«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Ҳамин тавр, Доробшо дар ин оғилзиндон ҳамроҳи Шодаврону бандиҳои дигар се моҳи умри ҷавонашро зоеъ сохт. Чандин бор нийят кард, ки бигрезад, вале Шодаврон садди роҳаш мегашт. Аммо андешаи озодӣ ягон дақиқа аз сараш дур намешуд. Пайваста ба ин саволҳо посух меҷуст: «Чаро рӯшониён дар баробари золимон оҷизанд? Барои чӣ мардуми одӣ ин қадар бадбахт аст?». Баъзан аз шиддати хаёлот ва ҷавоб наёфтан сараш ба дард меомад. Танҳо сурудҳои зиндагидӯстона ва ошиқонаи Шодаврони солхӯрда гоҳе ғами дилашро мезудуданд ва насиҳатҳои ӯ саманди саркаши хулқу атворашро лаҷом мезаданд.
Ӯ ин марди содадилу меҳрубонро чун падар сахт дӯст дошт, баъзан ҳатто вақте эҳтироси ботинӣ вуҷудашро ба ғалаён меовард, сар дар бағалаш мениҳоду ором мегирифт.
Зиндониён ҳисоби шабу рӯзро гум карда буданд, зеро боре ҳам иҷозаашон намедоданд, ки берун бароянд ва дақиқае ҳавои тоза нафас бикашанд. Аммо рӯзе мардеро ба маҳбас оварданду сарнавишти Доробшо тағйир ёфт.
Ин мард Хайримаҳмад ном дошт. Падараш аз Вамд буд, модараш аз Сохчарви Шуғнон. Аҷдод ба аҷдодаш шикорчӣ гузашта буданд. Каме боғу замин ҳам доштанд ва рӯзгорашон бад намегузашт. Падараш Бозмаҳмадро чун инсони худотарс, тақводор ва саховатманд дар тамоми водӣ мешинохтанд.
Чаҳор фасли сол моҳе ду-се маротиба ҳамроҳи писаронаш
Хайримаҳмад ва Шакармаҳмад ба шикори нахчир мебаромад.
Ҳам ба онҳо касбашро ёд медод, ҳам шикор карда, оилаашро бо гӯшти хушлаззат таъмин менамуд. Ва на фақат оилаашро.
Вақте бузро пӯст меканд, ҳар як андомашро ба номи як ҳамсояаш хеле назиф мебурид ва дарзамон ба дасти бачаҳояш медод, ки ба хонаи фалонӣ бирасонад. Пеш аз шурӯи пӯстканӣ ба занаш амр медод, ки дар танӯр оташ афрӯзад. Баробари кашидани пӯст шушу ҷигар ва дилу гурдаи ҷонварро ба дег меандохт. То ба охир расидани андомҷудокунӣ кабоби хушбӯю болаззат омода мешуд ва аҳли хонавода гирди дасторхон ҷамъ омада, онро нӯши ҷон мекарданд.
Бозмаҳмад марди китобхон буд ва ба фарзандонаш – ду писару се духтар шахсан худаш савод меомӯхт. Гоҳе модари бачаҳо эътироз мекард, ки вақти духтаронро бо таълими хату алифбо беҳуда нагирад, аздусар кори онҳо хонадориву бачапоӣ хоҳад буд, на муллоиву охонӣ. Вале Бозмаҳмад мегуфт, ки зану мард бояд аз илму дониш баробар баҳраманд бошанд, чун инсон аз ҳайвон бо донишу тоат фарқ мекунад. Худ пайваста намоз мехонду зану фарзандонашро ҳам намозхон карда буд. Шомгоҳони зимистону тирамоҳ дар гирди танӯр ва баҳору тобистон болои суфа менишастанд ва падар дар хусуси дину диёнат ва одобу ахлоқ қиссаву ривоятҳо мегуфт ё китобе мехонду онҳо гӯш мекарданд. Махсусан, вақте дар бораи
Мавлои замон гап мезад, аз даҳонаш асал мерехт. Мегуфт, ки Мавло дар рӯи замин мартабаи худоӣ дорад ва шофеи рӯзи қиёмати тамоми мусулмонон ӯст. Ӯ нигаҳдорандаи замину осмон ва мушкилкушои бандагони хокист. Тамоми исмоилиён ба номи ӯ намоз мехонанд ва фармонҳои муборакаш дастури зиндагонии онҳоянд.
