони ботаҷриба ӯро муоина мекунанд. Аҳволи худатон чӣ хел?

– Ман нағз.

– Чӣ хел нағз? Медонам, аз шаб инҷониб ягон чиз нахӯрдаед. Рафтем, ҳамроҳ ба ошхона меравем.

– Раҳмат, шикамам сер, – бесаранҷом шуд Хушнуда.

– Шиками ман гушна. Хонаи шуморо меёбам гуфта, пешин ҳам ягон чиз нахӯрдам. Барои ҳамин бо ман ҳамроҳ меравед.

– Не, ҳамин ҷо буданам беҳтар аст.

– Суханамро дар замин нагузоред, – гуфт Беҳзоди Мурод. – Илтимос...

Мақсади ӯ аслан дигар буд. Мехост бо Хушнуда суҳбат карда, аз гузаштаву имрӯзи рӯзгораш пурсад. Охир, вақте ки Нозиму Хушнударо дид ва бо онҳо шинос шуд, дар бар либосҳои хушзеб доштанд ва аз зиндагӣ масруру аз ишқ сармаст буданд. Чӣ воқеа шуд, ки онҳо ба чунин ҳол гирифтор шуданд? Нозим дар куҷост? Ҳоло чӣ кор мекунад? Наход то ҳол як фарзанд доранд?

Беҳзоди Мурод ният дошт ба ин саволҳои беҷавоб посух гирад. Ва ба Хушнуда гӯяд, ки вай ҳамон бачаи бепадарест, ки аз ҳаёту зиндагӣ дилгир буд ва онҳо дар дили торики ӯ шамъи умед фурӯзон карданд. Ҳамон бачаи дурӯғгӯест, ки суҳбати якмаротибаинаи онҳо шиори зиндагияш гардид ва роҳи ҳаёташро куллан тағйир дод. Ҳамон хонандаи мактаб-интернат аст, ки онҳо дар ҷисми хурди вай тухми боварӣ ба ояндаи дурахшонро киштанд. Ҳамон кӯдаки кӯтоҳдастест, ки ба дидори модар зор буд. Ҳамон «шермардест», ки аз онҳо як умр қарздор аст...

– Ин ҳама дарду нокомиҳоро, ки аз сар гузарондам, ба душманам раво намебинам, – финҷони қаҳваро ба даст гирифт Хушнуда. Садояш ва дастонаш кам-кам меларзи33 данд. Чашм аз нуқтаи ноаёне наканда нақли худро давом дод:

– Ба ҳамааш худам айбдорам. Ғурур, саркашӣ, якравӣ, сабук­ андешӣ ва гапнодароиям балоҳоро ба сарам овард.

Шояд шӯри ҷавонӣ буд, шояд нозпарварди хона буданам ва шояд муҳаббат, дар осмони ҳафтум парвоз менамудам ва ҳар коре дилам мехост мекардам. Ба гапи касе гӯш намеандохтам. Ҳатто ба сухану маслиҳатҳои модарҷонам, ки маро танҳо, бепадар калон карда буд. Ҷавонеро дӯст медоштам. Сахт дӯст медоштам. Бениҳоят сахт. Вай ҳам маро дӯст медошт. Бахтиёр будем.

Беҳзоди Мурод фаҳмид, ки гап дар бораи Нозим меравад.

– Ба эътирозу норизогии пайвандон нигоҳ накарда, оила бун­ ёд кардем. Гуфтанд, ки бо муҳаббат шикам сер намешавад. Гуфтанд, ҳеч як эҳсосот абадӣ нест, ҳамааш даргузар аст. Гуфтанд, ки дил гарчанд яктост, ду хона дорад. Ҷое як муҳаб­ бат ғунҷидааст, ба муҳаббати дувум ҳам ҷой ёфт мешавад. Бовар накардем. Ба ин ҳама сухан парво надоштем. Он ҳама гуф­ тор барои мо ҳарзае беш набуд. Пас аз тӯй ҳафт сол гу за­ шт. Аммо фарзанддор нашудем. Шабу саҳар аз Худо фарзанд мепурсидам.

