«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Паҳлавон Ҷаҳонгир, Мирзоазиз ва Мулло Хишол то анҷоми чароғравшан мижа таҳ накарда нишастанд. Пас аз пароканда шудани мардум қарор дод, ки дар хонаи халифа то гашти офтоб аз хоб сер шуда, баъд роҳи бозгаштро пеш гирад.
Наберааш бо ӯ монд, Мулло Хишол рафт. Мирзоазиз
Ҷаҳонгир ва халифаро то манзил ҳамроҳӣ кард. Пас аз он ки онҳо дар зери беди серсояи боғ сар ба болин гузоштанд, ба тамошои деҳа баромад. Моҳи тутпаз ҳукм меронду пас аз пароканда шудани ғубори нобаҳангоми ҳавои тобистон, хуршеди ҷаҳонтоб гармии тоқатфарсо оварда буд. Кӯҳу санг дар чор тараф тафсида, ба ҳарорати ҳаво ҳарорат зам менамуд. Рӯди
Панҷ талотум дошт, аз шиддати гармо карон то карон аз дами он ҳаври чун пунба сап-сафед ба осмон бармехост. Дар киштзорону боғоти деҳ касе ба назар намерасид. Одатан ҳини авҷи гармо мардум сари худро дар каппаҳои соҳили дарё аз офтоби мағзҷӯш паноҳ намуда, то расидани шом хоб мерафтанд.
Мирзоазиз мехост ягон ҳамсоли худро ёбаду ҳамроҳи ӯ Вужро чарх занад. Вале то канори деҳа расида бошад ҳам, касеро пайдо накард. «Аҷиб, дар як деҳаи калон ҷонзоде ба назар намерасад», – бо ҳайрат аз дил гузаронд ӯ. Ин асно аз лаби дарё ба гӯшаш садоҳое расиданд ва Мирзоазиз ба ҳамон тараф тоб хӯрд. Чакалаки мушунгзорро гузашт. Нишебие пеш омад, ки пайроҳаи пурхаму печаш касро ба канори рӯд мебурд. Ӯ ба сари нишебӣ расида, дар ҷояш истод. Дар лаби дарё одамони бисёре ҷамъ омада, муноқиша доштанд. Мирзоазиз тохта поён фаромад ва ба издиҳом наздик шуд. Касе омадани ӯро пай набурд.
Аз ғалмағали мардум фаҳмид, ки ду навкар барои бурдани зане омадаанд, вале хешу табори вай садди ин бедодгарӣ шудаанд. Мирзоазиз навкарони шоҳро зуд шинохт: онҳо дар рӯзи тирборон кардани бандиён дар сафи сарбозон истода буданд.
Ҷавонмарди ҳузарбе, ки аз сари китфаш хун заҳида, яктаки сафедашро олуда буд, ба сарбозон мегуфт:
– Ҳафт писари қозиро куштед, қозиву Мобегим дар ғами фарзандонашон дилкаф шуданд, бас нест?! Рӯзабегимро намедиҳем!
– Шуморо мекушему ӯро мебарем, – гуфт яке аз навкарон ва ҳар ду шамшерҳои худро аз наём кашиданд.
Бо дидани ин манзара вулқони нафрат дар дили Мирзоазиз ҷӯш зад. Ӯ санге бардошту ба ҷониби навкаре андохт, ки сухани мудҳиши «шуморо мекушем» аз даҳонаш баромад.
Санг рост ба синааш бархӯрд. Ӯ «вой» гуфта, ба замин ғалтид.
Навкари дувум ба Мирзоазиз ҳуҷум кард. Мирзоазиз байни мардум даромад ва аз пирмарде асояшро рабуда, ба ҷониби навкар рафт. Навкар дар рӯ ба рӯяш ҷавонакеро дида, ғазабаш чанд маротиба бештар гашт ва бонг зад:
– Э кӯдак…
Гапаш ба охир нарасида, Мирзоазиз бо чӯбдаст шамшери бардоштаашро чунон зад, ки аз дасташ парид. Зарбаи дуюми калтак ба китфаш расид. Вай аз дарди ҷонкоҳ китфашро дошта, ба замин нишаст. Мирзоазиз бо кафши чӯбини худ ба манаҳи навкар лагаде зад. Ин зарба чунон сахт буд, ки ӯ аз ҷойи нишасташ барқад боло шуда, мисли хӯса пуштнокӣ ба болои ҳамроҳи худ ғалтид ва аз ҳуш рафт. Мардум қисме ба сари навкарон давиданд, иддае Мирзоазизро дар ҳалқа гирифтанд. Мирзоазиз асои пирмардро ба ӯ дод ва дар паҳлуяш истод.
Ин ҳодисаи тасаввурнопазир ҳозиронро чунон ҳайратзада кард, ки ҳамагӣ лол монданд. Наход ҷавоне наврас ду навкари мусаллаҳро, ки як деҳаи калонро ба дод овардаанд, дар як шаст бо чунин бечорагӣ аз по афтонад?! Ин ҷавони ҷасуру паҳлавон аз куҷо пайдо шуд?!
Пирмард бо ҳайрат Мирзоазизро аз сар то ба по ва аз по то ба сар аз назар гузаронду гиребонашро дошта, нимшунаво гуфт:
– Ё Мавло, муъҷизаи ту ҳисоб надорад. Ё Шоҳи мардон, ё Шоҳи мардон…
Ин асно зани солхӯрдае ҳалқаи ҷамъомадагонро гусаста, худро ба назди Мирзоазиз расонд ва оғӯшаш гирифту гирякунон гуфт:
– Ҳазорҳо раҳмати Парвардигор бар падару модарат, ки чунин бачаи шердилу палангчангол ба дунё овардаанд. Ту намебудӣ, мани сиёҳбахтро мебурданд, писарам, зиндон мекарданд, мекуштанд.
Зан дар пеши пойи Мирзоазиз афтод. Мирзоазиз ӯро болои санге шинонд ва… шинохт! Ин ҳамон зан буд, ки дар Саройи санг рубоие хонду мардумро ба шӯр овард ва онҳо ба
Муҳаббатхон лаънат фиристоданд.
Ҷавонмарде, ки захм бардошта буд, Мирзоазизро шинохт.
– О, ин ҷавон дина ҳамроҳи паҳлавон Ҷаҳонгир омада буд.
Ту набераи паҳлавон нестӣ?
Мирзоазиз бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд. Бо шунидани номи Ҷаҳонгир онҳое ҳам, ки дар сари навкарон истода буданд, ба назди Мирзоазиз омаданд. Пирмард чун аз тухми кӣ будани писаракро фаҳмид, дасти ӯро гирифт ва бо шодмонӣ гуфт:
– Ту набераи Ҷаҳонгири овозадорӣ? Ман ҳайрон шудам, ки ин шердил кӣ бошад? Эй мардум, муждагонӣ, ин ҷавонро Худованди таоло ба мо расонд!
Пирмард Мирзоазизро ба оғӯш кашид, аз ду чашмаш бӯси ду ашки ҳасрат рехт.
– Агар Маҳмадазим зинда мебуд, магар Шуғнон чунин хору зор мешуд? Магар бадахшиёни худоношинос ҳад доштанд, киро ба кушторхона табдил диҳанд? Магар ҷуръат мекарданд, ки ба сӯи модарону хоҳарони мо панҷаҳои ифлоси худро дароз намоянд?
Мирзоазиз пирмардро аз китфонаш оғӯш гирифт. Зани таҳқирёфта болои санг баромад ва рӯмолашро ба гардан овехта, фарёд кашид:
– Эй халқи Шуғнон, магар ба ин хориву зорӣ дигар зиндагӣ кардан мумкин аст? Ин шоҳу навкарони хунхораш дигар бо мо чӣ кунанд? Эй мардон, оё мунтазири онед, ки тунбони занону хоҳаронатонро дар пеши чашматон бикашанд? Ё хона ба хона дароянду ҳар як шуғниро сар бибуранд?
Зан инро гуфту дудаста сарашро қапид ва сари зону нишаст. Марди зарбхӯрда овоз баланд кард:
– Холаи Рӯзабегим рост мегӯяд. Ман ҳам, албатта, ӯро ба ин золимон намедодам, вале ин писари диловар азми мардонаи моро қатъӣ кард. Чӣ ном дорӣ, писарҷон?
– Мирзоазиз.
– Мирзоазиз набераи Ҷаҳонгири пӯлодчангол! Дар ҳақиқат, туро Худо ба мо расонд.