Хайримаҳмад таҳти таъсири мавъизаҳои падар ба Мавлои замон сахт дилбаста гардид, ба сараш ҳавои дидори ӯ афтод, ҳатто гоҳу ногоҳ ин шахси бузург ба хобаш медаромад. Ӯ хобашро ба касе, ҳатто ба падари меҳрубонаш нақл намекард, метарсид, ки кӯтоҳие аз ӯ сар бизанад ва Мавло ӯро аз неъмати дидори худ бенасиб бигардонад.
Солҳо гузаштанд, падару модараш пир шуданд, хоҳаронаш шавҳар карданд, ӯву додараш зан гирифтанд ва мувофиқи расму русум, падараш ба ӯ хонаи алоҳида сохту Шакармаҳмад дар хонаи падарӣ монд. Падар дар рӯзи хонадароён ба Хайримаҳмад як камони наппа-нав ҳадя кард.
– Писарам, ин камонро ман ба ивази аспи туруқ аз як дӯсти қалъаихумбиам барои ту гирифта будам. Агар хоҳӣ, аз касбат баракат ёбӣ, ҳафтае аз як сар бештар шикор накун. Гӯшти сайдатро аввал бо беваву бечора, баъд бо бародар ва ҳақу ҳамсояҳои наздикат қисмат намо. Сад нахчирро ки шикор кардӣ, камонатро шикаста, гӯраш кун ва ба номи Мавлои замон ба мардум худоӣ деҳ. Фақат баъд аз ин бо камони нав ба шикор баро. Китоби «Сайднома»-ро ба бародарат медиҳам. Агар дар корат гиреҳе афтад, онро мутолиа бикун.
Ҳамин тавр, Хайримаҳмад дуои падарро гирифт ва шикорчии касбӣ шуд. Ба дунёву шуъбадаҳои он коре надошт, тамоми фикру зикраш ба тарбияи фарзандон банд буд. Дар ҷангҳое, ки гоҳ-гоҳ рух медоданд, на дӯст дари онҳоро кӯфта буду на душман. Обрӯву нуфузи падараш на фақат хонаводаи ӯ, балки тамоми сокинони деҳаро аз ҳуҷуму ғорат масун медошт.
Аммо балое, ки ба сари ӯ омад, чунон ки мегӯянд, рост аз таги по бархост. Он рӯз субҳи солеҳон камон сари китф аз хона баромада, ба азми шикор роҳи кӯҳро пеш гирифт. Ба даҳанаи дара наздик расид, ки банохост аз хамгашти роҳ панҷ аспсавори ношинос пайдо шуда, роҳашро гирифтанд. Ду нафарашон камонҳои худро ба сӯяш рост карда, пурсиданд:
– Кистӣ ва бо камон ба куҷо равонаӣ?
– Ман бунаи ҳамин деҳаам, номам Хайримаҳмад, шикорчиам ва азми шикор дорам.
Онҳо ба гапи ӯ бовар накарданд, камонашро гирифтанд ва дастонашро ба пушт баста, то бегоҳи рӯз ба маркази Рӯшон оварданд. Дар роҳ фаҳмид, ки онҳо навкарони шоҳи Шуғнон будаанд, ки барои посбонии роҳи Дарвоз муваккал шудаанд. Ӯро ба назди афсари қирғизмонанде дароварданд, ки ба шуғнонии шикаста ҳарф мезад ва Хайримаҳмад аз салобату гапзаниаш фаҳмид, ки яке аз сардорони лашкар аст. Афсар пас аз бозпурсии кӯтоҳ амр дод, ки камонашро гиранду ҳабсаш кунанд.
Ҳамин тавр, тақдир Хайримаҳмаду Доробшоро дар оғили бадбӯйи Бандайшои вомарӣ ба ҳам овард. Хайримаҳмад ҷавонмарди сӣ-сивудусолаи тануманд ва қадбаланд буд. Азбаски сараш ба шифти оғил мерасид, хам шуда ҳаракат мекард ва вақте менишаст, тоқиашро аз гарду чанг ва тори анкабут тоза менамуд. Пайкари бузургу қавии ӯ аз саломатӣ, дилпурӣ ва мардонагиву паҳлавонӣ ончунон саршор буд, ки дарзамон ба қалби атрофиён таъсираш мерасид. Ӯ бо худ габале1 аз пӯсти хирс ва миқдоре нон, мева ва гӯшти яхнӣ дошт. Баробари нишастан габалро ба тагаш андохта, ҷойи нишасти гарм муҳайё намуд. Баъд дасторхон кушода, ҳамаро ба «зиёфат» ва хӯрокашро ба онҳо тақсим кард. Доробшо аз Хайримаҳмад фаҳмид, ки фасли зимистон гузаштаву лашкари Шуғнон ҳамоно қалъаи Вомарро фатҳ накардааст. Сипоҳиён дар Вомару деҳаҳои атроф ба бедодиву айшу ишрат машғуланд.
Мардуми фақир хонаҳояшонро монда, ба деҳаҳои дурдасти Рӯшон ва Бартанг фирор кардаанд.
Хайримаҳмад бо бандиён зуд унс гирифт ва азбаски саводнок буд, ба онҳо аз китобҳои хондааш, бахусус «Шоҳнома», «Амир Ҳамза» ва «Чор дарвеш» қиссаву ривоятҳои аҷибу ғариб нақл мекард.
Ҳафтае гузашта буд, ки як субҳ Хайримаҳмад ба гӯши Доробшо гуфт:
– Дороб, шаб хоби аҷибе дидам. Марди сабзпӯше ба наздам омад ва дасташро дароз карду гуфт: «Эй Хайримаҳмад, ту магар говӣ, ки кунҷи оғил интихоб кардаӣ. Аз дасти ман бигиру бигрез». Овозаш он қадар равшан буд, ки дар ҳар ду гӯшам ҷарангас зад. Дигар хобам набурд. Биё, ҳамин шаб бигурезем.
Дороб, ки аз рӯзи аввали маҳбусӣ мунтазири ҳамин ишора буд, аз ғояти хурсандӣ гардани дӯсташро оғӯш гирифт ва гуфт:
– Чи хоби хайре! Мегурезем. Лекин чӣ тавр?
– Аз равзан, – пичиррос зад Хайримаҳмад.
Дӯстон аз нийяташон ҳатто Шодаврони хирадмандро огоҳ накарданд. Метарсиданд, ки мӯйсафед садди роҳашон мегардад.
Вақте посе аз шаб гузашту ҳамаро хоби гарон ба оғӯш гирифт, Хайримаҳмад Доробшоро чорғов шинонда, ба пушташ баромад ва сарашро аз равзан берун баровард. Посбон дар хоби маст буд. Доробшо ӯро бардошт. Вақте ними бадани Хайримаҳмад аз равзан берун шуд, бо дастонаш ба канораҳои равзан такя карда, бо ёрии Доробшо ба бом баромад. Дарҳол дасту по ва даҳони посбонро басту даст дароз карда, Доробшоро ҳам берун кашид. Сипас камони посбонро гирифтанд ва бо нардбон ба рӯи ҳавлӣ фаромада, ба ҷониби Вамд ҳаракат карданд.
Пойҳои Доробшо, ки бештар аз се моҳ роҳ нагашта буд, пас аз баромадан аз деҳаи Вомар бемаҷол шуданду ӯ ба замин нишаст. Хайримаҳмад ӯро ба пушт гирифт ва роҳашро давом дод.
– Ба Баҳрзуд ки расидем, ман илоҷи корро меёбам. Аз як дӯсти падарам асп мегирам. Бояд шабошаб ба Вамд расем ва субҳ надамида, ба он тарафи дарё гузарем, то касе моро набинад. Аммо ба ин ҳоле ки дорем, ба даст меафтем, – гуфт Хайримаҳмад ва қадамашро тез кард.
Дӯсти ҷонии падари Хайримаҳмад дар Баҳрзуд Қубод буд.
Ӯ чун донист, ки писари дӯсташ ба чи ҳол афтодааст, дарҳол аз ахтахона аспе баровард, зину лаҷом кард ва ба гурезагон дод.
Доробшову Хайримаҳмад бо Қубод хайрухуш карда, ба асп нишастанд ва бошитоб рафтанд. Раҳораҳ Доробшо норозигии дар дилаш ҷамъомадаро ба Хайримаҳмад баён кард:
– Бародар, ба ман мебуд, посбонҳоро мекуштаму бандиёнро раҳо мекардам. Одами бисёр раҳмдил будаӣ.
Хайримаҳмад ҷавоб дод:
– Андувол, агар чунин мекардем, ғалоғула мешуд. Ҳам ҷони худро ба хатар мегузоштем, ҳам ҷони дигаронро. Шояд мо ҷон ба саломат мебурдем, лекин онҳо чунон заиф гаштаанд, ки пояшонро кашола карда наметавонанд. Гир меомаданд ва ҳамаашонро аз дами теғ мегузаронданд. Посбон ҳам ба мисли ману худат фарзанди кадом як фақир аст, ки маҷбур ба навкарӣ гирифтаанд. Ӯ ягон гуноҳ надорад.
– Шуғниҳо гунаҳкор набошанд, навкарон гунаҳкор набошанд, пас мо гунаҳкорем, ки намемонанд дар ватанамон осуда нафас бикашем?
– Мағзи гапро гуфтӣ, Дороб, – гунаҳкор моем, мо – рӯшониҳову шуғнониҳо. Мепурсӣ, ки чаро? Барои он ки дар ватана78
мон бояд мо худамон ҳукмрон бошем, на бегонаҳо.
Ин гап барои Доробшо ба дараҷае нав буд, ки аз ҳайрат ба пушти ҳамроҳаш тап-тап зада, пурсид:
– Магар Юсуфалихону бародараш шуғнонӣ нестанд?
– Не, бародар, турканд онҳо. Аз Қатаған лашкар оварда, мардуми моро кушта, тахту тоҷи аҷдодамонро соҳиб шудаанд.
– Охир, Юсуфалихону Муҳаббатхон ҳар ду ба шуғнонӣ гап мезананд. Турк бошанд, бояд порсӣ гап зананд, на шуғнӣ, – ба гапи Хайримаҳмад бо шубҳа эътироз кард Доробшо.
– Албатта, шуғнӣ гап мезананд, чунки табаашон шуғнизабонанд ва бибикалонашон ҳам зани шуғноние буд. Лекин ботинашон дигар аст. Инҳо аз ҳисоби халқи мо бо карру фар зиндагӣ доранд, вале моро инсон ҳам ҳисоб намекунанд.
Аз ин суханҳо мағзу дили Доробшо якбора равшан шуд, ҳатто хаёл кард, ки ин равшанӣ шаби торикро ҳам ба рӯз табдил дод. Аз он ки тақдир ӯро бо чунин инсони хирадманд ва дурандешу бебок рӯбарӯ сохт, баҳри дилаш кушод. Акнун дарк намуд, ки озод накардани бандиён кирдори хирадмандонае буд аз ҷониби Хайримаҳмад. Доробшо ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки агар одам чанд муддат раҳ нагардад, пойҳояш бемаҷол мешудаанд. Охир, як чақрим нарафта, аз пой афтод.
Агар бандиёнро озод мекарданд, шояд ягон нафарашон аз Вомар фаротар қадам гузошта наметавонист.
Пас аз соате ба Вамд расиданд. Хайримаҳмад рост ба хонаи бародараш рафт. Аспро ба дарахте баста, ба хона даромаданд.
Аҳли хонавода бедор шуданду онҳоро гарм истиқбол намуданд.
– Бачам, хайрият зиндаву саломат будаӣ, – ашки чашмашро поккунон гуфт Бозмаҳмад, – хаёл кардем, ки дар кӯҳ ҷар шудӣ. Чанд рӯз боз аҳли деҳа туро мековад.
Хайримаҳмад қиссаи бандӣ шуданашро кӯтоҳ шарҳ дод ва афзуд: – Падарҷон, дигар фурсати нишастан нест. Бояд то равшан шудани рӯз ба он соҳил гузарем. Аз Қубодшои ошноят асп гирифтам, онро коре карда, номаълум ба ӯ баргардонед.
Барои он ки халқ нафаҳмад, то омадани навкарон аз Вомар ҷустуҷӯятонро давом диҳед.
Муйсафед амр дод, ки барояшон зуд тӯшаи сафар омода кунанд. Хайримаҳмад барои видоъ ба хонааш рафт. Ӯ ҳамсарашро бедор намуд ва барои он ки бачаҳояш нороҳат нашаванд, қазияро гӯшакӣ ба ӯ фаҳмонд.
– Бачаҳо омадани маро нафаҳманд, беҳтар, – гуфт ӯ. – Ман ба ҷустуҷӯйи ҳақиқат мебароям ва, иншооллоҳ, зиндаву саломат бармегардам.
Сипас фарзандони масти хобашро бӯсид ва бо ҳамсари музтарибу ғамзадааш бо ҷигари сӯхта хайрбод гуфта, аз хона баромад. Онҳо тӯшаву камонро бардошта, ба лаби дарё фаромаданд. Ду саночро дам карда, ба ҳам бастанд, сипас либосашонро кашида, бар пушт ниҳоданду худро ба об афканданд.
Доробшо дар шиноварӣ таҷриба надошт, вале Хайримаҳмад гупсари худ ва ҳамроҳашро моҳирона идора карда, амвоҷи сарди дарёро бурида, пас аз даҳ-понздаҳ дақиқа ба соҳили чапи Панҷи саркашу пуртуғён гузаштанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё