Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷаҳонгир аз дарбори шоҳ бо табъи хира баргашт. Вақте ки аз дарвозаи қалъа бадар омад, эҳсоси мағшуши пирӣ тамоми баданашро якбора фаро гирифт. Аз ҳаштод гузашта бошад ҳам, то кунун дар рагу пайвандаш хуни паҳлавонӣ аз ҷӯш намондааст. Аммо суханони тунду таҳқиромези Муҳаббатхон, гузашта аз ин, ба замин задани обрӯи паҳлавони солхӯрда вуҷуди Ҷаҳонгирро дарҳам шикаст, гӯиё аз тори кӯҳ банохост санги азиме канда шуда, ба сараш зад ва устухонҳои ӯро реза-реза кард.

«Ҳалло, ҷангу майдондорӣ маро шикаст надод, магар забони бади ин падаркуши хунхор», – то расидан ба хона чанд бор зери лаб такрор кард Ҷаҳонгир ва бо қадамҳои вазнин ба ҳавлӣ даромад.

Мирзоазиз, ки дар болои дарахт тут мехӯрд, бобояшро дида, фарёд зад:

– Бобоҷон омад, чи хубе! – ва худро ба замин партофта, ба пешвозаш давид. – Ба ту чӣ шуд, бобоҷон? – авзои парешон ва қомати якбора хамидаи бобо хушҳолии набераро дарзамон нопадид сохт.

Ҷаҳонгир даст ба сари наберааш бурда, онро силакунон гуфт:

– Бачам, бобот пир шуд.

Ду қатра ашки сӯзон ба рухсорааш давиданд ва рӯ-рӯи риши дарозаш милт-милт шорида, ба рӯи наберааш чакиданд.

Аз боғи паси хона садои Мирзоазизро шунида, қозӣ Давруқ ва ҳамроҳонаш ба назди бобову набера расиданд.

– Паҳлавон, ранг бину ҳол пурс, – баробари расидан гуфт қозӣ бо овози ларзон. – Маълум, ки туро ҳам рӯйхотир накард.

Ҷаҳонгир аз ҷигар оҳи пурдарде бароварду сараш чарх зад. Калавид. Ҳамроҳони қозӣ Давруқ зери бағалаш дарома1. Ҳалло – нидои таассуф данду ӯро ба айвон бурда, болои палос хобонданд. Мирзоазиз аз ҳоли бобояш сахт тарсида, гумон кард, ки ӯ ҳам мисли падару амакаш мурд. Домани гиряро сар дода буд, ки қозӣ гуфт:

– Мирзо, бачам, ғавғо накун, бобот зиндаву саломат аст, зуд об биёр!

Мирзоазиз ҷониби ҷӯй давид ва дар кӯзачае об овард. Қозӣ ба ҳамроҳонаш ишора кард, ки берун бароянд. Вақте онҳо айвонро холӣ намуданд, ӯ бо биге1 ба Ҷаҳонгир об нӯшонд ва нимшунаво ба хондани ояе аз Қуръон шурӯъ кард. Мирзоазиз бо чашмони пурашк ба чеҳраи аз ғояти пирӣ чӯкидаву беранги қозӣ Давруқ нигоҳ карда, манзараи рӯзи ҷанозаи амакаш пеши назар падид омад. Он рӯз ҳам ҳамин қозӣ Давруқ ҷасади падараш – Маҳмадазимро такфин намуд. Тиловату дуо карду мардони ғамзада ба лобаву зории Мирзоазиз ва мӯйканиву рӯйкании занон нигоҳ накарда, амакашро ба гӯристон бурданд.

Чи ҳоли баде дошт Мирзоазиз он рӯз! Амаки паҳлавонаш ба ҷанг рафт ва як ҳафта пас мурдаашро ба аспаш бор карда оварданд. На ӯ, на ягон каси дигар бовар надошт Маҳмадазимеро, ки сарлашкари шоҳи Шуғнон буду зери қадамаш замин меларзид, кушта бошанд. Куҳансолон ҳарчанд монеъ гаштанд, Мирзоазиз бари ҷасади амак, паҳлуи модару момояш нишаст ва аз ҷигари бирён сиришки хунин рехт. Модар гоҳ ба ёди шавҳари ҷавонмаргаш Маҳмаднасим, ки Мирзоазиз ҳанӯз таваллуд нашуда, дар ҷанги нобаробар бар зидди қатағанҳо ҷон бохта буд ва гоҳ бар наъши бародаршӯи ормониаш навҳаи ҷонгузо мекашид. Ҷуссаи бузург, чеҳраи зарди орому босалобат, риши сиёҳи шероза ва лабони нимвои моил ба табассуми амак якумр дар ёдаш нақш бастанд.

