«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Бандиён се шамшер, як камон ва як қаторвазнаи пур аз тир ғанимат гирифта, аз қалъа берун рафтанд. Ҳанӯз аз масофаи тиррас берун нашуда буданд, ки Ҷаҳонгир бо дастаи шӯришчиён дучорашон омад. Мирзоазиз бобои шаҳсуворашро диду лангон ба истиқболаш шитофт. Бобо аз асп чобук фаромада, набераашро оғӯш гирифт.
– Шуморо сар доданд? – пурсид Ҷаҳонгир.
– Худамон баромадем, – посух дод Мирзоазиз.
– Чӣ хел худатон? – ҳайрон шуд бобо.
– Дарро шикаста баромадем, посбонҳоро зада, дарвозаро кушода гурехтем, – шарҳ дод набера.
– Ту худат танҳо? – нобоварона хитоб кард бобо.
– Не, чаро? Бо охон.
Ҷаҳонгир сари Мулло Хишолро ҳам дар канор гирифту ду қатра ашки шодӣ аз чашмонаш фуру рехт. Саворон ҳама пиёда шуда, ин манзараи риққатборро тамошо мекарданд.
Мулло Хишол гуфт:
– Тағо, ба умеди ман мешудем, ҳоло ҳам дар зиндон будем, ё коре бо мо мекарданд. Ҷуръату диловарии Мирзоазиз аз ту кам нест.
Ҷаҳонгир ба ҳозирон рӯ овард:
– Дидед ҷасуриву мардонагӣ чӣ сурате дорад?! Пиндоред, ки Ҷаҳонгир ҷавон гашту Маҳмадазим зинда шуд. Ин рӯзи некро фаромӯш накунед. Дар ҳузури ҳамаи шумо ман баракатамро ба Мирзоазиз медиҳам.
Паҳлавони солхӯрда даст ба китфи паҳлавони наврас гузошт ва амр кард:
– Даҳонатро кушо, Мирзоазиз. Корнамоии нахустин муборак шавад.
Мирзоазиз даҳон кушод. Ҷаҳонгир рамзӣ ба коми ӯ «туф» кард. Ҳаёҳӯйи одамон ба фалак печид. Мирзоазиз бо даҳони боз гоҳе ба бобо ва гоҳе ба атрофиён нигариста, ҳеҷ намефаҳмид, ки ин амали барояш ногувори бобо чи маънӣ дорад.
– Муборак шавад, Мирзоазиз! – гуфт Мулло Хишол ва пешонии шогирдашро бӯсиду бо ханда гуфт: – Акнун даҳанатро пӯшӣ ҳам, мешавад.
Ҷаҳонгир, сару пойи бастаи набераро аз назар гузаронда, гуфт:
– Ҳеҷ гап не, дард ҳам кунад, нашъаи мардонагӣ дорад.
Занҷири демурғонӣ дар қалъа бошад?
– Пас аз он ки моро ҳабс карданд, дигар надидемаш, – гуфт Мулло Хишол.
– Бачам, туву охонат ба хона равед. Модаратро бигӯ, ки аз шах афтодӣ. Охон, ту ҳамроҳи Мирзо бош, ман меоям.
Ду нафар аз шӯришгарон бо дастури Ҷаҳонгир охону шогирдро ба манзил расонданд. Вақте Мирзоазиз бо сурату суммоти худ ба хона даромад, дили модараш қариб аз тапиш мемонд.
– Ба ту чӣ шуд, писарам? – фиғон кашид Азизмо ва ба афтидан моил шуд, ки Мирзоазиз ӯро дошт.
– Аз шах афтидам, наник, сарам кафид. Ҳеҷ гап не, зиндааму тандуруст, ғам нахӯр.
– Дар ин қисса набош, хоҳар, – ба тасаллои шогирдаш ҳамроҳ шуд Мулло Хишол, – ҷароҳати сабукак, кирои ташвиш надорад.
Чашми Азизмо ба либоси ғайриодат ифлосу ғиҷим ва рухсораи харошидаи Мулло Хишол афтоду гиребонашро дошт.