Ҷавонмард ба ҷониби навкарон, ки акнун ба ҳуш омада, бемадорона менишастанд, қадам гузошт.
– Хуршедшо, ин ноҷинсонро зада накушӣ, – овоз баланд кард пирмард. – Ҳар дуро ба аспҳояшон савор кунеду сар диҳед. Раванду ба шоҳ гӯянд, ки халқ ба дод омадаву дигар тоқати зулмашро надорад.
Сарфи назар аз таъкиди пирмард мардони аламкашида навкаронро зада-зада, ба аспҳо савор карданд ва шамшерҳояшонро кашида гирифтанд. Онҳо аспони худро маҳмез зада, гурехтанд.
– Бори дигар ба деҳаи мо биёед, мекушем! – бонг заданд чанд кас аз пасашон.
Пирмард, ки Пазиршо ном доштааст, пас аз ором гаштани ҳозирин ба ҳамдеҳагонаш рӯ овард:
– Дар байнатон ман аз ҳама калонсолтарам. Муҳаббатхон одаме нест, ки ин кирдори моро нодида бигирад. Имрӯз ё пагоҳ барои ҷазо доданамон сипоҳ мефиристад. Акнун ки кор чунин сурат гирифт, бояд ба ҷанг омода шавем.
– Ба мо дар ин кор роҳбаре лозим, – гуфтанд чанд нафар.
– Аз Хуршедшо роҳбари хуб мебарояд.
– Оё метавонам? – савол дод Хуршедшо, ки занаш китфи ӯро мебаст.
– Метавонӣ, писарам, албатта, метавонӣ. Гузаштагонат ҳамагӣ паҳлавону силаҳшӯр будаанд. Аҷдодат ба шаҳмирони
Шуғнон, сипаҳсолорони Тӯронзамин мерасад. Мо ҳама ба ту ёрӣ мерасонем. Мулк аз они мост, на аз Муҳаббатхону авлоди фурӯмояи ӯ.
Пазиршо риши паҳну чун нуқра сафедашро панҷа зада, афзуд:
– Исён бар зидди шоҳ кори бозӣ нест. Ҳама бояд Хуршедшоро гӯш кунанд. Оқсақоли мо аз ҳамин соат ту ҳастӣ, Хуршедшо! Ҳоло ки паҳлавон Ҷаҳонгирро Худо расондааст, ба назди ӯ рафта, кори ояндаамонро маслиҳат кунем.
Пирмард асозанон ба сӯи баландӣ роҳ гирифт. Мардум аз дунболаш ҳаракат карданд. Зани ҷабрдида ҳамроҳи чанд нафар наздиконаш дар лаби Панҷ монд. Вақте Мирзоазизу ҳамроҳони ӯ баландиро мебаромаданд, овози гуворои зан ба ҳавои «Фалак» танин андохт:
Дар дашт будам, савори тозон омад,
Овози лаҷоми Шоҳи мардон омад.
Рангаш зи Муҳаммад асту бӯяш зи Алӣ,
Аз ҳар тарафе бӯйи гулистон омад - еее… Ба пешкории пирмард ҷамоат ба хонаи халифа Шонасим омад. Халифа ва Ҷаҳонгир аз ғалоғулаи мардум бедор шуда, ба пешвози меҳмонони нохонда бархостанд.
– Ассалому алайкум, халифа, – Пазиршо дасти халифаро бӯсид ва бо Ҷаҳонгир бағалкаш вохӯрӣ кард. Бузургсолони дигар низ чунин карданд.
– Дар қадамҳои шумо ҷонам, – муроот кард соҳиби хона, – бишинед, рост наистед.
Ҳозирон дар сояи дарахтон нишастанд. Мирзоазиз дар паҳлуи бобояш чорзону зад.
– Кори сахте афтод, халифа, – сухан оғоз кард Пазиршо, – соате пеш ду савор омада, Рӯзабегими виёдиро, ки ба таъзияи хешу табораш омадааст, ба қалъа бурданӣ шуданд. Мо муқобилат кардем. Гуфтем оқсақол Сафарро даъват кардед, шоҳ бе ягон гуноҳ ба дарё партофта, ғарқаш кард. Акнун омадед, ки хоҳарарӯсашро бибаред ва бикушед. Мо меҳмонамонро ба дасти ҷаллод намесупорем…
– Он зан чӣ гуноҳ дорад? – пурсид Ҷаҳонгир миёни гапи пирмардро шикаста.