Модараш тунд даромаду Мирзоазизро аз банди хаёлоти мушавваш бадар овард.

– Тағо, ба падарам чӣ шуд? – пурсид Азизмо бо овози ларзон ва мунтазири ҷавоб нашуда, ба сари хусураш омад. Саллаву тоқии ӯро гирифту таксарие зери сараш гузошта, чодаре болояш партофт. Қозӣ Давруқ дуохониашро нашикаст. Ҷаҳонгир нафаси амиқе кашид ва нимхез шуд.

– Духтарам, ҳамёнамро биёр.

Азизмо аз хона ҳамёни куҳнаи секунҷае бароварда, ба хусураш дод ва берун баромаду писарашро таъкид кард:

– Бачам, сари бобот ҳозир бош.

Мирзоазиз ба бобояш наздиктар омад, дузону зад ва мунтазири амри ӯ шуд. Қозӣ Давруқ тиловатро тамом кард ва гуфт:

– Паҳлавон, Худо хоҳад шиддати дардат паси сар шуд. Агар доруе дошта бошӣ, бихӯр.

Ҷаҳонгир ҳамёнро боз кард, ҳабби алафие бароварда, байни ду ангушташ молиш дод ва зери забон партофт. Саросема нашуда, онро хоида, фуру бурду гуфт:

– Мирзо, ҷамоатро даъват кун.

Мирзоазиз ҳафт нафар ҳамроҳони қозӣ Давруқро ба айвон дароварду худ дар кунҷе нишаст.

– Гапам бо шоҳ напухт, бародарон! Гуфтамаш, ки бандиён гуноҳе надоранд. На писарони қозӣ Давруқ, на Мазҳабшову писараш Маҳмадзиё, на дигарон. Гуфтам, ки инҳо ҳама шабу рӯз дар ғами халқу ободии мамлакатанд, дуои ҷони туро мекунанд. Касе гуфта бошад, ки ба ҷонат суйиқасд карданианд, аз душманӣ гуфта, на аз дӯстӣ. Ба ҳаққи Худованд, ба ҳаққи ду писари шаҳидам, ки барои салтанати ту ҷонашро қурбон намуд, хуни ин бегуноҳонро бар ман бибахш. Аммо дили Муҳаббатхон заррае нарм нашуд, баракс тозиёнаи дасташро бар тахт зад ва гуфт:

«– Эй Ҷаҳонгир, замони ту гузашт, ту дигар ба дарди касе намехӯрӣ. Агар арвоҳи писаратро пеши ман оварда бошӣ, бидон, ки имрӯз лашкарам садҳо Маҳмадазим дорад, ки ҷавоби душманони мулки Шуғнонро даҳ маротиба аз ӯ бештар медиҳанд. Ин мунофиқони бадандешро фардо худам як-як мепарронам. Бирав ва шукр бигӯ, ки барои густохият туро гардан назадам».

Буғз пирамардро гулугир кард. Дигар гап зада натавонист.

Дегрез, ҷавонмарди таҳмевӣ, ду даст ба сар зад ва гуфт:

– Дареғ, ҳазорон дареғ, ки Маҳмадазим нест, набошад ин турки раҳгум чунин тунд намеомад. Як сояи ӯ бас буд, ки

Муҳаббатхон поро ба андозаи гилемаш дароз кунад.

Ин асно овози ҷорчии шоҳ аз таги дарвоза ба гӯш расид:

– Фардо нимрӯзӣ дар Саройи санг осиёни давлатро қатл мекунанд. Шоҳ амр кардааст, ки аз хурд то бузург дар маърака ҳозир бошанд.

Чопор гузашта рафт. Маъюсиву навмедӣ чун корд бар дилу ҷигари ҳозирин халид. Шаби бемаҳтоб деҳаро зери чодари сиёҳ гирифт.

Наҷот аз улчакӣ

Аз замоне Мирзоазиз худро шинохтааст, дар деҳаашон Баҳшор, ки қалъаи Баҳрпанҷа дар он ҷо воқеъст, зуд-зуд задухӯрде, бедодгарие, кашмакаше рӯй медоду падару бобояш дар онҳо иштирок мекарданд. Ақли Мирзоазиз ҳеҷ намегирифт, ки барои чӣ одамон ҳамдигарро мезананд, ҳақорату дашном медиҳанд, ҳатто мекушанд. «Ба ин калонсолон чӣ намерасад?», – суол медод ба худ кӯдаки дунёбехабар ва ҷавобе наёфта, боз аз пайи машғулиятҳои тифлияш дунёро фаромӯш мекард.

Як рӯз духтари ҳамсояашон – амаки Мирҳазорро ду марди порсигӯ аз хонааш базӯр кашола карда бурданд. Ба саволи ӯ модараш кӯтоҳак чунин ҷавоб дод:

– Гулбегимро барои бадахшиҳо улчакӣ карданд.

Ва тамом, на шарҳе, на тафсире.

Ин бадахшиҳо кистанд, ки бачаҳои мардумро бидуни пурсише мебаранд? Мирзоазиз мешунид, ки на танҳо духтарон, балки писаронро ҳам амон намедодаанд. Онҳо бачаҳои мардумро барои чӣ ин қадар ҷамъ мекарда бошанд? Барои чӣ мардҳои бузбалаи деҳаашон пеши роҳи ин бедодро намегиранд?

Як рӯз қариб худашро улчакӣ мекарданд. Чанд сол пеш модараш ӯро ба деҳаи Демурғон ба хонаи духтари аммааш тутчинӣ бурд. Гашти рӯз калонсолон аз гармии офтоби тамуз ба каппаҳои лаби рӯдхона паноҳ бурданд. Мирзоазиз ҳамроҳи бачаҳои деҳа рустшавакон бозӣ мекард. Банохост марди харакии қатмапӯше пайдо шуд. Ӯ дар назди боғ истод, хӯрҷинашро боз кард ва як каллақанди барф барин сап-сафедро бароварда, гуфт:

– Касе аввал ба назди ман бирасад, қанд аз они вай мешавад.

Ҳама ҷониби мард давиданд. Мирзоазиз аввал расид, хост қандро аз болои девор чанг зада гирад, ки мард пешдастӣ карда, онро гирифт ва гуфт:

– Ҳамаатон саф кашед, ман ботантана қандро ба ин андувол туҳфа мекунам.

Бачаҳо зуд саф кашиданд. Марди қатмапӯш аз хӯрҷин навдае баровард, онро ба тани ҳар бача расонда, сафро зуд гузашту гуфт:

– Боракаллоҳ, агар сари чӯбдастам кулоҳак пайдо шавад, ҳамаи шумо одамони хушбахт мешавед.

Вай чӯбдастро аз таги шиками хараш гузаронда, ба бачахо нишон дод. Дар сари чӯбдаст кулоҳаки сиёҳе пайдо шуда буд!

Бачаҳо аз хурсандӣ тоқиашонро ба осмон партофтанд.

Мард қандро ба бачае доду гуфт:

– Қандро шумо байни худ тақсим карда хӯред, ман ин андуволи ғолибро то охири деҳа бурда меорам.

1. Қатма – як навъ ҷелаки бофташ ғафс

2. Андувол (ҳамдувол) – рафиқ, дӯст

Мирзоазиз, ки аз ғолиб омадану таъриф шунидан дар пеши бачаҳо шерак шуда буд, ба хар нишаст. Мард зуд савор шуду харро давонд. Деҳа ба охир расид. Хар ба дашти беодам баромад, вале мардак гашти онро суст намекард. Дили Мирзоазиз таҳ кашид.

Хост лаҷоми харро бикашад, аммо мард ба дастҳояш заду харро тезтар ронд. Баракс, бачаро ба синаи худ ҷафс кард, ки наҷунбад.

Мирзоазиз яқин кард, ки мард ӯро дуздиданист. Ҳар ду дасташро боло бурду ба гардани мард ҳалқа кард ва аз ҳавли ҷон чунон зӯре зад, ки ҳарду аз болои хар сарозер шуданд. Мирзоазиз рост болои синаи мард афтид ва зуд бархосту роҳи гурезро пеш гирифт. Ба деҳа расид, ки модару аммаи ҳаросон дучораш омаданд.

– О ҷигарам, Мирзои азизам, ҷонам ба қурбонат, туро куҷо бурданд?

Мирзоазиз аз шиддати ҳаяҷон ишорае ҷониби дашт кард ва худро ба оғӯши модар зад.

Рӯзи дигар хабар омад, ки он харакӣ барои шоҳ писарону духтарони наврас меҷустааст. Ҳангоми аз хар афтидан сараш ба санг зада, аз ҳуш рафтааст. Баъди ба ҳуш омадан базӯр худро ба деҳаи наздиктарин расонда, бистарӣ шудааст.

Вақте аҳли деҳа фаҳмиданд, ки Мирзоазизи нуҳсола улчакидорро аз хар ғалтондааст, ҳамагӣ ангушти ҳайрат газиданд.

Аммо қаду баст ва тану тӯши ғайриодӣ аз неруи фавқулода доштани ӯ шаҳодат медоданд. Ба ин сабаб, мардум ба ин гап на танҳо бовар, балки онро бо рангу пардозҳои муболиғаомез дар тамоми водӣ паҳн карданд.

Ғазаби шоҳ Муҳаббатхон он рӯз то як поси шаб ба сари ҳар касе, ки наздаш медаромад, дӯғ мезад, ба ҳар сухани ночиз хурда мегирифт. Ними шаб амр кард, ки оқсақоли деҳаи Баҳшор – Исҳоқро ҳозир кунанд. То омадани оқсақол Муҳаббатхон мисли мурғи посӯхта ҳуҷраашро чанд бор давр зада, ба ёвараш фармуд, ки чилимашро аз чарс пур кунад.

То ба охир расидани чарс оқсақол ҳам расиду пеши дар истода, салом кард. Шоҳ саломашро алейк нагирифта, бонг зад:

– Ту як саги дайдуе будӣ бо номи Соқак! Оё ман туро оқсақол Исҳоқ накардам? Ман ба туи рӯсиёҳ мансабу ҷоҳу ҷалол бахшидам, туро аз даруни ваҳал ба кӯҳи амал кашидам. Сипоси ту оқибат ба некиҳои ман ин аст, ки хешу таборат дар пайи куштани ман шаванд? Оё ту хабар надоштӣ? Оё намедонистӣ, ки қозӣ Давруқи фосиқ бар зидди ман шӯриш омода кард? Ҷавоб деҳ, разили сиёҳбахт!

Исҳоқ бо сари хам гуфт:

– Шоҳам, савганд ба номи Парвардигор, тасаддуқи ҷадди бузурги ту, ки на Давронқадам, на каси дигар ба муқобилат амали баде содир накардааст.

– О-ҳо, кадом як Давронқадам ҳам ҳамроҳашон будааст. Ин сагбача кист?

– Қозӣ, шоҳам, номи аслии қозӣ Давруқ Давронқадам аст.

– Давронқадам... Давруқ... Рӯбоҳи пир! Саҳеҳтараш саги бовафои падарам Абдураҳимхон. Номашонро шунидан намехоҳам! – Шоҳ бо ғазаб қамчине бар пушти оқсақол зад.

Оқсақол дандон ба дандон монда, тоқат кард ва гуфт:

– Шоҳам, ман дурӯғ гуфта наметавонам. Ягон сокини Баҳшор бар шумо ёғӣ нагаштааст.

– Бале, дар ин мамлакат танҳо як нафар – шоҳ Муҳаббатхон дурӯғ мегӯяд. Боқӣ ҳама муъминони мустаҳақанд.

Дар андоми Исҳоқ ларза афтод.

– Фардо осиёнро худат тир мезанӣ! – эълон кард шоҳ.

Барои оқсақол ин амр аз зарбаи қамчин ҷонкоҳтар буд.

Рангаш канд, пушташ биҷиррос зад.

– Шоҳам, чунин кор аз дастам намеояд. Беҳтар он аст, ки маро ҳам бикушӣ.

Муҳаббатхон чизе гуфтанӣ шуд, аммо аз раъяш баргашт. Қамчинро ба пехҳои 1 гулдӯзиаш зада, каме фикр кард ва гуфт:

– Сустии шумо – шуғниҳо ин аст, ки кушта наметавонед.

Хуб, ман бароят супориши дигаре дорам. Як ҳафта пас аҳли авлоди осиёнро ба Файзобод мебарӣ ва мефурӯшӣ. Нархи ҳар як нафарро шахсан худам муайян мекунам. Акнун бирав, ки хаста шудам.

Оқсақол чобук бадар рафт. Ёвар бо чилими даргиронда беовоз ворид шуд ва онро ба шоҳ дароз кард. Муҳаббатхон пайи ҳам се қуллоби жарф гирифт ва рӯйи болишт якпаҳлу зад.

Чашмонаш хумор, асабҳояш ором шуданд. Пеш аз он ки хоб бар ӯ ғалаба кунад, чилимдорро огоҳ кард:

– Бонак, Салор ва Эҷабро таъкид кун камонҳоро омода созанд. т Аҳлука қалъаест болои кӯҳпора дар лаби рӯди Панҷ.

Андаке дуртар дар пушти он қалъаи маъруфи Баҳрпанҷа – боргоҳи шоҳони Шуғнон қомат афрохтааст.

Офтоб як қади найза баланд шуда буд, ки мардум аз ҳар ҷониб пиёдаву савора, як-яку ду-ду, ҳатто гурӯҳ-гурӯҳ ба Саройи санг омадан гирифтанд. Майдонҳои пушту паҳлу аз одам пур шуд. Тамоми тоифаи мардум – поршиневӣ, сӯчонӣ, шохдараӣ, ғундӣ, дарморахтӣ, хуфӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, ҳатто ишкошимиву вахонӣ ва язгуломиву дарвозиро дидан мумкин буд. Майдони рӯбарӯи тӯпхона холӣ. Ягон хел тӯп надошта бошад ҳам, қаровулгоҳи табақаи дуюми биноро ҳама «тӯпхона» мегуфтанд.

Навкарони шамшердор одамонро ба ин ҷо намемонданд. Касе наздик меомад, ба қамчин зада, дураш меронданд. Дар гӯшае хешу табори маҳкумшудагон ҷамъ омада буданд. Ҳар замон зане навҳа мекашид, марде фарёди ҷонсӯз мебаровард.

Мирзоазиз аз болои шахпораи баланди боғи калони пушти бо ҳаяҷон мунтазири соати ҷазо додани маҳбусон буд. Аз кӯчаи паси боғ ҳам одамон дилу бедилон ба майдони Саройи санг мефаромаданд. Мирзоазиз ҳатто гуфтугӯяшонро равшан мешунид. Инак, қозӣ Давруқ низ дар ҳалқаи чанд нафар дар хамгашти ҷониби боғ пайдо шуд.

Пушти қозӣ хам зада буду ду нафар ӯро дошта мебурданд.

«Дирӯз мӯсафед чӣ хел буду имрӯз чӣ хел шудааст! Айнан ба монанди бобоям пас аз мулоқот бо шоҳ: қоматаш камону рангаш кандагӣ», – аз дил гузаронд Мирзоазиз.

Қозӣ Давруқ барои нафас рост кардан болои санге нишаст.

Ҳама бо чеҳраҳои ғамзада мунтазири бархостани пирмард истоданд. Вай муддате риши мошубиринҷашро панҷа зада, фарёд кашид:

– Оҳ аз ин номусулмон! Ё Мавло, ба ҷони ин маъсумон раҳм бикун. Ба ғайр аз ту додрас надорем!

Чанд нафар ғирев бардошт. Марди ҷандапӯши қадбаланде, ки Мирзоазиз ӯро бори аввал медид, бонг зад:

– Аз нолаву ғирев суде нест. Ҳанӯз ки фурсат ҳаст, қозӣ ба назди шоҳ дарояду дилашро нарм созад.

Давруқ заҳрханде заду гуфт:

– Маҳмадаслам, ман наздаш қурб медоштам, аз қозигӣ маъзулам мекард? Ба ҳафт писари нозанинам туҳмат мезад?

Онҳоро ба куштан маҳкум менамуд?

Чун қозӣ лаб фуру баст, Маҳмадаслам андешаи дигар баён кард:

– Сайид Фаррухшоро ба миён даровардан лозим. Шоҳ гапи ӯро, албатта, гӯш мекунад.

– Бародар, Сайид, бе он ки касе аз вай хоҳиш кунад, ду ҳафта пеш ба назди шоҳ даромада буд. Муҳаббатхон ӯро сахт коҳиш карда гуфтааст, ки ту ба кори мазҳабиат машғул бош, ба ҳукумат ғараз накун, ки пушаймон мешавӣ. Дирӯз паҳлавон Ҷаҳонгирро фиристодем. Обрӯи ӯро ҳам ба замин зад.

Мӯсафед, оҳи ҷигарсӯз кашида, бархост. Ҷамоат ҷониби Ато Мирхоҷа ҳаракат кард.

Мирзоазиз борҳо номи Сайид Фаррухшоро шунида, дар бораи шахси ғайриодӣ буданаш қиссаҳое ба гӯшаш расида буд. Мулзам шудани ӯро дар назди шоҳ фаҳмида, ҳайрон монд, ки гапи чунин шахси афсонавӣ ҳам ба шоҳ таъсире надоштааст.

Сабабашро ҳатман аз бобояш мепурсад.

пешина
аз 44
навбатӣ