– Охон, аввал рангу рӯятро дида, баъд гап зан. Чӣ, ман кӯдакам, ки ба дурӯғатон бовар кунам?
– Бовар кун, – паст наомад Мулло Хишол, – ман ҳам афтидам, лекин болои рег.
– Хусурам ку? – аз гапҳои ҳавоии охону шогирд Азизмо бештар ба ташвиш афтод. – Вай куҷо шуд?
– Ҳозир меояд, – ҷавоб дод охон, – дар қалъа коре доштааст, моро ба хона фиристоду худ Баҳрпанҷа рафт.
– Нанаҷон, – навозишомез гуфт Мирзоазиз, – ягон хӯрданӣ дошта бошӣ, биёр, ки аз по меафтем.
Модар сари дасторпечи писарашро, ки ҷо-ҷо хун дар он карахш баста буд, ба оғӯш гирифта гуфт:
– Нанаат садқа, ҳозир гарм карда меорам. Шумо болои суфа баромада шинед.
Азизмо ишками писару охонашро бо арзанатолаи бомаза сер кард. Пас аз таом Мулло Хишол чароҳатҳои Мирзоазизро шусту марҳам молида, аз нав баст. Азизмо ба ӯ ёрӣ расонд.
Шаби тобистон чодар афрошта, моҳи абрӯҳилол намудор гашт, вале аз Ҷаҳонгир дараке набуд.
Ҷаҳонгир аз асп фаромада, дарвозаро тела дод, ки он кушода шуд. Ин чунин маънӣ дошт, ки гурехтани Мирзоазизу Мулло Хишолро ҳанӯз пай набурдаанд. Дар назди дарвоза се посбон замин газида буданд. Ҷаҳонгир дарвозаро тоқбоз карду ба ҳамроҳонаш ишора намуд, ки дароянд. Ӯ ба сари посбонҳо рафт ва ҳар якашонро аз назар гузаронд. Фақат дили навкаре , ки ба сараш мушт хӯрда буд, метапид. Ду нафаре, ки Мирзоазиз бо дар ба сарашон зад, ҷон ба ҷаббор супурда буданд.
– Ин тарсуҳо лашкардорӣ ҳам карда наметавонанд, – гуфт бо заҳрханда Ҷаҳонгир. – Ҳатто хабар надоранд, ки маҳбусонашон гурехтаанду посбононашон мурдаанд.
Ҷаҳонгир бо дастааш ба навкархона омад ва чанд бор бонг зад:
– Саф кашед!
Навкарон аз ҳар куҷо давида, дар майдон саф оростанд.
Садаи онҳо ҳам чунин фармони ғайриинтизорро шунида, аз ҳуҷрааш саросема баромад ва навкарони сафоростаро диду давида омад. То ба вазъият сарфаҳм рафт, ки дастаи Ҷаҳонгир ӯ ва навкаронашро ба ҳалқа гирифтанд.
– Сада кист? – пурсид Ҷаҳонгир.
– Ман, – ҷавоб дод ӯ.
– Маро мешиносӣ?
– Бале, сойиб, писарат Маҳмадазим сипаҳсолори ман буд.
– Чӣ ном дорӣ?
– Тӯлқун.
– Аз кадом қавмӣ?
– Чиғатой.
– Тӯлқун, туро аз садҳо фарсанг роҳ барои ҳамин овардаанд, ки лашкардорӣ карда натавонӣ?
Тӯлқун ҳайрон ба Ҷаҳонгир менигарист. Дар посухаш чизе гуфта натавонист.
– Бандиҳо дар куҷоянд?
– Дар бордони куҳна, сойиб, ҳо дар паси он девор.
– Онҳоро ба назди ман биёр.
Сада гуфт:
– Ҷон паҳлавон, ба ман раҳм кун, бе иҷозаи сипаҳсолор ё девонбегӣ онҳоро дода наметавонам.
– Девонбегиро даъват кун.
– Ӯ бо сад навкар ба Сарчашма рафт.
Аз ин хабар ба дили Ҷаҳонгир ташвиш афтода бошад ҳам, оромона пурсид: – Кай рафт?
– Дуруст пас аз чошт.
– Сипаҳсолор кист?
– Отизул, писари Муҳаммадкарим.
– Қалмоқ?! – нидо дод Ҷаҳонгир. – Акнун маълумам шуд, ки барои чӣ лашкар низом надорад.
Пас каме андешид ва гуфт:
– Тӯлқун, бидон ва огоҳ бош, ки бандиҳоят худро раҳо карда, ҳоло дар хонаи мананд. Ту бирав ва мурдаи навкаронатро аз назди дарвоза бигир. Ман ба назди Отизул меравам. Аз навкаронат касе ҷунбад, туъмаи тир мешавад.
Тӯлқун тамоман бедаступо шуд.
– Онҳоро кӣ раҳо кард? – бо изтироб пурсид ӯ.
– Худо, – ба осмон ишора кард Ҷаҳонгир ва роҳи ҳуҷраи Отизулро пеш гирифт.
Тӯлқун сӣ савори мусаллаҳро, ки зиёда аз сад навкари ӯро бе ҷангу монеа дар урдугоҳи худашон асир гирифта буданд, як-як аз назар гузаронда, сар ҷунбонд ва бо се навкар ҷониби дарвоза рафт.
Отизул хоб рафта буду баланд хуррок мекашид. Гармо ӯро сахт шалпар, ҳатто бемадор карда буд. Ҷаҳонгир шамшерашро бар синаи ӯ гузошту каме фишор овард. Отизул чашм кушод ва Ҷаҳонгири паҳлавонро бо шамшери бараҳна дар болои сари худ дида, ба ҳарос афтод.
– Паҳлавон, тасаддуқи ҷаддат, ман дар ин қазия шарик нестам. Ҳамааш аблаҳии Занҷири рӯсиёҳи оқипадар. Гуфтам ҷавонро сар деҳ, равад, гапамро нагирифт.
– Фарз кардем, Занҷир аблаҳ баромад, ту чӣ? – Ором ва айни замон даҳшатнок пурсид Ҷаҳонгир ва шамшерро ба гулуи сипаҳсолор гузошт.
Нафаси Отизул дар гулуяш дармонд, чашмони тангаш аз шиддати тарс калон шуданду рангаш парид.
– Паҳлавон, – оби даҳонашро ба сахтӣ фуру бурда, хиррос зад ӯ, - Худо шоҳид, ки ӯ на гапи Қозиро гирифт, на гапи маро.
Ба шоҳ арз кард, ки охон,… номаш чӣ буд? Ҳа, Хишол, ӯро шоирӣ кардааст…
– Киро шоирӣ кардааст? – Ҷаҳонгир шамшерро аз гулуяш гирифту ба ишкамаш гузошт.
– Шоҳро… Муҳаббатхонро… Шоҳ онро хонд ва гапи моро нагирифт.
– Занҷир куҷост?
– Дар Саройи санг, сойиб. Маро накуш аз барои Худо…
– Ман кай шахси афтодаву бесилоҳро куштаам? Ё ягон бор дидаӣ?
– Не, паҳлавон.
– Ин номардиро шумо карда метавонед – ту, падарат, Муҳаббатхон, Юсуфалихон, Занҷир … Лозим ояд, ман туро дар майдон сар мебурам, ноҷинс!
Ҷаҳонгир ба рӯйи Отизул бо кароҳат туф карду аз ҳуҷра баромад. Шаб фаро расида, моҳи чандрӯза дар сари қуллаҳои кӯҳ чун як пора тило медурахшид. Паҳлавони солхӯрда бо қадамҳои гарон ба назди ҳамроҳони худ омад. Ҳама – ҳам дӯстон, ҳам душманон чашм ба даҳони ӯ дӯхта буданд. Тақдири ин қадар афсару навкар, балки тақдири Муҳаббатхону Шуғнон ин соат ба дасти Ҷаҳонгири лашкаршикан буд.
Паҳлавон андешакунон бо нӯги шамшераш дар замин хатҳо кашид, сипас дар пеши сафи навкарон ду-се бор ин сӯ-он сӯ қадам заду гулу афшонд ва бо овози бардами баланд гуфт:
– То Муҳаббатхон ба ҷанги ман набарояд, аз Баҳрпанҷа намебароям.
Ангор ба сари ҳама аз новадон оби сард рехт. Ҳатто ҳамсилоҳони ӯ чунин сурат гирифтани ҳодисаро чашмдор набуданд. – Аз ҳамин соат ҳокими ин калъа манам. Касе ба амрам гӯш надиҳад, ҷазои сахт мебинад. Навкарон аслиҳаи худро оварда, пеши пойи ман гузоранд!
То як поси шаб силоҳсупорӣ давом кард. Ҷаҳонгир нафареро ба хона фиристод, то аҳли хонаводаашро ба қалъа биёраду ҳамзамон мардумро аз тасхири қалъа ва омодагӣ шудан ба ҷанги Муҳаббатхон огоҳ намояд.
Қозӣ, чун аз шоҳ фармон гирифт, ки ба деҳкадаи худаш ҳуҷум барад ва шӯришгаронро нобуду асир кунад, гӯё дар лонаи занбӯр нишаста бошад, ноҳинҷору беқарор гашт. Меандешид, ки бо кадом рӯ ба сари хешу ақрабои худаш, ба сари онҳое, ки дар бағалашон бузург шуда, дар суру азояшон шарик аст, теғ бардорад. Дар тамоми ин деҳкада, дар ҳар қарияи он – дар Нимдеҳ, Дарев, Таҳмев, Вужрим, Пидруд, Бодом хешовандони падариаш зиндагӣ мекарданд. Ӯ дар Вуж зода шуда, ба воя расида буд. Модараш зани ванҷие буд, ки падараш ҳангоми мусофират дар он мулк бо ӯ издивоҷ кардааст. Вақте Қозӣ шонздаҳсола шуд, модараш духтари бародари калонашро ба никоҳи писараш даровард. Барои ҳамин ҳам Қозӣ ба порсӣ хеле фасеҳ ҳарф мезад ва дар фароизу русуми ҳам шииён ва ҳам сунниён дониши хуб дошт. Аҳли зодгоҳаш ба ӯ он қадар меҳрубон буданд, ки ҳатто мӯйсафедону халифаашон ҳам дар тамоми корҳои муҳим маслиҳаташро мепурсиданд. Фахр мекарданд, ки фарзандашон дар қалъаи овозадори Баҳрпанҷа, дар дарбори шоҳи Шуғнон шахси дувум аст. Онҳо аз ӯ чизе тамаъ ҳам намекарданд. Ёд надорад, ки дар давоми шаш соли девонбегӣ буданаш касе аз ҳамдеҳагон ё хешовандон аз вай чизе пурсида бошад. Баракс, тирамоҳ, вақте ҳосил мегирифтанд, бо ихтиёри худ ба хонаи ӯ ғаллаву коҳ ва меваю анвои дигари озуқа мебурданд, то дар назари аҳли дарбор камбағал нанамояд ва меҳмонони сершумори шоҳро бо сарбаландӣ қабулу гусел карда тавонад.
Чӣ дунёе!? Акнун бояд ӯ дар раъси лашкар ба деҳкадаи азизи худ тохт оварад ва ба некиҳое, ки як умр аз онҳо дид, бо бадӣ ҷавоб диҳад! Агар чунин кунад, ягон об дар ду олам рӯйи сиёҳгаштаи ӯро намешӯяд. «Наход оқибати мансабдорӣ ҳамин бошад? – Сар ба ҷайби андеша фуру бурд Қозӣ, – агар гапи шоҳро нагирам, сари худам барбод мераваду авлодам дарбадару хокбасар мегардад; агар гирам, ба пасттарин чиз – хиёнату беномусӣ даст мезанам, ки аз мурдан бадтар аст».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё