Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Наход?! Наход чунин кор мумкин бошад?

– Албатта, мумкин. Ман қаламу коғаз ёфта, ба ту хату савод меомӯзам. Ту бояд китобхон шавӣ, духтарам. Бо байтҳое, ки аз ман омӯхтӣ, пеш намеравӣ.

Беҷодамо болу пар баровард. Аз хушҳолӣ ғижак гирифту суруди шӯхе хонд. Хун дар рагҳои овозхони солхӯрда ба ҷӯш омад.

Даф ба даст гирифту рақскунон ба Беҷодамо ҳамовоз шуд:

Эй дилу дилдор, гум кардам туро,

Эй гули бехор, гум кардам туро.

Навбаҳори тоза будӣ дар баҳор,

Кабки хушрафтор, гум кардам туро…

Дар хонаи овозхони куҳансол шамъи шодиву масаррат аз нав фурӯзон гардид. Шодаврон ба Беҷодамо дар муддати чорпанҷ моҳ хондану навиштанро ёд дод. Акнун духтар се китоби дар тоқча хобидаи падархондаш – «Чор китоб», «Баёзи ашъор» ва як маҷмӯаи мадҳияҳоро хонда метавонист. Ӯ ба хондан чунон дил баст, ки ҳар рӯз, албатта, чанд варақ мехонд ва Шодаврон қироати ӯро гӯш карда, лаззат мебурд.

Вале онҳо рози ин маҳфили унси худро берун намебароварданд. Метарсиданд, ки боз балое ба сарашон наояд. Беҷодамо дар берун бо рӯймол сару гарданашро мепечонд ва корашро анҷом дода, зуд ба хона бармегашт; Шодаврон ҳам агар ба кӯча барояд, ё ба хонаи ҳамсоя равад, гиреҳ ба абрӯвон мезаду ба ягон суҳбат ҳамроҳ намешуд.

Ҷосусони Муҳаббатхон дар рафтору гуфторашон тахаллуфе ошкор карда наметавонистанд. Шодаврони хирадманд ин нақши барояш омодасохтаи коргардони сарнавиштро моҳирона иҷро мекард.

Деҳаи Йурх дар лаби Панҷи пуртуғён дар кӯҳдоманаҳои пуровринги Рӯшон воқеъ гардида, аз биступанҷ-сӣ хонавода иборат буд. Дар поёни деҳ кӯли бузурге бо шаффофии ойина манзараҳои гирду атрофро инъикос намуда, бинандаро мафтуни эъҷози табиат месозад. Аз одамон дида, гӯё паррандаҳо ба қадри ҳусни ин нозанин бештар мерасанд, ки чаҳор фасли сол паяшон аз атрофи кӯл канда нест. Дар ин ҷо дар мавсимаш сор, фохта, булбул, шонасар, чокак, чанд навъи кабӯтар, кабк, тазарв, ҳатто лаклаку қуи ҳиндиро дидан мумкин аст. Мурғобиву санговдав, сагобиву гунҷишк ва чанд намуд мор муқимони доимии онанд.

Аз миёнаҳои баҳор сар карда, то охири тирамоҳ ҳар раҳгузаре, ки аз ҷониби Дарвоз ба Шуғнон ё аз Шуғнон ба Дарвоз меравад, ҳатман дар соҳили кӯли Йурх дам мегирад. Баъзеҳо бо найзаи чӯбӣ, баъзеҳо бо даст моҳӣ гирифта, ҳам бирён карда мехӯрданд, ҳам бо худ савғотӣ мебурданд.

Хайримаҳмад чӯби дарози нӯгтезро бо зарбаи нишонрас ба бадани моҳие мехалонду бардошта, болои барфи тунуки соҳил мепартофт. Чунин тарзи шикор ба Доробшо писанд афтод. Вай ҳам найзае сохту ба моҳидорӣ машғул шуд. Соате нагузашта, шаст дона моҳӣ ба даст оварданд. Хайримаҳмад шаш навдаро аз дарахте буриду моҳиёнро даҳтоӣ ба онҳо ҳамел карда, сару думи навдаҳоро ба ҳам баст.

– Дар Йурх молу гов надошта бошӣ, бо моҳӣ ҳам зиндагӣ кардан мумкин будаст, – гуфт Хайримаҳмад.

– Ба чунин фаровонӣ дар ин кӯл моҳӣ аз куҷо пайдо шуда бошад? – бо ҳайрат пурсид Доробшо.

– Ману ту дар Рӯшон аз куҷо пайдо шуда бошем, моҳӣ ҳам дар кӯл ҳамин хел падид омадааст, – ҷавоб дод Хайримаҳмад ва се ҳамели моҳиро ба ӯ доду сеи дигарро ба китфи худаш гузошт.

– Ин қадар моҳиро куҷо мебарем? – суол кард Доробшо.

– Ба миннатхона, – ҷавоб дод Хайримаҳмад. – Мо ҳам ба дасторхон чизе гузорем, савоб мегирем.

– Обҳои мо ҳам моҳӣ доранд, лекин ман надидам, ки касе қапад, – андешаи тоза дар сараш пайдогаштаро сари забон овард Доробшо, вақте ки ба роҳ даромаданд.

– Мардуми мо ҳамин хел, чизи тайёрро намебинад, – гуфт Хайримаҳмад. – Пуштаву дараҳои мо ҳар хел меваву гиёҳ доранд, лекин халқамон ақл намекунад, ки бичинаду захира намояд. Худо ғамамонро хӯрда, неъмат додааст, вале мо истифода намебарем.

Суҳбаткунон ба манзил расиданд. Дар рӯйи ҳавлӣ онҳоро соҳиби хона, ки дирӯз ду-се бор ба миннатхона даромада буд, пешвоз гирифт. Ӯ бо чеҳраи кушоду лабони пуртабассум меҳмононро ба хона даровард.

– Ин савғотиро барои миннатхона овардем, – гуфт Хайримаҳмад ва ҳар ду бори худро ба корсони калоне, ки зани соҳибхона даррав ҳозир кард, ниҳоданд.

– Ҳазорон сипос, бародарон, – хурсандона гуфт занак, – ин хел меҳмонони хушномус будаед шумо.

– Ош шавад, хоҳарҷон, – лутф кард Хайримаҳмад, – мо ин гуна соҳибхонаи меҳмоннавозро бори аввал мебинем.

Занак хандаи базебе кард ва гуфт:

– Аз Шайхзода миннатдор бошед, на аз ман. Як умр рӯзе ду-се бор мепазаму ҳеҷ не, ки гӯшту орду равғанаш кам шавад.

– Шайхзода? – такрор кард Хайримаҳмад, – номат Шайхзода, а?

– Ҳа, – ҷавоб дод соҳибхона.

– Номи шинос, бисёр шунидаам, – гуфт Хайримаҳмад ва хеле фикр карду афзуд: – Падарам дар бораи Шайхзода ном марди қаҳрамон қиссаҳое дорад.

– Албатта, гуфтагист, ки ба Вомар ҳуҷум карда, қалъаро тасарруф намуд ва Шуғнонро гирифта, шоҳро гурезонд.

– Бале, ҳамин хел мегуфт. Аҷиб!

– Ман ҳамноми ҳамон Шайхзодаи машҳурам, бародари азиз. Рӯзе, ки ӯ шаҳид мегардад, модарам маро ба дунё меорад. Хешу табор ба ифтихори бобоям номамро Шайхзода мениҳанд.

– Бародару хоҳар ҳам дорӣ?

– Як бародари хурд дораму се хоҳар.

– Бародарат алоҳида зиндагӣ мекунад?

– Мекард, – бо оҳанги ҳузн ҷавоб дод Шайхзода, – ҳоло дар ғарибист.

Ӯ сар поин карду пас аз сукуте гуфт:

– Шумо ҳар ду одами дуруст менамоед. Вале ҷосус бошед ҳам, ҳақиқат ҳамин аст, ки бародарам Манзаршо ҳамроҳи Юсуфалихон дар Вомар қалъабанд шудаанд.

Аз шунидани номи Манзаршо ба бадани меҳмонон гӯё сӯзан халид.

– Оҳҳо, бигӯ, ки Манзаршои диловар бародари туст! – хитоб кард Хайримаҳмад ва гӯё дӯсти деринаашро ёфта бошад, бағали фарохашро боз карду Шайхзодаро дар канор гирифт. – Чи пешомади аҷибу чи иқболи баланд! Худованд маро рост ба хонаи мардони ҳақиқӣ расонд.

Меҳмонон бо мизбон саргарми суҳбат шуданд. Соҳибхоназан моҳӣ пухт ва дасторхон густурд. Вақте Шайхзода донист, ки онҳо аз зиндони Муҳаббатхон гурехтаанд, муҳаббаташ бештар гардид.

– Ин сон авлоди бузург доштаӣ. Лекин барои чӣ Манзаршо дар аввал сагбонӣ мекард? – пурсид Хайримаҳмад.

– Пас аз он ки бобоям дар ҷанг бо бадахшиҳо шикаст хӯрд, ба сари хонаводаи мо рӯзи сиёҳ омад. Чанд сол хӯрду хироҷи бисёр ситонданд. Ба Файзобод бурда, ҳабс карданӣ ҳам шуданд, ки аз Човад сар карда, то Чоснуд тамоми халқ ба тарафдории мо бархост. Молу мулкамонро мусодира карданд.

Нодор шудем, вале халқ нагузошт хор шавем. Аз муҳаббати бепоён ба Шайхзодаи овозадор моро зери қанот гирифтанд.

Вақте Манзаршо понздаҳсола шуд, қарор дод ба Вомар рафта, хизмати Юсуфалихонро ба ҷо орад, то фишору тааддии ҳокимон нисбат ба мо қатъ гардад. Юсуфалихон вақте донист, ки набераи Шайхзода аст, ба нийяти таҳқир ӯро сагбони худ гирифт. Лекин чун дид, ки дар ҷангҳо корнамоӣ нишон дод, сарлашкар таъйинаш кард. Пас аз ин вазъи мо ҳам беҳ гардид. Ҳокими Почвар заминҳоямонро бозгардонд, ҳатто маро ба маъракаҳои худ даъват мекардагӣ шуд. Ҳоло, намедонам, додари ҷанговари ман чӣ ҳол дорад?

Хайримаҳмад мизбони олиҳимматро хеле тасаллӣ дод.

Пас аз таом соҳибхона гуфт:

– Ин шабу рӯз ба тамоми самтҳо роҳ баста аст. То ҳамал меҳмони ман бошед, он тараф ихтиёр бо шумост. Ҳоло, агар хоҳед, қишлоқро тамошо медиҳам.

Онҳо ба тамошои деҳа баромаданд. Дар роҳ меҳмонҳо ба саволи худ дар бораи миннатхона ва шайхи он посух гирифтанд. Шайхзода нақл кард, ки миннатхонаро ҳам бобояш Шайхзода барои раҳгузарон сохтааст. Ӯ бисёр сафар мекард ва меҳнати мусофиратро хеле хуб медонист. Барои осон кардани мушкили мусофирон ҳамин биноро сохт ва онро «миннатхона» ном гузошт. Сокинони Йурх банавбат озуқа медиҳанд ва онро нигоҳубин мекунанд. Се-чор соли охир дар ин диёр ҳар гуна мубаллиғони дин пайдо шуданд. Онҳо, гӯё мусобиқа мекарда бошанд, яке мераваду дигаре ба ҷойи ӯ меояд. Яке ҳанбалӣ бошад, дигаре ношарӣ1, сеюм алиоллоҳӣ, чаҳорум моликӣ. Ин шайхи навомада худро сӯфӣ мегӯяд.

– Ва мардуматон ҳамаи инҳоро мепазирад? – суол кард Хайримаҳмад.

– Аз рӯйи таомули меҳмондорӣ ба ҳамаашон як хел муносибат мекунем. Аз ҳар кас ягон гапи судманд мегирем.

– Падарат вафот кардааст?

Шайхзода оҳи бадард кашид ва гуфт:

– Вақте бобоям дар Шуғнон кушта шуд, як моҳ пас падару модарамро ба қалъаи Почвар даъват карданд. Аз он ҷо баргаштанду ҳар ду шикампеч шуда, шаб мурданд. Баъд фаҳмидем, ки ба онҳо заҳр додаанд.

Хайримаҳмаду Доробшо сахт ғамгин шуданд. Онҳо бори дигар дарк намуданд, ки дасти золим чи қадар дароз аст ва бо мухолифони худ чи корҳои разилонае карда метавонад.

Шайхзода эҳсосашонро дарк намуд ва гуфт:

– Дар қишлоқи мо ба шумо касе кор намегирад. Аз муттаҳидии мо метарсанд. Бепарво бошед. бАзми муСИбатовАР

Ин бор Қозӣ бо саворони худ рост ба зодгоҳаш – деҳаи Вуж омад ва дар хонаи падарӣ қарор гирифт. Панҷоҳ нафар навкари худро дар боғи хусусиаш ҷойгузин кард ва таъкид намуд, ки бе иҷозаи ӯ ба касе ғараз нагиранд. Дастаи муҳофизони деҳа пас аз асир афтодани Хуршедшо ва огоҳ ёфтан аз ҳалокати Ҷаҳонгир ба ҳар тараф гурехта, пинҳон шуда буданд.

Мӯйсафедони деҳ барои насиҳат додан ба Қозӣ ба хонааш омаданд. Вай онҳоро гарм истиқбол гирифт, зиёфати нағз дод. Аммо вақте андешаҳояшонро шунид, гуфт:

– Агар ба ман заррае эҳтиром медоштед, бачаҳоятон ба исён даст намезаданд. Баъд аз фаро1 оби рехтаро ҷамъ карда намешавад.

– Наход ба бародарзодаи худат раҳм накунӣ? – бо лоба гуфт Саидшои солдида, – мо аз беақлии худ ғалат кардем, ҳоло ту боақлии худро нишон деҳу Сарчашмаву халқашро аз чанги шоҳ халос кун.

– Ман ҳам тадбир меҷӯям, лекин илоҷ надорам. Бо ҳамаи ин, савганд мехӯрам, ки касеро озор намедиҳам. Ба ёғиён бигӯед, ки ба хонаҳояшон баргарданд ва осуда бошанд.

Калонсолон ба гапаш бовар карда, бо дили пур рафтанд. Худи ҳамон рӯз савганд ёд кардани Қозӣ ба шӯришгарони гӯшбақимор расид. Баъзеашон ба хона баргаштанд, иддае кӯҳу пуштаҳои атрофро муносибтар донистанд.

Гашти рӯзи дигар билохира оқсақол Ширинбек ҳам пайдо шуд. Ӯ дар ду улоғ барои навкарон озуқа ва барои аспҳояшон ҷав оварда буд. Қозӣ аз ғояти хурсандӣ Ширинбекро сахт дар канор гирифт.

– Марҳабо, дӯстам, марҳабо ба кулбаи мо, – хушсуханӣ кард девонбегӣ. – Магар садоқат ба шоҳу давлат аз ин беш мешавад?

Кош тамоми оқсақолони мо ақли Ширинбекро медоштанд.

Ӯ амр дод озуқаро ба навкарон тақсим кунанд ва гӯянд, ки онро оқсақоли Демурғон – Ширинбек овардааст. Қозӣ дӯсташро ба хона даровард, дасторхон орост ва чун як ба як монданд, натиҷаи супориши махфиро пурсид. Ширинбек аз бағалаш ҳамёни хокистарранге бароварда, онро ба девонбегӣ дод ва гуфт:

– Заҳри ҳалоил будааст. Дар муддати як шабонарӯз мекушад.

пешина
аз 44
навбатӣ