– Рӯзабегим фалаксаройи беҳамтост, паҳлавон. Он шоми наҳс шоҳ ҷияни ӯро низ парронда буд. Хоҳараш аз ғусса дилкаф шуда мурд. Вай рубоии фалакӣ хонда, аз ғами ҷигаргудоз шоҳро лаънат хонд. Мардум ба ӯ ҳамовоз гашта, ба Муҳаббатхон лаънат фиристоданд. Шоҳ дастур додаст, ки ӯро дастгир намуда, ба дарбор баранд.
Пирӯзшоро гиря гулугир кард. Аз дидаҳояш ду қатра ашки шӯр ба рухсораҳои чӯкидааш сарозер шуданд. Ӯ бо остин рӯяшро пок карду гулу равшан намуда, давом дод:
– Байни мову он ду навкар, ки якеаш тамоман забони шуғнониро намедонист ва дигаре андак воёб1 буд, аввал ҷанҷоли даҳонӣ сар шуд. Диданд, ки розӣ нашудем, қамчин ба кор бур1. Воёб (шуғнонӣ) – воқиф, огоҳ. данд. Хуршедшоро заданд. Банохост аз куҷое ин ҷавон пайдо шуд ва асоро аз дастам кашида, ҳар дуяшонро дар як нафас чунон зад, ки беҳушу беёд дар рӯи хок чалпак шуданд.
– Кӣ? Мирзоазиз?! – пурсид Ҷаҳонгир ва аз ғояти ҳайрат аз ҷояш бархост.
Мирзоазиз ҳам бархост.
– Оре, Мирзоазиз, – ба гапаш давом дод пирмард. – Мо ҳамагӣ тааҷҷуб кардем, ки як бачаи дувоздаҳсола-сездаҳсола чи тавр ду навкарро ба замин парчин кард. Худо зӯрашро зиёда кунад! Баъд навкарон гурехтанду мо барои маслиҳат ба назди шумо омадем.
Ҷаҳонгир набераашро ба оғӯш кашид ва аз чашмонаш бӯсид.
Халифа даст ба дуо бардошт:
– Ло фато илла Алӣ ло сайфа илла Зулфиқор, ҳар бало аз пеш ояд, рад кунад Парвардигор!
Ҳама «омин» гуфта, даст ба рӯ кашиданд.
– Ин падарсаг тоқати халқро тоқ кард, – гуфт халифа. – На инсоф дорад, на тоат. Ҳол он ки «инсоф болотар аз тоат» гуфтаанд. Акнун ки кор чунин ранг гирифт, ба ҳимояи худ омода будан лозим. Дар акси ҳол, ӯ ҳамаро аз дами теғ мегузаронад.
– Шарти аввали ҳама гуна муҳориба аз дил берун рондани тарс аст, – ба сухан омад Ҷаҳонгир, – бояд донист, ки аскарони шоҳ ҳам одаманд. Гаҳвораи онҳо аз осмон наомадааст. Онҳо ҳам тани мурандаанд ва аз марг метарсанд. Далериашон аз он аст, ки касе ба онҳо муқовимат намекунад. Ду-се калтак хӯранд, пушт медиҳанд. Шумо натарсед, касеро барои худ сардор гиред ва ҳама ба амри ӯ гӯш диҳед. Ҳар кас чи гуна аслиҳа дошта бошад, омода намояд. Ман бо шумо ҳастам.
Нутқи кӯтоҳ, вале боварибахши паҳлавони корозмуда дили мардонро қавӣ гардонд. Онҳо Хуршедшоро сипаҳдори худ интихоб карданд. Хуршедшо чунин амр кард:
– Пас аз як соат дар даштаки баромадгоҳи деҳа тамоми мардонро ҷамъ оваред. Касе чи силоҳи ҷангие дошта бошад, бо худ биёрад. Гап якто, Худо якто!
Ҷамъомадагон пароканда шуданд. Ҷаҳонгир, халифа ва Хуршедшо оид ба тарзи ташкили муҳориба бо аскарони Муҳаббатхон боз муддате машварат карданд. Сипас бобову набера роҳи Баҳшорро пеш гирифтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё