Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мисринамо худро ба оғӯши модар андохта, фиғон кашид:

– Бечора наники ман, моро натарсон. Биё, ба сайри дарё равем, дилат қарор мегирад.

Давлатназару Хушназар дар паҳлуи модар дузону зада, бо андӯҳ сар хам карда буданд. Падар пешниҳоди духтарро писандид:

– Сайри дарё ғамро мебарорад. Мисрӣ, туву модарат ба лаби дарё равед. Давлатназар, ту ба Баҳшор рафта, Мулло Хишолро даъват кун. Аз тамоми муллоҳо нафаси ӯ беҳтар аст. Ману Хушназар аз пайи андози сур мешавем.

Насими дараи Баҳрчид дар гармои охири моҳи харбузапаз ба тану ҷон ҳаловат мебахшид. Оби дара тамоми фасли сол қариб як хел аст: на паст мешавад, на баланд. Рангаш ҳам на баҳор тира мегардад, на тобистон. Бистараи он аз санги резаи сурмамонанд иборат аст. Ангор дар маҷрояш садҳо ароба сурмасанг рехтаанд, то шасташ гардаду одамон аз ҷилваҳои дилбаронааш басерӣ баҳра ёбанд.

Ғазанфар дар лаби рӯд, дар ҷойе, ки шоҳроҳ онро бурида мегузарад, болои санги суфамонанд нишаст. Ду аспаш гулу гиёҳи рангоранги соҳилро бӯ кашидаву ҳаловат бурда, чаро мекарданд. Соҳибашон ғарқи хаёл, сангҳои резаро як-як аз замин канда, ба об ҳаво медод.

Аз ин бор ҳам напухтани савдояш бо Сайид Фаррухшо ва шармсор баромадан аз ҳузури ӯ, табъи Ғазанфар хира шуда буд. Тамоми ранҷи кашидаву орзуи парвардаашро Сайид дар они воҳид барбод дод. «Падарам дили Ҷалолиддинхонро ёфта, мосали Ғунд шуда буд, аз ҳайбату савлаташ ҳама метарсиданд. Ҳар ҷо ки мерасид, обу таомаш ҳозир, тӯшаву ҳадяаш омода, обрӯяш дар осмони ҳафтум. Ӯ нақл мекард, ки ба Ҷалолиддинхон ҳамагӣ ду гилеми қатма туҳфа карда буд».

Падари Ғазанфар – Бобошо мехост, ки мансабаш ба писари ягонааш расад. Чанд бор кӯшиш ҳам кард, вале ҳар дафъа, чун роҳи душвору дури Ғундро тай карда, ба Баҳрпанҷа мерасид, шоҳ кор дошт ё гирифтори кашмакаше буд. Молиёти овардаашро ба девонбегӣ супурда, хати расид мегирифт ва чанд рӯз дар деҳаҳои Поршиневу Дарморахт меҳмони хешу табор шуда, боз ба деҳаи худ бармегашт. Ҳамин тавр, на ба дидори

Ҷалолиддинхон мушарраф шуд, на ба дидори Абдураҳимхон.

Абдураҳимхон барои хизматҳои содиқона ба ӯ дар деҳаи Жирев танхо1 васиқа кард. Бобошо бисёр мехост, ки оқсақоли Ғунди поён шавад, лекин азбаски ба шоҳон робитаи авлодӣ надошт, ӯро ба ин мансаб сазовор намедиданд. Чунин мансаби баландро дар Ғунд барин макони дурдаст шоҳон танҳо ба шаҳнаҳо, яъне бачагони ғайриникоҳии худ медоданд. Як роҳи дигари расидан ба мансаби баланд вуҷуд дошт: агар шахс сайидзода, яъне аз авлоди сайидон бошад. Мутаассифона, Бобошо ба авлоди сайидон ҳам нисбате надошт. Аҷдодаш ҳамагӣ шуғнониҳои таҳҷойӣ будаанд. Сад сол пештар хитойиҳо ба Шуғнон ҳуҷум карда, чанд сол дар ин мулк ҳукм ронданд. Вақте ки шуғнониҳо шӯриш бардошта, онҳоро аз мулки худ пеш карданд, хитойиҳо авлоди Бобошоро асир гирифта, ба Тошқурғон бурданд. Бобошо аз никоҳи падараш бо зани ёркандие ба дунё омад. Вақте калон шуд, мувофиқи васияти падар ба деҳааш омада, хонаву дар кард. Мардуми Ғунд ҳама медонистанд, ки ӯ аз авлоди халқия буда, ба шоҳону сайидон пайванде надорад.

Бобошо одами содаву даҳанвоз набуд. Азбаски байни уйғурони корчаллону зирак ба воя расид, мисли онҳо барои бойу бадавлат зиндагӣ кардан аз тамоми имкониятҳо истифода мебурд.

Ӯ ба писараш Ғазанфар насиҳат мекард, ки аз рӯйи мақоли «дар куни гов бошу мансабдор бош» зиндагӣ кунад. Барои он ки ворисонаш дар оянда чор ишкели бутун дошта бошанд, бояд шоҳзодаву сайидзодаҳоро бо ҳар гуна васила ба худ мойил созад; ба онҳо туҳфаву потахсӣ1 диҳад; амру фармонашонро бечунучаро иҷро намояд; ба ғаму шодиашон шарик бошад; ба суру мансубаашон мол ё ғалла барад; дар хизматашон рост истад.

Бобошо худ савод надошт, вале мехост писараш хату савод ёд гирад. Чанд бор ба назди мулло Сайидшоҳ, ки сайидзода буду муаллимӣ мекард, рафт, то писарашро шогирд гирад.

Вале охон ҳар бор Бобошоро ноумед мегардонд:

– Халқия куҷову мактаб куҷо? – мегуфт ӯ, – хату савод танҳо бар сайидзодаҳо фарз шудааст, бародар. Ту деҳқон бошӣ, деҳқониатро карда гард.

Вале Бобошо аз одамоне набуд, ки ба осонӣ ба тақдирашон тан медиҳанд. Дар муддати ду сол ҳар моҳ ба охон туҳфаҳои арзишманд бурд, заминашро бо барзаговони худ ҷуфт кард, ҳезумашро омода намуд, хонасури2 писарашро гузаронд ва ахиран барзагови шашсолаашро ба оғили ӯ дароварду гуфт:

– Тасаддуқи ҷадди бузургворат, Сайид, ман як умр чокару авлодам навкарат, ҳамин Ғазанфараки маро илм омӯз.

Сайидшо гуфт:

– Бобошо, ман хоҳишатро рад намекунам, лекин барои он ки гап калон нашавад, овоза паҳн кун, ки авлодат ба Сайид

Шоҳмаланг мерасад.

Бобошо аз илтифоти охон ба риққат омада, дасташро бӯсид, доманашро ба чашм молид ва гуфт:

– Албатта, пирам, ин барои ман шарафи бениҳоят бузург аст.

Пас аз он ки Бобошо писарашро дар синни панҷсолагӣ ба мактаб монда тавонист, на танҳо овоза паҳн кард, ки нисбаташ ба сайидон мерасад, балки дар сараш ҳавои пайвастан ба авлоди онҳо пайдо шуд. Мансабаш имкон медод, ки молу сарват ҷамъ орад, соле ду-се бор ба хидмати шоҳи Шуғнон ва пири мулк Сайид Фаррухшо расида, ба ин восита шароити зандагиашро беҳтар, обрӯву нуфузашро бештар созад. Вале марги ногаҳонӣ дар синни панҷоҳу панҷсолагӣ амон надод, ки орзуҳои Бобошо амалӣ гарданд. Молу мулкаш ба Ғазанфар мерос монд. Он аз шаш-ҳафт анбон замини хуби ҳосилхез ва ду хонаву дар иборат буд. Азбаски шавҳарони чаҳор хоҳараш замини хуб надоштанд, аз оғози кишту кор то мавсими гирифтани ҳосил дар заминҳои ӯ кор мекарданд. Охири тирамоҳ коҳу ғалларо дар анборҳо анбошта, ҳаққашонро гирифта, ба хонаҳои худ мерафтанд.

Ғазанфарро ба духтари як хеши дураш аз деҳаи Патхӯр хонадор карданд. Вақте падараш аз миён бархост, ӯ соҳиби як духтару ду писар буд. Бобошо ба набераҳояш худ ном гузошт. Ба писари калонӣ Шириншо, ба духтар Анҷирбегим ном ниҳод.

Вақте писари дуюм ба дунё омад, Ғазанфар хост, ки ӯро худаш ном гузорад. Номи зебо ҳам ёфт: Мағзумшоҳ. Вале падараш розӣ нашуд ва гуфт:

– Ин набераамро Бандишо ном мекунам. Баъд аз ин ҳам агар писар таваллуд шавад, номашро Шоҳиқиём гузоштан лозим.

Ғазанфар ба ин гапи падараш ҳайрон шуд.

– Падар, охир ман ҳам мехоҳам ба ягон фарзандам мувофиқи табъи дили худам ном гузорам.

Бобошо гуфт:

– Писарам, ман асп дода, ин номҳоро аз сайидони Хоса талбидаам. Аз ин хабари ногаҳонӣ даҳони Ғазанфар воз монд.

– Чӣ хел талбидӣ?

– Ҳамин хел, барои он ки ба зоти сайид буданамон мардум шубҳа накунад, як аспи хуб парвариш кардаму онро ба Хоса, ба хонаи Сайид Бобошо бурдам ва дар ивази он хоҳиш кардам, иҷозат диҳад, ки номҳои авлоди муқаддаси ӯро ба пасовандони худ гузорам. Сайид розӣ шуд.

– Номи худат ҳам Бобошо ку?

– Падарам дар Тошқурғон маро Асламбек ном гузошт. Баъд аз он ки ризоияти сайиди Хосаро гирифтам, номамро ба номи ӯ иваз кардам.

Ғазанфар аз ғояти ҳайрат ҳуштак кашид ва ба зиракиву фаросати падараш қойил шуд.

Вақте писари сеюм таваллуд ёфт, аз вафоти Бобошо ҳафт моҳ гузашта буд. Ғазанфар хост номи падарашро тоза кунад, вале васияти падарро ба ёд оварда, кӯдакро Шоҳиқиём ном гузошт.

Аммо пас аз чанд соли вафоти падар овозаи аз авлоди сайидон будани насли Бобошо ба Ғазанфар душвории ҷиддӣ пеш овард. Оқсақоли минтақа Шоҳсабойӣ рӯзе дар хонаи ӯ қӯш партофту1 дар рафти суҳбат суханро сари ин мавзӯъ овард:

– Андувол, падари ман решаатро аз Кошғар медонист, аммо ту даъвои сайидӣ дорӣ. Ба кадомаш бовар кунем?

Ғазанфар дар назди оқсақол зону зада гуфт:

– Сойибо, туро ва ҷумлаи аҷдоду авлодатро Худованди табораг ва таоло то ҷаҳон ҳаст, дар паноҳи пуррафоҳи худ ҷовидон нигаҳ дорад. Суоле, ки шумо аз ин саги беарзиши остони ҳумоюнии ҳазрати худ пурсидед, ҷавобаш ин аст, ки гундаву решаи мо аз Ёмҷ аст, аммо фалахмони фалаг бобоёнамро ба Ғунд партоб гард. Аз ин ҷо падари падарамро хитойиҳо асир бурданд. Ӯ ҳамеша ба ёди ватани азизаш бо ашги шашқатор ва дили беқа1. Қӯш партофтан – дар хонаи касе меҳмон шудани шахси амалдор бо ҳайати ҳамроҳи худ. рор зиндагӣ мегардааст. Барои ҳамин падарамро бозпас ба ватан мефиристад, то хонаи бобоии худро соҳибӣ гунад ва авлод ба дунё оварда, диёрашро обод намояд. Аммо ин ги мегӯед даъвои сайидӣ гардаам, дуруст мегӯед, зеро ҷадди бузургворам насиҳат мегард, ки риштаи мо ба сайидони шоҳмалангӣ мерасад, аммо азбасги бобоямон дар Тошқурғон мондааст, ҳуҷҷат ҳам дар дасти ӯ будааст. Шумо, эй баргузидаи шоҳи олам, Шоҳсабойии баландахтар, ба сухани ғуломи ҳалқабаргӯши худ, яъне гаминаи гамтарин бовар гунед, на ба томоту туҳмати ҳасудон ва фурӯмоягон.

Оқсақол Шоҳсабойӣ аз маҳорати сухангӯйии Ғазанфар дар шигифт монд. Ӯ ҳатто дар ҷаласаи шоҳи Шуғнон ҳам аз ягон кас чунин нутқи фасеҳу рангин нашунида буд. Бинобар ин, ба сайидзода будани соҳиби хона бовар карда бошад ҳам, ба ҳар ҳол гуфт:

– Андувол, худат медонӣ, ки сайидон насабномаи махсус доранд. Дар ҳар сурат, аз Сайид хат дошта бошӣ, дигар ягон шубҳа боқӣ намемонад.

Оқсақол Шоҳсабойӣ метарсид, ки мабодо Ғазанфар ҷойи ӯро нагирад. Барои соҳиб шудан ба ин мансаб ӯ ҳам сарват дошту ҳам дониш. Шоҳсабойӣ бисёр мехост, ки пас аз ӯ писараш оқсақол шавад, на каси дигар. Ба ин далел, ҳеҷ намехост, ки писараш рақибе дошта бошад.

Аз ҳамон рӯз Ғазанфар дар пайи ба даст овардани ҳуҷҷат барои исботи сайид будани авлодаш шуд. Нахуст ба деҳаи Хоса ба назди Бобошо рафт. Бобошо ба ӯ гуфт, ки дар тамоми Шуғнон фақат Сайид Фаррухшо ҳуқуқ дорад, ки сайид будани ин ё он шахсро тасдиқ намояд. Пирони мамлакат ин ваколатро ба ӯ вогузор намудаанд.

– Лекин, илтимос, барои дохил шудан ба авлоди мо, яъне сайидони шоҳи кошонӣ ягон хел кӯшиш накун. Авлоди мо ҳеҷ гоҳ даъвои шоҳиву ҳокимият накардааст. Мо хизматгори сарсупурдаи Мавлои замонем ва дар роҳи ризои ӯ аз молу ҷефаи дунё даст кашидаем. Агар мансаб гирифтан хоҳӣ, беҳтараш, худро ба авлоди Сайид Шоҳи Хомӯш пайваст кун.

Ҳамин тавр, давоми ду соли охир бори дуюм аст, ки Ғазанфар ба саломи Сайид Фаррухшо меояд, вале ӯ хоҳишашро рад месозад.

«Мансабу мартабаи ман ба ин мардаг пастӣ кард, – хулоса баровард Ғазанфар, – роҳи дигарро пеш гирифтан лозим.

Бояд дили шоҳ Муҳаббатхонро ба даст овард».

Ин асно чор мард ҳезум ба пушт ва бухча ба даст аз Баҳрчид ба шоҳроҳ баромаданд. Онҳо ба назди ӯ расида, дар болои сангҳо дам гирифтанд.

Ғазанфар салом дода, пурсид:

– Эй бандагони Худо, ин бори вазнинро гуҷо мебаред?

– Ба Баҳрпанҷа, албатта, – посух дод як марди сурхинаи чашмкабуд, ки мӯйи сафеду риши мошу биринҷи кулӯта дошт.

– Дигар ба куҷо мешуд?

– Дар Баҳрпанҷа чӣ хабар будааст? – пурсид Ғазанфар.

– Магар хабар надорӣ, ки шоҳ зан мегирад. Имрӯз никоҳу фардо сур дорад. Мо фақиронро маҷбур кардаанд, ки барояш сурона барем.

Аз шунидани ин хабар баҳри дили Ғазанфар кушода шуд.

Ӯ вохӯрдан бо деҳқононро кушоиши гиреҳи мушкили худ дониста, хурсандона гуфт:

– Чӣ мардони хубе ҳастед шумо. Дардатон ба ҷонам, ду аспи сармасти ман дар ихтиёратон. Боратонро бар онҳо ниҳед. Ман ҳам азми сафари Баҳрпанҷа дорам.

Деҳқонон аз илтифоти ногаҳонии раҳгузари баҳиммат шод гашта, ҳезуму бухчаҳои худро ба аспҳо бор карданд.

– Дарёро аз гуҷо гузарем? – пурсид Ғазанфар.

– Ҳоло ки об дуд мекунад, беҳтараш ба деҳаи Тем равем ва аз он ҷо гузарем.

– Чунин гунем, – розӣ шуд Ғазанфар ва лаҷоми аспашро гирифта, пеш даромад.

Онҳо ҷониби Тем ҳаракат карданд. Вақте ки деҳқонон киву куҷоӣ будани Ғазанфарро пурсида, донистанд, ки аз кадом як деҳаи дури Ғунд будааст, дилашонро холӣ намуданд.

– Тақсир, мо мардуми пойтахт1 рӯзи нек надорем, – гуфт марде, ки аз ҳама калонсол буд. – Ҳар моҳ ғайр аз андозу хироҷе, ки муқаррар шудааст, барои ҳар гуна хароҷоти шоҳ молу озуқаи иловагӣ медиҳем. Росташ, ба дод омадаем, вале чӣ илоҷ – пӯсти тар намесӯзад.

– Гирем, ги мо – ғундиҳо соҳиб надорем, легин шумо мардуми Поршинев пир Сайид Фаррухшо барин шахс доред. Барои чӣ ба ӯ муроҷиат намегунед?

Деҳқонон аз шунидани номи пир лаб фуру баста, сар дар пеш афканданд. Пас аз хеле роҳ гаштан деҳқони солхӯрда гуфт:

– Эй андувол, аввал ин ки мо – халқия ҷуръате надорем бо пир ҳамсухан шавем, дигар он ки аз рӯи шунидамон шоҳ Муҳаббатхон гапи Сайидро намегирад.

– Ҳақи гапро гӯям, – деҳқони ҷавон ба гап ҳамроҳ шуд, – шоҳ моро ба хари боркаши худ табдил додааст. Бо ҳазор машаққат як анбон ғалла ёбем, аз се ду ҳиссаи онро ба анбори шоҳ мебарем. Аз гову моламон бо ранҷи бисёр як кӯза равған гирем, ҳамагӣ як пиёлааш дархурди мо мемонад; мурда-мурда пашм ҷамъ оварему гилем ресем, ки бараҳна намонем, онро ҳам кашида мегиранд. Моли саркорро ҳам вақт ба вақт ба сайид таслим мекунем, лекин аз ин чӣ фоида? Ягон бор надидем, ки пир барои ҳимояи мо коре карда бошад.

Ғазанфар дарду алами деҳқононро шунида-шунида, ба Тем расид. Дар ин ҷо бозори салдорон гарм буд. Онҳо аз гупсарҳо сал (амад) баста, одамонро бо молу колояшон аз рӯди пуртуғёни Панҷ мегузаронданд.

Рӯз ним шуда буд, ки Ғазанфар аз Тем ба Баҳшор гузашт.

Аввали моҳи хурдод ҳавои шаҳри Файзобод ғайриодат гарм шуд. Кӯшки хоҳари кӯтоҳумраш Лолабону байни боғи сабзу хуррам воқеъ бошад ҳам, гармо Юсуфалихонро беқарор месохт. Ними шаб ҳаво серун шуд, вале ӯ мижа таҳ карда натавонист. Гӯё дар торикии шаб низ шуълаҳои сӯзони хуршед дар рагу пайаш пароканда шуда, маҷбураш месозанд худро даруни оби пурталотум афканад.

Бо ҳамин эҳсоси нохуш, ҳанӯз ситораҳо напарида, шоҳ ба Боғи баланд баромад. Он дар камари теппа воқеъ буду чашмаи хушобе дошт. Рахт1 шикаста, дасту пояшро қату рост кард. Сипас куртаи сабуки сафедашро кашиду ба зери шаршара даромад. Дар як дам ба баданаш ҷони тоза дамид. Эҳсоси роҳат кард. Андешааш равшан гашт. Дар ҳоле ки об ба сараш бошаст мезад, қариб чоряк соат ноҷунбон нишаст. Танҳо вақте ки ларза ба баданаш роҳ ёфт, бадар омад ва танашро хушк накарда, либос пӯшид.

Даме байни дарахтон қадам заду ба чап тоб хӯрд ва аз пайроҳаи байни буттаҳои анбӯҳи хуч гузашта, дар назди пуштаи қабри хоҳараш қарор гирифт. Атрофи қабр сабзаву себарга ва дар болои он чанд бутта бобунаи ба мисли сӯгворон сархам рӯйида буданд. Чанд қадам дуртар зарбеди нимхушке бо як шохаи сабз мондааш дили бинандаро ғамгин месохт.

Бори дуюм аст, ки Юсуфалихон ба сари хоки хоҳараш меояд. Маротибаи аввал даҳ-ёздаҳ сол пеш, вақте ки Лолабону вафот кард, омада буд. Он вақт падараш Абдураҳимхон бар Шуғнон ҳукумат дошту бародараш Муҳаббатхон бар Шохдара. Юсуфалихон дар Файзобод назди хоҳараш буд. Падар намехост писари хурдиаш ҳамроҳи ӯ ё бародараш бошад. Метарсид, ки даъвои тахту тоҷ кунад. Ба ин сабаб аз домодаш Миршоҳ, шоҳи Файзобод, хоҳиш кард, ки ӯро назди худ нигоҳ дорад. Як сол ҳам нагузашт, ки хоҳараш мубталои табларзаи шадид гашт ва мурд. Миршоҳ амр кард занашро на дар қабристони хонаводагӣ, балки дар Боғи баланд ба хок супоранд. Ду-се моҳ баъд Юсуфалихон сабабашро фаҳмид. Муфтии Файзобод ба Миршоҳ гуфтааст, ки азбаски аҳли дарбор ба мусулмон будани занаш шубҳа доранд, барои бастани даҳони мардум ӯро дар ҷойи алоҳида дафн кунанд, беҳтар аст. Миршоҳ ҳарчанд медонист, ки ин гап асос надорад, барои он ки муносибаташ бо ходимони дин тира нагардад, хоҳиши муфтиро баҷо овард. Пас аз гузаштани як сол аз вафоти Лолабону, вақте ки шоҳи Шуғнон Абдураҳимхон ба саломи ӯ омад, Миршоҳ духтари дигараш – Бибӣ Ҷонороро хостгорӣ кард.

– Росташро гӯям, ягон занам ҷойи духтари худораҳматиатро гирифта наметавонад, – дарди дил кард Миршоҳ ба Абдураҳимхон. – Дар ҳасраташ дилам хун мегиряд, вале чӣ илоҷ?

Барои ҳамин, мехоҳам хоҳари ӯ чароғашро дар хонаам равшан нигоҳ дораду ба фарзандаш Сулаймоншо модар шавад.

Абдураҳимхон, албатта, медонист, ки Миршоҳ барои аз даст надодани Шуғнон духтарашро ба занӣ гирифтан мехоҳад, на ба хотири тапидани дилаш дар ҳасрати Лолабонуи ҷавонмарг. Барои он ки ҳокимияти Бадахшон бар мулкҳои тобеъу нимтобеъаш пойдор бошад, Миршоҳ маҷбур буд бо ҳокимони онҳо пайванди хунӣ ба вуҷуд орад. Ин тадбир ҳар ду тарафро водор менамуд, ки ҳурмати хешутабориро нигаҳ дошта, аз набзи ҳаёти якдигар ҳамеша огоҳ бошанд. Зани шоҳ метавонист сирреро, ки шавҳараш ҳатто ба девонбегӣ бовар накунад, аз ниҳонтарин гӯшаи дилаш бадар орад.

Абдураҳимхон низ бар он буд, ки риштаи бо марги Лолабону кандашударо ба василаи кадхудо1 кардани писараш Юсуфалихон бар духтари шоҳи Бадахшон аз нав барқарор намояд.

Бинобар ин, ду дасти адаб бар сина гузошту гуфт:

– Шоҳам, беш аз ду сол Юсуфалихон дар назди туст. Ба ин фарзандам муҳаббати зиёд дорам. Аҳд кардаам, ки ҷойнишини ман ҳамин Юсуфалихон бошад. Умедворам, ин ният мақбули султони аъзам мегардад.

Бо ишораи падар Юсуфалихон бархост. Ин ҷавони қоматбаланди бакитфу бозу чашмони айёр ва рухсораҳои барҷастаи мардона дошт. Дар кунҷи рости даҳонаш осори захм ҳувайдо буд. Миршоҳ бо чашмони беқарораш қаду басти ӯро бодиққат аз назар гузаронду пурсид:

– Масофу майдондорӣ карда метавонӣ?

– Оре, шоҳам, –дилпурона ҷавоб дод Юсуфалихон.

– Фардо дилхушии хоса тартиб медиҳем. Дар он ҷо қудрататро месанҷем. Агар ғолиб омадӣ, хостгории падарат қабул мешавад.

Он вақт Юсуфалихон ҳабдаҳсола буду хунаш меҷӯшид.

Шамшерзаниву шикорро дӯст медошт. Гӯштин мегирифту тирандозӣ мекард.

Рӯзи дигар дар масоф бар ду ҳариф ғолиб омаду духтари шоҳи Бадахшонро мардонавор ба даст овард. Баъди як моҳ Миршоҳ хоҳари Юсуфалихон Бибӣ Ҷонороро ба занӣ гирифту Юсуфалихон духтари ӯ Ниёзбегимро…

пешина
аз 44
навбатӣ