Доғи бефарзандӣ маро ҷавонпир ва шавҳарамро майзада кард. Ҳар рӯз менӯшид. Ҳар рӯз маст меомад. Ба рӯзгор умуман эътибор намедод. Болоро бод бараду поёнро сел, ба вай аҳамият надошт. Ҳар рӯзам зери санги таънаю маломати падаршӯву хушдоманам мегузашт. Ҳар боре танг шавам, пеши модарам рафта, диламро холӣ мекардам. Ягона ҷойи работам хонаи модарам буд. Дар ин байн модарам вафот карданду он дару даргоҳ ҳам бароям бегона шуд, – дона-дона ашк рехт Хушнуда.

– Соли ҳаштум Худо ба коми дил расонд. Орзуямро иҷобат кард. Аз ин хушхабар ҳар ду дар замину осмон намеғунҷидем. Ҳаётамон аз нав ранг гирифт, нишот пайдо кард. Гӯё хуршеди бахт баъди интизориҳои зиёд аз қафои абри сиёҳ дубора тулӯъ намуд. Шавҳарам акнун тағйир ёфта буд. Наменӯшид. Ҳар рӯз бо туҳфа хона бармегашт. Аммо ин дер тӯл накашид... Нозим, шавҳарам дар садама вафот кард.

Беҳзоди Мурод дар худ ларзид ва финҷони қаҳваро рӯйи миз монд.

– Рӯзҳоям тира гашт. Он ҳама ғамҳое, ки аз сар гузаронда будам, пеши ғуссаҳое, ки баъди марги шавҳарам ба сар омад, чун қанд буданд. Бисёр ғам медоданд. Моҳе нагузашта хусуру хушдоманам тифли шашмоҳаи батнамро сархӯр, сари писарамонро хӯрд, аз нокаси кӯча бордор шудӣ гуфта, аз хона берун карданд. Бо ду дасти холӣ ба хонаи падарам баргаштам. Афсӯс, падару модар аз дунё гузаранд, бо худ файзу баракати хонаводаро ҳам мебурдаанд. Он дару даргоҳ маро чун бегонае қабул кард. Зани бародарам димоғсӯхта гардид. Дар сари ҳар қадам маро таъна мезад. Шунаво карда, «ин сарсахт ба хона бадбахтиҳо меорад» мегуфт. Ба гӯш сахт расад ҳам, дидаро ба нодида, шунидаро ба ношунида гирифта, дам фурӯ мебастам. Нишонаи ягонаи шавҳарамро, меваи муҳаббати ҷавониямро эҳтиёт мекардам. Агар шаккокӣ ҳам буд, бисёр мехостам, ки писар таваллуд кунам. То пойкӯби падар гардад. Ба ман такягоҳ шавад.

Лекин духтардор шудам ва ба ҳамин неъмати дердодаи

Худованд шукр карда, Шукрона ном ниҳодам. Баъди таваллуди кӯдак таънаву маломати янгаам дучанд зиёд шуд. Дар пеши бародарам киноя мезад, нони хӯрдаамонро миннат мекард. Аз ҳама нангин ва аламовараш, бародарам баръакси чашмдошт ин ҳамаро ором гӯш мекард. Ҳатто як даҳан «ҷим шин» намегуфт. Ниҳоят, косаи сабрам лабрез шуд, – нафаси жарф кашид Хушнуда ва оби чашмашро бо остин пок кард. – Ё дор мекафад, ё манор гуфта, хонаи падарамро тарк кардам. Хостам аз ҳамааш дуртар бошам. Аз хешовандонам, аз пайвандони шавҳарам ва аз ҳама муҳим, аз хотираҳоям. Аз Ҷиззах ба Самарқанд омадам.

Вақтро ба чашм дида, бо дил эҳсос карда ва бо даст дошта намешавад. Аммо ҳукми онро бо як назар дар рухсори одам дидаву дониставу эҳсос кардан мумкин. Дар ҳаёт чизе нест, ки вақт ба он таъсиргузор набошад. Вақт теғи бурранда аст ва он баробари маро ҷавонпир кардан, дардҳои кӯҳнаамро даво шуд. Дар Самарқанд ҳаётамро як навъ ба роҳ мондам. Ба иҷора хона гирифтам. Дар мактаб кор ёфтаму чанд сол чун китобдор кор кардам...

Лекин боғи бесоҳибро поймол кардан осон будааст. Ҳар касу нокас ба он санг мепартофтааст. Бевазан ҳам чун боғи бесоҳиб аст. Аз ин рӯ, доим санги маломат ба сарам мезаданд. Дар хона ҳамсояҳо ғайбат кунанд, дар ҷойи кор ҳамкорон. Ман аз онҳо худро чӣ қадар дур гирифта, кордор набошам, онҳо ҳамон қадар наздиктар шуда, аз паям туҳмат мебофтанд. Дар давоми беш аз чор сол чанд маротиба хона иваз кардам. Гоҳ танҳо зиндагӣ мекардам, гоҳ ҳамроҳи донишҷӯён, гоҳо бо оилаи дигар. Мушкилиҳо меомаданд ва сари танҳо онҳоро ҳал менамудам, бо умеди ояндаи нек сабр мекардам. Корам хуб буд. Мудири таълимгоҳ дигар шуду бо сад ваҷҳу баҳона маро аз кор сабукдӯш кард. Дертар фаҳмидам, ки ба ҷойи ман хешованди худро овардааст. Чанд моҳ кор ҷустам. Кор намеёфтам ва аз ҳамин сабаб, иҷорапулиро дода натавонистам. Рӯзе бегоҳ омада, чизу чораамро берун аз дар дидам. Соҳибхона дигар иҷоранишин ёфтам гуфт. Ҳуҷҷатҳоямро гирифта, таъкид кард, ки то иҷорапулиро надиҳам, барнамегардонад. Бо илтимос як шаб истодем ва субҳи дигар ҳамроҳи

Шукрона кӯча ба кӯча гашта хона кофтем. Охири фасли тирамоҳ буд. Азбаски зимистон меомад, аз хонаҳои бисёрошёна кошона ёфтан душвор буд. Аз ин рӯ, бо мақсади квартираи арзон ёфтан маҳаллаҳои ноҳияи Самарқандро давр задем. Ҳама хонаҳои дуошёна, сеошёнаи сангин сохта буданду дилҳояшон аз санги девор ҳам сангинтар шуда буд. Сарду дурушт ҷавоб медоданд. Рӯз шаб шуд. Хона наёфтем. Сару бари худро гум карда будам. Ниҳоят, дар пешайвони маҳаллае ҳамроҳи Шукрона ҷойгир шудем. Борон сар кард. «Беша бе шер нест, дарё бе моҳӣ», гуфтаанд.

Ҳамин вақт Салоҳиддинака, шавҳари дуюмам омада, моро аз хонааш ҷой дод. То имрӯз бисёр ташвишҳоро аз сар гузарондам. Ба маъное, кал ҳам заду кӯр ҳам зад, пасмонда кулӯх ҳам зад, – рӯ ба Беҳзоди Мурод овард Хушнуда ва маҳзун табассум кард:

– Намедонам, ин ҳамаро чаро ба шумо мегӯям? Гиреҳи диламро кушода, рӯҳам сабук шуд. Агар сари шуморо ба дард оварда бошам, бубахшед, – гуфт ва аз ҷой хеста берун рафт.

Беҳзоди Мурод дар андеша афтода буд ва зери лаб:

– Аҷаб тақдир, – гуфту аз қафо шитофт.

Дар пеши қабулхона марди қоматбаланди солхӯрдае меистод. Хушнуда ӯро дида тезтар роҳ гашт. Беҳзоди Мурод мардро аз хешовандони Шукрона пиндошт.

– Ин шифокори Шукрона – Беҳзоди Мурод, – шинос кард

Хушнуда ва илова намуд: – Ин кас Салоҳиддин.

– Кӣ? – нағз нашунид Беҳзоди Мурод.

– Салоҳиддин. Шавҳарам...

Беҳзоди Мурод дар худ як такон хӯрда, бо ҳайрат як ба мард ва як ба Хушнуда нигоҳ кард. Ҳамин вақт парасторе омада:

– Беҳзоди Мурод, шуморо саршифокор ҷеғ мезананд, – гуфт.

Хушнуда парешон ба ӯ нигоҳ кард.

– Шояд натиҷаи тест маълум шуда бошад. Зуд бармегардам, – гуфт Беҳзоди Мурод ва бошитоб рафт. Вақте ки аз пеши саршифокор баргашт, Хушнуда пешорӯяш давид:

– Чӣ гап? Чӣ шуд? – саросема пурсид.

– Ҳеч ҷои хавотир не. Натиҷаи тест манфӣ. Шукрона ба бемории варами роҳҳои нафаскашӣ гирифтор шудааст.

Табобат кунем, зуд сиҳат мешавад.

– Худоро шукр, – дар чеҳраи Хушнуда табассум гул кард.

Беҳзоди Мурод ҳамон хандаи беғубореро, ки чордаҳ сол пеш дида буд, такрор дид ва беихтиёр:

– Акнун ба худатон монанд шудед, – гуфт.

Хушнуда шарм дошта, сар хам кард. Беҳзоди Мурод ҳам сурх гашта, даст ба бағалкиса бурд ва ручкаеро гирифта ба Хушнуда дароз кард:

– Ин ба шумо, – худнависро дода рафт.

Аввали моҳи сентябри соли 2006. Аз истгоҳи ноҳияи

Ғаллаороли вилояти Ҷиззах ба поезд як зани миёнсол дар оғӯшаш кӯдак, як писарчаи лоғари дарози чордаҳ-понздаҳсола ва ду духтараки нозукчеҳраи пахмоқмӯ, ки дар синну сол қариб аз ҳам фарқ намекарданд, савор шуданд. Дар қатор ҷойи нишаст набуд. Ҷавоне хеста ба зани кӯдакдор ҷой дод. Ду мусофире, ки дар рӯ ба рӯйи зан менишастанд, духтараконро пеши худ гирифтанд. Писарак дар китф сумка, дар паҳлуи зан рост меистод. Дуртар аз онҳо як ҷавон бо духтаре менишаст. Духтар дар тан либосҳои наварӯсӣ дошт. Зоҳиран, зану шавҳар буданд: навхонадорон. Писарак ба онҳо дуздона нигоҳ мекард. Ҳар ду хушҳол буданд ва бо овози паст суҳбат мекарданд. Арӯс хандаи зебо дошт: беғубор, самимӣ ва дилкаш. Ногоҳ нигоҳҳои ҷавонмарду писарак ба ҳам бархӯрданд. Писарак зуд чашмашро гирифта гурехт.

– Дӯст, – ҷониби писарак нигоҳ карда гуфт ҷавон. – Биё, дар пеши мо нишаста меравӣ. – Раҳмат, – ҳиҷолат кашид писарак.

– Биё, ҳамроҳ мешинем, шарм накун, – дубора такрор кард.

Зани кӯдакдор, магар модари писарак буд, аввал ба ду навҷавон нигоҳ кард, баъд ба писараш рӯ овард:

– Гузар, шин. Дар мобайн рост наист.

Писарак итоаткорона сар ҷунбонд ва пеши ду навҷавон омада нишаст. Ҷавонмард сумкаи писаракро гирифта, дар канор гузошт ва ӯро аз паҳлуи худ ҷой дод.

– Куҷо меравӣ? – пурсид ҷавон.

– Самарқанд. Хонаи бобом, – пас аз сукути кӯтоҳ ҷавоб дод писарак.

– Чандум синф мехонӣ? – пурсид наварӯс.

– Аз ҳафт ба ҳашт гузаштам.

– Вай зан модарат ҳастанд?

– Ҳа.

– Номашон чӣ?

– Садоқат.

– Номи падарат чӣ?

– Мурод.

– Падарат чӣ кор мекунанд?

– Дар завод.

Онҳо бо навбат савол медоданд. Писарак бо сари хам кӯтоҳ ҷавоб мегардонд. Пас аз ҳар як ҷавоб чеҳраи писарак ранг дигар мекард. Нороҳат мешуд. Сари худро намебардошт. Ӯ дурӯғ мегуфту аз ошкор шудани лофи худ меҳаросид. Ногоҳ аз ҷо хеста:

– Ҳозир меоям, – гуфта пеши модараш рафт. Аммо барнагашт.

Аз як нигоҳ пай бурдан душвор набуд, ки онҳо хушбахтанд. Арӯс чеҳраи пурнур дошт. Ҳама ба онҳо бо чашми ҳавас менигаристанд. Яке айёми ҷавонии худро ба хотир орад, дигаре орзу мекард, ки чун онҳо бошад, ҷуфти муносиб ёфта ҳаёти хуррам гузаронад. Навхонадорон ба ҳам чун ангуштариву нигин мувофиқ буданд. Ҳама саргарми кору суҳбат менишастанд, чиптафурӯш вориди вагон шуд ва бо овози гӯшхарош:

– Ҳеч кас дар мобайн рост наистад, – гуфт. – Ҳама ҷойҷойи худро ёфта шинад.

Зани кӯдакдор ба писарак ишора кард, ки рафта шинад.

Писарак дубора ба пеши навҷавонон омад. Онҳо боз писаракро ба савол гирифтанд. Дар бораи таҳсил, мактаб, баҳо, фанни дӯстдошта, орзуҳояш пурсиданд.

– Мо бо ҳам дӯст шудем, – гуфт ҷавонмард.

– Ҳа, – хурсандона гуфт писарак ва аз ҷавоби худ камтар сурх шуда бо оҳанги савол:

– Дӯстон ба ҳам дурӯғ мегӯянд? – гуфт.

– Не, – ҷавоб дод ҷавонмард. – Пойдевори дӯстӣ эътимод, боварист. Дар он ба дурӯғ ҷой нест. Агар дар миёни ду дӯст дурӯғе бошад, онҳо дӯст нестанд.

– Ман ба шумо дурӯғ гуфтам, – сар хам кард писарак.

– Чӣ? – дилдодагон ба ҳам бо тааҷҷуб нигоҳ карданд. –

Чӣ хел дурӯғ?

– Падарам дар завод кор намекунад, – овози писарак меларзид.

– Дар куҷо кор мекунанд?

– Ба Русия рафтаанд. Дар он ҷо дигар зан доранд, – бо шеваи бачагона оҳиста нақл кард писарак. – Мо ҳамроҳи модарам зиндагӣ мекунем. Модарам фаррош аст. Барои таълим ва хӯроку либосвории мо моҳонааш намерасад. Барои ҳамин ману хоҳари калонамро ба мактаб-интернат монданд. Дар он ҷо барои мо ҷойи хоб ва хӯрокворӣ бепул аст. Аз пагоҳ мактаб сар мешавад. Мо ба дарс меравем.

Баъди ҳар як чоряк, дар таътил ба хона бармегардем. Зиндагии мо бениҳоят душвор аст. Камбағалем...

Навхонадорон писаракро бодиққат гӯш мекарданд. Дар чашми ҷавон ашк ҳалқа зад. Арӯс бошад, гиря мекард. Ҷавонмард писаракро ба оғӯш кашида:

– Шермард! Танҳо шермардҳо аз гуфтани ҳақиқат наметарсанд. Ғайр аз ин, ту камбағал нестӣ. Чунин мода40 ри ғамхору дилсӯз, хоҳару додарони ширин ва тани сиҳат дорӣ. Ин ҳама давлати туст, – гуфт ва аз ҷайб ручкаеро бароварду ба писарак дод:

– Ин аз мо ба ту туҳфа. Медонӣ, дӯстам, зиндагӣ дар он сатҳе, ки мо фикр мекунем, мураккаб нест. Гоҳ худамон онро аз ҳад беш мураккаб месозем. Ту ҳоло ҷавонӣ.

Яъне чӣ? Ояндаат дар пеш аст.

пешина
аз 10
навбатӣ